Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии Маркази саломатии шаҳрии №10 шаҳри Душанбе хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Ҳакимова Шоира Нусратуллоевна суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни бузурги миллӣ- 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки дар остонаи таҷлили он қарор дорем ва бо заҳматҳову талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон побарҷост муборакбод мегӯям ва бигзор Истиқлоли кишвари азизамон поянда бошад!

Ҳакимова Шоира қайд кард, ки Муассисаи Давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №10” аз соли 1983 фаъолияти худро оғоз намуда, дорои 523 баст воҳиди корӣ буда, айни ҳол дар 518 баст воҳиди корӣ корманд кору фаъолият менамоянд.

Марказ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зерсохтори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва муолиҷаи беморон, иҷроиши барномаҳои миллию соҳавӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҷобаҷогузории мутахассисон равона карда шудааст.

Дар раванди татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ татбиқ намудани дигар барномаҳои миллӣ, соҳавӣ, аз ҷумла: барномаи Ташаккули тарзи ҳаёти солим, барномаи Пешгирии аҳолӣ аз бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД), Дурнамои ҲБК, барномаи миллии иммунопрофилактикӣ, барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, барномаи фарбеҳӣ ва ғизои солим, барномаи миллии пешгирии аҳолӣ аз нашъамандӣ, барномаи миллӣ оиди солимии репродуктивӣ дар байни занони қобили таваллуд ва иҷрои дигар барномаҳои ғайрисоҳавӣ зери назорати роҳбарият қарор дорад.

Марказ ба 101777-нафар аҳоли кӯмаки аввалияи хизмати тиббию профилактики мерасонад. Кӯдакони то сини 18-сола 27138-нафар, калонсолон бошад 74639-нафарро ташкил медиҳанд. Занони қобили таваллуд бошад 28867-нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди хизматрасонии Марказ 16-муассисаҳои томактабӣ, 14-мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1-интернат №3, 1-литсеи Мактаби Байналмилалии Президентӣ, як Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи хусусии «Аҳрориён» ва «Сухандон» фаъолият доранд, ки дар байни онҳо мунтазам корҳои профилактикӣ табобатӣ гузаронида мешавад.

Чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ

Дар давоми 6-моҳи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим” дар 4-мактаби миёнаи умуми ва ба 4-маҳала иттилоот оиди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил гузаронида шуд. Инчунин дар 2-мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди хизматрасонии бо иштироки роҳбари муассиса ва дигар мутахассисон чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар ҳар як чорабинӣ аз 270 то 314 нафар хонандагон ва муаллимон иштирок карданд. Барои табибони оилавӣ 9-семинар машварат, барои ҳамшираҳои тиббии оилавӣ 4-семинар машварат оиди самтҳои афзалиятноки бемории сил, хусусан иҷроиши индикаторҳои ба КАТС вогузор карда шуда: дарёфти бемории сил, ҷамъоварии балғам, муоинаи атрофиён, назорати табобати беморон дар давраи табобати амбулаторӣ, гузаронидани химиопрофилактика, оиди шаклҳои устувори бемории сил гузаронида шуд. Аз 16-нафар беморни бори аввал дарёфт шуда, 1-нафар зани баъди таваллуд, 1-нафар муҳоҷири меҳнати , 3- нафар коргар, 1- нафар коригари вазорати корҳои дохила , 3- нафар хонандаи мактаб, 1-нафар аз маҳбас, 1- нафар донишҷуй, 2- нафар хонашин, 1- нафар диабети канд, 1- нафар нафақахур, 1- нафар бекор ба қайд гирифта шуд. Дар давоми 6-моҳи ҷори 1- нафар бо шакли мутобиқгаштаи сил ба қайд гирифта шуд.

Иҷроиши Қарори №600

Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» дар Марказ чунин корҳо ба анҷом расонида шуд. Дар асоси фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 17.03.2009 сол №61 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар Марказ аз 22.02.2010 сол №57 «Оиди қисман ба тарзи худмаблағгузорӣ гузаштан фармоиш ирсол гардид ва иҷроиши он пурра зери назорати маъмурият қарор дода шудааст.

Айни замон шӯъбаи ташхисӣ, ҳуҷраи бемориҳои чашм, ҳуҷраи бемориҳои гӯшу гулувӯ бинӣ, шӯъбаи стоматологӣ, шӯъбаи солими репродуктивӣ ва шӯъбаи физиотерапевтӣ ба тариқи худмаблағгузорӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар ошёнаи якум ҳуҷраи хазинавӣ бо 1-адад мошинаи хазинавӣ ва 1 адад POS- терминал барои пардохти хизматрасонии пулакӣ, ки аз тарафи шаҳрвандон пардохт мешаванд, фаъолият карда истодааст.

Лавҳаҳо оиди шиносоии аҳолӣ ба қарори мазкур, нархнома дар ҳама шӯъбаҳо ва толорҳои интизорӣ овезон карда шудааст.

Иҷроиши Қарори мазкур зери назорати доимии директори Марказ қарор дода шудааст ва ҳар ҳафта дар ҷалассаи умуми Марказ шӯъбаҳо ҳисобот пешниҳод менамоянд. То ба имрӯз аз тарафи кормандони Марказ ва шаҳрвандон, қонунвайронкуни дар рафти кор оиди иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 ба қайд гирифта нашудааст.

Иҷроши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 нақшаи умумӣ дар 6-моҳаи аввали соли ҷорӣ 202270 сомонӣ гирифта шуд, иҷро шуд 221149 сомонӣ, яъне 109 % нақшаи пешбинишуда иҷро гардид.

Дар самти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди коррупсия, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, одобу муошират, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи забони давлатӣ нақшаю чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида амали шудаистодааст ва дар ин самт шахсони мутассади вобаста шудааст. Дар давоми 6-моҳ ягон қонуншиканиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Фаъолияти ҳуҷраи эхокардиодопплерографӣ дар асоси фармони директори МД «МСШ №10» таҳти №22 аз санаи 1-уми феврали соли 2022 оғоз гардида ва аз ин сана Ҳафизов К. С. ба ҳайси табиби эхокардиодопплерографӣ дар шӯъбаи ташхис дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ бо таҷҳизоти истеҳсоли Ҷопон SonoSite M – Turbo фаъолият менамояд. Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 385 нафар аз ташхиси Эхокардиодопплерографӣ гузаштаанд. Аз ин шумора: 65 – нафарашон ройгон ташхис шудаанд, 320 – нафарашон музднок ташхис шудаанд. 6- нафарашон бо бемориҳои нуқси модарзодии дил.

Тамоми кӯдакони навзоде, ки дар таваллудхонахо ё дар шароити хона таваллуд мешаванд ва инчунин аз дигар ноҳияҳо ба Марказ ворид шуда, ба қайд гирифта мешаванд бо ваксинаи БЦЖ пурра фаро гирифта мешаванд. Дар давоми 6-моҳ хатогиҳо нисбати фаъолияти кормандони ҳуҷраи эмгузаронӣ, камбудӣ оиди норасогии ваксинаҳо, вайроншавии сифати ваксинаҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар давоми 6-моҳи соли ҷорӣ ягон фавти кӯдакон баъди гузаронидани ваксинатсияҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Шахси масъули барнома оиди иҷроиши нақшаҳои ҳарҳафтаина, ҳармоҳа ва ҳар семоҳаҳо дар ситоди умумии Марказ маълумот пешниҳод менамояд.

Дар боғчаҳои бачагона ҳар моҳ кӯдакони аз 2 сола боло ва 6 сола мувофиқи нақшаи моҳона эмгузарони карда мешаванд.

Оиди моҳияти эмгузаронӣ, нигаҳдории саломатии кӯдакон бо роҳи эмгузарони намудан, баланд бардоштани масъунияти бадан нисбати бемориҳои идорашаванда дар байни аҳолӣ, мактабҳо боғчаҳои бачагона аз тарафи табибони оилавӣ лексияҳо хонда мешаванд.

Дар давоми 3-моҳӣ соли ҷорӣ аз тарафи ҳамшираҳои шафкати ҳуҷраи эмгузаронӣ хатогиҳо, камбудиҳо мушоҳида карда нашудаанд. Дар деворҳо овезаҳо оиди тарғибу ташвиқоти моҳияти эмгузаронӣ гузошта шудаанд.

Камбудӣ норасогии ваксинаҳо, ваксинаҳои вайроншуда, камбудиҳо дар системаи нигаҳдории ваксинаҳо сари вакт дастрас карда натавонистани ваксинаҳо аз марказҳои эмтаъминкунӣ дар давоми сол мушоҳида ё ба қайд гирифта нашудаанд.

Табиб- иммунолог ва ҳамшираҳои ҳуҷраи эмгузаронӣ доимо дар семинарҳои Ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда дараҷанокии фаъолияти худро мукаммал мегардонанд.

Назорати иҷроиши нақшаи солона доимо зери назорати маъмурияти Марказ қарор дорад, ҳисоботи моҳона бо тасдиқи директории Марказ ба Филиали Маркази эмтаъминкунии Ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе супорида мешавад.

Фаъолияти табибони дилшинос

Духтурони дилшинос дар якҷоягӣ бо сабти барқии дил дар як ҳуҷра фаъолият мекунанд. Ҳуҷраи дилшиносии марказ бо 3 – адад дастгоҳи СБД таъмин карда шудааст: 1 – адад дастгоҳи 3 – канала истеҳсоли Ҳиндустон тамғаи «Maestros, Magic –R, Serial:100493-046», 1 адад дастгоҳи СБД 3 канала истеҳсоли Чин, тамғаи «Zoncare, Model№: ZQ-1203G» ва 1 – адад дастгоҳи 3 – канала истеҳсоли Русия тамғаи «Электрокардиограф ЭКЗТ – 01 (Р –Д)». СБД (сабти барқии дил) аз ҷониби ҳамшираи шафқат мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 600 аз 2 декабри соли 2008 ва фармони ВТ ва ҲИА ҶТ таҳти №81 -1 аз 10 феврали соли 2009 « Дар бораи тартиботи хизматрасонии таббию санитарӣ» ба шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ амалӣ гардонида мешавад. Дар МД МСШ №10 аз 1-уми феврали соли 2022 дастгоҳи Эхокардиодопплерографӣ истеҳсоли Ҷопон « SonoSite M – Turbo фаъолият менамояд. Дастгоҳ аз ҷониби табиби функсионалист мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 600 аз 1 феврали соли 2022 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

Дар “Мактаби фишорбаландӣ» мунтаззам машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешавад. Дар 6 моҳи соли 2023 дар “Мактаби фишорбаландӣ” ба 31 нафар дарсҳои омузишӣ оиди фишорбаландии шараёнӣ , омилҳои хатар, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморӣ гузаронида шуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь