Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам номбурда Азимзода Савзаалӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии ноҳияи Ёвон” ҷиҳати амалӣ намудани “ Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, барои солҳои 2020-2040 тамоми имкониятҳоро ба роҳ мондааст ва аллакай мутобиқи нақша-чорабиниҳои ҷойдошта як қатор корҳо амалӣ шуда истодаанд. Баҳри пиёдагардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, ҷалб намудани донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби кафедраҳои масъул дарсҳои кушоду намунавӣ, маҳфилҳои фаннӣ, семинарҳо, конфронсҳо ва мизҳои муддавар гузаронида шуд ва ин раванд идома хоҳад ёфт.

Мутобиқи дастурҳои омӯзишӣ дар муассиса нақша-чорабинии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” тартиб дода шуда, ба тасдиқ расидааст ва дар байни донишҷӯён корҳои тарғиботиву ташфиқоти барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон мунтазам гузаронида шуда истодааст.

Ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани “ Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, барои солҳои 2020-2040 корҳо зина ба зина идома ёфта, зери назорат қарор дорад.

Ҳамзамон, ҳамагон медонем, ки дар остонаи 31-умин солгарди Истиқлоли кишвар қарор дорем, аз ин фурсати муносиб истифода карда, кулли ҳамватанони азизро ба ин рӯзи фаррухпай муборакбод мегӯям ва таманнои онро дорам, ки истиқлоли кишвари азизамон пойдору бегазан то ҷовидонаҳо боқӣ бимонад!

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМ ва И ҶТ ва ВТ ва ҲИА ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Нигоҳе ба таърихи муассиса

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеxи тиббии ноҳияи Ёвон» дар асоси мактуби собиқ Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 8-уми июни соли 1988, №15-6/13-15 ва қарори Кумитаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба маорифи халқ аз 31-уми майи соли 1988, «Оид ба ташкили омӯзишгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа» дар заминаи филиали собиқ Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе (ҳозира Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ) таъсис дода шуда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-уми марти соли 2014, №148 мақоми муассиса аз омӯзишгоҳ ба коллеҷ табдил дода шуда, ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудааст.

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ- ташхисӣ», «Кори момодоягӣ» ва «Кори фармасевтӣ» фаъолият менамояд.

Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад. Суроғаи ҳуқуқии Коллеҷи тиббӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, кӯчаи К. Қурбонов – 182/а.

Коллеҷ фаъолияташро тибқи Оиннома, Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, Т-ИФ №0001294,  №474 аз 09.07. 2021, то 9-уми июли соли 2026 эътибор дорад.

Аз рӯйи самт (ихтисос), сатҳи таҳсилот, муҳлат бо назардошти теъдоди донишҷӯён дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибби ноҳияи Ёвон”, меъёрҳои муаянкунанда ва санҷишии дар замимаи иҷозатномаи мазкур дарҷ  гардида, бо ихтисосҳои 2-790104 “Кори умумитиббӣ”, 2-79010 “Кори дандонсозӣ” ва 2-790106 “Кори ҳамширагӣ” (шабона) дода  шудааст.

Пояи моддӣ-техникӣ

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки айни замон МДТ “Колеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад:

Мутобиқи фармони раиси ноҳияи Ёвон аз 10.08.2009 № 928 «Дар бораи  кӯчонидани Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия ба яке аз биноҳои Омӯзишгоҳи  касбии техникии № 48», коллеҷ аз 01.09.2010 таҳсилро баъди таъмир дар  ин бино оғоз намуд.

Бинои таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии таълимгоҳ ба 1783,25 метри мураббаъ баробар аст, ки танҳо кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофияи шаҳрвандӣ” фаъолият мекунад. Тибқи шартнома дар беморхонаи марказии ноҳия дар шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, маркази беҳдоштӣ- вогиршиносӣ, дармонгоҳ ва умуман ҳамагӣ 19 синфхона ҳамчун синфхонаи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар бинои таълимии ҳозира 65 синфхонаи таълимӣ ва 16 кабинетҳои корӣ мавҷуд аст.

Дар асоси қарори иҷлосияи 14-уми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 28-уми марти соли 2018 №691 ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» бинои озодшудаи Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон иборат аз 4 ошёна, масоҳаташ 3148, 97 метри мураббаъ ва масоҳати заминҳои атрофи бино 6941,0 метри мураббаъ гузаронида шуд.

Ҳамаи кафедраҳои амалкунанда, «Забонҳо», «Гуманитарӣ», «Табии риёзӣ», «Морфологӣ», «Фанҳои биологӣ» ва «Фармакология, гигиена бо асосҳои микробиология», ба бинои нави таълимӣ кӯчонида шуданд. Айни ҳол дар се ошёнаи бинои нави таълимӣ, ки пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, ба кафедраҳо ҷой дода шуд. Машғулиятҳо дар бинои нав мунтазам аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба бо истифодабарии усулҳои нави таълимӣ, албатта, бо истифодабарии технологияи муосир, аз қабили доскаҳои электронӣ ва видеопректорҳо гузаронида мешаванд.

Дар сохтори коллеҷ ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори момодоягӣ» ва «Кори фармасевтӣ» мавҷуд мебошанд. Айни замон дар коллеҷ 9 кафедра фаъолият дорад: «Морфологӣ», «Гуманитарӣ», «Забонҳо», «Таббии-риёзӣ», «Фармакология, гигиена ва асосҳои микробиология», «Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофияи шаҳрвандӣ», «Кори ҳамширагӣ дар ҷароҳия», «Кори ҳамширагӣ дар терапия» ва «Фанҳои биологӣ».

Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин, қайд кардан лозим аст, ки машғулиятҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои заминавӣ, яъне синфхонаҳои шӯъбаҳои Беморхонаи марказӣ, КАТС, МНДСЭ-и ноҳия ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия гузаронида мешавад.

Дар коллеҷ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ дар ҳамаи синфхонаҳо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шуда, фаршҳои замонавӣ ва бо линолиум пӯшида шудаанд. То ин ҷониб 43 адад компютерҳо дар синфхонаҳои «Компютерӣ» мавҷуд аст, 26 адад тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо харидорӣ гардидаанд. Умуман 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 129 адад компютер, 16 адад принтер, 10 адад нусхабардор барои синфхонаҳо харидорӣ карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.

Заминаи кадрии коллеҷ

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” айни ҳол 203 нафар кормандон фаъолият доранд.

Аз он ҷумла, 103- нафар омӯзгорони асосӣ;

62- нафар омӯзгорони соатбайъ;

10 – нафар омӯзгорон дар рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини тифл қарор доранд;

38 – нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ ва ёрирасон ташкил медиҳанд: Маъмурият – 17 нафар;

Кормандони хоҷагӣ ва ёрирасон – 21 нафар;

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 2 – нафар номзади илмҳои тиб ва 1-нафар номзади илмҳои педагогӣ фаъолият доранд.

Инчунин, дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” 2- нафар Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва 6- нафар Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Теъдоди омӯзгорон аз рӯи маълумот чунин мебошад:

-бо маълумоти олии тиббӣ 29- нафар омӯзгори асосӣ.

– бо маълумоти олии ғайритиббӣ 55 нафар.

– бо маълумоти миёнаи касбӣ 12 нафар.

– бо маълумоти олии нопурра 9 нафар.

Дар моҳи январи соли 2022 аз курсҳои такмили ихтисос 5 – нафар омӯзгорон дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва 5 – нафар дар филиали “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар ш. Бохтари вилояти Хатлон гузаштанд.

Вазъи таълим

Инчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо ВТ ва ҲИА ҶТ мувофиқа ва аз ҷониби ВМ ва И ҶТ солҳои 2018, тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ҷадвали раванди таълим тартиб дода шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст. Дар асоси нақшаи раванди таълим ҷадвали машғулиятҳо тартиб дода шудаанд, ки аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст ва машғулиятҳо устуворан тибқи ин ҷадвалҳо сурат мегиранд. Раванди таълим мунтазам аз ҷониби маъмурият, муовини таълим назорат карда мешавад. Иҷроиши нақшаҳои раванди таълим низ аз ҷониби  муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ ва таълими амалӣ мунтазам назорат карда мешавад. Қайд намудан зарур аст, ки аз соли 2018 МДТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” ба низоми таҳсили кредитӣ гузаштааст. Бо ин мақсад нақшаҳои таълимии низоми кредитӣ барои ҳамаи ихтисосҳои дар Коллеҷ мавҷуд буда, дастрас карда шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани низоми кредитии таҳсилот дар сохтори Коллеҷ тағйирот ворид карда шуда, дар он офиси бақайдгирӣ ташкил карда, барои ҳамаи ихтисосҳо эдвайзерҳо таъйин карда шудаанд.

Фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳо аз рӯи Низомнома ва Оиннома  нақшаҳои корие, ки онҳоро директори коллеҷ тасдиқ намудааст, ба роҳ монда шудааст, фаъолият менамоянд.

Айни замон дар коллеҷ аз рӯи 4 ихтисос мутахассис омода карда мешавад: Кори момодоягӣ; Кори ҳамширагӣ; Кори фарматсевтӣ; Кори тиббӣ – ташхисӣ;

Роҳбарии кафедраҳоро омӯзгорони дорои дараҷаи баланди тахассусӣ ва  ҷавонони лаёқатманд ба ӯҳда доранд.

Бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим шуъбаи “Кори ҳамширагӣ” ба факултаҳои “Кори ҳамширагӣ синфи 9”, “Кори ҳамширагӣ синфи 11” ва “Тиббии ташхисӣ”, “Фармасевтӣ”, “Момодоягӣ” ҷудо намуда, кафедраи “Морфологӣ” ва “Кори ҳамширагӣ” ба кафедраҳои “Ҷароҳия”, “Терапия”  ҷудо карда шуда, роҳбарони онҳо аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ҷавонони лаёқатманд таъйин карда шуданд. Кафедраи “Акушерӣ гинекологӣ” дар асоси қарори Шӯрои олимон ба кафедраи “Морфологӣ” номгузорӣ карда шуд.

Таълими амалӣ

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомнома “Оид ба таълими амалӣ дар коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04 соли 2009, №253 тасдиқ гардидааст ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди вобаста намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷуёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ №151, аз 09.12 соли 2012 ба роҳ монда шудааст.

Дар шуъбаи таълими амалӣ нақшаи кории муовини директор оид ба таълими амалӣ тартибдодашуда аз ҷониби директори коллеҷ тасдиқ карда шудааст.

Таълими амалӣ (таҷрибаомӯзӣ)-и донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари беморон, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо мегузаранд. Барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо ҳамаи марказҳои саломатии ноҳияи Ёвон, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳо шартномаи дуҷониба ба муддати аз 2 то 5 сол баста шудаанд.

Таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён дар муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии ноҳияи Ёвон ва ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида мешаванд.

Таълими амалӣ (таҷрибаомӯзӣ) аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, ки 7 ададро ташкил медиҳанд, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони собиқаи коридошта, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта амалӣ гардонида мешаванд.

Барои боз ҳам хубтару беҳтар роҳандозӣ намудани машғулиятҳои таълимиву амалӣ 2-синфхонаи дигар дар шӯбаҳои «Асабу рӯҳ» ва шуъбаи «Уролоҷӣ» дар кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар терапия» кушода шуданд.

Китобхона

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки фаъолияти китобхона тибқи нақшаи корӣ ва Низомномаи китобхона, ки аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Қироатхона иборат аз 50 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамарӯза донишҷӯён  дар толори китобхона ба мутолиаи адабиёти таълимӣ, тахассусӣ ва мухталиф машғул гашта, ҳамчунин аз китобхонаи электронӣ истифода  мебаранд.

Айни замон хазинаи китобхонаи коллеҷ 16347 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла: Тахассусӣ -10886 адад; Таълимӣ – 2457 адад; Методӣ -222 адад; Бадеӣ -2618 адад; Адабиёти сиёсӣ, фарҳангӣ – 164 адад;

Дар охири соли ҷорӣ 258 адад китоб ба хазинаи китобхона ворид шуданд.

Дар китобхона ҳамчунин маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои даврӣ, ки Коллеҷ ба онҳо обуна мебошад мавҷуданд, ки омӯзгорон ва донишҷӯён онҳоро пайваста мутолиа мекунанд, аз ҷумла: нашрияҳои “Минбари халқ”, “Ҷумҳурият”, “Субҳи Ёвон”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои шарқ”, “Ёрии таъҷилӣ”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Ваҳдат” маҷаллаи “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон”,  “Бонувони Тоҷикистон” ва ғайра мавҷуданд.

Ҳамчунин, дар Коллеҷ китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки бо 17 адад компютерҳо ва 1 адад принтер таъмин карда шудааст. Компютерҳои китобхона бо хати Интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд.

Инчунин, мутобиқ ба Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили қироатхона дар ҳамаи сохторҳо дар муассиса қироатҳона бо 35 ҷои нишаст барои омӯзгорон ташкил гардидааст.

Фаъолияти илмии коллеҷ

Инчунин, номбурда қайд намуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки коллеҷ ба шумор рафта, роҳбарии онро н.и.п. Шарипов А.Ф. бо қарори Шӯрои олимон ва фармони директори муассиса аз 03.02.2021 №6 ба уҳда дорад.

Имрӯзҳо зиёда аз 5 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун – тиб, кимиё ва биология, филология, педагогика барои дарёфти дараҷаи илмии номзадӣ таҳқиқот бурда истодаанд.

Дар коллеҷ 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ фаъолият доранд. Аз ҷониби ин нафарон 2 мақолаҳои илмӣ нашр шудааст.

Корҳои тарбиявӣ

Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон, дар фароварди суҳбат афзуд, ки корҳои тарбиявии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи директори коллеҷ ба роҳ монда шуда, мувофиқи он амал карда мешавад.

Корҳои тарбиявӣ дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон, дар асоси нақшаи ягона муассисаи таълимӣ ва нақшаи кории муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар шаш моҳи соли таҳсили 2022 бо назардошти дастуру супоришҳои маъмурияти муассисаи таълимӣ ва тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳрезӣ гардида, мушаххас чунин корҳо роҳандозӣ гардидаанд. Дар ҷамъомади умумии коллективи кормандони муассисаи таълимӣ нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд, оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари  кишвар бармеояд, дар муассисаи таълимӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид. Ба ҳамин мазмун тибқи бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар кафедраҳои таълимӣ омӯзиши нуқтаҳои асосии Паём ба роҳ мононда шуд. Ҳамзамон, маъмурият ва намояндагони муасссисаи таълимӣ дар ҷаласаи васеи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ки бо ташаббуси раиси ноҳияи Ёвон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. оиди баррасии нуқтаҳои асосии Паёми Сарвари давлат баргузор гашт, иштирок карданд. Баррасии нуқтаҳои асосии Паём дар соатҳои тарбиявӣ аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳо низ сурат гирифт. Бахусус, бо дастгирии ҳайати кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо таъмин карда шуданд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь