Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам номбурда Чилазода Бобохон Чила суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки  рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.1966, №770 бо мақсади таёр намудани мутахассисони соҳаи тиб ташкил карда шудааст.

Фаъолияти муассиса дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, аз 22.07.2013, №1004, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ» аз 31.10.2008, №512, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия» аз 3.03.2006, №94, Низомномаи намунавии ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 01.10.2018, №18/35 ва Оинномаи муассиса, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.05.2019, №381тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Муассисаи таълимӣ дорои 1 бинои таълимӣ, 4 озмоишгоҳ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанҳои кори ҳамширагӣ, анатомия, химия, микробиология ва физика, 82 кабинети таълимӣ, 5 кабинети компютерӣ, як китобхона бо қироатхона ва зиёда аз 50 ҷои нишаст, як Маркази тестии замонавӣ бо зиёда аз 100 ҷои нишаст ва як майдончаи варзишӣ мебошад.

Инчунин, дар муассисаи таълимӣ 8 кафедра «Асосҳои кори ҳамширагӣ», «Морфологӣ», «Забонҳо», «Гуманитарӣ», «Корҳои фарматсевтӣ, дандонсозӣ ва ташхисӣ» «Фанҳои клиникӣ», «Химия ва биология» ва «Табиию риёзӣ» амал менамоянд.

 Базаи кадрӣ

Дар рафти суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар соли 2021 теъдоди омӯзгорон ба 194 нафар рисидааст, ки аз ин шумора 83 нафар омӯзгорони асосӣ ва 111 нафар омӯзгори ҳамкор кор ва фаъолият карда истодаанд. Айни ҳол дар муассиса 1 нафар доктори илмҳои биологӣ (профессор), 10 нафар номзади илми тиб, 33 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 22 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум, 8 нафар дорои дараҷаи тахасуси дуюм ва 108 нафар бедараҷаи тахассусӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки теъдоди омӯзгорони ҷавон ба 36 нафар мерасад.

Ҳамзамон, дар соли 2021 бахшида ба ҷашни Наврӯз ва рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 16 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба «Аълочӣ»-и маориф ва ба 2 нафар “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозонида шуданд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 нафар омӯзгор «Аълочӣ» ва ба ду нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 3 нафар омӯзгор аз ҷониби раиси шаҳри Ваҳдат «Ифтихорнома» сарфарозонида шуданд.

Бо мақсади такмил ва рушди дараҷаи касбии омӯзгорон ва ба талаботҳои замони муосири таълим мувофиқ кунонидани ҷараёни таълим дар соли 2021 бо дархости роҳбарияти муассиса «курсҳои сайёр» ташкил карда шуда, 46 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаронида шуда, соҳиби “Шаҳодатнома” гардиданд.

Маводҳои таълимӣ-тарбиявӣ

Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар соли 2021 шумораи компютерҳо ба 200 адад, тахтаи электронӣ 6 адад ва проэктор бошад ба 7 адад баробар карда шудааст.

Дар соли 2021 теъдоди китобҳои китобхона ба 16 872 нусха расонида шуд, ки аз ин шумора, адабиётҳои тахассуси бо забони давлатӣ 11 198 нусха, 1656 нусха бо забони русӣ, адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ 2097 нусха, адабиёти методӣ 46 нусха ва адабиёти таълимӣ 1875 мебошад, ки ҳамаи онҳо дар раванди таълим пурра истифода мешаванд. Инчунин, китобхона дорои 10 ҳазор адабиётҳои электронӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён мебошад.

Омодазоии мутахассисон

Дар рафти суҳбат мавсуф зикр дошт, ки дар соли 2021 теъдоди умумии донишҷӯён ба 2529 нафар расидааст, ки аз ин шумора дар шакли таҳсили буҷавӣ 617 нафар ва дар шакли таҳсили шартномавӣ 1912 нафар таҳсил намуда истодаанд. Теъдоди духтарон 2191 нафар ва писарон 338 нафарро ташкил медиҳанд.

Раванди баргузории имтиҳонҳо, аз ҷумла имтиҳонҳои давлатии хатм тариқи маркази тестӣ гузаронида шуда, хатмкунандагони муассиса тибқи тақсимот ба ҷойҳои кор фиристода мешаванд. Соли 2021 аттестатсияи давлатии хатмро 643 нафар хатм намуданд, ки аз ин шумора 16 нафар соҳиби дипломи «аъло» гардиданд. Аз шумораи болозикр 323 нафарашонро донишҷӯёни гуруҳҳои буҷҷавӣ ташкил медиҳанд, ки бештаршон бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Ғамхорӣ ва тарбия

-Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «Ҳукумати кишвар ба ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кӯмак мерасонад». Албатта, маъмурияти муассисаи таълимӣ суханҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, пайваста кӯшиш менамояд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба ятимон, бепарасторон ва барҷомондагон дасти кӯмак дароз карда, амали хайрро ба ҷо орад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаи мазкур 10 нафар ятими кул, 143 нафар нимятим таҳсил менамоянд. Ба 10 нафар ятими кул хӯроки як вақтаина, хилъати сафед, кӯмакпулии яквақтаина ва идрорпулӣ дода шуда ва доимо таҳти назаорати роҳбарияти муассиса қарор доранд,-афзуд номбурда.

Ифтихори коллеҷ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи «20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ» дар муассиса нақша чорабинӣ таҳия шуда, дар доираи талаботҳои он корҳои назаррасе ба сомон расонида шуда аст. Аз ҷумла, дар муассиса озмӯнҳо ва олимпиадаҳо баргузор гардиданд, ки дар олипиада 6 нафар довталаб ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ аз 3 нафар донишҷӯёни муассиса 1 нафар сазовори ҷои 2 юм ва 2 нафари дигар сазовори “Ифтихорнома” гардиданд.

Ҳидоят ба роҳи рост

Номбурда дар рафти суҳбат қайд намуд, ки вобаста ба амалисозии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҷиҳати амалисозии бандҳои Нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса Фармоиш, Нақша-чорабиниҳо ва гуруҳи корӣ таҳсис дода шуд.

Маврид ба ёдовари аст, ки рӯзи 29 ноябри соли 2021 ва 1 декабри соли 2021 омӯзгорон ва донишҷӯён бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ прокуратура, амният, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони муассисаҳо вобаста ба экстремизм ва терроризм вохурӣ, баромадҳо ва саволу ҷавоб байни ҷавонон ва масъулин гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби масъулин видео-роликҳо доир ба масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Семинар, конфронс ва озмун

-Дар соли ҷорӣ як қатор семинару машваратҳо ва конфронсҳо оид ба масоили баланд бардоштани савияи дониши шогирдон ва такмили дараҷаи касбии омӯзгорон бо иштироки меҳмонон, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки дар масоилҳои «Тоҷикистон ташаббускори масоили об дар ҷаҳон» ва «Маданияти экологии ҳайёти насли ояндасоз» конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар кори конфронс намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯъҳои «Маданияти экологӣ-таъмини ҳаёти солими насли ояндасоз» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок ва суханронӣ намуданд,-афзуд мавсуф.

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо Вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният аз 28 декабри соли 2005, №150 ва Барномаи миллии муқовимат бо ВНМО дар 30 августи соли 2019 тасдиқ гардааст, ки 1-уми декабр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи вируси норасоии масъунияти одам муқаррар гардидааст. Дар муассиса чорабиниҳои гуногуни фарҳангию иттилоотӣ гузаронида, аҳли ҷомеъро аз хатарҳои ин беморӣ роҳҳои гузариш ва пешгирии он огоҳ мекунанд.

Роҷеъ ба ин масъала дар асоси Нақша – чорабиниҳои муассиса тибқи дархост аз Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, ва Маркази бемориҳои ВНМО-и шаҳри Ваҳдат мошинҳои сайёр барои муайян намудани ташхиси рентгенӣ ва таҳлилҳои ВНМО гузаронидани омӯзгорон ва донишҷӯён аз ин муоинаҳо, аз ҷумла аз ташхиси рентгенӣ зиёда аз 800 нафар ва аз ВНМО бошад, зиёда аз 50 нафар гузарониданд ва муайян гардид, ки ягон нафари онҳо аз бемориҳои номбаршуда ба қайд гирифта нашуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур дар таълимгоҳ дарсҳои кушод, мизҳои мудаввар, соатҳои тарбиявӣ, нишастҳои фарҳангию адабӣ дар байни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронида, оид ба бемории Вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният ва оқибатҳои марговарии он маълумот дода, ҳамчунин, ба онҳо маводҳои иттилоотии чопӣ ва воситаҳои пешгирӣ аз сирояти беморӣ тақсим карда, мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт.

Инчунин, бо мақсади иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2021, №550 оид ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои табиӣ ва забонҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси фармоиши директори Муассиса аз 19.05.2021, №151 озмуни мазкурро ҷамъбаст намуда, ғолибони озмунро аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, техналогияи иттилоотӣ, химия ва биология барои иштирок дар даври хотимавӣ, ки 20-21 май дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе» баргузор гардид, ки 1 нафар донишҷӯ аз фанни информатика соҳиби ҷои дуюм, 1 нафар аз фаннӣ забони тоҷикӣ бо ифтихорнома ва 1 нафар аз забони русӣ бо “Ифтихорнома” сазовор гардиданд.

Илова бар ин, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии аз 11 феврали соли 2021, №АП-43 ва супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» таҳия гардида, дар асоси он гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Дар даври якум дар муассиса 80 нафар донишҷӯён барои «Фурӯғи субҳи доноӣ…» номнавис шуданд. Дар асоси хулосаи аъзоёни комиссия 8 нафари онҳо ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки аз байни онҳо 6 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду нафар донишҷӯёни муассиса, як нафараш ҷои якум ва дигаре ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар соли 2021 аз тарафи донишҷӯён ба муассиса 15 медал, 2 ҷом, 30 “Ифтихорнома” ва дар намуди «Варзиши сабук» бошад, як нафар донишҷӯи муассиса дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба дастаи «Якачини Тоҷикистон» шомил гардид.

Дар соли 2021, дар маҷмуъ, 25 конференсияи илмӣ-бадеӣ, 11 конференсияи илмӣ-назариявӣ, 8 мизи мудаввар, 15 ҷаласа бо роҳбарони гуруҳҳо, 58 шанбегӣ, 5 ҷаласа бо сардорони гуруҳҳо, 2 ҷаласа бо раисони духтарони гуруҳҳо, 75 маҷлиси падару модарон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар се давр, «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан”, «Кадбонуи беҳтарин», Фестивал-озмуни «Андалеб-2021», вохӯриҳо бо фаъолони диёр, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайраҳо баргузор гардидаанд.

Илмат ба амал чу ёр гардад

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар соли 2021 китобҳоии дарсӣ аз фанни «Кори ҳамширагӣ» бо тағйиру иловаҳо иборат аз 600 саҳифа, «Менеҷменти ҳамширагӣ», «Анатомияи одам», дастури таълимӣ-методӣ «Матни мухтасари таърихи халқи тоҷик», дастури таълимӣ оид ба фанни «Менеҷмент дар кори ҳамширагӣ» бо тағйиру иловаҳо барномаҳои таълимӣ аз фанҳои клиникӣ, дастурҳоии методӣ аз фанҳои гистология, химия, физика, маҷмуи тестҳо аз фанҳои тахассусӣ ва ғайраҳо аз чоп бароварда шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси мактуби иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» аз 1 майи солли 2021, №179 бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастоварди истиқлол» аз ҷониби омӯзгорон 5 мақола омода гардида, ба унвонии муассисаи болозикр фиристонида шуд, ки омӯзгорон дар Конфронси мазкур баромад ва суханронӣ намуданд.

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки бояд зикр намуд, ки тарбия дар муассиса хело хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар асоси «Консепсияи миллии тарбия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» фаъолият намуда, сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммавӣ ва махсусан насли наврас муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад. Дар ин раванд зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа ва махсусан, наврасону ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу анъанаҳои ниёгон тарбия карда шаванд.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар соли 2021 тибқи натиҷаҳои мониторинги сифати таҳсилот муайян гардид, ки сифат 59,7%, давомот 96,7% ва азхудкунии донишҷӯён 98,3%ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми синфхонаҳо, толорҳо роҳравҳо, бинои таълимгоҳ, маркази тестӣ аз таъмир бо пуррагӣ бароварда шуда, 500 намуди гулҳои ҳамешасабз ва зиёда аз 100 намуд дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва дигар сохторҳои алоқаманд бинои нави иловагии 4 ошёна, ки иборат аз 25 ҳуҷра, таҳхона, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдончаи варзишии замонавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмонаш идома дорад.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» барои дар оянда бозҳам хубтару беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь