Мақолаи ман аз рӯйи саргузашт гирифта шуда , баъди хондани он ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ хулосаи амиқ мегирад. Ба фикрам дарси адаб мешавад, барои он ки он чӣ ба сари ман омад, ба сари душман наояд!

Бародари калониам Ғафуров Деҳқонбой судяи суди олӣ шуда кор мекард. Соли 2009 аз тарафи Суди Олии Ҷ.Т дар шаҳри Турсунзода дар заводи “ Алюминий” дар бораи расму оин ва анъанаву маросим бо рафиқаш Шавкатҷон баромад гузаронид. Баъди баромад   бародарам ба касалии инсулт гирифтор мешавад, як тарафаш корношоям мешавад. Ман дар он вақт дар Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара кор мекардам. Ба воситаи занги телефонӣ ба ман хабар расид, ки бародарам бемор ва дар беморхонаи заводи “Алюминий”- и шаҳри  Турсунзода бистарӣ гаштааст.

Пас аз 2-3 рӯзи воқеа ба назди бародарам ба санатория, Осоишгоҳи заводи “ алюминий”-и Турсунзода ҳозир шудам. Осоишгоҳ зебо ва бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда буд. Сардухтур ному насабаш дар хотирам нест, маро хуб пешвоз гирифта, ҳамсуҳбат шуда, иброз намуд, ки барои табобати ин гуна беморӣ, махсус беморхона лозим мебошад. Бо шунидани ин суханон бо рафиқи бародарам Шавқатҷон маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки бародарамро аз он ҷо ба шаҳраки духтурон “Медгородок”-и шаҳри Душанбе барем. Дар он ҷо духтур шиноси Шавкатҷон будааст, хуб пешвоз гирифта бо ҳуҷраи алоҳида таъмин намуд. Ман  бародарамро нигоҳубин мекардам. Як пизишкдухтари ҷавон буд ному насабаш дар хотирам нест, ҳар соат аз аҳволи бародарам пурсон шуда, ташхисашро гирифта мерафт.

Рӯзи дуюм аҳволи бародарам вазнин  гашт, гапҳояш торафт по дар ҳаво баромадан гирифт ва ман зуд ба назди духтури табобат мекардааш рафта, аҳволро фаҳмонидам ва духтур низ зуд омада, бародарамро диду қайд кард, ки ин касал ҳамин гуна мешавад, дорую дармонро мекунем ва хуб мешавад. Рӯзи дуввум, тақрибан соатҳои 10-30 – и шаб бародарам аз сухан гуфтан монд, тарзи нафаскашиаш вазнин гашт, ба назди духтур якчанд маротиба рафтам, онҳо меомаданду аҳволашро медиданду мерафтанд, ҳеҷ гап намегуфтанд.

Ба долон баромадам, дидам, ки дар ҳуҷраи 119 номзади илми тиб Ёров навишта шуда буд. Ба он кас муроҷиат намудам,ки аз ҳолати бародарам пурсон шавам, лек он кас сухани маро гӯш кардан нахоста, аз утоқи кориаш маро “баро” гуфта пеш кард. Ба назди бародарам омадам, аҳволашро, ки медидам зиқ мешудам, саломатиаш соат ба соат вазнин мешуд, нафас кашида наметавонист, забонаш ба қафо мерафт. Оғӯш мекардаму гиря мекардаму хайру манзур мекардам.

Саҳари рӯзи сеюм буд, рафиқони бародарам аз Суди Олӣ барои хабаргирӣ омаданд. Аҳволи бародарамро диданду дар ҳузури ман ба якдигарашон гуфтанд: “Ҳаракате кун дигар ба кор баромада наметавонад”. Ман дар ҳайрат мондам онҳо барои хабаргирӣ омаданд ё мансабаш лозим буд?

Пас аз якчанд муддат хоҳари калониам омад, хоҳарамро ба назди бародарам гузоштаму ман ба назди шиноси наздикам рафтам, ҳодисаро нақл кардам.Он кас омада диданду гуфтанд, ки ба зуди ба шуъбаи эҳё бурдан лозим, барои он ки қандаш баланд, ба кома афтидааст. Бо ёрии ёру рафиқон бародарамро ба пой рост кардем.

Пас аз якчанд сол, соли 2018 бародарам аз дунё чашм пушид. Аз саргузаштам ба хулосае омадам, ки бе маблағу бе мансаб бошӣ, ба ҳеҷ кас лозим нестӣ. Аз хотир набояд фаромӯш кард, ки мо инсонем, одаму одамгариро ба ҷо орем, зеро ин ҳолат ба сари ҳар як фарди Тоҷикистон омаданаш мумкин.

Ғафуров  Ғаниҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here