Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шабакаи КАТС-и шаҳри Ваҳдат хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо менеҷери шабакаи мазкур Абдуназаров Сайёд Музаффарович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавре Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ва боварии комил дорам, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш дар кишвар рушд хоҳад кард, зеро фазои созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат барои ҳамагуна соҳаҳо фароҳам овардаанд ва ин ба мо имкон медиҳанд, ки соҳаи хешро рушд диҳем. Зимнан, бояд бигӯям, ки дар пеши Ҷашни Истиқлол дорем ва аз ин минбари шумо истифода карда, сокинони кишвари азизамонро муборакбод мегӯям ва таманнои онро мекунам, ки Истиқлоли кишварамон пояндаву ҷовидон бод!

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки дар қаламрави шаҳру деҳоти Ваҳдат барои хизматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ва профилактикӣ ба аҳолӣ Маркази саломатии шаҳрӣ (бо 450-600 қабул дар як баст) бо филиали он (бо 300-400 қабул дар як баст), 30 Марказҳои саломатии деҳотӣ ва 79 Бунгоҳҳои саломатӣ, ҷамъ 111 муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамоянд.

Базаи кадрӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар шабаки КАТС-и шаҳри Ваҳдат дар умум 1011 корманд фаъолият менамояд, аз инҳо, табибон 164, табиби оилавӣ 87, табибони акушер-гинеколог 10, кормандони миёнаи тиб 684, ҳамшираҳои тибби оилавӣ   311, Фаррошон 145 ва дигар кормандон 18 нафарро ташкил медиҳанд.

Тахассуснокии кормандон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чунин аст:

Табибон Ҳамшираҳои тиббӣ
олӣ Якум Дуюм ҳамагӣ фоиз олӣ якум дуюм ҳамагӣ фоиз
6 моҳи 2023 16 19 13 48 29,2 62 44 41 147 21,4
6 моҳи 2022 17 19 13 49 19,0 79 53 120 282 25,0

Дар 6 моҳи соли 2023, 48-нафар табибони оилавӣ ва 14-нафар ҳамшираи тибби  Шабакаи КАТС аз курси бозомӯзи гузаштанд.

Табибон да МСШ 108-нафар, ҳамшираи тибб 206-нафар;  МСД-ҳо табибон 56-нафар, ҳамшираи тиб 478-нафар.

Натиҷагирӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки чунон, ки аз нишондодҳо аён аст тӯли 6-моҳи соли 2023 дар қиёс бо 6-моҳи соли 2022 теъдоди дар қабул будагон 33740-нафар зиёд гаштааст. Аз инҳо бо сабаби бемории калонсолон 12675-нафар нисбат ба соли 2022 зиёд гардидааст. Бо сабаби бемории кӯдакони то синни 18 сола нисбат ба соли гузашта 15926-нафар кам гашта, дар хона муоинашудагон кам ва бо хусуси бемори муоинашудагон дар хона кам гаштааст. Бо патранажи профилактикӣ бошад назар ба соли гузашта низ кам гардидааст.

Дар қабули табибони бемориҳои асабшинос: ҳамагӣ дар қабул буд дар 6 моҳи соли 2023, 21342-нафар. Дар қайди диспансерӣ буд 1055-нафар, ба қайд гирифта шуд 53-нафар, аз қайд бароварда шуд 27-нафар, дар қайди диспансери монд 1081-нафар. Роҳҳат дода шуд ба 943-нафар.

Табибони бемориҳои гушу гулу ва бинӣ: ҳамаги дар қабул буд дар 6 моҳи соли ҷорӣ 6048-нафар. Дар қайди диспансерӣ 414-нафар буд. Ба қайд гирифта шуд 51-нафар. Аз қайд бароварда шуд, 167-нафар. Дар қайди диспансерӣ монд 298 нафар. Роҳхат дода шуд ба 145-нафар.

Табибони бемориҳои чашм: ҳамагӣ дар қабул дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1308-нафар бемор дар қабул буд, ки аз ин 619-нафар бо сабаби беморӣ, 689-нафар муоинаҳои профилактикӣ. Дар қайди диспансерӣ буд 195-нафар. Ба қайд гирифта шуд 18-нафар. Дар қайди диспансерӣ монд 213-нафар. Роҳхат дода шуд ба 65-нафар.

Дар ҳуҷраи бемориҳои рӯҳӣ: ҳамагӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1618 нафар дар қайди диспансерӣ қарор дошт. Ба қайд гирифта шуд 2-нафар, аз қайд бароварда  шуд 1-нафар, дар қайди диспансери монд 1619 нафар. Роҳхат дода шуд ба 87- нафар.

Дар ҳӯҷраи эндокринологии МСШ:  дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3597- нафар бемор дар қайд буд, ба қайд гирифта шуд 358-нафар, аз қайд бароварда шуд  8-нафар, дар қайд мон 3947-нафар. Ҳамагӣ бемории қанд дар қайди диспансери қарор дорад 2279-нафар. Навъи-1 183-нафар, навъи-2  2096-нафар, ҷоғар 580-нафар, фарбеҳӣ 538-нафар, дигар бемориҳо 200-нафар. Маъюбон то синни 18 сола 25– нафар, калонсолон  122-нафар. Роҳхат дода шуд ба 146-нафар.

Дар ҳуҷраҳои қабули беморони деҳотӣ МСШ: Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 945-нафар қабул буд, то 18 сола 53-нафар, калонсолон 892-нафар. Дар қайди диспансерӣ буд 110-нафар. Ба қайд гирифта шуд 8-нафар. Аз қайд бароварда шуд 53-нафар. Дар қайд монд 65-афар. Роҳхат дода шуд ба 63-нафар.

Дар ҳуҷраи стоматологони МСШ: Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2190-нафар дар қабул буд. Аз ин теъдод 776-нафар бо бемориҳои пулпит, бемории парадонтоз 459-нафар, муоина карда шуд 305-нафар кӯдакони то 18 сола 137- нафар, ройгон кумак расонида шуд ба 27 нафар.

Бемориҳои хун дар қайди диспансери буд 48-нафар то 18 сола 18-нафар, калонсолон 30-нафар. Ба қайд гирифта шуд 1-нафар то 18 сола. Дар қайд монд 49-нафар.

Дар ҳуҷраи бемориҳои саратон: Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 564-нафар дар қайд буд, аз қайд бароварда шуд 4-нафар, ба қайд гирифта шуд 43-нафар, дар қайд диспансери мон 603-нафар. Роҳҳат дода шуд ба 43-нафар.

Дар ҳуҷраи гурда ва роҳҳои пешоброн: Ҳамагӣ дар қайди диспансери  дар 6 моҳи соли 2023  78-нафар буд. Ба қайд гирифта шуд 4-нафар. Аз қайд бароварда шуд 3-нафар. Дар қайд монд 79-нафар. Роҳхат дода шуд ба 43-нафар. Гурдаи ягона 25-нафар. Иваз кардани гурда 23-нафар.

Дар шуъбаи профилактикаи МСШ:  6-моҳи соли ҷорӣ 5939 нафар ҳамагӣ муоина карда шуд, ба 1346 нафар Ф№038, 2458 нафар Ф№026, 2135 нафар дафтарчаҳои тиббӣ. Ба 205 нафар шахсони имтиёзнок кӯмаки ройгон расонида шуд.

Дар Маркази бемориҳои СИЛ: дар 6 моҳи соли ҷорӣ,  99-бемор ба қайд гирифта шудааст. 33-нафар беморон дар беморхона табоба гирифтанд, 66 нафарашон дар шароити амбулаторӣ табобат гирифтаанд. Кӯдакони аз 0 то 6 сола, ки дар тамос бо бемории силу шушҳо мебошанд табобати пешгирикунанда муддати шаш моҳ дар ҷои истиқомат табобат гирифта истодаанд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 90-нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд, 32-нафар дар беморхонаи (Мачитон) табобат гирифта, 58-нафар шароити амбулатори табобат гирифтаанд. Дар қайди диспансери ҳамагӣ буд 427-нафар, бори аввал 374-нафар, бемории сили тақрори 53-нафар. Бемории сили шақли мутобиқгашта 66-нафар, аз он ҷумла хориҷкунанда 165-нафар, аз қайд диспансери бароварда шуд 14-нафар, алоқамандон 870-нафар, дар қайди диспансери монд 413-нафар.

Корҳои ободонӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки ҳоло сохтмон дар муассисаҳои зерин идома дорад:

–  Маркази саломатии Меҳрбахш, ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов;

–  Бунгоҳи саломатии деҳоти Сайёд, ҷамоати деҳоти Ромит;

–  Бунгоҳи саломатии деҳоти Сорво, ҷамоати деҳоти Ромит;

–  Бунгоҳи саломатии деҳоти Ғалчагӣ, ҷамоати деҳоти Чорсу;

–  Бунгохи саломати дехоти Чавонон  чамоати дехоти Б.Бурунов;

–  Бунгоҳи саломатии деҳоти Арбобӣ, Панчикон, ҷамоати деҳоти Симиганҷ.

Дар 10 адад Марказҳои саломатии деҳотӣ ташнобхонаҳо аз ҷониби шарикони рушд сохта ба истифода дода шуд.

– МСД  Ганҷбор ҷ/д. Р.Исмоилов;

– МСД Бостон ҷ/д. К.Исмоилов;

– МСД Навруз ҷ/д. Н.Розиқ;

– МСД Фиришти ҷ/д. Симиганч;

– МСД Тангаи ҷ/д. Симиганч;

– МСД Бустон ҷ/д. Гулистон;

– МСД Гулистон ҷ/д. Гулистон;

– МСД Амоншайхи ҷ/д. Чуянгарон;

– МСД Чиламазор ҷ/д. А.Абдулвосиев;

– МСД Камонгарон ҷ/д. Баҳор;

Дар ҳамаи муассисаҳои КАТС аз тарафи Ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ 36-адад оинаи нилгун ва 2-адади дастшувакҳои замонавӣ  210-адад таъмин карда шуд.

Аз тарафи ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ба 108-адад муассисаҳои Шабакаи КАТС таҷҳизотҳои тиббӣ ва ёрирасон таъмин карда шуд. Дар ошёнаи дуюм 1-ҳуҷраи табиб пурра аз таъмир бароварда шуд. Таъмири косметикии ошёнаи якум, дуюм, сеюм ва МСД Амоншайхӣ, Лиҷак, Фириштӣ, Кипҷок идома дорад. Мизи ошёнаи якум 100м2 тахтасангчаҳо пушонда шуд.

Шуъбаи ҷарроҳи аз ошёнаи сеюм ба ошёнаи якум гузаронида шуд. Таъмири кулли бароварда шуд (дару терезаҳо иваз карда шуд, миз деварҳои ҳуҷраи бандинабанди тоза, фасафнок ва роҳраваки шуъба бо тахтасангчаҳо пушонида шуд). Дар МСШ 12-адад камераҳои мушоҳидави васл карда шуд. Дар назди маркази саломатии шаҳрӣ 1000-адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Дурнамо

Номбурда дар хусуси нақшаҳои дар пеш гузошта шудаи шабакаи КАТС изҳори назар карда, аз ҷумла қайд кард, ки:

  1. Баланд бардоштани дараҷаи тахассуснокии кормандони шабака, ҳадди ақал то 50% табибон ва то 60% кормондони миёнаи  тиб.
  2. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои касбии табибону ҳамшираҳои тиббӣ мунтазам баргузории мубодилаи таҷриба ва бозомӯзиҳо;
  3. Бо дастгирии ВТ ва ҲИАҶТ тайёр намудани табибони сироятшинос.
  4. Таъмири Марказҳои саломатии деҳот ва Бунгоҳҳои саломатие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд;
  5. Таъмин намудани баъзаи моддию техникии муассисаи КАТС, ҷиҳозонидан бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир баҳри саривақт гузаронидани ташхис ва табобат.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь