Тибқи таҳлилҳои Созмони Миллали Мутаҳид шумори қурбониёни офатҳои табиӣ дар 20 соли охир ба 1.3 млн нафар расида, 4.4 млрд сокини дунё дар паи ин ҳодисаҳо ҷароҳат бардоштанд, хонаҳои худро аз даст доданд ва ё маҷбур шудаанд дар макони дигар паногоҳ дарёфт кунанд. Бо ин вуҷуд кам касоне зарарҳои иқтисодиро ба инобат мегирад, ки тибқи ҳисобатҳо дуюним баробар афзоиш ёфта 2.9 трлн долари амрикоиро ташкил намуданд.
Муаллифони гузориши нави Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табии (USRD) оид ба оқибатҳои иқтисодии офатҳои табиӣ иттилоотро аз соли 1998 то соли 2017 таҳлил намудаанд ва нишон доданд, ки эҳтимолияти фавт дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар байни сокинони камбизоат дар муқоиса бо шаҳрвандони мамлакатҳои сарватманд ҳафт маротиба зиёдтар аст ва хатари ҷароҳати ҷисмонӣ, талафи манзил ё муҳоҷирати маҷбурӣ 6 маротиба зиёд мебошад.
Оқибатҳои иқтисодии офатҳои табиӣ дар кишварҳои камбизоат хеле харобиовар аст. Дар фаҳмиши умум, бузургтарин талафот дар кишварҳои рӯшдёфта, ба монанди ИМА, Чин ва Ҷопон рух медиҳад. Аммо, агар мо ин хисоротро ҳамчун як қисми маҷмӯи маҳсулоти умумимиллии ин кишварҳо арзёбӣ кунем, тасвир ранги дигар мегирад. Дар Ҳаитӣ (Гаити) ин нишондиҳанда ба 17,5 %, Ҳондурас (Гундурас) – 7 %, Куба – 4,6, дар Гурҷистон – 3,5 ва дар Тоҷикистон – 2,7 фоиз аз маҷмӯи маҳсулоти умумимиллиро ташкил медиҳад.
“Аз тағйирёбии иқлим бештар аз ҳама кишварҳое осеб мебинанд, ки аз онҳо ҳаҷми ҳадди аққали газҳои зарарасон ба фазо паҳн мегардад “, – мегӯяд профессор Дебарати Гу-Сапир, мудири Маркази тадқиқоти илмӣ дар самти эпидемиологияи офатҳои табиӣ. “Дар ҳамин ҳол талафоти иқтисодӣ дар кишварҳои даромади аҳолиашон кам ва миёна ба вазнинтарин оқибатҳо, ки ба рӯшди онҳо таъсир мегузорад оварда мерасонад.”
Зарари иқтисодӣ аз офатҳои табииро дақиқ баҳогузорӣ кардан мушкил аст, зеро ҳамаи кишварҳои ҷаҳон чунин маълумотро ҷамъ намеоранд. Аммо, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, дар саросари дунё 520 миллиард доллари ИМА ва ҳар сол 26 миллион нафар дар сатҳи камбизоатӣ қарор мегиранд.
Дар ин ҷо гап ҳам сари офатҳои табиӣ дар натиҷаи тағёирёбии иқлим ба вуҷуд оянда, (хушксолӣ, обхезӣ, гирдбод) ва ҳам зуҳуроти геофизикӣ, ба монанди зилзилаҳо ва сунамиӣ меравад. Ҳарчанд 77 дарсади талафоти иқтисодӣ аз офатҳои табиии гуруҳи аввал ба амал меоянд. Барои муқоиса, дар давраи 1978-1997. ин рақам танҳо 68 дарсад буд.
“Ҳисобот бараъло нишон медиҳад, ки зарари иқтисодӣ аз ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво низ барои давлатҳо монеаи ҷиддие барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ аст”, – мегӯяд Мами Мисутори, сардори идораи коҳиши хатари офатҳои табиӣ.
Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт бо давлатҳо кор мебарад, то ки онҳо битавонанд маълумотҳои дақиқтар ҷамъоварӣ кунанд. Муаллифони тадқиқот қайд мекунанд, бо доштани тасаввуроти пурра дар бораи талафоти молиявӣ, ҳукуматҳо эҳтимол дорад, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ тадбирҳо андешанд.
Манбаъ: СММ