Китоби нави рӯзноманигор ва публитсист Умари Шерхон зери унвони “Кавкабони синамо” дар нашриёти “Шарқи озод” ба нашр расид.

Ин маҷмуа аз очерку  мақолаҳои дар  мавзуи  кино иншонамудаи муаллиф мураттаб гаштааст. Бисту се очерки  мақола аз  рӯзгору  эҷоди шахсиятҳои  номвар, режиссёрону ҳунарварони маъруфу маҳбуби шӯравӣ, аз  ҷумла пешаварон Борис Кимёгаров, Комил Ёрматов, Султон  Мирзошоев, Ҳошим Гадоев, Вячеслав Тихонов, Толомуш Океев, Асаналӣ Ашимов, Тамара Кокова, Абдусалом Раҳимов фароҳам гардидааст.

Китоб ба доираи  васеи хонандагон пешниҳод мегардад ва дар нашриёти “Шарқи  озод” бо дастгирии директори он Фарҳод Собирзода чоп  шудааст.

Садоқат Ширинбекова, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь