Баъзеҳо пулдор шаванд ба тобхӯриҳои наве шуруъ мекунанд. Ва аксарияташон фикр мекунанд пулашонро чӣ хел зиёд созанд ва бо кадом роҳу василаҳо даромадашонро афзоянд. Дар он андеша ҳастанд, ки кадом иншоотҳои фарҳангиву маданию ҷамъиятиро, аз они худ бисозанду  баъдан бо нархи гаронтар бифрӯшанд,  ё барои худашон чизи мехоста бисозанд ва аз ин  даромадашон зиёдтар бишавад. Яъне манфиатҳои худиро боло медонанд аз манфиатҳои ҷамъияту мардум ва барои онҳо манфиати ояндаи фарҳангу маданияту маънавияти кишвар аҳамияте надорад.

 Раиси Ҳукумати вилояти Суғд, ҷонишини якуми Маҷлиси намояндагон муҳтарам Р. Аҳмадзода дар баромади худ аз эҳё кардани урфу одатҳои ниёгон қайд карда, супориш дода буданд, ки иншоотҳои ҷамъиятӣ барқарор карда шавад ва дар дасти соҳибони аслашон бояд бимонад.

Фурӯхтани иншоотҳои маданӣ ва ҷамъиятӣ ва моли мардум аз рӯи қонун мумкин нест.

Вале мо ҳоло дар бораи азхудкуниҳои иншоотхои маданиву фароғатию ҷамъиятии як маҳаллаи Конибодом гуфтани ҳастем, ки бар хилофи талаботҳои роҳбарони вилояту ҷумҳур аст.

Аввал гузаштаро ёд меоварем, ки дар номае аз номи маскунони ин ноҳия омадааст. “Яъне солҳои 1980-ум ба аҳолии кӯчаҳои Айнӣ, Нафтчиён ва 8-уми Март заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд. Азбаски маҳаллаҳо навбунёд буд, ҳама ҷоро сохтан ва обод кардан лозим меомад. Аҳли маҳаллаҳо баробари сохтмони шахсии худро идома додан боз бо маслиҳату машварати ҳамдигар кор бурда, кӯчаҳоро низ обод мекарданд. Об, барқ ва инчунин гази табиӣ гузаронданд.

Аҳли маҳалла, равшанфикрони он, аз қабили Ҳ. Ҷабборов, А. Узоқов ва Н. Қаробоев ва дигарон таклиф пешниҳод намуданд, ки дар ҷои холимонда, яъне замини холигии дар маҳаллабуда, чойхона, утоқи кории комитети маҳалла, қассобхона, нонвойхона, сартарошхона бояд бисозем, ки ниёзҳои мардумро барорад.

Ҳукумати шаҳр барои сохтмони чойхона, қассобхона ва утоқи кории комитети маҳалла замини интихобкардаи халқро иҷозат дод. (Қарори № 132 аз 20 июни с. 1990 дар давраи ҳокимии И. Дадобоев). Пас аз он аҳли маҳаллаи кӯчаҳои зикргардида аз аҳолӣ маблағ ҷамъ оварданд.

Сохтмони чойхона бо лоиҳаи кашидаи Н. Қарабоев (корманди МБТИ) оғоз гардид. Ҳамин тариқ сохтмони чойхона, дӯкони гӯшт ва утоқи корӣ ба тариқи ҳашар сохта шуд ва дилнишину ороста бунёд ёфт. Занҳои маҳалла ба ҳашарчиён хӯрок тайёр мекарданд. Бо дастгирии халқ ва аҳли маҳалла тамоми асбобу анҷомҳои чойхона ва ҳуҷраи кории комитети маҳалла бо мизу курсӣ ва чизҳои лозимӣ ҷиҳозонида шуданд. Утоқи  кории комитети маҳалла ба раиси комитети маҳалла шодравон Кимсанов супорида шуд.  Рӯзи кушодашавии чойхонаро Аълочии маорифи халқ Муҳаббат Назирова бо сухани табрикӣ оғоз бахшид. Хонандагони мактабӣ шеърҳо қироат карданд. Дар Наврӯз дар саҳни чойхона деги Суманакро гузошта, аҳли маҳаллаҳо сурудхониву хурсандӣ мекарданд. Ва ҳар соли дигар Наврӯзро аҳли маҳалла ин ҷо қайд мекарданд. Хуллас чойхона ҷои истироҳат ва фароғати аҳли маҳалла гардид… Ва барои саховаташ ин чойхона “Саховат” номгузорӣ шуд.

Ҳамин тавр ин ҷо як маркази маърифатӣ шуда буд ва чунин идома меёфт.

Тахминан июни с. 2023 ба мо маълум гардид, ки гӯё чойхонаи маҳалла бо номи “Саховат” ва утоқи кории раиси комитети маҳалла ҳанӯз аз с. 2018 ҳамчун иншооти бекорхобида гузаронида шудааст.

Ҳол он ки чойхонаи “Саховат” аз аввали сохта шудан то ҳол боре аз кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ намондааст ва ҳамчун ҷои истироҳату фароғати собиқадорону нафақахӯрон ва сокинони маҳалла истифода бурда шуда истодааст.

Аз ин рӯ, мо сокинон 5 июни с. 2023 ба Ҳукумати шаҳр бо аризаи расмӣ муроҷиат кардем, ки аризаи мо умуман мавриди баррасӣ қарор дода нашуд ва ба мо ҷавобе нагардонданд.

Оиди ин масъала ба қабули раиси шаҳр рафтем, ки он кас амр оид ба санҷиши аризаи мо бароварданд. Аммо ин амр ва аризаи мо беҷавоб боқӣ монд. Маҷбур шудем моҳи сентябри с. 2023 ба прокуратураи шаҳр бо ариза муроҷиат намоем, ки он низ бозпас ба Ҳукумат ирсол карда шуд. Кормандони Ҳукумати шаҳр якчанд муддат аризаро насанҷида беасос кашол доданд. Ва ин мақсади ниҳон доштааст. Баъд аз ҷавоби онон маълум шуд, ки чойхонаи “Саховат” тариқи биржа ба сокини маҳалла Юнусов Саид Толибҷонович фурӯхта шудааст.

Мо дар ҳайрату тааҷҷуб мондем.

Харидори ин чойхона ва ҳамтабақонаш пештар низ чунин изҳор мекардаанд: “Агар  чойхонаро ба ман бо розигии худ надиҳанд ман бо дигар роҳ ҳам бошад соҳиб мегардам. Фақат дониста бошед, ки ҳама чизро бо “пул” харидан мумкин аст. Ана мебинед!”

Дере нагузашта Фирдавс Рустамов бо корманди собиқ Ҳ. Усмонзода забон як карда бинои чойхонаро пинҳонӣ ба тариқи ғайриқонунӣ ба тавозуни Ҳукумат дароварда, ба тарзи музояда бо як нархи ночиз 24 495 сомонӣ ба Юнусов Саид Толибҷонович фурӯхтаанд.

Дар асл гирем чойхонаро аз рӯи қонуну қоидаи музояда нафурӯхтаанд. Яъне аҳли маҳал ва раиси комитети маҳал аз фурӯш тамоман бехабар буданд. Ҳамчунин дар ягон ҷое эълони музоядаро чоп накардаанд.  Ғайр аз ин музоядаро дар шаҳри Хуҷанд гузарониданд. Чаро иншоот дар Конибодому музояда дар Хуҷанд мешудааст? Дар музояда ғайр аз Саид Юнусов дигар касе аз шаҳри Конибодом иштирок накардаст. Юнусов қайд кардааст, ки ҳангоми гузаронидани музояда ва вақти бастани шартномаи хариду фурӯш нисбати молу мулк ягон баҳс ҷой надошт ва ягон шахс даъво накард. Яъне агар ҳама корҳо махфӣ иҷро шавад, касе аз фурӯш бохабар набошад кӣ барои молу мулк баҳс ва даъво мекунад? Пеш аз  гузаронидани музояда Саид Юнусов, махфӣ Шиносномаи техникии чойхонаро, ки аз моҳи июни с.1992 дошт, нест карда бо кадом роҳе моҳи майи с.2023 шиносномаи нави техникӣ гирифтааст. Шиносномаи техникии асл дар дасти раиси комитети маҳаллаи Нафтчиён К. Ортиқбоев ҳанӯз маҳфуз аст.

Магар  ҳуҷҷатро иваз кардан ҷиноят нест? Ё аз рӯи ҳуҷҷати сохта бинову иншоотеро соҳиб шудан магар ҷинояти маҳз нест?

Баъд аз ин воқеа пурра огоҳ шудем ва ба Ҳукумат ва прокуратураи шаҳр, 15 январи 2024, бо ариза муроҷиат кардем. Баъди ошноӣ бо ҳамаи далелҳо прокуратураи шаҳри Конибодом аризаи моро дида баромада, эътироз аз болои кори Ҳукумат эълон намуд. Ва дар асоси ин эътироз Қарори Раиси шаҳри Конибодом таҳти №50 аз 02.02.2024 сол бекор карда шуд ва чойхонаи мазкур дар истифодабарии сокинони маҳаллаи Нафтчиён, кӯчаҳои Ниёзмуҳаммадов ва Айни ва 8 марти шаҳри Конибодом боқӣ  гузошта шуд.

Хурсандии сокинони маҳалла ҳадду канор надошт. Ҳ. Ҷабборов дар чойхона қарори мазкурро овехта гуфтанд: акнун бехавотирӣ истироҳат намоед, чойхонаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоеду обод кунед, зеро ин ҷо падару бобоёни шумо истироҳат мекарданд, бо меҳнати ҳалол ва маблағи бо арақи ҷабин рехта биноро сохта аз худ мерос гузоштанд.

Баъди  интишори Қарори Раиси шаҳри Конибодом таҳти № 50 аз 02.02.2024 аҳли маҳалла барои ободонии чойхона корҳои таъмир гузаронида шуд. Барои бунёду тармими бино маблағҳои умумии аҳли маҳалла ва меҳнати онҳо сарф гардид. Барои таъмири капиталӣ -35 000 сомонӣ, барои сохтмони ҳавз – 30 000 сомонӣ, барои гузаронидани оби нӯшокӣ ва хати обу ташноб, барои таъмири боми чойхона 25 000 сомонӣ аз тарафи сокинон хароҷот гардид.

Бубинед, ки мардум ин чойхонаро бо пули худ сохта буду фақат ба таъмири навбатиаш 90 000 сомонӣ сарф кард, вале онро биржаи Конибодом бе иҷозаи соҳибони аслии ин иншоот  яъне мардум ба маблаги ночизи ҳамаги 24 495 сомонӣ ба Юнусов Саид Толибҷонович фурухтааст.

Ин бемантиқи ва фиребу найрангҳои гӯшношунид нест магар?

Баъди ин бозиҳои чойхонахарон, маҷлиси намояндагони маҳаллаҳои Айнӣ, Нафтчиён,  Ниёзмуҳаммадов ва 8 Март аз 10.09.2024 муҳокима карданд. Аз тарафи аҳли маҳалла норозигӣ баён карда шуд. Охир ин ҷо ғайри чойхона ва қассобхона, нонвойхона боз утоқи кории раиси маҳалла буд, ки минбаъд онҳо куҷо мераванд? Барои ҳифзи ҳуқуқҳои амволии поймолгашта барои иштирок дар мурофиаи судӣ ба сифати шахси намоянда ваколатдор аҳли маҳалла А. Узоқовро интихоб карданд.

Вале Абдуманон Узоқовро барои иштирок ба суд ҳамчун намояндаи чор гузар ва маҳалла иҷозат надоданд.

Дар суд намояндаи шахси сеюм, намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатии ш. Конибодом, вилояти Суғд Зафар Каримов, ки худ дар мақомот дар вазифаи юрист кор мекунад, аз бекор шудани қарорҳои Ҳукумат ва қарори №50 баргардонда додани чойхонаи “Саховат” бохабар буд, аммо аризаи даъвогии Саид Юнусовро дастгирӣ кард.

Ёд меоварем, ки ин ғалабакардагон дар аввал ба мардуми маҳалла гуфта буданд, ки  “Агар  чойхонаро ба мо бо розигии худ надиҳед мо бо дигар роҳ ҳам бошад соҳиб мегардем. Фақат дониста бошед, ки ҳама чизро бо “пул”харидан мумкин аст. Ҳатман ҳамаашро бо пул ҳал мекунам, ана мебинед!”

Акнун ин нафарон, бешармона мардуми ин ҷоро, ки созандаи ин чойхона ҳастанд, ронданианд.

Мо нафақахӯрон, мӯйсафедон ва сокинони маҳаллаҳои номбурда бар муқобили пулбозони чойхонахар маблағи зиёдати надорем. Он маблағҳое, ки каму беш доштем барои ободии чойхона ва таъмири он сарф кардем.

Яъне масъалаи макони маърифатию фароғатии мо бояд бори дигар аз ҷониби прокуратура ва суди конибодом баррасӣ шуда, ҳақиқати ҳол ғалаба бикунад, яъне ин чойхона аз они маҳалла ва аз они мардум буду бояд ба соҳибони аслаш, яъне ба мардум бимонад, на, ки моли пулмастон бишавад.

Бо эҳтиром: Раънои КАНТӢ, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва сокинон, мӯйсафедон ва нафақахӯрони маҳаллаҳои С. Айнӣ, Нафтчиён, Ниёзмуҳаммадов ва 8 марти шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, раиси комитети маҳалла     К. Ортиқбоев, раиси ҷамъияти нафақахӯрони минтақавӣ   Р. Ҷабборов, сокинони маҳалла: А. Узоқов, Алиҷон Қаҳҳоров, З. Абдуҷабборов, Ғ. Қулматов,  Б. Ҷалилов, Юнус Юсуфов, А. Шарофов,  Ёқуб Юсуфов, Обид Ашӯров, Анвар Қаюмов, Аҳрор Қаюмов ва дигарон”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь