Тоҷирони шаҳру деҳоти Панҷакент бар онанд, ки кормандони гузаргоҳи гумрукии Саразми Панҷакент ҳангоми убуру мурур ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ва содироту воридоти молу манол, ба вежа маводи ниёзи аввалия ва хӯрокаву сабзавоту сабзаҷот, ҳаргуна мушкилоти сунъиро ҷорӣ менамудаанд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ҳангоми равуояшон ба ҷониби Самарқанду Панҷакент, бо ин вуҷуд, ки қоидаҳои гумрукиро риоя мекунанд, вале онҳоро кормандони гумруки дар шаҳри Панҷакент мустақари Тоҷикистон таҳқиру заҷр менамудаанд. Ба қавли эшон, дар гузаргоҳ соатҳо бо баҳонаҳои гуногуни беасос онҳоро нигоҳ дошта, ба муддати тӯлонӣ кофтукоб намуда, ришва талаб мекардаанд.

Як тан аз соҳибкорзанони бозори марказии шаҳри Панҷакент, ки нахост номаш ифшо шавад, аз беадолатиҳо ва соатҳои тӯлонӣ талоши намудану боздошти мусофирон, ба вежа тоҷирони хурду миёна аз сӯи кормандони гумруки ҷониби Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт: “Ман таърихи 26-уми майи соли ҷорӣ ба шаҳри Самарқанд рафтам ва ҳангоми бозгашт барои роҳпулиамро баровардан ба маблағи 400 ҳазор сӯми ӯзбекӣ, муодил ба 450 сомонӣ дастрӯймол ва рӯймолчаҳои хурди 20 ба 25 гирифтам. Инчунин, азбаски онҷо тухм ҳам ду-се баробар нисбати мо арзон аст, ду баста тухм, яъне 60 дона барои аҳли байтам гирифтам. Сипас бо ин чизҳои харидаам бегоҳӣ бозгашт намуда, ба гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппаи Ӯзбекистон омадам. Кормандони гумруки Ӯзбекистон чун фаҳмиданд, ки ман рӯзадорам, бе ягон мамониат баъди ба шиносномаам муҳри гузаргоҳро мондан иҷозаи бозгашт доданд. Ман ҳам азбаски чун вақти ифтор гузашта буд, зуд ба гузаргоҳи Тоҷикистон расидаму ҳарчи тезтар аз ин ҷо гузаштан хостам. Аммо як корманди гузаргоҳи гумрукии Саразми Панҷакент, ки худро Фарҳод номид, бо як муносибати дағалона ва таҳқиру ситеза сумкаҳои маро кофтаву титу пит намуда, ҳар замон таҳдид мекард, ки маро бо ин борам то 350 сомонӣ насупорам, гузаштан намемонад. Ба замми ин, чун чашмаш ба ду баста, яъне 60 адад тухми мурғ, ки барои арзон буданашон ба кӯдаконам гирифта будам, афтод, бо як хашму ғазаб дӯғу пӯписа намуда, мегуфт, ки гузаронидани тухм умуман мумкин несту ин тухмҳоро пас гардонам ё ба онҳо супорам. Ҳарчанд зорааш кардам, ки ин ризқи кӯдаконам асту иҷозаи гузаронидан диҳад, аммо Фарҳод ин зораҳои маро намешуниду бо як ҳавобаландиву нописандӣ “ман ба ту чанд бор гӯям, ки мумкин нест, ҳатто як донаашро ҳақ надори гузаронӣ!“ гуфт. Ман ба ӯ фаҳмониданӣ мешудам, ки ин тухмҳоро дар ин шабӣ чӣ кор кунам, партоям? Гуфт, ки “ба ман ҳеҷ фарқе надорад, парто!”. Баъди ин суханони амромези корманди навбатдори гумрук бо номи Фарҳод, мани як модари муштипари рӯзадор бо чашмони ашкбор ин тухмҳоро маҷбур ба замин андохтам, аммо корманди гумрук бо ин амалаш ҳам қонеъ нашуда, бо як таҳқири навбатӣ маро акнун маҷбур мекард, ки ин тухмҳои шикаставу пошхӯрдаро аз замин бардорам. Магар чунин рафтори як корманди гумрук нисбати як зани муштипари аз ночориву нодорӣ даст ба тиҷорат зада аз рӯи адолату қонун аст? Гузашта аз ин, зидди гуфтаҳои ахирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар нест?”.

Тоҷирзани дигаре, ки худро Оим муаррифӣ намуд, зимни суҳбат гуфт, ки натанҳо кормандони гумруки Тоҷикистон, балки ба қавли ӯ, баъзан кормандони гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппаи Ӯзбекистон низ нисбати тоҷирони Тоҷикистон ноадолатиҳо мекардаанд. Ин хонум мегӯяд, ки барои 150 кг помидор ба ҷои як маротиба шаш бор сертификатҳои гуногун хонапурӣ намуда, сипас ӯро ҷониби Ӯзбекистон танҳо соати 12-и шаб иҷозаи убур додаанд. Хонум Оим гуфт, ки дар гузаргоҳи ҷониби худамон ҳам баъди кофтукоби зиёде ва гирифтани боҷи гумрукӣ ӯро раҳо намудаанд. Бо ҳамин гуна ранҷу азобҳо, афзуд хонум Оим, як миқдор бори ночизро то ба манзилашон мерасонидаанд. Вай гуфт, ки дар замони шӯравӣ дар корхонаи консерваи Панҷакент кор мекардаасту зиндагии хешро пеш мебурдааст. Аммо баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ ин корхона низ аз байн рафтаву мисли Оим садҳо занон бекор мондаанд. Аз ноилоҷӣ ҳоло даст ба тоҷирӣ задаву бо азобе зиндагиашро пеш мебурдааст.

Як тоҷири дигар бо номи Тошхӯҷа, ки гуфт, ин исми мустаораш асту бо номи аслиаш агар сухан кунад, ӯро кормандони гумруки ҳар ду ҷониб имкон дорад азият диҳанд, афзуд, ки беадолативу чунин муносибатҳои нохуби кормандони гумруки Саразми Панҷакент боиси дилсардии тоҷирон гардидааст. Аз ин хотир, мегӯяд Тошхӯҷа, тоҷирон маҷбур шудаанд борҳои хешро аз Самарқанду Ургути Ӯзбекистон харидорӣ намуда, ба ҷои 60 километри мавҷуда беш аз 300 км-ро тай намуда, маводи хешро тавассути гузаргоҳи “Ойбек”, ки он ҷо хидматрасонии гумрукӣ хуб аст, то ба Панҷакент интиқол диҳанд.

– Табиатан, роҳкирои гарони ин роҳи дурмадароз,- мегӯяд Тошхӯҷа,- таври автоматӣ рӯи нархи маводҳо сарборӣ мешаваду хоҳу нохоҳ нархи мол ҳам нисбатан гарону ба ҷайби мардум латма мезанад.

Ин тоҷирон мегӯянд, ки ба замми муносибати дағалонаву муғойири қонуни кормандони гумрук, то аз гузаргоҳ хориҷ шудани онҳо ҳамчунин намоядагони ба қавли эшон хадамоти карантинӣ барои “дезинфексия” гӯён, 50 сомонӣ ва намояндаи ширкати “Фароз” 100 сомонӣ тариқи иҷборӣ маблағ меситонидаанд. Онҳо мегӯянд, ки баъди чунин пулситониҳо маҷбуранд бори як сомониро 3 сомонӣ нархгузорӣ намуда, дар бозор савдо кунанд, ки ин ҳам бар зарари онҳову ҳам харидорон будааст. Ҳамчунин, тоҷирони бозорҳои шаҳру деҳоти Панҷакент гила аз он карданд, ки агарчи ба ҳукумату дигар ниҳодҳои масъул аз ин ҳолат шикоят намудаанд, аммо то кунун ҳеҷ беҳбудиву дигаргуние дар ин гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппа дида намешавад. Ба замми ин, мегӯянд онҳо, то ба ҳол Фарҳод ва Баҳром ном кормандони гумруки мазкур дар рӯзи навбатдории хеш тоҷиронро таҳқиру ранҷ дода, мегуфтаанд, ки “равед, додатонро ба касе хоҳед, гуфтан гиред, ин ҷо мо хӯҷаинему ҳар чӣ, ки мо мехоҳем, ҳамон мешавад ва касе моро ҳеҷ коре карда наметавонад!”. Чунин будааст муносибати ин кормандони гумрук нисбати тоҷирону корафтодагон ва ба қавли худашон, онҳо чунон зӯре будаанд, ки то ба ҳол худашон он тараф истад, пишакашонро ҳам касе пишт гуфта наметавонистааст.

– Ҷои ин ҳама мушкилоти сунъӣ,- мегӯянд тоҷирони шаҳру деҳоти Панҷакент,- хуб мешуд, агар кормандони гумрук як зарра ба онҳо нисбати интиқоли борашон сабукӣ медоданд ва муносибаташонро хуб мекарданд, то онҳо низ ҳарчи бештар ба бозорҳо мавод ворид намуда, мекӯшидаанд, ки то андозае нарху навои борашон, ба вижа маводи ғизоиву меваю сабзавотро арзон намоянд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, гузаргоҳҳои гумрукӣ дарвозаи шаҳру ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ ба шумор мераванд ва аз рӯи хидмату муносибат ва муомилаи ҳар як корманди гумрук тибқи қонун ё хайр, ҳар мусофиру ҷаҳонгард дар ниҳоят чӣ фарди хориҷиву чӣ дохилӣ ва меҳмону мизбон ба ҳаряк муносибати ин кормандон баҳо додаву вобаста ба он тасмим мегирад, ки тавассути ин гузаргоҳ равуо кунад ё на.

Дар ин сурат, тоҷирон низ ҳамчунин рафтор хоҳанд кард, ба вижа дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.

 

Сайёди РАҲГУЗАР, МТЖТ                       

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь