Фарсудагии таҷҳизоти тиббӣ ва ҷудо накардани маблағ барои таъмири Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш нигаронии табибонро ба бор овардааст. Муддати се соли охир барои таъмири бинои беморхона аз буҷети мақомоти маҳаллии ноҳия тамоман маблағ ҷудо намегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат даҳҳо муассисаи табобатии муосири муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ сохта шуд, ки ин аз рушди соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад. Вале дар ноҳияи Вахш ба ин соҳа чандон аҳамият дода намешавад. Бинои беморхонаи марказии ноҳия се сол аст, ки таъмир намешавад ва имрӯз ҳоли табоҳ дорад.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардухтури беморхонаи мазкур Амиралӣ Сафаров, барои таъмири бинои беморхона аз тарафи буҷет беш аз 3 сол аст, ки маблағ ҷудо намекунанд. Ҳоло беруни бино ба таъмиру бозсозӣ ниёз дорад. Вале, ба замми ин мушкилӣ, табибони беморхона ба корафтодагон хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Манбаъ инчунин нигаронӣ аз он кард, ки аз ҳама чизи ташвишовар дар ин беморхона фарсудагии таҷҳизоти тиббӣ ва норасоии онҳо мебошад. Гуфта шуд, ки таҷҳизоти ин беморхона аз солҳои 1976 мебошанд ва имрӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Изҳори ташвиш аз он рафт, ки ба ин беморхона танҳо шахсони камбизоат меоянд. Зеро сокинони доро мехоҳанд дар шароити хуб беморонашонро табобат намоянд. Аммо ин шароитро беморхонаи мазкур надорад.

– Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дорои 225 кати хоб мебошад, ки дар ин давра ба беш аз 5 ҳазор беморон хизмати тиббӣ расонидааст,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи мазкур Шариф Ашӯралиев бо изҳори ташвиш афзуд, ки «мо – табибон аз ноилоҷӣ таҷҳизоти асри гузаштаро истифода мебарем. Дигар чора нест. Умеди ягонаи мо дастгирии молиявии Бонки рушди Олмон аст. Аз ҷониби намояндагони ин бонк ваъда шудааст, ки бояд бинои беморхона таъмир шавад».

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо гуфт, ки «орзуи ягонаи мо – табибон – ин муҷаҳҳаз сохтани беморхона бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ аст, ки инро низ ваъда кардаанд. Мо низ монанди табибони беморхонаҳои дигар мехоҳем беморонро дар шароити хуб табобат намоем».

Барои фаҳмидани сабаби ҷудо накардани маблағ давоми се соли охир ба беморхонаи марказии ноҳия ба Раёсати молияи ноҳия рафтем. Аммо сардорро дар ҷойи кор пайдо накардем. Хостем бо муовини он суҳбат намоем. Аммо ӯ гуфт: «Ман бе иҷозати роҳбар суҳбат намекунам». Ин баҳонаест, ки бисёр зердастон ҳангоми муроҷиати журналистон пеш меоранд ва аз посух ба суолҳо мегурезанд. 

Тариқи суҳбати телефонӣ аз раиси ноҳияи Вахш Шарбатуллои Азизулло дар мавриди ҷудо накардани маблағ давоми се сол барои таъмири бинои беморхонаи марказӣ пурсон шудем. Ӯ гуфт: «Ҳамасола мувофиқи хароҷотнома (смета) аз буҷети ноҳия маблағ барои таъмири бино ҷудо карда мешавад. Аммо ин маблағ кам аст. Мо ду сол боз талош дорем беморхонаро бо дастгирии Бонки рушди Олмон таъмир намоем ва дар ин баробар таҷҳизоти муосирро ба беморхона ворид созем. Оғози таъмири бино аз аввали соли 2019 дар назар гирифта шудааст».

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода Сайдуло низ қайд намуд, ки дар вилоят чанд бинои беморхонаҳо таъмирталаб мебошанд: «Мо кӯшиш намуда истодаем, ки онҳоро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар аз таъмири асосӣ барорему шароити хизматрасониро барои беморон хуб намоем. Аз ҳоли Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш мо ба хубӣ огоҳ ҳастем ва дар соли 2019 бинои беморхона аз ҷониби Бонки рушди Олмон таъмири асосӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад».

Муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш Амиралӣ Сафаров бошад, бо нигаронӣ гуфт, ки «аз харобии бинои беморхона ва фарсудагии таҷҳизоти тиббӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати тандурустии вилоят ва ҳатто Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳанд. Ҳамеша ба мо ваъда медиҳанд, ки кӯмак мекунем. Аммо ваъдаҳо кай иҷро мешаванд, намедонем».

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь