Роҳ барои омадани Президент асфалтпӯш гардид, вале пас аз чанд рӯз дубора онро канданд

Лоиҳа бояд як солу ҳафт моҳ пеш ба итмом мерасид, аммо ба назар мерасад, ки сохтмон нав оғоз шудааст.

Сокинони чанд маҳаллаи поёншаҳрии шаҳри Душанбе аз корҳои заминканӣ ва таъмири тақрибан чорсолаи як роҳи маҳаллӣ азият мекашанд.

Сокинони ин минтақа танҳо як роҳи маҳаллӣ доранд: аз кӯчаи Яккатут ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва аз маҳаллаи Гулобод ба хиёбони Айнӣ. Ин ягона роҳест, ки сокинони маҳаллаҳои зиёди ноҳияи Шоҳмансур (собиқ ҷамоатҳои Гулистону “Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ)-ро ба марказ мепайвандад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин роҳ гузар карда буд ва роҳ пеш аз омадани Президент таъмир шуд, аммо на барои ҳамешагӣ…

Пеш аз омадани Президент роҳро аз кӯчаи Яккатут то маҳаллаи Соҳибкорон асфалтпӯш намуданд. Пас аз чанд рӯзи сафари Президент, ки 31-уми октябри соли 2023 дар маҳаллаи Соҳибкорони ноҳияи Шоҳмансур корхонаеро боз кард, роҳи ин минтақаро дубора канданд ва таъмирро оғоз карданд. Баъдан маълум гардид, ки роҳ бидуни хобонидани қубур асфалтпӯш шудааст. Масофаи роҳе, ки корҳои заминканиву қубурхобонӣ ҷараён дорад, ҳамагӣ  тақрибан 2-2,5 километр аст.

Сохтмони роҳи мазкур дар ҳудуди деҳаҳои Соҳибкорон ва Деҳқонобод дар назар чун “гӯшти уштурхӯрда” менамояд, зеро аксар рӯзҳо сохтмончиён дар кор дида намешаванд ва агар бошанд ҳам, корашон ба назар намерасад. Ин ҳамон мақоли халқии “бузак, бузак намур, баҳор меояд”-ро ба хотир мерасонад.

Дар муддати наздик ба чор сол чанд маротиба роҳи асосиро маҳкам намуда буданд ва нақлиёт тавассути роҳҳои танги кӯчаҳо ба роҳи асосӣ мебаромад. Ин мушкили сокинони маҳаллиро дар баробари вайрон гардидани қубурҳои обгузар, дучанд намуд.

Сохтмони роҳи болозикр ҳанӯз моҳи ноябри соли 2020 дар роҳи маҳаллаи Соҳибкорон ва Деҳқонобод шурӯъ шуда буд.

Мувофиқи овезае дар маҳалли сохтмон лоиҳаи “Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе” бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд, МИҲД-и шаҳри Душанбе бояд амалӣ карда шавад. Фармоишгари ин иншоот КВД “Обу корези Душанбе” ва мушовири байналхалқӣ – ширкати австралиягии “СМЕК интернешнл ПТИ Лимитид” навишта шудааст.

Барои ин лоиҳа беш аз 9 млн доллари ИМА ҷудо гардидааст ва бояд сохтмони он моҳи ноябри соли 2022 пурра ба итмом мерасид. Ин овеза ҳоло дар ҷояш нест. Ба назар мерасад, онро кандаанд. Вале ҳоло маълум нест, ки таъмири ин роҳ, ки бояд як солу ҳафт моҳ пеш ба истифода дода мешуд, кай ба итмом мерасад. Зеро касе ба он аҳамият намедиҳад.

Ин минтақа соли 2020 аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ карда шуда буд. Мақомот дар мулоқотҳои аввалин бо сокинони маҳаллаҳо ваъда дода буданд, ки аввалиндараҷа ба мушкилоти иҷтимоии мардум, ба мисоли роҳу пул ва мактабу бунгоҳҳои тандурустӣ расидагӣ карда мешавад. Вале…

Ба ғайр аз роҳе, ки корҳои таъмиру заминканӣ идома дорад, роҳи ин минтақа – аз маҳаллаи Гулобод то кӯчаи Яккатут, ки 13-14 километр аст, ҷо-ҷо таъмирталаб мебошад. Таксиҳо низ бо сабаби вайронии роҳ ба ин минтақа намераванд. Ҳолатҳое низ буданд, ки таксиҳо мусофиронро дар ними роҳ мефароварданд ва давоми роҳро намерафтанд.

Инчунин пардохти якдафъаина барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин минтақа – хатсайри №39 ва №31 се (3) сомонӣ аст (ҳол он ки ҳамаи хатсайрҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 2,5 сомонӣ мебошанд). Ба гуфтаи ронандагони ин хатсайр, аз сабаби мушкили роҳ зуд-зуд қисмҳои эҳтиётии мошинҳои онҳо таъмирталаб мешавад.

Мо умед ба он мебандем, ки масъулони ҳукумати шаҳри Душанбе ба ин мушкили сокинони шаҳр расидагӣ мекунанд ва ин роҳ дар кӯтоҳтарин мӯҳлат таъмир шуда, ба истифода дода мешавад.

Идибеки САИД,

таҷрибаомӯзи “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь