Чанд расонаи хабарии Русия дар хусуси таркиш дар бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск навиштанд, ки маркази таркиш хонаи шаҳрванди Тоҷикистон будааст ва фарзияи амали террористӣ буданашро низ ҳадс задаанд.

Ин манбаъҳо бо истинод аз иттилои мақомоти амниятӣ эълом карданд, манзили як шаҳрванди Тоҷикиситон дар ин бинои истиқоматӣ, ки ба харобазор тадбил шуд, марказии аслии таркиш будааст.

Вебгоҳҳои Znak.com ва 74.ru бо такя бар иттилои манбаъҳои амниятӣ навиштаанд, ки манзили шаҳрванди Тоҷикистон, маҳалли аслии таркиш буда ва ин моҷаро эҳтимолан дорои ангезаҳои террористӣ будааст.

Дар зимн, рӯзи гузашта як мошин аз ҷониби полиси Русия дар маркази шаҳри Магнитогорск ба далели шубҳа доштан ба террорист будани сарнишинони он, таъкиб шуда ва мошин таркидааст. Дар ин таркиш 3 нафар аз сарнишинон кушта шуданд ва як нафар фирор кардааст. Ин расонаҳо ин ду ҳодисаро ба ҳам рабт додаанд.

Чуноне хабар дода будем, дар ҳодисаи рӯзи 31 декабр дар яке аз биноҳои шаҳри Магнитогорски Русия, шаҳрванди Тоҷикистон Шуҳрат Улфатов захм бардошт, ки алҳол дар бемористон бистарӣ аст. Ҳамсари 24 солаи вай Раҷабмоҳ Улфатова ва се фарзанди 2, 4 ва 6-солаи ӯ ба номҳои Аҳмад, Фотима ва Саидмуҳсен дар қатори гумгаштаҳо дар ҷустуҷӯ буданд.

Бар асари таркиш ва вайрон шудани бино дар Магнитогорск 37 нафар ба ҳалокат расиданд. Тақдири 4 нафари дигар ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад.

       

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь