Маҳалгароӣ ва «шиносбозӣ» зимни ишғоли вазифаҳои давлатӣ дар кишвар аз мавзуҳои доғест, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар таҷриба зиёд дида мешавад, ки агар роҳбари ягон идора ё корхонаи кӯчаки давлатӣ иваз шавад, раиси нав ҳатман дар фикри дар атрофаш ҷамъ кардани нафарони «боэътимод» мешавад. Дар мавриди иваз шудани раисони ноҳияҳо бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Сабаб чист? Чаро роҳбарон намехоҳанд бо кормандони қаблӣ ҳамдигарфаҳмию ҳамкории солимро ба роҳ монанд? Соҳибназарон бар он ақидаанд, ки роҳбарони нав намехоҳанд сирру асрорашонро «бегонагон» бидонанд, аз ин рӯ, бо ҳар роҳ мекушанд дар кӯтоҳтарин муддат тими худро ташкил диҳанд ва бо миёнравии шахсони «боэътимод» ба вазифаҳои «равғанӣ» «худиҳоро» таъйин кунанд. Ин амал дар аксар маврид норозигии зиёдро ба миён меорад, вале кам нафароне пайдо мешаванд, ки аз рӯи чунин амалҳои роҳбарон шикоят баранд. Онҳо танҳо дар суҳбатҳои алоҳида дар ин маврид суҳбат мекунанд, зеро ба андешаи эшон, шикоятҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъашон нахоҳад буд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо амали иҷрокунандаи раиси ноҳияи Тоҷикобод аст, ки пас аз даҳ рӯзи кориаш ба роҳбари дастгоҳаш амр додааст, то аризаи истеъфояшро бинависад.
Нахустин «амали хайре», ки пас аз ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъйин гардиданаш Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайрат иҷро кардааст, беасос сабукдӯш кардани роҳбари дастгоҳ Иброҳимов Ориф ва ба ҷои ӯ таъйин кардани нафари “худӣ” будааст.
Қабл аз Ҳамидулло Маҳмадшозода, Нодираи Маҳмадисо тӯли ду соли ахир ба ҳайси раиси ноҳияи Тоҷикобод фаъолият мекард ва “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд.
Ориф Иброҳимов, ки аз соли 2013 ҳамчун ҳуқуқшинос дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ифои вазифа мекард, 8 моҳи охир роҳбарии дастгоҳи раиси собиқи ноҳия Нодираи Маҳмадисоро ба зимма дошт.
Бино ба гуфтаи Ориф Иброҳимов, тӯли фаъолияти кориаш ба ҳайси ҳуқуқшинос ва баъдан ҳамчун роҳбари дастгоҳ ягон камбудӣ надошт, вале иҷрокунандаи раиси ноҳия Маҳмадшозода аввалин коре кардааст, ӯро аз вазифа озод намудааст.
– Пас аз даҳ рӯзи ба фаъолият оғоз карданаш, бегоҳи 5-уми декабр раис маро ба утоқи кориаш даъват карда, гуфт, ки “фаъолиятат суст аст ва бояд аризаи аз кор рафтанатро нависӣ”. Ростӣ, ман дар фаъолиятам ягон камбудӣ намедидам, намедонам раис барои чӣ мехост ман аз кор равам. Чун амри раис буд, дигар илоҷ надоштам ва аризаамро навиштам. Қабл аз навиштани ариза вазифаи ҳуқуқшиносро дар ҳукумати ноҳия бароям пешниҳод карданд. Ҳарчанд ман ин пешниҳодро қабул кардам, вале бо гузашти як моҳ аз сӯи раиси ноҳия он ҷонибдорӣ наёфт ва ду-се маротибае, ки хостам оид ба ин масъала бо раис вохӯрам, ӯ қабулам накард,- мегӯяд собиқ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Ориф Иброҳимов.
Бино ба гуфтаи Иброҳимов, илова бар аризаи хоҳишмандона аз кор рафтанаш, аз шуъбаи кадрҳо як намуна забонхатро дар пешаш гузошта, маҷбураш кардаанд, нависад, ки бо сабаби аз уҳдаи вазифа набаромадан ва бемор доштан забонхат нависад.
– Ман рад кардам, вале раиси ноҳия Маҳмадшозода маро ба наздаш даъват карда, таъкидан гуфт, ки “ту дар ихтиёри худат нестӣ, забонхатро ҳатман менависӣ”. Ман ҳайронам, ки навиштани чунин забонхат дар ягон қонун нест, инро аз куҷо баровардаанд!?,- илова кард Иброҳимов.
Ориф Иброҳимов бар он назар аст, ки ба вазифаи роҳбари дастгоҳ таъйин кардани Акбарзода Назрвалӣ холисона нест ва илова бар ин, бо Ҳамидулло Маҳмадшозода хешу табори наздиканд: “Ҳарчанд Маҳмадшозода дар Душанбе кору фаъолият дошт, вале бо Акбарзода аз як деҳаанд. Сардори шабакаи барқи ноҳия низ бародари раис аст, ки инҳо як гуруҳанд”.
Ин дар ҳолест, ки роҳбари феълии дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Акбарзода Назрвалӣ робитаи наздики хешутаборӣ ва зодаи як деҳа буданро бо Маҳмадшозода рад карда, гуфт, чунин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.
– Ҳарчанд мо бо раис зодаи як ноҳия бошем ҳам, вале аз деҳаҳое ҳастем, ки аз ҳамдигар хеле дур воқеъанд. Ягон умумият ва хешутаборӣ надорем. Ростӣ, намедонам чаро ин масъала мавриди баҳс қарор дода мешавад. Агар коргар камбудӣ надошта бошад, роҳбар ӯро беасос аз кор озод намекунад. Камбудии роҳбари қаблии дастгоҳи раиси ноҳия Ориф Иброҳимов дар он аст, ки дар давраи фаъолияташ дар умум қариб 55-60 мактуб бо гузаштани муҳлат беҷавоб мондааст. Ин мактубҳо аз ҷумлаи дастуру супоришҳо ва қарорҳои Ҳукумат, нақша-чорабиниҳои сафарҳои Ҷаноби Олӣ мебошанд. Ягон кор беасос намешавад. Дар асоси ҳамин камбудиҳо Иброҳимов аз вазифа озод карда шудааст,- гуфт дар суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Акбарзода Назрвалӣ, ки як моҳ қабл ба ин вазифа таъйин шудааст.
Акбарзода ҳамчунин гуфт, мувофиқи низомномаи дастгоҳи раиси ноҳия ба вазифаи раиси дастгоҳ шахсе таъйин карда мешавад, ки собиқаи умумии чорсола ва ё аз ду сол зиёд собиқаи соҳаи хизмати давлатӣ дошта бошад: “Ҳарду варианташ ба ман дуруст мегирад, зеро ман давоми ду сол собиқаи хизмати давлатӣ дорам ва беш аз ҳафт сол собиқаи умумӣ дар самти соҳаи ҳуқуқ дорам”.
– Қаблан ман дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекардам, вале бо сабабҳои оилавӣ ба зодгоҳам, ноҳияи Тоҷикобод баргаштам ва ҳамчун ҳуқуқшинос давоми ду сол дар дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият доштам. Хулоса, роҳбар нахост, аз вазифа озодаш кард, тамом!,- гуфт дар хулосаи суҳбат раиси дастгоҳ Акбарзода Назрвалӣ.
Аммо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло зимни як занги телефонӣ бо баҳонаи ба “маҷлис” даромадан суҳбат вобаста ба ин масъаларо барои баъд вогузор кард, вале бо гузашти беш аз як ҳафта дигар ба зангҳои телефонии мо ҷавоб надод.
Коршиносон бар он назаранд, ки чунин амал маъмулӣ аст ва вақте роҳбар таъйин мешавад, кӯшиш мекунад дастаи барояш ошно ва мувофиқро таъсис диҳад, вале дар чунин мавридҳо баҳс сари чизи дигар аст.
Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Рустам Азизӣ амали роҳбаронро маъмулӣ ва ин амалро то андозае дуруст ҳам медонад.
– Дар фарҳанги сиёсии ҷаҳонӣ, вақте роҳбари нав таъйин мешавад, кӯшиш мекунад дастаи барои худаш ошно ва мувофиқро таъсис диҳад, вале баҳс сари чигунагии ташкили чунин гуруҳҳои корӣ дар ҷомеаҳои суннатӣ, ба монанди ҷомеаи мо, ки бегумон аз зумраи онҳост, меравад. Дар мо доираи эътимод маъмулан хеле танг буда, на бар асоси шоистасолорӣ, балки дар асоси пайвандҳои суннатӣ, чун қаробати хунӣ ва дӯстии шахсӣ сурат мегирад,- мегӯяд Азизӣ.
Рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ низ чунин амалро “як таҷрибаи пазируфташуда” мегӯяд, ки зоҳиран раҳбари нав кобинаи худро ташкил медиҳад, то кораш муассиртар шавад.
– Аммо солҳои ахир ин шева хосияти коррупсионӣ гирифтааст ва тағйироти кадрии “аз А то Я” ба ҳамин хотир бештар сурат мегирад,-гуфт Сулаймонӣ.
Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”