Прокуратура хабар медиҳад:

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш  www.prokuratura.tj иттилоъ дод, ки “23 июни соли 2023, соати 22:10, дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғаффорович аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шуд.

Худи ҳамон рӯз вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баҳри ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳгор гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд”.

ВКД мукофот эълон мекунад:

Ба иттилои ВКД, ин ҷиноятро як гурӯҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 4 нафар содир кардааст. Исматуллоевро зӯран ба мошини сиёҳи “Хундай Соната” савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд. Бори охир ӯро дар ҳудуди маҳаллаи Чағатой диданд ва пас аз он, изи ӯ нопадид шудааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ҳамчунин, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.

Дар баробари ин, таъмини амнияти нафари мусоидаткунанда, ифшои ному насаби онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро тибқи талаботи қонунгузории ҶТ кафолат дод.

Ин ниҳод хабар дод, ки “нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ нисбати шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад”.

Қадами аввали тафтишот:

ВКД аксеро пешкаши ҷомеа намуд, ки расми гумонбари эҳтимолии ҷинояти одамрабоӣ буда, қадаш тахминан 168 -175 см, намуди баданаш варзишӣ, дар сараш кулоҳ (кепка), риши расида, ва айнак дошта, ниқоби тиббӣ истифода мебарад”.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон  нисбат ба ҳодисаи нопадид шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” бо гумони “одамрабоӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

“Мавсуф соати 8-и шоми 23-уми июн аз назди манзили зисташ дар маҳаллаи Шукуфони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз ҷониби афроди номаълум рабуда шудааст.

Дар санад, ки рӯзи 26 июн дастраси ВАО гардид,  ин ҳодиса “одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ношинос”, номида шудааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки зоҳиран ин гурӯҳ аз чанд рӯз пеш тарҳи рабудани бонкдори тоҷикро доштаанд. Аз ҷумла мошине, ки бо он Исматуллоевро рабудаанд, рӯзи 10-уми июн аз соати 15 то 18 дар атрофи хонаи ӯ мушоҳида шудааст.

Дар санад гуфта шудааст, ки “замоне Шуҳрат Исматуллоев аз манзилаш берун мешуд, ӯро чор нафар бо зӯр ба мошини “Ҳундай Соната”-и сиёҳшиша савор карда, тариқи хиёбони Рӯдакӣ ба самти маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло бурдаанд. Камераҳои назоратӣ гузаштани мошин аз бозори “Кушониён”-ро сабт кардаанд, вале ҷои дигар ин машина ба чашм нахӯрдааст”. Тафтишот собит кардааст, ки “рақами мошини истифодашуда, қалбакӣ буда, чор нафар дар сар ниқоб доштанд ва чеҳраашон дар камераҳои назоратӣ намоён нест”.

Маълумот:

Шӯҳрат Исматуллоеви 49-сола, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати “Тоҷик эйр” буд. Ӯ солҳо боз муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва чун бонкири муваффақ муаррифӣ мешуд.

То бегоҳи 30-юми июн дар бораи онҳое, ки Исматуллоевро рабуданд, маълумоти дақиқе рӯ назада буд. Мақомоти Тоҷикистон 30 июн шахсеро бо номи Рустам Ашӯров, ки гуфта мешавад, зимни кашокаш дар фурудгоҳи Кишинев ду корманди ниҳодҳои қудратии Моловаро кушт, ба парвандаи рабуда шудани Исматуллоев рабт доданд.

Изҳороти кӯтоҳи Прокуратураи генералӣ:

“Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯров Рустам Каримович, соли таваллудаш 25 марти 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, баъди содир намудани ҷинояти мазкур, тавассути Ҷумҳурии Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Ҷумҳурии Молдова парвоз намудааст.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова ва ҳаракати дастгир намудани ӯ, номбурда таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро парронид ва  чанд нафари дигарро гаравгон гирифт.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Ашӯров  ярадор ва дастгир шуд”.

Изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми дуюми июл бо нашри изҳороте дар Телеграм канали худ, гуфт, дар робита ба ин ҳодиса, намояндагони Додситонии кул ва мақомоти дигари кишвар бо ҳамтоёни Моловии худ ҳамкорӣ доранд.

“Кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо намояндагони масъули сафорати мо дар Молдова (қароргоҳаш дар Киев) бо сафари хидматӣ ба Кишинёв рафтаанд, то якҷо бо ҳамтоёнашон аз Молдова тамоми ҳолатҳои марбут ба ҳодисаи рухдодаро маълум кунанд”- омадааст, дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Рустам Ашӯров, фарди гумонбар дар тирандозии Кишинёв яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”даст дорад. Ба иттилои мақомот Исматуллоев 10 рӯз боз бедарак аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, Рустам Ашӯров, пас аз рабудани муовини раиси бонк “тавассути Туркия ба Молдова парвоз кард, то аз он ҷо ба кишварҳои Аврупоӣ фирор кунад”

Маълумот:

Рустам Ашӯров соли 2012 барои ҳамла ва ғорати 100 ҳазор доллари саррофон ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, дар мурофиаи соли давраи ҳабси ӯ то 9,5 сол кам карда шуд. Як сарчашмаи наздик ба Додгоҳи шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфтааст, Ашӯров тақрибан ду сол пеш аз маҳбас баромадааст.

Он замон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар амалиёте бо иштироки нерӯҳои амниятӣ Ашӯров Рустам Каримович, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Қутбиддин Содиқов, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакиро ба гумони ҳамла ба саррофон ва дуздии 100 ҳазор доллар боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи пешини вазорат гуфта буд, ки аз Рустам Ашӯров ду таппончаи “Макаров” бо ҳафт тир ва 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз Қутбиддин Содиқов 395 ҳазор рубли русӣ ҳамчун далел гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи ноябри соли 2018 онҳоро ба 13-соли зиндон маҳкум карда буд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе, хабар додааст, ки рабояндагони Шӯҳрат Исматуллоев пешакӣ барои парвоз ба Туркия ва Русия билет гирифтаанд. Бино бар маълумоти дарёфтӣ, яке аз онҳо дар Русия боздошт шудааст.

Назари додситони кулли Молдова:

Ион Мунтяну, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова, рӯзи 1-уми июл гуфт, Рустам Ашӯровро дар Молдова муҳокима хоҳанд кард. Ба ӯ ҳабси абад таҳдид мекунад. Додситон гуфт, ҳама чиз зуд рух дод ва аз рӯйи ҳаракатҳо шаҳрванди Тоҷикистон “омодагии хуб” дошт.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” рӯзи якуми июл аз қавли сардори пулиси Молдова Виорел Сернаутену навишт, ки “пайванди Рустам Ашӯров бо сохторҳои низомӣ ё ниманизомӣ вуҷуд надорад ва номаш дар ягон низоми кофтукови байнулмилалӣ сабт нашудааст”.

Сардори пулис Виорел Сернаутену ба хабарнигорон гуфтааст, мақомоти Молдова дар бораи гузаштаи гумонбар иттилоъ надоштанд: “Танҳо пас аз ҳодиса дар фурудгоҳ… бо мақомоти Тоҷикистон тамос гирифтем. Баъд ба мо гуфтанд, ки ӯ “қаҳрамон”-и як парванда аст.”

Дар айни замон гуфта нашудааст, ки чаро маъмурони марзбонии Молдова ба ӯ шубҳа карданд ва монеи даромаданаш ба қаламрави ин кишвар шуданд.

Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова дар нишасти хабарие гуфтааст, Рустам Ашӯров ҳафт сол дар ниҳодҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор карда, барои содир кардани ҷиноят аз мақомаш ронда шудааст:

“Ӯ соли 2013 дар Тоҷикистон ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуд, вале пеш аз муҳлат ба озодӣ баромад,”.

Рустам Ашӯров баъди тирпарронӣ дар фурудгоҳ ба ҳуш наомад ва даргузашт.

Чоре: Ҷустуҷӯи пайи ҷиноят дар соҳили Зарафшон

Дар ҳамин ҳол, Кормандони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита  дар водии Зарафшон “шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов ва мошини тамғаи  «Hyundai Sonata»-ро меҷӯянд, ки дар он ҷонишини раиси “Орёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуда буд.

Бино ба хабари расида шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов  ва мошини тамғаи «Hyundai Sonata” –ро баъди анҷоми амали ҷиноӣ дар километрҳои 118 ва 118,8 км роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтанд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита  дар водии Зарафшон  дар имтидоди соҳил ҳамарӯза бидуни истироҳат пайи ҷиноятро меҷӯянд, то нишоне аз мошин ва шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов пайдо кунанд. Амалиёти ҷустуҷӯ дар вазнинтарин шароит идома дорад, чун ин мавзеъи тезҷараён ва умқтарини Зарафшон аст. Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарон ҳама усулу шеваҳои пешрафтаву таҷрибашуда ва  аз техникаи муосири садамавиву наҷот истифода мебаранд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар обҳои серҷараёну пурумқ бино ба техникаи бехатарӣ истифода аз ғаввосон мумкин нест. Наҷотдиҳандагон бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд ба корҳои ҷустуҷӯӣ идома медиҳанд”.

Маълумот:

Чоре – деҳа дар ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ буда аз Чоре то маркази ҷамоат 22 км, то маркази ноҳия 22 км мебошад. Аҳолии деҳа дар соли 2017 тибқи маълумоти Википедия 271 нафар буда, аҳолиаш пурра тоҷиконанд.

Pressa.TJ: “Дилшоди СБ дар ҷустуҷӯй қарор дорад

“Дилшод Саидмуродов, ки бо лақаби “Дилшоди СБ” машҳур аст гумонбар ба он аст, ки шомили гурӯҳи ҷинояткориест, ки дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доранд.

Тибқи иттилои як манбаъ “Дилшод Саидмуродов 24-уми июн, як рӯз баъд аз бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Русия гурехтааст”.

Дилшод Саидмуродов дар гузашта дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, як муддат маъмури Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Додситонии кул будааст.

“Таҷрибаи корро дар Оҷонси мубориза бо коррупсия низ дорад, вале вақтҳои охир дар ҷое кор намекард,” — мегӯяд манобеъ.

Дилшод Саидмуродов шаҳрвандии Русияро низ доштааст ва эҳтимол меравад, ки дар Русия паноҳ мебарад” – навиштааст Pressa.TJ .

Дар он дунё вомехӯрем…

Рустам Ашӯров, баъди он ки дар фурудгоҳи Молдова ду нафар кормандони полисро ба қатл расонид,  ба модараш занг зада ба ҷиноятҳои содиркардааш, аз ҷумла ба даст доштан дар қатли муовини аввали директори “Ориёнбонк” иқрор мешавад. Ҳамчунин ду корманди  полиси Молдоваро,  ки ба қатл расонидааст, тариқи телефон ба модараш нишон медиҳад.

Фақат як нуқтаи шубҳабарангез дар ин навор ҳаст, ки Рустам мегӯяд “ ҷасади Шӯҳратро дар дарёи Варзоб партофтааст”, аммо айни замон ҷасадро дар дарёи Зарафшон мекобанд. Дар хабари Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки пойинтар меорем, хабар додаанд, ки “қотилон ҷасадро дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ партофтаанд”.

Ба андешаи мо Рустам ҳис мекунад, ки гуфтугӯи ӯро бо модараш ба навор гирифта истодаанд ва дар паҳлӯи модараш касе ҳаст. Шояд барои раҳгум занонидани кофтуков вай ба ҷойи дарёи Зарафшон, дарёи Варзоб мегӯяд.

Баъди ин навор Рустам Ашӯров аз тарафи кормандони полиси Молдова бо зиёда аз 10 тир ярадор мегардад ва баъдан дар беморхона ҳалок мешавад.

Гурӯҳи Ахбор барои афкор:

“Фармоишгарон он қадар таъсиргузоранд, ки қотилон маргро аз ошкор кардани онҳо беҳтар медонанд?” – суол гузоштааст муҳаррири ин гурӯҳи бонуфуз дар шабаркаи интернетии “Фесбук”:

“Рустам- яке аз қотилони муовини аввали раиси Ориёнбонк, ки дар Молдова кушта шуд, зимни сӯҳбати охирин бо модараш мегӯяд, ҳамроҳаш – Дилшодро ҳам, ки ҳоло дар ҷустуҷӯст, “зинда намегиранд, ӯ худашро мекушад”.

Пас, онҳо кадом як асрори муҳимро бо худ бурданианд. Яъне масъала аз “гирифтани биткоин ба арзиши 100-200 миллион доллар”, ки дар ин сӯҳбат ишора мешавад, фаротар аст ва фармоишгарони ин ҷиноят он қадар таъсиргузоранд, ки инҳо маргро аз ошкор кардани онҳо беҳтар медонанд?”.

Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин маротиба ба таври бояду шояд, бо дастрасии маводи тоза шаҳрвандонро бо маълумот таъмин кард, дар хабари пахшкардааш овардааст:

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян карда шуд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба ӯҳда дошта, ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд.

Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда, муяссар нагардид.

23 июни соли 2023 бошад, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зӯран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай – Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рабудаанд.

Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш.А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Баъдан, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова Ашуров Р.К. аз тарси дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст.

Айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд.

Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев Ш.А. идома дорад”.

МТЖТ қазияро пайгирӣ карда, бо пайдо шудани хабари нав ва поён ёфтани тафтишот хонандагонро огоҳ мекунад ва ҳоло ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот аз пешниҳоди фарзияҳо дар ин фоҷиа худдорӣ мекунад.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь