Нишасти матбуотии солонаи Владимир Путин, ки чанде пеш баргузор гардид, доираи васеи масъалаҳои барои мардуми рус муҳимро фаро гирифт. Президенти Русия масъалаи муҳоҷирони кориро низ аз эътибор дур нагузошт ва изҳор дошт, ки барои онҳо  шароити мусоиди кору зиндагӣ  фароҳам овардан лозим аст.

Аз соли 1992 то соли 2016 дар Русия Хадамоти федералии муҳоҷират амал мекард. Аз соли 2012 ин ниҳоде буд, ки мустақиман ба Ҳукумат итоат мекард. Соли 2016 президент Хадамоти федералии муҳоҷиратро барҳам дод ва ваколатҳои онро ба Сарраёсати идораи масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия вогузор намуд.

Бо вуҷуди ин Путин қайд намуд, ки дар масъалаи сиёсати муҳоҷиратӣ Ҳукумати Русия бояд пеш аз ҳама манфиатҳои шаҳрвандони Русияро ба назар гирад. Ва тамоми муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд қонунҳоро риоя ва анъанаҳои ин кишварро эҳтиром намоянд. Ба андешаи сарвари давлати Русия, шояд таъсиси як ниҳоди махсусе бамаврид бошад, ки бо масъалаи муҳоҷират ҳамаҷониба машғул шуда, саривақт роҳи ҳалли  тамоми паҳлӯҳои ин масъаларо пайдо кунад.

Президенти Русия қайд намуд, ки бозори меҳнати Русия ба нерӯи корӣ, вале пеш аз ҳама, ба нерӯи кории баландихтисос ниёз дорад. Ин зарурат дар муносибати шаҳрвандони маҳаллӣ ба падидаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ зоҳир меёбад – бо гузашти солҳо вазъ дар ин масъала беҳтар шудааст. Бино ба маълумоти Маркази русиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ, 47 дарсади шаҳрвандони Русия муҳоҷирати кориро як падидаи мусбат барои кишвар медонанд, дар ҳоле ки дар соли 2013 ин нишондиҳанда 13 фоизро ташкил медод. Дар байни тарафдорон 50 фоиз  сокинони шаҳр ва 47 фоиз  сокинони деҳот мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳам мардуми маҳаллӣ  зарурати муҳоҷиронро дарк мекунанд ва ҳам давлат  назорати  равандҳои муҳоҷиратиро беҳтар кардааст. Худи муҳоҷирон бошанд, ба зиндагӣ дар Русия тезтару муассиртар мутобиқ мешаванд.

Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” мегӯяд: “Муносибати сокинони Русия ба муҳоҷирони корӣ бо гузашти солҳо  беҳтар мешавад. Вале ин муносибат метавонад, вобаста ба минтақа  фарқ кунад – аксар вақт сокинони деҳот, ба фарқ аз мутахассисони баландихтисоси шаҳрӣ, дар муҳоҷирон  рақибони худро мебинанд.

Пурсишҳои охирин нишон доданд, ки дар зиёда аз 70 фоизи  корхонаҳои Федератсияи Русия норасоии қувваи кориро эҳсос мекунанд, вале ин боз ҳам ба касбҳои баландихтисос тааллуқ дорад. На ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  барои кор дар майдонҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои саноати вазнин ва ғайра тахассуси мувофиқ доранд. Қисми зиёди онҳо дар соҳаи хизматрасонӣ кор мекунанд, яъне  дар бисёр соҳаҳо эҳтиёҷот ба мутахассисони соҳибихтисосро шаҳрвандони мо қонеъ карда наметавонанд.

«Пурсишҳои афкори умум дар солҳои охир нишон медиҳанд, ки торафт теъдоди бештари шаҳрвандони Русия оиди муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон хатареро намебинанд. Дар ҳамин ҳол, талабот ба муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад, зеро сатҳи бекорӣ дар Русия то ба ҳадди минималии таърихӣ поин рафта, айни ҳол ҳудуди 3 фоизро ташкил медиҳад» –  мегӯяд, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Албатта, русҳо дар мавриди  масъалаҳои амниятӣ низ нигаронанд, зеро хатари ҷалби муҳоҷирони корӣ  ба амалҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия вуҷуд дорад. Дар ин росто, метавон як мисол овард: чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунад, аз кӯча як корти бонкӣ пайдо карда, аз мағоза  бо ин корт ба маблағи 300 рубл харид кардааст. Албатта, кормандони пулис барои ин ҷиноят ӯро боздошт карданд. Ин ҷавон кӯшиш кард, худро бо он сафед кунад, ки кортро аз кӯча ёфтааст, пас  он  соҳиб надорад, вале ин нодуруст аст. Дар рӯйи корт номи соҳиби корт ва номи бонк навишта шудааст ва агар онро ягон шахс пайдо кунад,  бояд онро ба филиали бонк баргардонад. Ва ҳарчанд ҳаҷми зарар (маблағи харҷшуда) ночиз аст, вале бо вуҷуди он ин як ҷиноятест, ки ҷазои сахтро пешбинӣ мекунад. Мутаассифона, чунин ҳолатҳо аз надонистани қонунгузорӣ ва тартиботи маҳаллӣ дар кишвари бегона далолат мекунанд. Ба ҳамин тариқ шаҳрвандони мо  дар кишвари бегона як қолаберо ба вуҷуд меоранд, ки гӯё муҳоҷирони корӣ  вайронкунандагони ашаддии қонун мебошанд, вале ин истисно аз қоида аст ва аксар вақт шаҳрвандони мо кӯшиш мекунанд, ки меъёрҳои ҳуқуқии Русияро риоя кунанд ва вазъиятҳои муноқишавиро эҷод нанамоянд”.

Муҳимтарин ҷанбаи зиндагии бароҳати муҳоҷирони корӣ дар Русия дар якҷоягӣ бо аҳолии бумии кишвар фароҳам овардани шароит барои тезонидани мутобиқшавии онҳо мебошад. Тирамоҳи соли 2023 дар Русия як вебсомонае барои муҳоҷирони тоҷик  фаъол гардонида шуд. Онро Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи ҷумҳурии мо дар Москва таъсис  додааст. Тавассути ин сомона  имкони  гирифтани  маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ, маълумот оид ба гирифтани патент, инчунин, имкони  хариди чипта  вуҷуд  дорад.

Илова бар ин, дар Русия курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар заминаи Маркази бисёрфунксионалӣ  маъруфият пайдо мекунанд. Дар ин курсҳо  ба муҳоҷирон дар бораи қонунгузории Русия лексияҳо мехонанд, қоидаҳои рафтор дар ҷамъият ва  тартиби дуруст  пур кардани ҳуҷҷатҳоро меомӯзонанд. Дар минтақаҳо барномаи курсро мақомотҳои маҳаллӣ таҳия мекунанд. Айни ҳол муҳоҷирони корӣ (аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик низ) дар Калининград, вилояти Маскав, Перм ва Краснодар курсҳои мутобиқшавӣ мегузаранд.

Дар қонуни нав «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия» (апрели соли 2023) тартиби тезонидашудаи гирифтани шаҳрвандӣ барои 20 тоифаи шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Тоҷикон дар дарёфти шаҳрвандии Русия дар қатори пешсафон қарор доранд. Дар соли 2022 173,4 ҳазор нафар ва дар 6 моҳи соли 2023 87 ҳазор нафар тоҷикон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазор нафар зиёд)  соҳиби шиносномаи Русия шуданд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Ин  соли аввал нест, ки  ҳукумати Русия барои беҳтар кардани раванди муҳоҷират ва мутобиқшавии муҳоҷирон дар қаламрави кишвар тадбирҳо меандешад.  Ва ин, албатта, як раванди хеле мураккаб аст, зеро он ба манфиати на танҳо миллионҳо шаҳрвандони  Русия, балки дигар кишварҳо низ, аз ҷумла  шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад. Тадбирҳои гуногун андешида  мешаванд, шурӯъ аз шароитҳо  барои омӯзиши забони русӣ, қонунҳо ва  қоидаҳои будубош то танзими раванди интиқоли пул аз Русия ба хориҷи кишвар.

Имрӯз  масъалаи асосӣ дар сиёсати муҳоҷиратӣ – ин  мутобиқшавии босуръати муҳоҷирон, қабули меъёрҳои фарҳангӣ ва асосҳои қонунгузорӣ аз ҷониби муҳоҷирон мебошад. Яке аз иқдомҳои муҳимме, ки  ниҳодҳои давлатии Русия пеш гирифтаанд, ифтитоҳи намояндагиҳои марказҳои муҳоҷирати Маскав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар  Тоҷикистон мебошад –  ҳадаф аз роҳандозии чунин тадбир  омода кардани муҳоҷирони корӣ барои сафари  эҳтимолӣ ба қаламрави Русия мебошад.

Вале дар раванди татбиқи амалии ин иқдомҳо ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, зеро  дар қаламрави Русия миллионҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон  ба сар мебаранд, аз ин рӯ, зарурати корбарӣ  бо шаҳрвандони айни ҳол дар Русия қарордошта вуҷуд дорад. Аз тарафи дигар,  ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои мо ба Русия хеле муҳим аст, зеро вақте ки ин кор аз тариқи шабакаҳои расмӣ сурат мегирад, бисёр мушкилотҳое, ки муҳоҷирони корӣ метавонанд бо онҳо  рӯбарӯ шаванд , ҳалли худро  меёбанд.

Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия тағйироту иловаҳоро ба қонун дар бораи ихроҷи иҷбории муҳоҷирон аз Русия тасдиқ кард, ки тибқи он ихроҷи қонуншиканони хориҷӣ метавонад бо ҷарима иваз карда шавад.

Инчунин, бояд гуфт, ки яке аз мушкилтарин ва муҳимтарин вазифаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ин масъалаи будубоши қонунии муҳоҷирон дар қаламрави Русия ва ба қайди муҳоҷиратӣ гирифтани онҳо  мебошад, зеро аксар вақт бештари  муҳоҷирон якҷоя манзили иҷора гирифта, маҷбур мешаванд, ки  аз рӯйи суроғаи “қалбакӣ”  (дар манзилу хобгоҳҳои дигар)  худро ба қайд гузоранд. Яке аз ҳуқуқвайронкуниҳои асосие, ки муҳоҷирони корӣ содир мекунанд, маҳз вайрон кардани тартиби сабти ном дар қайди муҳоҷиратӣ мебошад. Ҳафтаи гузашта мо шоҳиди тасдиқи ин далел гардидем – сардори Раёсати муҳоҷирати Санкт-Петербург  бо иттиҳоми  мусоидат ба сабти номи ғайриқонунии беш аз 120 ҳазор муҳоҷири корӣ ба ҳабс гирифта шуд. Худи ҳамин рақам аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маҳз масъалаи будубоши қонунӣ  аз ҳама осебпазиртарин масъала буда ва бояд ҳалли худро ёбад.

Бо андешидани тадбирҳои гуногун дар сиёсати муҳоҷиратӣ, Русия  уҳдадориҳои худро нисбати шаҳрвандони мо дар доираи узвият дар ИДМ, СҲШ ва дигар равандҳои ҳамгироӣ иҷро мекунад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Русия  дар баробари ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони худ, инчунин,  ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони давлатҳои моро низ дар доираи уҳдадориҳои созишномаҳои байналмилалӣ вазифаи худ медонад. Албатта, бо гузашти вақт ислоҳотҳо ба амал меоянд, равандҳо тағйир меёбанд, вале иқдомҳое, ки ҳукумати Федератсияи Русия пеш гирифтааст, ба беҳбудии зиндагии ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам муҳоҷирон, инчунин,  ба густариши ҳамкориҳои байни давлатҳои мо нигаронида шудаанд”.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷик баробари шаҳрвандони маҳаллӣ аз ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд – фарзандони онҳо ба таҳсилот дастрасӣ доранд, инчунин, онҳо ҳуқуқи гирифтани ёрии таъҷилии тиббии ройгонро доранд. Ва соли ҷорӣ бошад, қонуни нав қабул карда шуд, ки бар асоси он хориҷиёне, ки дар Русия ҳадди ақал 3 сол қонунӣ кор кардаанд, метавонанд, ба системаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ, ки хидматрасонии тиббии ройгонро дар саросари Русия кафолат медиҳад, пайваст шаванд. Илова бар ин, муҳоҷироне, ки дар Русия беш аз 15 сол ба таври қонунӣ кор кардаанд ва  андоз пардохт кардаанд, ҳуқуқи гирифтани нафақаро доранд. Соли ҷорӣ байни кишварҳои мо созишномае ба имзо расид, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия метавонанд, барои таъйини нафақа ба мақомотҳои яке аз ду кишвари иқоматкунандаашон муроҷиат намуда, қонунгузории кишвареро, ки дар асоси он нафақа гирифтан мехоҳанд, интихоб кунанд.

Шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вазъи муҳоҷирони кориро дар Русия ба таври назаррас осон мегардонад. Аз ҷумла чунин бартариятҳо ҷой доранд: ройгон гирифтани патент, будубоши бемаҳдуд дар Русия бо шартномаи меҳнатӣ, бештар гардидани диққати корфармоён ба муҳоҷирони тоҷик   бо сабаби камтар шудани мушкилот ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо. Илова бар ин, аз санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ муҳоҷирон аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  имконият пайдо карданд, ки мустақилона дар Портали ягонаи хизматрасонии  давлатӣ барои аз қайди муҳоҷиратӣ гузаштан худро сабти ном кунанд.

Ҳамин тариқ, метавон ба хулосае омад, ки Русия на танҳо бозори асосии меҳнат барои шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад, балки   барои  зиндагии бароҳати онҳо имконият фароҳам месозад. Бо риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои ин кишвар, бо донистани забони русӣ  ва эҳтиром гузоштан ба фарҳангу расму оинҳои маҳаллии ин кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари сокинони маҳаллӣ метавонанд соҳиби кор ва  даромади  доимӣ гардида, дар ҷамъият  обрӯву эътибор  пайдо кунанд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь