Дар маркази ноҳияи Шаҳритуз даҳҳо партовгоҳе мавҷуд аст, ки ба гуфтаи бошандагони ин ноҳия, моҳҳо тоза нашудаанд. Ин вазъ сокинони шаҳракро ба ташвиш овардааст.

 

Иҷозат намедиҳанд!

Партовҳое, ки дар маркази ноҳияи Шаҳритуз мавҷуд аст, гирду атрофашон маҳкам набуда, тамоман қуттиҳои партов дар онҳо дида намешавад. Вале Бобоҷон Файзуллоев – раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи  ноҳияи мазкур гуфт: “Мо аз вазъи партовҳои шаҳрак огоҳем, аммо ба мо иҷозат намедиҳанд, ки атрофи онҳоро маҳкам кунем”. Вале кӣ иҷозат намедиҳад, бароямон номаълум монд.

Зимни суҳбат раиси шаҳрак гуфт, ҳоло дар маркази ноҳия 14 партовгоҳ мавҷуд аст, ки 12 адади он иҷозатнома доранд, 2 адади он бошад, бесоҳибанд.

Раиси шаҳрак аз вазъи партовҳои ноҳия, ки хело ҳолати ногувор дорад, огоҳ аст, аммо чаро то кунун барои бартараф кардани он чора наандешидааст?

 

Раиси ҷамоат 600 сомонӣ ҷарима шуд

Маҳмадшариф Қурбонов – мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз низ аз вазъи партовҳои маркази ноҳия изҳори ташвиш карда, афзуд, ки дар соли 2018-ум 36 нафар сокинон барои партофтани партовҳо дар ҷойҳои номуайян ба маблағи 6200 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Ӯ инчунин гуфт, аз 31 нафар 5 нафараш шахсони мансабдор мебошанд, ки барои тоза накардани партовҳо ҷарима шудаанд. Инчунин, раиси ҷамоати шаҳрак низ барои набаровардани партовҳо аз маркази ноҳия ва тоза нигоҳ надоштани маркази шаҳрак ба маблағи 600 сомонӣ ҷарима шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сабаи асосии накашонидани партовҳо аз маркази ноҳия фарсудагии техникаҳо дар корхонаи манзилию коммуналии ноҳия ва набудани мошинҳои замонавӣ аст.

Ҷӯрабой Саидов – директори Маркази санитариву эпидемиологии ноҳияи Шаҳритуз гуфт, вазъи партовҳо дар маркази ноҳия ташвишовар мебошад. Ӯ сабаби асосии тоза нашудани партовҳоро дар маркази ноҳияи Шаҳритуз норасоии техника дар корхонаи манзилию коммуналии ноҳия гуфт.

 

КАТС ва беморхона худ ифлосанд?

Яке аз ин партовгоҳҳо дар дохили идораи Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳия ва беморхонаи марказӣ ҷойгир аст. Ба беморхона ҳазорҳо одамон барои шифо ёфтан меоянд. Аммо онҳо аз бӯйи партов боз бемор мешаванд. Табибони ин макон чи гуна беморонро табобат мекунанд, дар ҳоле, ки дохили бинои онҳо пур аз ифлосист!? Ё шояд табибон дар фикри дигар чиз бошанд?

Коршносони соҳаи тиб низ ин ҳолатро боиси гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зардпарвин ва домана арзёбӣ намуданд. Ба гуфтаи табибон, кӯдакони биноҳои баландошёна ҳамарӯза дар назди чунин ғарами партов ба бозӣ машғул мешаванд ва онҳо бештар гирифтори ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегарданд.

 

Сокинон нигаронанд

Тибқи иттилои расида, дар ҷамоати шаҳраки ноҳияи Шаҳритуз 16 ҳазору 600 нафар аҳолӣ иқомат мекунанд ва ҳамарӯза онҳо аз бӯйи бади ин партовҳо нафас мекашанд. Даҳҳо сокинони ҷамоати шаҳраки ноҳияи Шаҳритуз гуфтанд, ки “масъулин бояд ин партовгоҳро тоза кунанд, то сиҳатии мо – сокинони гирду атроф ба таври комил таъмин шавад”.

Бояд гуфт, ки барои дидани маконҳои таърихӣ, яъне Хоҷамашҳаду Хоҷадурбод, ки дар ноҳияи Шаҳритуз ҷойгиранд, сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар зиёд меоянд, аммо бо дидани чунин ғарами партовҳо дар маркази ноҳия табъи онҳо хира хоҳад шуд. Муҳаммад – сайёҳи дохилӣ аз ноҳияи Ховалингро, ки барои дидани маконҳои таърихӣ, махсусан Хоҷадурбоду Хоҷамашҳади ноҳияи Шаҳритуз омада буд, дар маркази ноҳия вохӯрдем. Ӯ низ аз вазъи партовгоҳҳои ноҳия, ки пур аз ғарами партовҳост, нигаронӣ карда, гуфт: “Наход масъулон ин қадар бепарво бошанд, ки ҳатто маркази ноҳияро аз ифлосиҳо тоза накунанд!?”. 

Роҳбари давлат солҳои 2019-2021-ро солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми” эълон намуданд ва сайёҳони хориҷӣ ба ин ноҳия зиёд меоянд. Барои ҳамин, мақомоти масъул бояд ба тозагӣ бештар таваҷҷуҳ диҳанд.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь