17-уми апрел имтиҳонҳои аввалин баҳри довталабон барои таҳсил дар зинаи бакалавриат ва  маълумоти олии пурра  дар донишгоҳҳои Русия  оғоз ёфт. Дар бораи марҳалаҳои супоридани имтиҳон ва имтиёзҳо барои довталабони тоҷик коршиноси масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов ва раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов ибрози назар намуданд.

17-уми апрел баҳри довталабон барои таҳсил дар зинаи бакалавриат ва тахассус дар донишгоҳҳои Русия имтиҳонҳои аввалин оғоз ёфтанд.

Барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия чӣ гуна имтиҳон супоридан мумкин аст?

Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ягона ниҳоди интихоби довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷаи ин кишвар мебошад. Маъракаи тақсими квота ҳар сол аз рӯи нақшаи зерин баргузор мегардад: дар давоми 2 ҳафта аз фанҳои биология, химия, физика, математика, забони русӣ ва таърих имтиҳонҳо гузаронида мешаванд ва дувум, санҷишҳо аз рӯи низоми  прокторинг ба тариқи фосилавӣ қабул карда мешаванд.

Дар сомонаи https://exams.mipt.ru/rs вақти санҷишҳои интихобӣ бо вақти Маскав нишон дода шудааст.

Қоидаҳои супоридани имтиҳонҳо:

  1. Санҷиш барои довталабон барои дарёфти дараҷаи бакалавриат ва мутахассис танҳо дар сомонаи MIPT – https://exams.mipt.ru/rs сурат мегирад.
  2. Ҳангоми бақайдгирӣ дар сомона дар сутуни “E-mail” бояд почтаеро, ки ба воситаи он дар сомонаи education-in-russia.com аз қайд гузаштаед, нишон диҳед.
  3. Дар сутуни “Рамзи бақайдгирӣ” бояд рақами бақайдгириро аз сомонаи education-in-russia.com нависед.

Дар кабинетҳои инфиродӣ дар сомонаи MIPT вақт ва санаи супоридани имтиҳон барои ҳар як довталаб алоҳида нишон дода мешавад. Дар ҳамин сомона худи ҷараёни супоридани санҷиш низ сурат мегирад.

Имтиҳон бо воситаи ноутбук ё компютере, ки веб-камера дорад, супорида мешавад. Дар вақти имтиҳонсупорӣ ҳама гуна садои изофӣ ё ҳузури шахсони бегона имкони супоридани санҷишро кам мекунанд, ки он нақзи қоидаҳо ҳисобида мешавад. Пас аз супоридани имтиҳонҳо натиҷаҳоро  интизор шавед.

Агар соли гузашта барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 750 ҷой ҷудо шуда бошад, пас имсол 902 довталаб аз Тоҷикистон метавонанд донишҷӯи курси якум ё аспиранти мактабҳои олии Русия гарданд!

Марҳилаи навбатии маъракаи квота санҷишҳои интихобӣ барои довталабон ба магистратура, аспирантура, ординатура ва ихтисосҳои эҷодӣ мебошад. Иван Иванов дар ин бора чунин мегӯяд: «Ин довталабон бояд имтиҳонҳои шифоҳӣ супоранд. Дониши онҳоро комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони донишгоҳҳои Русия, ки махсус ба Душанбе меоянд ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон месанҷанд».

Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ мебошанд ва аз ин рӯ, ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм аҳамияти аввалдараҷа медиҳанд. Бесабаб нест, ки ба Тоҷикистон теъдоди зиёди квотаҳо ҷудо карда шудааст ва он  сол аз сол зиёд мешавад.

«Вазифаи асосии мо – омода намудани мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ мебошад, то онҳо ба Ватани худ – Тоҷикистон баргаршта, донишу малакаи худро ба нафъи иқтисод ва пешрафти ҷумҳурии худ истифода баранд», – таъкид мекунад Иван Иванов.

Афзалиятҳои асосии қабул

Таҳсили ҷавонони тоҷик дар Русия як тамоюлест, ки солҳои зиёд мушоҳида карда мешавад. Инро идомаи анъанаҳои таҳсили тоҷикон дар Русия, ки дар замони Шӯравӣ оғоз гардида буд, донистан комилан дуруст аст. Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Ҳазорон нафар шаҳрвандони мо пештар дар манотиқи мухталифи Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Барнаул, Новосибирск, Екатеринбург, Қазон ва дигар шаҳрҳо таҳсил мекарданд. Аксари онҳо ба Ватан баргашта,  дар корхонаҳои гуногуни кишвар мавқеи худро пайдо намуда ва намунаи ибрат шудаанд.

Тоҷикистон таҳсилоти олӣ дар донишгоҳҳои Русияро боарзиш меҳисобад, зеро он тамоюлҳои навтарини ҷаҳониро дар худ дорад. Донишҷӯ бо донише, ки дар донишгоҳҳои Русия мегирад, мутахассиси касбии соҳаҳои гуногун на танҳо дар Ватани худ, балки дар тамоми ҷаҳон шуда метавонад. Хусусияти асосии таҳсилоти квота дар он аст, ки Русия на танҳо барои онҳое, ки имконияти молиявии устувор доранд, балки барои ҷавонони минтақаҳои дурдаст, ки дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, метавонанд бомуваффақият имтиҳонҳоро супоранд, имкони гирифтани маълумоти олиро фароҳам меоварад. Ин баҳри ҷавонон  барои гирифтани маълумоти олӣ новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ имконияти бузурге дониста мешавад».

Чанд ҷанбаи муҳимми таҳсил дар донишгоҳҳои Русия:

  1. Аз нуқтаи назари донишҷӯён, ин як имконияти нотакрор барои гирифтани маълумоти олӣ ва мутахассиси рақобатпазир шудан дар бозори ҷаҳонии меҳнат аст. Чунин мутахассиси соҳибдиплом имконият пайдо мекунад, ки дар ҳама ҷо кор пайдо намояд.
  2. Аз нуқтаи назари ҳукумати Русия, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, зеро он ба теъдоди зиёди шаҳрвандони кишварҳои дӯст имкон медиҳад, то дар бораи ҳолати воқеии Русия тасаввурот пайдо кунанд, сохтори ҷамъиятии ин давлатро дарк кунанд ва дар бораи вазъияти ҳақиқии кишвар сухан ронанд. Ҷавонон на танҳо соҳиби маълумот мегарданд, балки барои ҳамкориҳои оянда шиносоӣ пайдо менамоянд.
  3. Аз нуқтаи назари Тоҷикистон таҳсили шаҳрвандони мо тавассути квота дар Русия имкон медиҳад, ки дар оянда барои иқтисодиёти маҳаллӣ кадрҳои зиёд пайдо кунем. Амалан, тайёр намудани кадрҳо барои Тоҷикистон аз ҳисоби Русия сурат мегирад, ки маблағҳои ниҳоят калонро талаб менамояд. Ҳукумати Русия барои таҳсили 1 донишҷӯ дар доираи квота барои тамоми давраи таҳсил тахминан 50-60 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мекунад. Қаблан ҳудуди 700 квота ҷудо мешуд ва хароҷоти солона бошад зиёда аз 3,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, ки дар оянда боз зиёдтар хоҳад шуд.

“- Як қатор нозукиҳо вуҷуд доранд.  Масалан, на ҳар донишҷӯе, ки тариқи квота дохил мешавад, донишгоҳро хатм мекунад. Донишҷӯёне ҳастанд, ки аз ӯҳдаи барномаи таълимии донишгоҳ баромада наметавонанд. Аз тарафи дигар, бархе аз донишҷӯён баъд аз гирифтани диплом тасмим мегиранд, ки дар Русия бимонанд ва ё дар кишварҳои дигар кор пайдо мекунанд. Аксари онҳо бо умеди дарёфти ҷои кори муносиб ба Ватан бармегарданд.

“Ҳар сол беш аз 3000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд, ки бархе аз онҳо дар асоси квота ва беш аз 2000 нафар ба таври шартномавӣ таҳсил мекунанд. Муҳим он аст, ки ҳукумати Русия ҳамасола ба беш аз 900 донишҷӯ имкони таҳсили ройгон пешниҳод мекунад” – мегӯяд коршиноси масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, аниқтараш Вазорати маориф ва илми кишвар бояд корҳои зиёд  анҷом дода шавад. Мутаассифона, бештари онҳое, ки бо диплом ба Тоҷикистон бармегарданд, ҷои кори мувофиқ пайдо намекунанд ва сармоягузориҳои давлат бетатбиқ  мемонад. Ҷавонон имконияти истифодаи шоистаи донишу малакаи худро пайдо накарда, фикри тарки кишварро мекунанд. Сохторҳои давлатиро зарур аст, ба онҳое, ки дар Русия таҳсил карда ба Ватан баргаштаанд, таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, яъне онҳоро ба кор ҷалб намуда, мувофиқи ихтисосашон бо ҷои кор таъмин намоянд” – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.

Манфиатҳо баҳри тиҷорат

«Қисми муайяни хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргашта, ба тиҷорат машғул мешаванд. Сохторҳои тиҷоратӣ аз бартариҳои ба кор қабул кардани хатмкардагони донишгоҳҳои Русия бархурдор ҳастанд, вале муассисаҳои давлатӣ то ҳол ин бартариҳоро аз даст медиҳанд. Онҳо аз иқтидори бузурги ин хатмкунандагон истифода намебаранд. Аксари ин хатмкунандагон на танҳо таҳсил кардаанд, балки мактаби бузурги зиндагиро низ аз сар гузаронидаанд, зеро онҳо дар хориҷи кишвар, дур аз ҳаёти муқаррарӣ қарор доштанд, ки ниҳоят вазнин аст. Ҷавонони 18-19-сола, ки бо умеди таҳсил тарки Ватану зодгоҳи худ мекунанд, ҳамчун мутахассисони ҷавони дорои таҷриба ва дониши ғанӣ ба ватан бармегарданд.

Дар Русия онҳо бо тарзи зиндагӣ, пояҳо, равандҳои тиҷорат ва фаъолияти сохторҳои давлатӣ шиносоӣ пайдо мекунанд. Ин малакаҳо метавонанд барои фаъолияташон дар Ватани худ муфид бошанд.

Раванде, ки аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ нодида мемонад, аз ҷониби сохторҳои тиҷоратӣ истифода бурда мешавад. Аксарияти корхонаҳои рушдкунанда ҷавононеро, ки дар Федератсияи Русия таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб карда, аз донишу малакаи онҳо истифода мебаранд. Бархе аз ин бачаҳо дар вақти таҳсил дар Русия иртиботҳои тоза пайдо мекунанд, ки тавассути онҳо имкони ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ байни ширкатҳои русиву тоҷикӣ ба вуҷуд меояд”, – мегӯяд Фаридун Усмонов.

«Дар мулоқотҳои президентҳои кишварҳоямон мавзӯи маориф пайваста матраҳ мешавад, зеро мо як ҳадаф дорем», – мегӯяд роҳбари намояндагии  Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов.

Солҳои охир шабакаи намояндагиҳои Русия дар Тоҷикистон хеле рушд мекунад, аз ҷумла франшизаҳо кушода мешаванд. Ба ин ширкатҳо ҷавононе, ки дар Русия таҳсил кардаанд, ҷалб карда мешаванд. Зеро барои онҳо ин муҳит бештар шинос аст ва онҳо одоби тиҷорат ва сохтори тиҷоратии ширкатҳои русиро медонанд.

Тайи чанд соли охир теъдоди зиёди ширкатҳои Русия вориди Тоҷикистон шудаанд. Бештари соҳибкорон бо сабаби таҳримҳо ва ҷустуҷӯи бозорҳои нав дар ниҳоят гардише аз Ғарб ба Шарқро пеш гирифтанд. Соли 2023 дар Тоҷикистон як ширкати савдои бузург «Вкусвилл»  дар якҷоягӣ бо “Boxberry” дар самти расонидани молҳо ба кишвар ба фаъолият оғоз мекунад. Соли 2022 бошад ширкати тиббии Русия “Гемотест” аз бунёди ташхисгоҳи худ ва 50 шӯъба дар Тоҷикистон бо сармояи умумии 300 миллион рубл хабар дод.

Дар соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурии мо атрофи 300 ширкати русӣ фаъолият мебурданд ва имрӯз бошад теъдоди онҳо беш аз 330 ададро ташкил медиҳад.

«Теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои тиббии Русия таҳсил карда, бо дипломи дандонпизишкӣ, ҷарроҳ, духтури бемориҳои занона ва ғайра ба ватан бармегарданд. Ва дар ин ҷо барои таъмини онҳо бо ҷойи кор дастгирии ҳукумату давлати Тоҷикистон низ зарур аст. Бархе аз ин ҷавонон дар клиникаҳои шахсӣ кор мекунанд. Вале муҳим аст, ки ин мутахассисони ҷавонро ба беморхонаҳои давлатӣ низ ба кор ҷалб кунем.

Давлати мо низ барои донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон квота пешниҳод мекунад. Бо фароҳам овардани имкони таҳсил ба тариқи ройгон, мо ба ин ҷавонон имкон медиҳем, ки дар оянда барои  кишварашон муфид бошанд. Муҳим аст, ки ин таъсирро нисбати ҷавонони худ, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, дарк кунем, то онҳо низ тавонанд  донишу малакаи худро барои рушди давлатамон истифода баранд», – хулоса мекунад Фаридун Усмонов.

Дастгирии маориф дар ҳама сатҳҳо

«Аз нигоҳи он, ки Русия ҳар сол шумори квотаҳоро барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мекунад, метавон гуфт, ки ин кишвар ният дорад Тоҷикистонро дар ташаккули давлат ва таъмини кадрҳо дастгирӣ намояд. Ҳамаи ин барои бунёди  як кишвари устувор  мусоидат мекунад. Афзоиши шумори квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия ба рушди давлати мо ҳамаҷониба кумак мерасонад. Русия шарики боэътимоди мо на танҳо дар соҳаи амният ва иқтисод, балки дар таъмини равандҳои таълим ва омода намудани кадрҳо барои кишвар аст» – мегӯяд Фаридун Усмонов.

То тирамоҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 39 мактаби русӣ бо фарогирии ҳудуди 27000 нафар хонанда ва ҳамчунин, беш аз 160 мактаби омехтаи тоҷикиву русӣ бо фарогирии ҳудуди 70000 хонанда фаъолият мекунанд.

Русия ба Тоҷикистон на танҳо бо сохтани мактабҳо ва даъвати омӯзгорон ҳамкорӣ дорад, балки  барои рушди раванди таълим дар ин мактабҳо корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, аз ҷумла таъмини хонандагон бо хӯрока ва ғайра. Дар байни лоиҳаҳои таълимии амалишавандаи русиву тоҷикӣ – лоиҳаи “Омӯзгори рус дар хориҷа”-и аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Русия тарҳрезишударо ном бурдан мумкин аст.

1-уми сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода  мактабҳое, ки бо кӯмаки Русия сохта шудаанд, ба истифода дода шуданд. Моҳи ноябри соли 2021 Ҳукумати Федератсияи Русия барои сохтмони биноҳои ин мактабҳо ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ 150 миллион доллар ҷудо кард. 8-уми декабри соли 2022 сарвазири Русия Михаил Мишустин бошад фармонеро дар бораи ҷудо кардани то 5,74 миллиард рубл (91 миллион доллар) барои мактабҳои Тоҷикистон имзо намуд.

Дар Тоҷикистон феълан филиалҳои се донишгоҳи Русия: Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, MИСИС, Донишкадаи энергетикии Москва ва инчунин, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон – яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои кишвар фаъолият мекунанд.

Хулоса, аз ҷониби Русия ҳар сол маблағҳои калон ҷудо мешаванд, ки он сол аз сол зиёд мегарданд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь