Сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Ҷонибек Муродов, молики ширкати “ҶМ компания”, ба мухлисони сарояндаи зарифи тӯйҳо Қадами Қурбон ваъда кард, ки бо иштироки ӯ як клип забт хоҳад кард.

Дирӯз дар муроҷиати видеоӣ худи Ҷонибек Муродов ин хабарро дар ҳоле расонд, ки сари як миз бо Қадами Қурбон менишаст. Ӯ гуфт, ки то ҷашни Наврӯз ин клип омода ва пешкаши тамошобинон хоҳад шуд.

Қадами Қурбон, омӯзгори мусиқии як мактаб дар Сари Чашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ки дар тӯйҳо бо сурудҳои шӯх табъи ҳозиринро болида мегардонад. Вақтҳои охир атрофи номи ӯ сару садоҳо зиёд шуданд. Ӯро барои нақзи қонуни танзим ҷарима ҳам карданд. Худи Қадами Қурбон дар сӯҳбат дар шабакаи иҷтимоии Youtube низ вайрон кардани қонуни танзимро тасдиқ кард. Дар ин забти нимсоата ин ҳунарманд хоксору самимӣ будани худро намоиш медиҳад ва ин сӯҳбати ӯ боис шуда, ки назари аксари мардум ба шахсияти Қадами Қурбон тағйир кунад. Ҳоло ӯ аз маҳбубтарин ситораҳои тоҷикӣ дар Youtube  ба шумор меравад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь