Тибқи қарори Раёсати Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар озмуни “Беҳтарин сухангӯ” – и МТЖТ нафарони зерин ба ҳайси довар интихоб шуданд:

  • Илҳом Ҷамолиён, – Раиси Иттифоқи журналистони вилояти Суғд, собиқ котиби матбуотии Раиси вилояти Суғд, номзади илми журналистика (рисолаи номзадиашон дар мавзӯи фаъолияти котибони матбуотӣ аст)
  • Раҷаби Мирзо, журналист, фаъоли ҷамъиятӣ, масъули гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” (гурӯҳи аз ҳама серхонанда дар Фейсбук)
  • Абдумаҷид Усмонов, собиқ котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, ҳоло корманди Ҳукумати пойтахт
  • Шаҳло Акобирова, – роҳбари ТҶ “Хома”, (чанд семинари омузишӣ дар мавзуи фаъолияти котибони матбуотӣ низ доир карда буданд)
  • Сангин Гулов, устоди факултаи журналистикаи ДДМТ, устоди аксари номзадҳои пешниҳодшуда

Даври аввал

Дар даври аввал баъди гузоштани Низомнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодабарандагони Интернет хоҳиш карда мешуд то номзадии дилхоҳ номзадро пешбарӣ намоянд. Натиҷа чунин шуд:

  • Эҳсони Хушбахт, – сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҶТ – 41 овоз
  • Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзиму анъана – 25 овоз
  • Ғолиб Ниятбеков – сухангӯи Раиси ВАБК – 22 овоз
  • Носирҷон Маъмурзода – собиқ сухангӯи раиси вилояти Хатлон – 19 овоз
  • Муҳсинҷони Муҳаммадӣ – ёрдамчии сардори РКД Душанбе – 15 овоз
  • Умеда Юсупова- сухангӯи КҲФ ҶТ – 11 овоз
  • Мамнур Нурзода – мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бустон – 9 овоз

Дар идома Сайидо Шодӣ (Ашт), Маъмур Юсуфзода (Хуҷанд) ва дигарон бо овозҳои кам ҷой гирифта буданд.

Бо сабаби он ки Носирҷон Маъмурзода айни замон ба сифати сармуҳаррири нашрияи “Хатлон”, Муҳсинҷони Муҳаммадӣ – ёрдамчии сардори РКД Душанбе кор мекунанд, аз рйӯихат ҳазф шуданд.

Даври дуюм

Панҷгонаи беҳтарин барои  интихоб ба шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод шуданд. Натиҷа чунин буд:

Эҳсони Хушбахт – 259 овоз

Афшини Муқим – 101 овоз

Умеда Юсупова – 40 овоз

Ғолиб Ниятбеков – 20 овоз

Мамнур Нурзода – 388 овоз

Даври сеюм

Овоздиҳӣ дар миёни панҷ нафар ба таври хаттӣ дар миёни 20 нафар сардабирони нашрияҳои чӣ давлатӣ ва чӣ мустақил гузаронида шуд. Дар он панҷ номзад чунин овоз гирифтанд:

Эҳсони Хушбахт – 11 овоз

Афшини Муқим – 2 овоз

Умеда Юсупова – 6 овоз

Мамнур Нурзода – 1 овоз

Ғолиб Ниятбеков – 0 овоз

Комиссияи дар боло зикршуда, баъди шиносоӣ бо Низомномаи озмун ва натиҷаи даврҳои гузашта, якдилона ба чунин қарор омад, ки ҷойизаи МТЖТ – “Беҳтарин сухангӯ”, ба номи Иқбол Тешаев ба сухангӯйи Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушбахт дода шавад.

Маросими супоридани ҷойиза имрӯз – 3 май, соати 12 дар меҳмонхонаи “Ҳайат” – и шаҳри Душанбе доир мешавад.

Аз маросими ҷоизасупори баъдтар муфассал маълумот хоҳем дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь