Рӯзи шанбе як нафар ҷавони тақрибан 30 сола ва як духтари 24-25 сола ба хона ташриф оварданд. Онҳо худро кормандони кадом як ширкате муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки хона ба хона гашта, ҳолати оби нӯшокиро дар хонаҳои сокинони пойтахт месанҷанд ва ба сифати он баҳо медиҳанд. “Хуб” – гуфтаму хардуро ба хона даъват кардам. Онҳо аз оби ба хона воридшаванда ба якчанд зарфи стаканӣ рехта, онро бо асбобе санҷиданд. Ростӣ, натиҷа маро тарсонид. Муайян шуд, ки дар оби нӯшидание, ки ба воситаи кран ворид мешавад, элементҳои гуногуни зараровар зиёд буда, барои нӯшидан комилан мутобиқ нест ва сатҳи чиркинии он қариб ду баробар бештар аз сатҳи асосист. 

Гуфтам:

–Мо обро ҳамеша ҷӯшонида, хунук карда менӯшем. 

Ҷавон гуфт:

–Оби ҷӯшонидашуда доред?

–Бале, – гуфтам ва косаи пур аз обро пешашон гузоштам.

Натиҷаи ташхиси оби ҷӯшонидашуда низ нишон дод, ки он барои нӯшидан мувофиқ нест ва ба саломатӣ зиён дорад.

Ба саволи “Чӣ бояд кард?” -духтар иброз дошт, ки мо полоягари об (филтр) пешниҳод мекунем. Агар қабул кунед, онро дар кран насб мекунем ва Шумо ҳамеша оби тозаи нӯшиданӣ ба даст меоред. 

Вақте аз нарху навои полоягар  огоҳ шуда, пешниҳодро қатъиян рад кардам ва пулро аз саломатӣ боло гузоштам, ҷавон варианти дуюмро пешниҳод карда, гуфт:

–Мо метавонем оби тозаи нӯшиданӣ бо нархи арзон пешниҳод кунем. Ҳар вақт, ки ба итмом расид, фармоиш медиҳед, кормандони мо ба хонаатон меоранд.

 Инро ҳам рад намуда, ҳардуро ҷавоб додаму худ ба худ гуфтам:

– Наход обҳое, ки ҳар рӯз мо менӯшем, то ба ин сатҳ ба нӯшидан мутобиқ набошад? Наход мо ҳар рӯз аз обҳои зиёновар бинӯшем ва ба фарзандонамон бинӯшонем? 

Нахуст бояд гуфт, ки шахсан ман ба натиҷаи чунин ташхис шубҳа кардам. Зеро ташхисгарон фурӯшандагони оби тоза ва таҷҳизоти филтрӣ барои об буда, ба хотири фурӯхтани маҳсулоти худ, метавонанд натиҷаро аз будаш  бештар нишон диҳанд. 

Вале ин як тарафи масъала аст. Тарафи дуюми масъала ин аст, ки сифати оби нӯшокие, ки мо дорем, воқеан паст аст. Зеро ҳанӯз зери пиёлаву чойник қум ҷамъ мешавад, зиёд ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки бе таҳшон кардан, нӯшидани он ғайриимкон аст ва лаззати хуб ҳам надорад. Баъдан, новобаста ба он ки пойтахти азизи мо дар поёноби бузургтарин дарёҳо аз қабили Варзобу Ромит қарор дорад, вале оби нӯшокии он ба андозаи зарурӣ ба талабот ҷавобгӯй нест ва хеле беҳбудӣ мехоҳад.

 

41 млн доллари Бонки Осиёии Рушд (АБР)

Бояд гуфт, ки ҳар сол барои беҳтар гардонидани сатҳи обтаъминкунии пойтахт маблағҳо ва грантҳои зиёде ҷудо мешаванд. Тибқи гузориши  нашрияи “Азия Плюс” №60 (1343) аз 9 августи соли 2018 Бонки Осиёии Рушд (АБР) барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе 41 миллион доллар грант ҷудо намудааст. Албатта ин хуб аст. Зеро воқеан низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад ва шояд ин аввалину охирин грантҳое набошанд, ки дар ин самт ҷудо мешаванд, вале ҳамоно камбудиҳо дар самт хеле зиёданд ва обе, ки алъон аз чумакҳои хонаҳои сокинони пойтахт ҷорӣ мешавад аз обе, ки то солҳои истиқлолият ҷорӣ мешуд, хеле фарқ мекунад. Шояд ин пеш аз ҳам ба он вобаста бошад, ки обе ки қаблан аз дараи Варзоб ба Душанбе ворид мешуд, нисбатан тозатар буд. Алъон бошад дар дараи Варзоб ҳазорон бӯстонсароҳову истироҳатгоҳҳо пайдо шуда, тибқи нақли баъзе шоҳидон, ҳатто баъзе канализатсияҳо низ ба ин дарё пайваст карда шудаанд ва об аз сарчашма аллакай чиркин меояд. Дар Душанбе бошад, тоза намудани он заҳмат ва хароҷоти зиёдеро талаб мекунад. 

Тибқи гузоришҳои расмӣ барои пурра барқарор намудани низоми обтаъминкунии пойтахт ва пурра ба талабот мувофиқ намудани он 120 млн доллар зарур аст, вале дарёфти чунин маблағ дар шароити бӯҳронӣ кори саҳле нест. Пас чӣ бояд кард, ки ҳам хароҷот камтар шаваду ҳам сифати оби нӯшокии мо беҳтар шавад? 

 

Таҷрибаи шаҳри Ереван

Таҷрибаи баъзе кишварҳои муштаракулманофеъ нишон медиҳад, ки аз тоза кардани оби чиркин ва овардани об аз сарчашмаҳои тоза комилан камхарҷтару манфиатноктар аст. Масалан, дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван соли сеюм аст, ки барномаи муҷаҳҳазгардонии низоми обтаъминкунӣ идома дорад. Маблағи лоиҳа ҳамагӣ 20 миллион доллар буда, ташхиси лабараторӣ нишон медиҳад, ки обе, ки ба ин шаҳр ворид мешавад, дар қиёс ба оби дигар пойтахтҳои ИДМ тозатару болаззаттар аст. Об дар шаҳри Ереван на танҳо манбаи табиат ва боигарӣ, балки ба яке аз брендҳои сайёҳӣ низ табдил ёфтааст. Дар кӯчаҳои пойтахти Ереван на танҳо оби кранҳо, балки обҳоеро, ки тариқи фаввораҳо ҷорӣ мешаванд, нӯшидан мумкин аст. Чунки ин обҳо мустақиман аз чашмаҳо ҷорӣ шуда, барои нӯшидан мувофиқанд. Чунин сифати тозаи обро дар ҳеҷ кишвари дигари ИДМ дучор шудан мумкин нест. Дар ин шаҳр зарурияте барои харидани оби тоза ҳам нест, муҳим ки ҳар нафар бо худ зарфе дошта бошад, ки онро мустақиман дар кӯча пур намуда, аз он нӯшад. Барои он ки обҳои ин шаҳр мустақиман аз сарчашмаҳо оварда мешаванд, ба таври иловагӣ тоза карда намешаванд. Оби ин шаҳр чун оби чашмасорони кӯҳҳои Тоҷикистон хеле болаззат ва нӯшиданаш гуворо аст. Ҳатто пурсиши миёни сайёҳон гузаронидашуда нишон додааст, ки оби нӯшокии шаҳри Ереван ҳамаро дар ҳайрат гузошта, дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кардааст. 

 

Оби дарёи Сиёма

Пас, чаро мо бо истифода аз таҷрибаи арманиҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба чунин шаҳри дорои оби тоза табдил надиҳем? Душанбе барои ин ҳама имконотро дорад ва муҳим аст, ки ин имконот самаранок истифода бурда шавад. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта, лоиҳае мавҷуд будааст, ки тибқи он, бояд об аз 50 километрии Душанбе, аз дарёчаи Сиёмаи дараи Варзоб ба Душанбе оварда мешуд ва он ба пуррагӣ пойтахтро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мекард. Президенти аввалини Тоҷикистон, марҳум Қаҳҳор Маҳкамов дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш гуфта буд, ки овардани оби Сиёма ба Душанбе яке аз орзуҳои амалӣ нашудааш аст. 

Зеро бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи мазкур амалӣ нашуд ва мо то ҳол аз оби дарёи Варзоб, ки алъон аз ҳазорон бӯстонсароҳо гузашта, то дараҷае чиркин шуда, ба Душанбе мерасад, менӯшем. Новобаста ба он ки оби мазкур пеш аз ба хонаҳо тақсим шудан, коркард мешавад, вале лаззат ва сифати хубе надорад.

Хеле хуб мешуд, агар лоиҳаи аз дарёи Сиёма овардани оби нӯшокӣ аз нав баррасӣ ва дар амал татбиқ карда мешуд. 

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Тибқи гузориши олимон оби Сиёма аз дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд. Боварӣ ҳаст, ки дар сурати мустақиман ба пойтахт овардани оби мазкур Душанбе аз рӯи сифат ва самараи об аз Ереван ҳам пеш гузашта, бо ба даст овардани маъруфият,  як бреди нави сайёҳиро соҳиб хоҳад шуд. 

Дар баробари оби дарёи Сиёма дар водии Варзоб чашмасорону дарёчаҳои зиёди дигаре низ мавҷуданд, ки дар масофаҳои наздиктар қарор дошта, овардани он хароҷоти камтареро ташкил хоҳад кард. Масалан дарёчаи Хоҷа оби гарм,ки дар 30 километрии шаҳри Душанбе қарор дорад, аз тозатарин ва болаззаттарин обҳо дониста шудааст. Агар оби Сиёма барои пойтахт камӣ кунад, метавон ин сарчашма ва чандин сарчашмаҳои дигарро низ ба он ҳамроҳ намуд. 

 

Ҳама умед ба шаҳрдори Душанбе

     Ман фикр мекунам, алъон вақте фаро расидааст, ки шаҳрдорӣ лоиҳаи кашонидани оби нӯшокии Сиёмак ва бар иловаи он оби Хоҷа оби гарм ва ё дигар сарчашмаҳоро ба Душанбе баррасӣ намояд. Зеро алъон хеле фурсати хуб барои ин фаро расида, нахуст Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амал мекунад, ки бо пешниҳоди пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баъдан бо Раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ чунин умед барои пурра беҳтар гардонидани сифати оби нӯшокӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин замина фароҳам омадааст. Ҳамагон шоҳидем, ки дар муддати кӯтоҳи Раиси шаҳри Душанбе таин шудани Рустами Эмомалӣ пойтахт чӣ гуна ободу зебо шуда истодааст. Ба истифода додани даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, ободу зебо гардонидани боғу гулгаштҳо, таъмир ва васеъ намудани роҳҳо ва даҳҳо мисолҳои дигаре мавҷуданд, ки қобили таҳсинанд. Боварӣ ҳаст, ки дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» татбиқи чунин як лоиҳа пойтахти азизамонро вирди забонҳо хоҳад кард. Умед аст, шарҳдорӣ ба ин масъала таваҷҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, сокинони пойтахтро бо оби тоза ҳаматарафа таъмин менамояд ва лоиҳаи афсонавии “Оби Сиёма” чун НОБ-и Роғун ба воқеият табдил хоҳад ёфт. Зеро замоне ба амалишавии лоиҳаи НОБ-и Роғун на ҳама бовар мекарданд, вале алъон ҳама интизори ба истифода додани нахустин агрегати ин иншооти бузурги ҷаҳониянд.

Ман дар чунин фикрам. Шумо чӣ?

 

Холиқи Муҳаммадназар

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

PS: Идораи редаксияи “Фараж” омода аст, ки баҳсу мунозираҳо ва пешниҳоду андешаҳои дигаронро низ дар ин мавзӯъ нашр намояд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь