БАХТИК…. “Ман дар асл як одами хеле зиёд шӯравистам. Ман он чизе ба сари кишварам – Иттиҳоди Шӯравӣ омад, қабул накардам. Бо Эмир Кустуритса (коргардони югословиву сербӣ, ҳунарманде, ки дар Аврупо хеле шуҳрат дорад. Соли 1954 дар Сароево таваллуд шудааст. Шарҳи мутарҷим) дар ин бора гуфтаем, ӯ низ аз пош хӯрдани Югословия ранҷ мебурд. Вай ба Париж кӯчид ва гоҳе дар Сербия зиндагӣ мекунад. Ман бошам дар Берлин ва дар Маскав. Бисёриҳо мегӯянд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама чӣ бад буд, ҳама якдигарро чашми дидан надоштанд. Вале ман чун наққош инро надидам! Душанбеи азизи ман шаҳре буд, ки миллатҳои зиёдеро дар оғӯши гармаш ҷо дода буд. Мо ба ким-кадом КПСС аслан таваҷҷуҳ намекардем, он ким-куҷое саргарми рӯзгори худ буд ва мо саргарми ҳаёти худ.
Бахтиёр Худойназаров… Синемогаре, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад…Чун ситора фуруд омад ва хеле бармаҳал дуртар ба назди ҳамон ситораҳо парвоз кард…
Ҳама духтарони мактаби мо ошиқи ӯ буданд… Баъзеҳо пинҳониву қалбӣ ва баъзеҳо ошкоро. Дар синфи чаҳорум мехондам, ки ӯро бори аввал дидам – “навомадае” ба мактаби мо. Дастони оташгирифтаву сӯзанда дошт, қомати баланду мӯйҳои дарози шоназадаву хуб ороишёфта… ва тамоми умр ин мӯдро дигар накард. Муаллимон моро огоҳ карданд, ки “ин писарак дучори як садамаи мудҳише шудааст, соле дар бистар хобидаву аслан аз он барнахоста, гурдаҳояш бар асари садама кафида ва боз ташхисҳои дигар, ӯро набояд тела кард, бояд эҳтиёт намуд, саломатиаш хеле заъиф аст, чун аз садама бо як муъҷиза зинда мондааст…”
Вале ин боварнакарданӣ буд, зеро Бахтик бачаи серҳаракате буд, ба назарам дар ҳамон синну сол, яъне аз синфи чорум чашмони тезбину оқилаш ҳувайдо буд. Вай аз мо калонтар буд, аз ҳар ҷиҳат. Бо накӯкориаш “бузургтар аз мо”, адолаташ, ақлаш ҳаргиз кӯдакона набуд… Ӯро эҳтиром мекарданд.
Ва ӯ аллакай дар синфи панҷум гирифтори “бемории“ кино дошт… Ва мегуфт, ки ӯ ҳунарманд мешавад ва ё коргардон… Ин киноматографии вай ба тадриҷ кулли синфро сироят намуд. Дар мактаб песа ба саҳна мегузоштем… Ва Бахтик ҳамаро роҳбарӣ мекард: шуруъ аз сарулибос, чӣ гуна бояд бозид, дар куҷо чӣ гуна бояд истод, мусиқӣ ва ғайра.
Дар синфи нуҳум ҳунарманди наврас Игор Хушвахтов ба синфи мо омад. Навраси зебо ва аллакай дар чанд филм нақш бозида буд. Бо Бахтик онҳо дигар дӯстоне шуданд, ки ҳеч аз ҳам ҷудо намешуданд. Ва то замоне, ки Бахтик зинда буд, онҳо бо ҳам кор карданд.
Ман ёд дорам, ки падару модари ӯ комилан зидди он буданд, ки ба ВГИК дохил шавад… Ӯро дар хона маҳкам карданд ва нагузоштанд аз он аслан берун равад. Вай ба факултаи филологияи донишгоҳ дохил шуд ва ба ҳама гуфт: “Ман билохира меравам. Соле пас, баъди анҷоми таҳсил ва оғози таътил рафт. Метавон гуфт, ки фирор намуд… Худ ба ВГИК дохил шуд ва танҳо баъд ба падару модараш хабар дод, ки барояш хобгоҳ доданд ва ҳоло вай дар Маскав аст. Падараш муддати ду сол бо вай аслан гап назад…
Дар Душанбе ман бо ӯ пеш аз рафтанам вохӯрдем – вай филми «Қош ба қош»-ро ба навор мегирифт, ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Ва Бахтик ба Душанбе хориҷиёни гуногунро бо худ оварда буд (филмро ҷамъе аз ҳунармандони «байналмилалӣ»: Тоҷикстон-Швейтсария-Русия-Ҷопон-Олмон-Белгия наворбардорӣ мекарданд). Дар ин филм кадрҳое ворид шуданд, ки онҳоро саҳнагузорӣ накарда буданд – ҷисмҳои шинокунанда дар оби ҷуйборон – инҳо ҷасадҳои воқеӣ буданд ва онҳоро метавонистӣ дар гӯшаву канори шаҳр дид. Саҳнае дар чакалаки бодомии мо дар Порки Ғалаба, гуруҳи наворбардорон зери борони тир монданд ва хеле кам навор бардоштанд, қариб буд ҷангиён онҳоро паронанд. Ин филм дар бораи муҳаббат буд ва саросар аз хандаҳое иборат буд, ки аз миёни дидаҳои пурашк мерехт, аҷибу ғариб ва маҷзубу ғамангез… Вақте ман ин филмро тамошо мекунам, мегирям. Нақши асосиро дар он ҳунарманд ва коргардони Чили Паолина Галвез бозида буд ва боз чӣ бозидане!!! Бахтик чӣ гуна тавониста буд ӯро розӣ кунад, дар филмаш нақши асосиро бибозад? Ба кишваре дар авҷи чанги шаҳрвандӣ рафтану филм ба навор гирифтанро танҳо Бахтик метавонист.
Ва чун сарҷмъ мешудем «барои МУҲАББАТЕ менӯшидем, ки ҳамаи моро наҷот медиҳад», чун ҷавон будем, мехостем аз ин ваҳшате, ки ба сари Душанбе омада буд, канор равем… Ин филм дар Ҷашнвораи филмҳои Венетсия (Қадимитарин ҷашнвораи синамоии дунё ва яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои синамои олам ба шумор меравад. Бори аввал он соли 1932 баргузор шудааст. Шарҳи мутарҷим) соҳиби ҷоизаи «Шери нуқраӣ» шуд ва як олам ҷоизаҳои дигар овард. Ва Бахтиёр коргардоне шуд дар сатҳи ҷаҳонӣ… Ва баъдан «Падари маҳтобӣ»-ро офарид ва боз «Шик»-ро.
Бори охир мо дар Маскав вохӯрдем. Ман ба ӯ гуфтам: «Бароят эҳтиром қоилам…» Вай хандид ва гуфт: “Ёд дорӣ ту чӣ гуна ба дифоъ аз ман дипломатро ба сари Суҳроб зада будӣ. Ман низ бароят эҳтиром қоилам…»
Оре, вақте мо дар синфи шашум мехондем, ман дар толори дарс Суҳробро бо дипломат зада будам, зеро вай курсиро аз зери пойи Бахтик кашид ва ӯ ба замин зад, дар ҳоле ки мумкин набуд, ки вай уфтад ва ман дипломате, ки он замон бо худ доштанаш мӯд буд, бардоштам ва ба сари бемағзи Суҳроб задам. Ва Бахтик ин ҳамаро дар ёд дошт. Ман адолатҷӯ ва ҷангара будам! Пинҳон намедорам, ки бароям хуш буд, ки ӯ ин «адолати» хурдакакро дар хотир нигоҳ дошта буд…
Он замон Игор Хушвахтов дар бораи тарҳи бунёди шаҳраке дар Қазоқистон барои наворбардории филми «Дар интизори баҳр» нақл кард. Ин мебоист сеюмин филм баъди «Падари маҳтобӣ» мебуд… баъди он «Моҳии зинда (ки ҳоло наворбардорӣ нашуда буд). Ман он замон наметавонистам ҳатто фикр кунам, ки ӯро дигар намебинам… Боре ба ман гуфта буд: «Ту ҳамеша хуб менавиштӣ, шояд замоне сенарияе аз ту ба дастам расад. Афсонае, ки дар синфи ҳаштум дар бораи Марям навишта будӣ, ёд дорам».
Оре, ман як афсонае барои «калонсолон» бо унсурҳои зардуштӣ дар озмуни мактаб наишта будам: дар бораи оташ ва нерӯи он, Марям, зани соҳире, ки тавони идораи оташро дошт… Вале ҳоло ман акнун як бонуи ҷиддие будам, ки саргарми татбиқи системаи ERP барои корхонаҳои азим. Бахтик ва Игор ман ва сумкаи бузурги шабеҳи «дипломатии» маро масхара мекарданд, ки тамоми умр акунун бо ҳамин «дипломат» мегардам ва агар зарур ояд ба сари онҳо мезанам. Кӣ медонад, Бахтик, шояд ман сенарияе ҳам аз ин «суханони сабуки» ту нависам. Ман ҳоло аз он ифтихор мекунам, ки ту он «навиштаи» бачагонаи маро ёд дорӣ…
Бахтик дигар нест. Ва ман ҳам баъди ин вохӯрӣ ҳама чиро дар зиндагонии худ тағйир додам. Кореро тарк кардам, ки ҳама умрам сарфи он шуда буд. Аз ҷиддият комил ба самти дигар рафтам, аз ин ҳама ҳисоботҳои муҳим, ояндабинии молиявӣ, мулоқоту муколама бо финансистон ва барномасозону тарроҳон дур шудам…
Ман туро дӯст медорам ва эҳтиром мекунам, Бахтик. Шодам аз он, ки тақдир дар даҳсолагӣ маро бо ту рӯ бар рӯ кард ва ту тимсоли онӣ, ки дар ҳаёт ҳама чиз мумкин аст, имкон дорад. Метавон ҳама он чизе, ки дил мехоҳад, дар амал татбиқ созӣ… Ту ба таври ҳайратангез Накӯкирдор» будӣ. Накӯиву накӯкорӣ аз ту зуҳур мекард ва ҳамаи онҳое, ки дар атрофи ту буданд, аз он баҳра мебурданд. Ҳамроҳ бо ту ва дар паҳлуи ту истеъдодҳое аз худ дарак медоданд. Мо бо Игор Хушвахтов инро борҳо баррасӣ кардаем, ҳар кадоме аз онҳо ҳамроҳ бо ту соҳибистеъдодтар мешуд, ту дар инсон чизеро ифшо мекардӣ…
Шояд ба Худованд ҳам ҳамеша беҳтаринҳо лозиманд, аз ин рӯ ту бармаҳал рахт барбастӣ… Ҳар филми ту ин самимият ва муъҷизаест….
Таня Икаева
12 июни соати 16:03
Охирсухани мутарҷим
Худоё, беватан мемирам охир,
Ва бе гӯру кафан мемирам охир.
Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,
Парешонҷону тан мемирам охир.
Мисраҳои зиндаёд Искандари Хатлонӣ, ки хеле пештар аз маргаш суруда. Ва гӯё медониста, ки сарнавишташ ба чӣ меанҷомад. Искандар гумон надошт ҳадафи ҳамлаи номардона қарор мегирад ва билохира дар ғарибӣ, дур аз ёру диёр, пайвандону азизон ҷон ба Холиқаш таслим мекунад. Ҳар сол дар рӯзи таваллуд ва марги фоҷеабораш дӯстон ва мухлисони ашъораш ҳатман аз ин шеър ёд мекунанд ва он ба ҳадде маҳбубият дорад, ки мегӯӣ барои ҳар ғарибгӯр набишта шуда.
Чӣ зиёданд мардону занони номуроди ин миллат. Дар тӯли таърих даҳҳову садҳо, балки ҳазорҳо тан аз ҳамватанони моро ҳамин қисмат насиб шуда: рафтан пайи рӯзӣ ва қурбон шудан. Ба қавле бо по рафтану беҷон баргаштан ва ё аслан барнагаштан.
Ва ҳамин қисмат Бахтиёр Худойназаровро насиб шуд. Замоне, ки фазои Ватан бо садои тиру тӯп печида буд, барои ҳунараш майдон меҷуст. Аз оғӯши гарми Душанбеи азизаш рахт барбаст, то боли парвоз ба ҷаҳони ҳунар боз кунад. Дар муҳити барояш бегона дӯстони нав пайдо кард. Ба назар мерасид мехост пуле миёни гузашта ва имрӯз бошад. Бахтиёр парвардаи мактаби Шӯравӣ буд ва ҳамеша бо бӯи гуворои ҳамон замон мезист. Филмҳояш то ҳадде интизории бозгашт доштанд. Бозгашт ба гузашта номумкин буд, вале яқинан вай чун фарзанди ҳамин миллати нимбемор бозгашт ба асли хешро мехост. Аммо бо шеваи муосире, ки худаш дар ҷустуҷӯяш буд.
Ва дар ин ҳиҷрат Бахтиёр боз ҳам танҳо набуд. Вай пайроҳаи даҳҳо бахтиёрҳои дигарро тай кард ва билохира дар қалби Аврупо қарор ёфт. Аммо наметавонист беватан бошад. Ҳамвора бо Тоҷикистон буд, филмҳояш, ҳатто агар дар маҳалу кишварҳои дигар рӯи навор омада буданд, бӯи Тоҷикистон мекунанд. Зеро ҳавои ин Ватан фикру ёди ӯро тарк накард. Мо инро дар намоиши чор филми ӯ дар ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дидем ва мушоҳида кардем.
Номае, ки мутолиа кардед ва шояд пай бурдед, ки муаллифи он ҳамсинфи ӯст. Мо ҳарчанд талош кардем дар бораи муаллиф маълумоти муфассалтар пайдо нашуд. Аммо аз нома пайдост, ки Таня Икаева умре ба ӯ дил додаву ҳамеша чун як дӯсти азизу инсони шариф эҳтиромаш доштааст. Ва ҳамин эҳтиромро ба Бахтиёр Худойназаров садҳо тани дигар доштанд, чун дарвоқеъ шахсияти дӯстдоштанӣ буда. Филмҳояш гувоҳанд, ки Бахтиёр Худойназаров дорои чӣ салиқаву ҳунар будааст. Вале сад дареғо, ки марг гулчин асту азизоне, ки азизанд, зуд ба истиқболаш мераванд…
Нома аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он эҳсоси қалбии як нафареро ба як ҳунарманди нотакрор ифода мекунад.
Б.Шафеъ