Нархи баланди бозорҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳоло нигарониҳои аксар аз сокинони маҳаллиро ба бор овардааст. Агар моҳе қабл як кило гӯшт 48-50 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он бар ивази 60 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳамин гуна, қиммати картошка, сабзӣ, бодирингу помидор, ноку себ, қулфинай ва дигар сабзиҷот дар бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 10 то 20 дарсад боло рафта, ҳоло нархи як килограм биринҷ 10-12, шакар 9, равған 25 ва ҳатто зардолуи маҳаллӣ бар ивази 8-10 сомонӣ фурӯхта мешаванд.
Харидорон шиква доранд
Харидорон гуфтанд, наход ягон ниҳод набошад, ки лаҷоми чунин соҳибкоронеро, ки ҳоло нархи як клограм гушти говро 60-65 сомонӣ, гусфандро 70-75 сомонӣ, равғант 5 литраро 110 то 120 сомонӣ мефурушанд, бикашанд.
Харидон изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамасола дар арафаи ҳард иду ҷашн фурушандаҳо нархи маҳсулотро баланд мекунанд ва медонанд, ки мардум маҷбур ҳастанд барои оро додани дастурхони худ онро харанд.
– Онҳо гуфтанд, ки ба иди Рамазон рузҳои ба шумор мондаст, аз ин ру нархи ҳама намуд маҳсулот дар бозору фурушгоҳҳо осмони шудаст, магар равғану картошка, себу нок, гелос, гушту тухм ва дигар анвои хуроквориро, ки дар худи кишвар истеҳсол карда мешавад, аз Дубай меоварда бошанд, ки ин қадар гарон ҳастанд? Охир инсофатон куҷост, савдогарони муҳтарам? – гила карданд сокинон.
Алишер Ҳасанов, сокини вилояти Хатлон, гуфт, бори аввал дидаст, ки нархи як килограм гушт 60 сомонӣ шавад ва равғани 4,5-литра 115 сомонӣ бошад
– Наход ягон ниҳоде набошад, ки нархҳоро назорат кунад, – мегӯяд ӯ.
Малика, ки худро омӯзгор муаррифӣ кард, гуфт, моҳонааш 600 сомонӣ асту чӣ тавр барои оро додани дастархони идона харид кунад?
– Аслан пеш аз ҳар иду ҷашнҳо нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум гарон мешавад. Ҳоло ба фарорасии Иди Рамазон рузҳои ба шумор мондаст ва аслан қисми зиёди мардум дар ин ид кушиш мекунанд, ки бештар гӯшт харидорӣ кунанд аз ин ҳисоб фурушандаҳо нархро якбора 10 сомонӣ гарон карданд, -гуфтанд сокинони вилоят.
Аммо савдогароне, ки ба фурқши гӯшт машғуланд, омили болоравии нархи онро гарон шудани арзиши хуроки чорво ва худи чорво, арзёбӣ карданд.
Зуҳро, сокини дигари ин вилоят, бо нигаронӣ гуфт, аслан фурӯшандагон баҳона мекунанд, ки нархи баъзе аз молҳояшон дар хориҷа гарон шудаст.
– Помидор, картошка, сабзӣ, гелос , зардолу, себ, нок, қулфинай ва ҳатто кабудӣ низ гарон шудаст, ки ин маҳсулот дар Тоҷикистон парвариш мешаванд. Ҳоло нархи як килограм помидор 18 сомонӣ, себ 15 сомонӣ, гелос 25-30 сомонӣ, нок 35 сомонӣ, зардолу 8-10 сомомонӣ арзиш дорад ва як руз пеш аз ид боз нархҳо аз ин ҳам баланд мешаванд, – афзуд ин сокине, ки барои хариди дастархони худ ба бозори марказии шаҳри Бохтар омода буд.
Фурушандагони себу гелос ва ноку зардолу гуфтанд, маҳсулотро аз деҳқон гарон мехаранд, дар болояш як ё ду сомонӣ монда мефурӯшанд,
– Чек медиҳем, андоз месупорем ва дигар хароҷотҳову зиндагӣ низ дорем, – мегӯянд фурӯшандаҳо.
Гаронии нарх бо айби доллар будаст
Муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавси Маҳммасаид зимни як суҳбати телефонӣ гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз мо ягон ҳолатеро ошкор накарданд, ки савдогарон беасос ё худсарона нархҳоро баланд карда бошанд.
Аслан болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо ин аз пастшавии қурби асъор, баланд шудани қурби долари ИМА , гароншавии равған бошад камчинии чигит, ки қариб дар мо нест, гарон шудани арзиши моли зинда вобаста будааст.
– Мо мунтазам мониторинг мегузаронем, ба арзиши аслии моли ҳамон соҳибкороне, ки гарон мефурушанд, шинос шуда истодаем ва андозаи болонархи мемонад агар аз ҳад зиёд бошад, чора меандешем. Лекнин мо зимни шиносоӣ бо соҳибкорон маълум кардем, ки равғани пахтаро онҳо 110 сомонӣ мехаранд ва 113 сомонӣ мефурӯшанд, – гуфт ин шахси масъул ва илова кард, – Кормандони мо ҳамаруза дар бозори фаровони шаҳри Бохтар ва Саховати шаҳри Кӯлоб нархҳоро танзим мекунанд, то соҳибкорон худсарона баланд накунанд.
Раиси вилоят супориш дод, аммо…
Аммо аз мушоҳидаҳои мо воқеияти феълии бозорҳои вилояти Хатлон гувоҳи он аст, ки мақомоти маҳаллӣ дар амри ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо то ҷое оҷизӣ мекашанд.
Ҳатто дар ин росто раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни як чаласаи худ масъулони дахлдоро супориш дод, ки ҳарчи зудтар нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳо ба танзим дароварда шаванд. Пас бояд масъулон назоратро дар чунин рузҳои ид пурзур намоянд ва соҳибкорони қиматфурушро ҷазо диҳанд. Боқӣ аз имони худи фурушандагони бозору мағозаҳо поён бурдани нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум вобастагӣ дорад.