Шоми 12-уми сентябр миёни сокинони ноҳияҳои сарҳадии Исфараи Тоҷикистон ва Боткенти Қирғизистон муноқиша бархостааст. Сокинони Боткент пеши роҳи корҳои гузаронидани хатти об ба маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворухро гирифтаанд.
АИ «Суғднюс» хабар медиҳад, ки сокинони маҳаллаи Тоҷикон аз истифодаи оби обёрӣ танқисӣ мекашиданд, аз ин рӯ бо дастгирии лоиҳаи Фонди Оғохон дар ин минтақа бояд хатти обгузар мекашиданд. Ин лоиҳа расмӣ буда, дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ мешудааст, ки дар бораи он ҳамаи мақомоти Исфара хабар доштаанд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми иҷрои лоиҳа шаҳрвандони Қирғизистон ба ҷои кор омада, бо трактор пеши роҳи гузаронидаи лӯлаҳоро гирифтаанд.
Айни замон корҳо дар ин самт боздошта шудаанд. Барои пешгирӣ кардани муноқиша мақомоти дахлдори Қирғизистон ва намояндагони ҳарду ҷониб ба ҷойи ҳодиса омадаанд.