Медали панҷуми Бозиҳои Осиё-2018-ро паҳлавони маъруф Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар гуштии ҷудо дар вазни +100 кг бе заҳмати зиёд ба даст овард.
Шакармаҳмад Мирмаҳмадов аввал бар ҳарифи қазоқ Санҷар Ҷабборов дар вазни +100 кг бо як иппон ғолиб омад. Дар чорякфинал аз муғул Дууренбайар Улзллбайар бо як вазаарӣ мағлуб шуд. Дар даври дигар, ки барои ҳавасмандкунӣ тасаллобахш гуфта мешавад, бар ҳарифи қирғиз Бекболотӣ Токтогонӣ бо як иппон пирӯз гардид. Дар нимфинал бояд бо ҷопонӣ Такешӣ Оҷитанӣ ба майдон мебаромад. Ҷопонӣ ба муқобили ҳариф аз техникаи мамнуъ истифода кардааст, аз ин рӯ баъди муҳокимаи доварон аз муборизаи минбаъда маҳрум карда шуд.
Ҳамин тавр, Шакармаҳмад Мирмаҳмадов соҳиби медали биринҷӣ шуд ва шумораи медалҳои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 ба 5 расонд. Ҳоло Тоҷикистон бо 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 30-юм аст.