Дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакатро аз кор гирифт ва ба ҷойи онҳо мансабдорони нав таъйин кард.
Раҷабова Давлатбибӣ Сайфиддиновна бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод шуд ва ба ҷойи ӯ Ҷабори Қосим иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин гардид.
Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод ва Шарифзода Фирдавс иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъйин шуд.
Ҳамин тавр, Боҳирӣ Ғайбулло Нозир низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Конибодом рафт ва ҳамчун иҷрокунандаи вазифа ҷойи ӯро Давлатзода Зафарбек гирифт.
Ёқубзода Умар мансаби раиси шаҳри Шаҳристонро аз даст дод ва Ҷалилзода Ашуралӣ соҳиби ин мансаб шуд.
Вализода Сулаймон Кабут низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи раиси ноҳияи Фархорро канор гузошт. Ҷойи ӯ дар ин ноҳия ба Раҳматзода Рустам Мирзо дода шуд.