Бо салому эҳтиром. Банда корманд ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нестам. Дар ягон ниҳоди давлатӣ низ кор намекунам. Назари ҳукумати кишварро масъулон ва сухангӯёни расмии муҳтарами он баён мекунанд.
Аммо ҳамчун муҳаққиқ, адиб ва муҳимтар аз ҳама, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин назарам, ки таҳқиру беэҳтиромӣ нисбат ба корвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари расмӣ дар хориҷӣ кишвар амалӣ шоиста набуда, аз ҳар ҷиҳат боиси накӯҳиш аст. Зеро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз он, ки чӣ ном дорад, чӣ унвон дорад, ё чӣ сиёсати дохилӣ дорад, дар хориҷи кишвар намояндаи расмии давлат ва миллати Тоҷикистон аст. Ҷаҳониён ӯро ҳамчун Президенти Тоҷикистон мешиносанд. Бо ҳамин унвон даъват ва муносибат мекунанд.
Бинобар ин, дар ин ҳолат эҳтиром ба ӯ эҳтиром ба давлату миллат ва таҳқири ӯ таҳқири давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ин алифбои сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ аст, ки ҳар касе дар сар фикри сиёсат ва фаъолияти сиёсӣ дорад, бояд ба таври табиӣ аз ин асл огоҳ бошад. Зеро вақте сухан аз сиёсати хориҷӣ меравад, он ҷо як мафҳум аст: Тоҷикистон! Он ҷо дигар масъалаҳои ҷузъӣ ва баҳсҳои ҷиноҳию дохилии мо матраҳ нестанд. Ба таври мисол, гоҳо варзишгаронро медонем, ки ахлоқи ҳамида надоранд, аммо вақте ба саҳнаи мусобиқаи байналмилалӣ мебароянд, мо як мафҳумро мешиносем: намояндаи Тоҷикистон, рамзи давлат ва миллати тоҷикон! Он ҷо дигар баҳси шахсияту ӯ нест, ӯ Тоҷикистон аст, болои сараш парчами муқаддаси кишвари мост.
Аз ин рӯ, шахсан банда низ аз каму костиҳои фаъолияти ҳукумати кишвар ва баъзе ниҳодҳои он огоҳам. Агар баъзе дӯстон 10 камбуди онро донанд, банда бино бар ихтисос ва собиқаи кориям шояд 100 камбудро медонам. Интиқоди солим ва талаби солими ислоҳи он камбудҳо ҳаққи ҳар шаҳрванд ва нерӯи сиёсист.
Аммо вақте сухан аз давлат, миллат, кишвар, рамзҳои давлатӣ, симою манфиати давлат меравад, он ҷо мавқеи мо бояд як бошад: ҳимояи пурифтихор аз давлат ва рамзҳои он. Хоса дар хориҷи кишвар.
Илова бар ин, бо вуҷуди камбудҳои имрӯзаи кори ҳукумат дар дохил, дар ин масъала сухан дар бораи шахсияте ва Президенте меравад, ки барои ин давлату миллат хидматҳои ҳаётии таърихӣ намудааст. Нақшу хидматҳои таърихие, ки ба қавли роҳбари собиқи мухолифин устод С.А.Нурӣ «танҳо номард онро эътироф намекунад». Аз ин рӯ, хоса ин шахсият ва хоса барои ҳамон хизматҳои таърихӣ ҳаргиз сазовори чунин муносибат нест. Миллатҳои баркамол фарзандони худро мешиносад ва қадрдонӣ мекунад.
Ба ин маъно, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз муносибати мо ба шахсияту сиёсати дохилии ӯ, ҳангоми зуҳур дар саҳнаи байналмилалӣ рамзи тамоми Тоҷикистон ва тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки вақте ӯ дар минбари СММ ҳузур меёбад, он ҳузури Тоҷикистон аст. Ё вақте ба ҳамоиши сарони Олмон ва Осиёи Марказӣ ё ҳар нишасти ҷаҳонӣ даъват мешавад, ӯ дигар як ном дорад: Тоҷикистон.
Аз ин рӯ, дар ин лаҳза ҳар тоҷик ба ин падида бо ифтихор муносибат мекунад. Зеро ба ин рӯз расидани мо, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлат зуҳур кардани мо, ормони ҳазорсолаи ин миллат буд. Ва инак ин рӯз фаро расидааст.
Шахсан банда, баробари дидани ҳузури роҳбари давлати тоҷикон дар чунин саҳнаҳо хеле эҳсосӣ мешавам, тамоми таърихи пурфоҷеаи миллатро пеши рӯй меоварам, ҳатто мехоҳам фарёд намоям, ки мо ба ин рӯз расидем! Мо миллат шудем, давлат шудем!
Ин аст, ки аз сӯи ҳамватанон зоҳир шудани беэҳтиромӣ нисбат ба корвони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар нишонгари дарк нашудани ин нуктаи муҳимми далатдорӣ аст. Ҳолате, ки фард ё нерӯи сиёсӣ ҳануз ба сатҳи камоли сиёсӣ нарасидааст, ҳануз эҳсоси давлатдорӣ намекунад. Ҳатто агар ин амал чун кори чанд ҷавони камтаҷриба шарҳ ёбад, ҳимояву хушҳоливу ифтихори шахсони «ботаҷриба» аз он бешубҳа шоистаи фаъолияти сиёсӣ ва шоистаи ин давлату миллат нест.
Бинобар ин, бори дигар такрор мекунам, ки банда аз номи ҳеҷ ниҳоде сухан намегӯям. Шояд баъзе ниҳодҳо ба ин изҳори назари ман розӣ ҳам набошанд, шояд он амалро умуман муҳим ҳам ҳисоб намекунанд. Ва шояд дуруст ҳам мекунанд…
Ҳамчунин, банда ҷаноби Президентро ҳам ҳаргиз надидаам ва маълум аст, ки дидан ҳам намегузоранд. Аммо ҳамчун шаҳрванди оддии ин кишвар чунин муносибат бо давлати худро ҳаргиз шоиста намедонам. Чунин амал ҳаргиз ифтихор набуд, балки таҳқири тамоми давлат ва миллати мо буд. Мошине, ки дар ҳамоишҳои расмии байналмилалӣ зери парчами Тоҷикистон меравад, худи Тоҷикистон аст. Ин нуктаи бебаҳс аст…
Баъзе фаъолон чунин шарҳ додаанд, ки як шахс Тоҷикистон нест, аммо дар ҳамин сафар ва дар ҳамин ҳамоиш ӯ маҳз Тоҷикистон буд.
Агар сухан дар бораи фаъолияти имрӯзаи байналмилалии Роҳбари давлати Тоҷикистон равад, бо камтарин дарки сиёсӣ метавон дарёфт, ки ҳоло кишвар ва роҳбарияти он дар мушкилтарин марҳила қарор доранд. Танҳо дар як соли охир Русия, Чин, Ҳинд, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Туркия ва Арабистони Саъудӣ роҳбарони Осиёи Марказиро пайиҳам «даъват» карда, нишастҳои махсус баргузор намуданд. Даъвати Ҷопону Эрону Покистон дар пеш аст. Ин қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ чӣ мехоҳанд? Ҳама як пешниҳод доранд, ё бо мо бош, ё…! Аз фалониҳо рӯ гардон, вагарна…! Пешниҳодҳое, ки қабул ё радди онҳо сарнавишти давлату миллатро муайян месозад. Онҳо ба ин нишастҳо шахс ё Президентро даъват намекунанд, онҳо кишварро даъват мекунанд, Тоҷикистонро даъват мекунанд. Он ҷо Тоҷикистон иштирок дорад…
Яъне, ҳоло марҳилаи таърихӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ ба гунаест, ки кишвраҳои мо дар тангнои шадидтарини геополитикӣ қарор доранд, дар миёни чор дарё. Дар канори тӯфони нобудгар. Ҳоло роҳбари чунин давлатҳо будан мушкилтарин рисолат ва масъулият аст. Офаринашон!
Аз ин рӯ, дар чунин марҳила, сухан дар бораи давлат ва бақои он меравад. Марҳилае, ки иттиҳоди ҳамаи моро дар атрофи давлат тақозо дорад. Марҳилае, ки сарнавишти ҳамаи моро, чӣ ҷонибдору чӣ мухолифро ҳал мекунад.
Ҳамчунин, банда бо ин навишта ба касе чизеро омӯхтанӣ нестам. Ҳар амал худ сатҳи маърифати шахсу гурӯҳро нишон медиҳад. Танҳо ҳамчун шаҳрванд, хоҳиш доштам, ки масоили давлатдорӣ ва муносибатҳои байналмилалиро аз баҳсҳои сиёсию ҷиноҳии дохилӣ болотар донем. Дар ниҳоят, ҳамаи мо, чӣ мувофиқу чӣ мухолиф бояд ҳамчун миллат ва ҳамчун давлат нигоҳ карданро ёд гирем… Наход мо то абад ҳамчун ҳизб, гурӯҳ, ҷиноҳ, ҳалқа, маҳалл боқӣ монем? Бояд ин марҳила пушти сар шавад….
Ман боварӣ дорам, ки ҳеҷ тоҷики огоҳ аз ин амали ин ҷавонон хушҳол нашудааст. Фарҳангу арзишҳои тоҷикӣ низ чунин муносибатро намепазирад. Балки аз сатҳи дарку ахлоқи худ дар саҳнаи байналмилалӣ эҳсоси хиҷолат кардем. Ва мутаассифона, ин амал боиси хурсандии рақибони минтақавӣ ва байналмилалии мо шуд. Чеҳраву шарҳу тафсирҳои онҳо гувоҳи хушҳолии онҳост… Танҳо онҳо лаззат бурданд…
Мушкилоти байнихудиро бо баҳсҳои байнихудӣ ҳал мекунем. Иншоаллоҳ, ҳамааш мегузарад. Аммо ҷое, ки дар арсаи байналхалқӣ сухан аз давлату миллат меравад, он ҷо дигар мавқеи мо бояд ягона бошад: Тоҷикистон.
Он ҷо мо дигар ҳизбу гурӯҳу ҷиноҳ нестем, он ҷо мо танҳо як давлат ва як миллат ҳастем. Чуноне, ки аз як варзишкор якдилона ҳимоя мекунем.
Муносибатҳои байналхалқӣ низ як мубориза ва мусобиқа аст. Мусобиқаи калоон ё “бозии бузург”. Дар он танҳо як иштирокчӣ дорем: Тоҷикистон!
Аз ин рӯ, он ҷо бояд ҳамчун як миллат ва як давлат рафтор намоем.
Ҳамин тавр, ин мавқеи шаҳрвандии банда аст ва бовар дорам, ки дар канори ин ҳама мавқеъҳо, он низ ҳуқуқи будан дорад. Ва ҳамтан ҷонибдорони худро низ дорад…
(Ва чанд акси воқеие, ки 100 ё ҳатто 30 сол пештар афсона ва боварнакарданӣ менамуданд. Ба онҳо нигарему лаҳзае андеша кунем. Дар онҳо шахсро не, давлати худро, дар онҳо Тоҷикистони худро бинем. Ва шояд дарки мо андаке таҳаввул ёбад…
Абдулло Раҳнамо