Ҳамаи мо хуб медонем, ки тинҷиву оромӣ, суботи ҷомеа, пешрафти хоҷагии халқи кишвар, рӯ ба ободонӣ ниҳодани ҳар гӯшаву канори мамлакат, беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии халқ тавассути меҳнатҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи бузурги халқ рӯи кор омад. Мардуми сарзамин бо шукрона аз неъматҳо пайи меҳнати аҳлонаву ҳалоланд. Ҳар яке ба қадру тавонаш дар таъминоти рӯзгори хеш саъю талош меварзанд. Махсусан, фазои мусоиду хуби рушди соҳибкорӣ имкон фароҳам оварда истодааст, ки сокинон саромояи хешро аз хариду фурӯш бештар кунанд.

Мусаллам аст, ки оғози ҳар як тиҷорат вобаста аст ба маблағ. Барои рушд бахшидани соҳа бештарини тоҷирон аз хизматрасонии бонкҳо бо додани кафолат ва мондани ашёи гаравӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд иқрор бояд шуд, ки эътимоди сокинон ба бонкҳо баъди муфлисшавии бонкҳои муваффақ, амсоли “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” то андозае коста шудааст, тоҷирон ҳамоно ба бонкҳои пешрафта дар мисоли “Амонатбонк”, “Эсхата”, “Спитаменбонк”, “Арванд”, “Имонинтернешнл” бовар доранд.

Ман Мадина Раупова низ ба хотири пеш бурдани тиҷорати хеш бо ҳамроҳии шавҳарам шуруъ аз соли 2010 ба соҳибкорӣ машғул гардида, аз кишвари Туркия маҳсулоти ниёзи мардум аз қабили либосу пӯшока ба бозори дохила ворид менамудам. Аз фоидаи бадастоварда ба ғайр аз дастгирии қишрҳои осебпазир ва хайрот ҳамчунин миқдори муайян тилло харидорӣ мекардам.

Бо мақсади боз ҳам васеъ намудани доманаи тиҷорат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тиллои захирашударо ҳамчун гарав дар бонкҳои “Эсхата”, “Матин”, “Спитаменбонк”, “Комерсбонк” гузошта ба номи хешону пайвандон маблағ мегирифтам. Ӯҳдадориҳои дар назди бонкҳо доштаро саривақт иҷро мекардам. Мушкилии хонавода пас аз зуҳур кардани бемории ҳамагири Ковид-19 оғоз ёфт.

Сухан дар бораи он меравад, ки ман мисли солҳои пешин ба бонкҳо эътимод баста, хостам аз хизматрасониҳои бонки маъруфи кишвар “ИМОН ИНТЕРНЕШНЕЛ” истифода барам. Ба ин хотир 5 килограмму 80 грамм тиллои солҳои пеш андӯхтаи худро ба зомин гузошта, аз ин бонк ба андозаи 2 миллион сомонӣ қарз гирифтам. То соли 2022 қарзҳои гирифтаро мунтазам пардохт менамудам. Масъулони бонк ҳар шашмоҳа гарави мондаи моро назорат бурда, санад тартиб медоданд. Санаи 19-уми майи соли 2022 худи аз бом тароша афтидагӣ барин, эксперти қарзии бонк Раҳимбоев Маликхӯҷа ба мо иттилоъ дод, ки гӯё як қисми маҳсулоти тиллоии ба гарав гузошташуда тиллои холис нею бужутерия будааст.

Аҳдшикании бонки номвари кишвар зарбаи ҷонкоҳе ба рӯҳу равони ман чун мизоҷи бонк расонид. Худи ҳамон рӯз хостам аз роҳбарияти бонк асли воқеаро шунавам. Агар маҳсулоти тиллоӣ қисман бужутерия мебуд, чаро вақти қабули он ба санад чунин нанавиштанд? Чаро ҳар шаш моҳ ҳисобот пешниҳод мешуд, ки гарав 5 килограмму 80 грамм тиллои холис аст?

Мутаассифона, роҳбарияти бонк моро дилпур кард, ки шояд хатое дар ин ҷо шуда бошад. Бо гузашти чанд вақт ҳуқуқшиноси бонк Шаҳбоз Ҳасанов бо ду нафар ҳамкоронаш ба хонаи хешовандони Мадина ман, ки ба номи онҳо тилло гузошта буданд, рафта онҳоро ошкоро таҳдид кардаанд, ки дар вақташ маблағи бонкро намесупоред ва ғайриқонунӣ розӣ шудаед, ки ба номатон тилло гузошта маблағ гиранд.

Худ аз худ маълум буд, ки ҳуқуқшиноси бонк ва дигар ҳаммаслакон мехостанд, бо роҳи зӯриву таҳдид гаравмондагон аз баҳри тилло бароянд. Бо ин мақсад Ҳасанов Шаҳбоз, ки дар мақомотҳои болоӣ аниқтараш дар Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Вализода Манучеҳр хеши наздик дошту ӯро пушту паноҳи худ медонист, нақшаҳоро тарҳрезӣ карда, мунтазам маро ва 11 нафар хешонамро ба Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд даъват намуда, бозпурсӣ мекарданд.

Ҳасанзода Манучеҳр зимни тафтишот ба ман гуфт, ки агар 1,5 килограмми тиллоро ба номи ӯ гузаронам, парванда ба 11 нафар хешовандон боз нахоҳад шуд ва ман кори соҳибкориро идома медиҳам.

Дар ин миён аз ман талаб намуданд, ки тиллоҳои багаравмондаро фурӯшам ва маблағи қарзии бонкро диҳам. Ман розӣ шудам, аммо зимни ин амалиёт фаҳмидам, ки ҳуқуқшиноси бонк ва муфаттиш дигар шудааст.

Чун ман аз додани 1,5 килограмм тилло саркашӣ кардам, муфаттиш Ҳасанзода Манучеҳр маро ба Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ҷеғ зада, парвандаро ба Вализода Манучеҳр дод. Вализода Манучеҳр маро ба Раёсати корҳои дохилаи вилоят даъват намуда, ба маҳкамаи муваққатӣ бурд. Ба гуфтаи онҳо, зимни кушодани тилловорӣ аён гардидааст, ки ҳамагӣ 700–800 грамм тиллои хос будаасту боқимонда маҳсулоти заргарӣ ва бужутерия. Ҳимоятгари ман чӣ тавр ва дар ҳузури кӣ кушодани гаравро аз муфаттиш пурсон шуд. Муфаттиш Вализода Манучеҳр гуфт, ки бо иштироки кормандони бонк. Ин худ аз худ сохтакорӣ буданаш маълум. Ҳол он ки дар дастурамали бонки миллӣ омадааст, ки кушодани гарав бе соҳиби он қатъиян манъ аст.

Ҳамин тариқ, муфаттиш маро то моҳи декабр ҳар рӯз пурсуҷӯ карда, ахиран парвандаи ҷиноиро ба Суди шаҳри Хуҷанд дод. Раванди суд се моҳ давом ёфта, оқибат ҳукм бароварда шуд. Судяи суди шаҳри Хуҷанд Раҳимзода Сулаймон адолатро поймол карда маро 12 сол ҳукми зиндон дод.

Орзуҳои ман, ки худ маорифчӣ ҳастаму дар оянда аз ҳисоби даромадҳо нияти кушодани боғчаи бачагона, маркази стоматологӣ доштам, ҳама барбод рафтанд. Афсӯс, ки бо айби тамаъҷӯён, “ҳокимон”-и давр, қудратталабони соҳибмансаб ва зӯргӯён ин ҳама барбод рафт.

Падарам Абдулатиф Абдусамадов бо вуҷуди бемории фалаҷи яктарафа ба дари даҳҳо мақомотҳо рафтанд, то адолат барқарор шаваду ҳақ ба ҳақдор расад. Аммо натанҳо адолат барқарор шуд, балки маро ба маҳкама кашиданд. Суоле ба миён меояд, ки чаро чунин ноадолатӣ сар зад? Магар қонунгузории кишвар озодии виҷдон, озодии зиндагӣ ва озодии шуғлро ба касе кафолат намедиҳад?

Кист, ки бояд адолати иҷтимоиро таъмин кунад? Чунин ноадолатие, ки як бонки маъруфи кишвар нисбати ин нафарон кард, магар обрӯи ҳамаи бонкҳоро намерезонад? Ҳол он ки Сарвари давлат дар ҳама суханрониҳо ба таъкид мегӯянд, ки бонкҳо ба мардум хизмат кунанд, на мардум ба бонкҳо. Бояд фоизи додани қарз кам карда шавад. Фоизи қарзҳоро кам кардан як тараф истад, пули мардумро ба ҷиғилдони худ мезананд ва бар замми ин корафтодаро ба мӯҳлати дароз ба маҳкама мекашанд, то аз даъвояш гузарад. Бояд ба чунин нафарон гӯем, ки давраи қудратталабӣ, гурӯҳбозӣ, хешбозӣ гузашт. Бояд ҳар як нафар дар пеши виҷдони худ, дар назди ватани худ ва дар назди Сарвари халқпарвари худ ба ҳамаи ҷурмҳои кардааш ҷавоб гӯяд.

Мусаллам аст, ки таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин, васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ вазифаи ҷонӣ ва имонии ҳар як бонки амалкунандаи кишвар аст. Пас, чаро роҳбарияти имрӯзаи бонки “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” ин ҳамаро нодида мегирад? Чаро мизоҷи худро ба кӯи навмедӣ ва сарсонӣ мебарад? Магар Шаҳбоз Ҳасанов, Ҳасанзода Манучеҳр ва Вализода Манучеҳл аз арши кибриё омадаанд, ки танобашонро ягон мақомот намекашад? Падари бузургвори ман борҳо ҳамон тавре ки дар боло ишора рафт, ба мақомоти қудратӣ сар халониданд. Аммо мурод ҳосил нашуд.

Ба онҳо гуфтанием, ки ҳастанд онҳое, ки дарди моро мешунаванд. Чунончи роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуе, ки аз табори роҳбари адолатхоҳ ба чунин маснади баланд расид, муҳтарама Озода Раҳмон Эмомалӣ баъди ошноӣ бо аризаи шикоятии ман ба тамоми мақомоти марбута дастур доданд, ки ҳақ ба ҳақдор расонида шавад.

Акнун тамоми умедамон ба ин бонуи ғамхори мардум аст ва ман умед дорам, ки тариқи Васоити ахбори омма ва шабакаи иҷтимоӣ мардум боз ҳам аз ин ноҳақӣ бештар огоҳ мешаванд. Ва минбаъд дидаву санҷида ба бонкҳо эътимод мебанданд.

Мадина РАУПОВА,

сокини шаҳри Хуҷанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь