31-уми март президенти Русия Владимир Путин фармон дар бораи тасдиқи консепсияи нави сиёсати хориҷии Русияро имзо кард. Мақсади асосии сиёсати хориҷии ин кишвар табдил додани Авруосиё ба фазои ягонаи умумиқитъавии сулҳ, субот, эътимоди мутақобила, рушд ва вусъат мебошад.

Дар мавриди он, ки ин Консепсия барои Тоҷикистон чӣ аҳамияте хоҳад дошт, сиёсатшинос, профессор, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» Иброҳим Усмонов ибрози андеша намуд.

Соли 2021 ИМА Тоҷикистонро ба феҳристи 10 кишвари поймолкунандаи озодиҳои динӣ шомил кард.

Фармони Путин

Президенти Русия Владимир Путин фармон дар бораи тасдиқи консепсияи нави сиёсати хориҷии Русияро имзо кард. Ӯ таъкид намуд: «як ҳуҷҷати мутавозин тартиб дода шуд, ки асоси амалиётҳои амалии моро дар ояндаи миёнамуҳлат ва дур ташкил медиҳад».

Нақши ҳамоҳангсозро дар татбиқи ин консепсия Вазорати корҳои хориҷии Русия иҷро хоҳад кард. Яъне «бояд ба фароҳам овардани шароит барои даст кашидани давлатҳои ғайридӯст аз сиёсати душманона нисбат ба Русия таваҷҷуҳ кард».

Тоҷикистон дар соли 2022 дар феҳристи кишварҳои «нигароникунанда дар масоили озодиҳои динӣ»-и Амрико боқӣ мемонад. Ҳукумати Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки ҳеч асосе барои шомил кардани ин кишвар ба ин феҳрист вуҷуд надорад.

Путин таъкид намуд, ки бояд «барои таҳкими истиқлолияти Русия, баланд бардоштани нақши кишвар дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва ташаккули низоми ҷаҳонии одилона ва бисёрқутбӣ кӯшиш кунем».

Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки консепсияи нави сиёсати хориҷии давлат имкони истифодаи Нерӯҳои мусаллаҳро барои ҷилавгирӣ аз ҳамла ба Русия ва иттифоқчиёнаш пешбинӣ мекунад: «Бо ин, мо кушоду равшан эълом медорем, ки ҳамеша аз ҳақи мавҷудияти миллати рус  ва инкишофи озодонаи он  дифоъ хоҳем кард».

Барои татбиқи ин консепсия Русия ҳамкориҳоро бо Чин ва Ҳиндустон  (ҳамчун бозигарони калидӣ дар минтақа) афзоиш медиҳад. Русия нақша дорад, ки дар наздикии марзҳояш минтақаи сулҳ, ҳамсоягии нек ва ободӣ бунёд кунад. Барои ин, Русия  омода аст, аз ҳама гуна воситаҳо ва усулҳо, аз ҷумла усулҳои ҳарбию сиёсӣ истифода барад. Нахустин бор ИМА ҳамчун рақиби воқеии Русия ном бурда мешавад.

Сарчашмаҳои бисёрқутбӣ

Иброҳим Усмонов, сиёсатшинос, профессор, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар бораи бисёрқутбӣ чунин ибрози назар намуд: «Бисёрқутбӣ – ин муттаҳидшавӣ ё роҳи умумии якчанд кишварест, ки манфиатҳои умумӣ доранд. Пештар идеологияи коммунизм васеъ паҳн шуда буд. Кишварҳое, ки дар он афкори коммунистӣ бартарӣ дошт, дар солҳои 20-уми асри ХХ муттаҳид шуданд. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ташкили лагери коммунистӣ, ки ба муқобили лагери капиталистӣ баромад мекард, имконият пайдо шуд.

Гузаштан ба лагери коммунистӣ бо роҳи инқилоб (тавре дар ИҶШС буд)  ва ҳаракати байналмилалии зидди мустамликадорон ва фашистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ амалӣ гардонида мешуд. Дар лагери коммунистӣ андеша ва хоҳиши мардум ба назар гирифта мешуданд.

Дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти «Канал», ки аз соли 2003 аз ҷониби СААД гузаронида мешавад, нақши худро нишон дод.

Роҳи дигаре, ки таърихи дуру дароз дорад, тобеияти як гурӯҳ мамлакатҳо ба  мамлакатҳои дигар, инчунин, ташкили ҳаракати  империалистӣ мебошад. Он дар асрҳои XIV-XV оғоз ёфта, то Инқилоби октябри асри ХХ давом кард. Мамлакатҳои пурқудрати Аврупо, Амрико ва Осиё дигар мамлакатҳоро ба манфиатҳои худ тобеъ кунонида, ба мустамлика гирифтанд. Дар натиҷа иттиҳодияҳои мамлакатҳо ба амал омад.

Дар давраи нав на идеологияи коммунистӣ бартарӣ дорад ва на идеологияи мустамликавӣ, зеро гӯё мустамликадорӣ вуҷуд надорад.

Ҳоло бисёрқутбӣ бо қудрат ва сарвати кишварҳое муайян карда мешавад, ки худро дар ин ҷаҳон пешсаф медонанд. Идеологҳои иқтисоди бозорӣ бар ин назаранд, ки беш аз 50 сол аст дар ҷаҳон танҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бартарӣ дорад. Онҳо чунин меҳисобанд, ки маҳз ИМА муайян мекунад, ки ҷаҳон ба кадом самт равад. Ва пас аз пошхӯрии ИҶШС Амрико мехост ҳақиқат будани идеологияеро, ки таблиғотчиёнаш дар борааш мегуфтанд, исбот кунад. Сипас, Иёлоти Муттаҳида ба таҳмили модели худ шурӯъ кард, аз ҷумла Баҳори Араб, воқеаҳои Афғонистон, Ироқ, инчунин, таъсиррасонӣ ба вазъи кишварҳои пасошӯравӣ ва ғайра. Дар асл, дар фурӯпошии ИҶШС нақши асосиро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва  инчунин, иттифоқчиёнаш бозиданд.

Дар ҷараёни амалиёти «Канал – Бастион Гранит», ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе мустақар буд, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 5036,3 кг маводи мухаддир мусодира гардид.

Ҳоло мубориза барои муайян кардани он, ки ҷаҳон бо кадом роҳ пеш меравад, бо амри ИМА равона аст. Худмудофиакунии Русия, бетарафии Чин: кадоме аз ин роҳҳо дар муайян кардани бисёрқутбии ҷаҳон ҳалкунанда хоҳанд буд. Фикр мекунам, дар ин ҷо нақши асосиро Русия  хоҳад бозид. Моҳияти он дар чист? Идеологияи Русия  ба идеологияи халқ наздик аст: дар он аз коммунизм, аз дини православӣ ва ғайра идеологияҳои мардумие боқӣ мондаанд. Ва бо ҳамин роҳ онҳо мехоҳанд  мамлакатҳои дӯстро муттаҳид кунанд. Халқҳои мамлакатҳои ҷаҳони сеюм, аз қабили мамлакатҳои бетарафи Осиё бо роҳбарии Ҳиндустон, мамлакатҳои ҷанубу шарқӣ, мамлакатҳои араб, инчунин, мамлакатҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар атрофи Русия  муттаҳид  мешаванд. Ва ман фикр мекунам, ки Аврупои Шарқӣ аз давлатҳои ғарбӣ ҷудо мешавад, зеро манфиатҳои он ба манфиатҳои кишварҳои Осиё, давлатҳои араб, Африқо ва Амрикои Лотинӣ наздиктаранд.

Тақрибан 20 сол пеш дар як форуми байналмилалӣ дар Куба, ки дар он ҷо Ассамблеяи байналмилалии аъзоёни парламент баргузор гардида буд, иштирок доштам. Фидел Кастро зимни суханрониаш гуфт, ки айни ҳол дар дунё дар бораи нақши ояндаи халқҳои «мамлакатҳои ҷаҳони сеюм»  гап намезананд, ҳарчанд  дар якҷоягӣ онҳо аз дигарон тавонотар ва пурқудраттаранд. Онҳое, ки  мехоҳанд идеологияро дикта кунанд,  сарватҳояшонро аз ҳисоби ин кишварҳо  ҷамъоварӣ кардаанд. Онҳо аз кишварҳои ғарбӣ дур шуда,  сарватҳои худро истифода хоҳанд кард. Иқтидори низомии Русия низ яке аз нишондиҳандаҳои муқовимат аст.

Ман бисёрқутбиро чунин мебинам, ки Русия ва Чин ба сафи пеш мебароянд, кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ва дар оянда кишварҳои Аврупои Шарқӣ низ ба онҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Иброҳим Усмонов, сиёсатшинос, профессор, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мегӯяд: «Дар муносибатҳои байнидавлатӣ ҳам рӯзҳои хуб ва ҳам душвор вуҷуд доранд, аммо дар ниҳоят ба фикри ман, Тоҷикистон ба он давлатҳое пайравӣ мекунад, ки дар атрофи Русия муттаҳид мешаванд ва дӯстӣ бо Чинро низ фаромӯш намекунад».

Кишварҳои ғарбӣ худро гӯё табақаи олии ҷомеа меҳисобанд, вале кишварҳои Аврупои Шарқӣ на ҳамеша он чизеро, ки ба манфиати онҳо мухолиф аст, итоаткорона қабул менамоянд. Ҳоло қисми зиёди аҳолии мамлакатҳои Аврупои Ғарбиро   мардуми Осиё ва Африқо  ташкил медиҳанд ва онҳо дар бораи он андеша хоҳанд кард, ки чаро дар Ғарб моро аз худ бадтар медонанд. Ин боиси аз байн рафтани ғояи ҳукмфармоии идеологияи  аврупоӣ мегардад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки оянда ба ду кишвар – Русия ва Чин вобаста аст».

Тоҷикистон дар ин масир

“Тоҷикистон роҳи барои нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангҳои ҳамаи халқҳо  пешгирифтаи  Русияро, ки бар пояи нишонаи  маънавию ахлоқии барои ҳамаи динҳо ва низомҳои ахлоқи дунявии ягона асос ёфтааст, ҷонибдорӣ мекунад. Ба мо кӯшишҳои Ғарб барои таҳмил кардани арзишҳои неолибералӣ, ки принсипҳои қадимии фарҳанги моро рад мекунанд, бегонаанд”.

Иброҳим Усмонов роҳи  рушди Тоҷикистонро дар ин масир чунин мебинад: «На ҳама тоҷикон ва онҳое, ки идеологияи тоҷикиро меомӯзанд, ба ин розӣ ҳастанд, вале ман фикр мекунам, ки худи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри ХХ натиҷаи сиёсати пешгирифтаи болшевикон аст.  Дар Тоҷикистон теъдоди камтари тоҷикони ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, теъдоди бештар дар Афғонистон ва Эрон ба сар мебаранд, вале “Тоҷикистон” дар он минтақаҳо  ташкил наёфта, дар замони болшевикон ташкил шуд. Ин  аз он гувоҳӣ медиҳад, тоҷикон он нақшеро, ки халқи рус дар тақдири онҳо бозидааст – яъне дар барпо намудани давлати нави тоҷикон саҳм гузоштааст, ҳамеша қадр мекунанд.

Дар соли 2022  хабарҳо дар бораи омодагии эҳтимолии лоиҳаи созишномаи низомӣ бо Қирғизистон аз ҷониби Амрико, ки метавонад ба даври нави ташдиди низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оварда расонад, пайдо шуданд.

Тоҷикистон то ҳол бо Русия ҳамкории зич дорад, Русия дӯстест, ки Тоҷикистонро танҳо намегузорад. Дар муносибатҳои байни давлатҳо рӯзҳои хубу бад мегузаранд, вале дар ниҳоят, ман фикр мекунам, Тоҷикистон ба он давлатҳое пайравӣ мекунад, ки дар атрофи Русия муттаҳид мешаванд ва бо Чин низ дӯстиро идома медиҳанд. Ин маънои онро надорад, ки мо зидди давлатҳои дигар ҳастем, мо бо ҳама халқҳо дӯстӣ хоҳем кард, вале дӯсти асосии мо Русия хоҳад буд».

Дар Стратегияи фарогири кишвар оид ба Қирғизистон, ки аз ҷониби Департаменти давлатӣ нашр шудааст, омадааст, ки «созишномаи дуҷонибаи дифоъ ба таҳкими шарикӣ мусоидат хоҳад кард», инчунин, «барои маблағгузорӣ ва машқҳои муштарак» имкониятҳоро барои ИМА ва Ҷумҳурии Қирғизистон боз менамояд.

Русия ва СААД кафили амнияти Тоҷикистон мебошанд. Ҳамкории онҳо дар доираи СҲШ ва дигар созмонҳо – ин идомаи шарикии стратегии дуҷониба мебошад. Дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар берун аз марз – Пойгоҳи низомии 201 мустақар аст. Русия аз соли 2015 инҷониб дар омода кардани мутахассисон барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саҳм мегузорад. Дар ин муддат инструкторони рус беш аз 6 ҳазор низомиёни тоҷикро омода кардаанд.

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии  АвруОсиё дар соли 2022 620,6 миллион доллар афзоиш ёфта, 3,2 миллиард долларро ташкил дод (23,9% дар як сол, бо афзоиши умумии гардиши моли хориҷӣ 14,9% дар як сол).

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли 2022 дар нишасти сарони кишварҳои Русия ва Осиёи Марказӣ дар қатори таҳдидҳои асосӣ ба ин кишвар ҷамъ шудани ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, инчунин, афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ дар Тоҷикистонро номбар кард. Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати тақвияти ҳамкориҳои хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои муайян кардани роҳҳои ҷалби ҷангиён изҳори назар намуд.

Афзоиши  тиҷорати Тоҷикистон бо Русия 321 миллион доллар (то 1,7 миллиард доллар), бо Қазоқистон 263 миллион доллар (то 1,4 миллиард доллар), бо дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии  АвруОсиё 37 миллион долларро (то 104,7 миллион доллар) ташкил додааст.

Арзишҳои анъанавӣ ва неолиберализм

Донишманд Иброҳим Усмонов дар бораи он, ки кадом арзишҳо барои ҷомеаи тоҷик бегонаанд, чунин ибрози андеша намуд: «Либерализм барои онҳое, ки саъй доранд  рушди озоди ҷомеаро таъмин намоянд, падидаи хуб аст. Вале ба назари ман, дар либерализми нави Аврупо унсурҳои зиёде мавҷуданд, ки ба манфиатҳои фарҳанги миллии тоҷикон мухолифанд ва ин омил мо ва дигаронро низ аз он дур мекунад. Ин падида дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад.

Кушодани мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон яке аз ташаббусҳои калонтарин ва пайвастаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мебошад. Ба ғайр аз худи марҳилаи сохтмони мактабҳои русӣ, Русия маблағгузории минбаъдаи ин лоиҳаро идома дод.

Ман як китоби олими амрикоиро, ки мушовири се президенти ИМА буд, мутолиа кардам. Вай менависад, ки неолиберализм дар ИМА ва Аврупо сабаби аз байн рафтани миллатҳо, фарҳангҳо ва ҳатто худи мамлакатҳои Аврупо ва ИМА мегардад. Вақте ки либерализм хилофи дин, расму оин ва принсипҳои инсонӣ равона карда мешавад, ба ҳаёти оилавӣ нақши дуюмдараҷа дода бозад, дар мадди аввал бошад, хушбахтии як инсон гузошта мешавад, мусиқӣ ва санъати миллӣ дастгирӣ карда намешаванд, хулоса чизе ки мардум қабул надоранд, ҷорӣ карда шавад, ин маънои хотимаи идеологияи ҷоришавандаро дорад.

8-уми декабри соли 2022 Михаил Мишустин, нахуствазири Русия,  фармонеро дар бораи ҷудо кардани то 5,74 миллиард рубл (91 миллион доллар) барои мактабҳои Тоҷикистон имзо кард. Худи мактабҳо аз рӯи лоиҳаи махсус сохта шудаанд, ки ба зилзилаи то ба 9 балла тобоварӣ мекунанд.

Ва ман мутмаинам, ки ин муҳаққиқи ИМА ҳақ аст ва ба ҷараёни рушди ҷаҳон дуруст назар мекунад. Ин унсурҳо дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба муносибатҳои он самте, ки сиёсати Аврупоро муайян мекунанд, таъсир мерасонанд.

Ҳамин тариқ, Русия ба ташаккули  низоми ҷаҳонии бисёрқутбие, ки бар пояи эҳтироми соҳибихтиёриву истиқлолият ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо, инчунин, интихоби мустақилонаи роҳи рушди онҳо асос ёфтааст, даъват мекунад. Тоҷикистон бо сиёсати худ нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Русия ва дигар кишварҳо идома хоҳад дод.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь