Дар вилояти Хатлон соли 2018-ум 14 зан ҳангоми тавалуд кардани тифлонашон аз олам гузаштанд, ки ин вазъ кормандони Раёсати тандурустии вилоятро ба ташвиш овардааст.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода Сайдулло зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки барои фавти ин модарон ва роҳ додан ҳангоми фаъолияти кориашон менеҷерҳои марказҳои ёрии аввалияи тиббиву санитарии ноҳияҳои Восеъ, шаҳри Норак, мудири шӯъбаи тавалудхонаи ноҳияи Данғара аз вазифа сабукдӯш карда шуда, нисбати баъзе кормандони дигари тиб, ки ба хатоҳо роҳ додаанд, чораҷӯӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, манбаъ гуфт, соли гузашта 1594 нафар кӯдаки то яксола вафот кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки фавти модару кӯдак дар вилояти Хатлон нисбати солҳои гузашта хеле кам шудааст, ки ин ҳам аз хуб шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар вилоят гувоҳӣ медиҳад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь