Вақтҳои охир аз беназорат будани автомашинаҳо дар назди баландошёнаҳо истифода карда, нафарони ҷиноятпеша шабона бо шикастани шишаи мошинҳо аз дохили он маблағҳои пулию телефони мобилӣ, аккамулятору дигар қисмҳои эҳтиётӣ ва ҳар ашёи арзишмандро медуздиданд.

Ин ҷиноятҳо дар ҳудуди пойтахт шаҳрвандонро ба ташвиш гузошта, ба кормандони милитсия муроҷиат кардаанд. Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян ва ошкор карда шуд, ки як гурӯҳ ҷавонон даст ба чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ задаанд.

Аз ҷумла, дар гурӯҳи аввал кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Сино як нафар пешсудшуда, шаҳрванд Полвонов Диловар Зафарович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти М.Ризоро санаи 8 январи соли 2019 шабона ҳангоми содир намудани ҷинояти навбатӣ дастгир кардаанд. Номбурда дар рӯй ниқоб пӯшида, бо мурваттобу болға мусаллаҳ гашта, дар ҳудуди кӯчаи Испечаки ноҳияи Сино силсилаҷиноятҳои дуздиро содир кардааст. Ӯ асосан воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии тамғаи «Мерседес-Спринтер»-ро мавриди дуздӣ қарор дода, аз дохили зиёда аз 15 воситаи нақлиёт маблағҳои пулӣ ва телефонҳои мобилиро рабудааст.

Дар ҳудуди ноҳияи Сино гурӯҳи дуюм дар ҳайати ду нафар, шаҳрвандон Наврӯзи Шералӣ, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Валиев Фирӯз, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъро ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ санаи 3 январи соли 2019 дастгир шудаанд. Номбурдагон асосан дар ҳудуди маҳаллаи Гипрозем, кӯчаҳои Ҷомӣ ва Расулов, шабона бо маслиҳати пешакӣ бо тариқи шикастани шишаи воситаҳои нақлиёт маблағҳои пуливу дигар ашёҳои арзишмандро рабудаанд. Инҳо дар содир намудани 21 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гурӯҳи сеюми ҷиноятӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, низ дар ҳайати ду нафар ҷинояткор, шаҳрвандон Шарипов Толиб Ҷумаевич, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ ва Алиев Бахтиёр Неъматович, соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ санаи 8 январи соли ҷорӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. Онҳо танҳо дар як шаб шишаи 6 мошинро шикаста маблағҳои пуливу дигар ашёҳои арзишмандро дуздидаанд.

Тибқи таҳлилҳо танҳо давоми 8 рӯзи аввали соли 2019 аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 42 ҳолати шикастани шишаи автомашинаҳо ва рабудани ашёву маблағҳои пулӣ аз ҷониби нафарони ҷиноятпеша ошкор карда шуда, корҳои тафтишотиву чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин самт идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь