Мардуми Русия ва Тоҷикистон имсол – 9-уми май 78-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди Германияи фашистӣ таҷлил карданд. Рӯзи Ғалаба иди ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла халқи тоҷик аст. Мутаассифона, дар Ғарб тайи чанд сол аст, кӯшиши ғалат нишон додани маълумотҳои таърихиро пеш гирифтаанд.

Ҳудуди 300 ҳазор мардуми Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷангида ва беш аз 90 ҳазор нафарашон ба Ватан барнагаштаанд.

Саҳми ҳар як шахс муҳим буд

Нақши Иттиҳоди Шӯравӣ дар ғалаба бар фашизм бағоят калон аст. Аз лаҳзаи ҳуҷум ба Иттифоқи Советӣ дар соли 1941 ва то ба анҷом расидани ҷанг Иттифоқи Советӣ дар мубориза бар Германияи фашистӣ саҳми босазое гузошт. Вазифаи маънавии мо – пос доштани хотираи гузаштагонамон, ки истиқлолияти Ватани умумиамонро ҳифз намуда, на танҳо халқҳои советӣ, балки тамоми ҷаҳонро аз нобудшавӣ ва асорат наҷот додаанд, аст.

Қӯшунҳои советӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Шарқ, Ғарб, Шимол ва Ҷануб ба муқобили душман меҷангиданд. Онҳо ҳангоми аз истилогарони фашистӣ озод кардани Полша, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Булғория ва дигар давлатҳо корнамоиҳои зиёд нишон доданд. Зиёда аз ин, Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз истеҳсолкунандагони асосии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ буд, ки дар ғалаба бар фашизм нақши ҳалкунанда бозид. Муҳандисон ва олимони советӣ технологияҳои нав, аз қабили танкҳои Т-34, дастгоҳҳои артиллерии худгарди Катюша, ҳавопаймоҳои бомбаандози Ил-2-ро  ихтироъ карданд.

Тоҷикистон низ ба монанди дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ғалаба бар фашизм саҳми калон гузоштааст. Қисмҳои низомии Тоҷикистон дар тамоми муҳорибаҳои бузурги Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла дар муҳорибаҳои назди Маскав, Сталинград, Курск ва озодкунии Қрим иштирок доштанд.

Моҳи октябри соли 1943 дар фронти Волхов як ҷавони тоҷик – зодаи ноҳияи Ашт Тӯйчӣ Эрҷигитов бо тани худ пеши пулемёти душманро гирифта, корнамоии Александр Матросовро такрор кард. Ба  Эрҷигитов баъд аз марг унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Занҳои тоҷик низ дар ҷанг фаъолона иштирок карда, дар фронт ва ақибгоҳ меҳнат мекарданд. Зиёда аз 5 ҳазор нафар занони Тоҷикистон барои корнамоиҳои худ дар солҳои ҷанг мукофотҳо гирифтанд.

Беш аз 50 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ордену медалҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шуда, ба 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд ва 15 нафари дигар дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф» гардидаанд.

Илова бар ин, Тоҷикистон Армияи Советиро бо хӯрока ва дигар ашёҳо таъмин карда, дар сарҳади Афғонистон иншоотҳои мудофиавӣ месохт. Дар солҳои ҷанг бисёр корхонаҳо бо техника ва коргаронашон ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд. Дар натиҷаи маҷбуран кӯчонидани заводҳо то соли 1942 дар ҶШС Тоҷикистон 250 адад корхонаҳои нав бунёд карда шуданд, ки онҳо барои рушди ояндаи саноати ҷумҳурӣ замина гузоштанд. Зиёда аз 100 ҳазор нафар меҳнаткашони ақибгоҳ бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» мукофотонида шуданд.

Пас аз хотима ёфтани ҷанг Аврупо воқеан ҳам аз денатсификатсия  (решакан кардани фашизм) даст кашид ва дар натиҷа имрӯз хатари воқеии интиқоми фашистӣ вуҷуд дорад. Он аллакай ба эҳёи фашизм дар Украина оварда расонд ва ин ҳолат метавонад дар ҳар кишвари дигар ба амал ояд.

Солҳои ҷанг қариб 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд, ки аз он 10 ҳазор нафарашон кӯдакони аз минтақаҳои бо ҷанг фарогирифтаи Иттиҳоди Шӯравӣ тахлия карда шуда буданд. Халқи тоҷик онҳоро бо манзил, хӯрокворӣ, сару либос ва пойафзол таъмин кард.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурӯҳҳои эҷодӣ низ ба Сталинобод (имрӯза Душанбе) оварда шуданд. Аз ҷумла Театри эстрада ва миниатюраи Ленинград ба номи Аркадий Райкин, Театри давлатии сиганҳои шаҳри Москва «Ромэн», сирки Юрий Дуров ва ғайра. Киностудияҳои “Союздетфилм” ва Одесса низ ба пойтахти ҶШС Тоҷикистон кӯчонида шуда ва дар ин ҷо кори худро давом доданд. Студияи «Союздетфилм» дар якҷоягӣ бо киностудияи Сталинобод филми пурраметражи «Муҳорибаи назди Сокол» инчунин, нахустин филм дар бораи иштироки ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — «Писари Тоҷикистон»-ро (соли 1943) ба навор гирифт. Дар ин давра ҳузури санъаткорони машҳур аз тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба рушди фарҳанги Тоҷикистон такони бузург бахшид.

Дар тафсири ғарбии таърих танҳо як муҳорибаро ба Иттиҳоди Шӯравӣ мансуб донистанд ва он муҳорибаи Сталинград аст. Ба андешаи онҳо муҳорибаҳои боқимондаи асосӣ дар Африқо ва Нормандия ҳангоми ифтитоҳи фронти дуюм ба вуқӯъ омаданд.

Тоҷикистон ҳамеша хотираи қаҳрамононро пос медорад

Дар Тоҷикистон корнамоии он солҳоро ҳамеша ёдоварӣ мекунанд ва хотираи онҳоро пос медоранд. Яке аз онҳое, ки таърихи ин корнамоиҳоро ба насли наврас меомӯзонад Ғафур Шерматов, муаррихи соҳаи ҳарбӣ, роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯии “Хотира – 201” мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ қабрҳо ва ёдгориҳои каҳрамонон барқарор карда мешаванд.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар заминаи «Фазои Русия» бо иштироки низомиёни Пойгоҳи низомии 201-и Русия барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҷаҳони рус дар Тоҷикистон” дарси кушод ташкил карда шуд. Дар он Ғафур Шерматов суханронӣ карда, махсусан чунин таъкид кард: «Ҳифзи хотираи таърихии шахсоне, ки барои барқарории ҳокимияти Советӣ дар ҷумҳурӣ ҷони худро нисор кардаанд, қаҳрамонҳо ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат ҳамчун замина, асос ва гарави тарбияи дурусти насли ҷавони кишварамон хизмат мекунад».

Кишварҳои Ғарб кӯшиш доранд, ки нақши мардуми советиро дар ғалаба бар фашизм паст зананд.

Охири моҳи апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ конфронс баргузор гардид. Дар ин конфронс сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, роҳбарияти Кумитаи кор бо сарбозон-интернатсионалистони ноҳияи Сино, ҳайати омӯзгорони донишгоҳҳо, донишҷӯён ва толибилмон иштирок доштанд.

Инчунин, дар чорабинӣ меҳмонони фахрӣ –  меҳнаткашони ақибгоҳ С. Раҷабова ва К. Завялова ва иштирокчии муҳорибаи Курск ва амалиёти озодкунии Украина М. Заргаров, ки маҳз дар рӯзи конфронс  100-солагии  худро  қайд кард,  иштирок доштанд.

«Имсол мо 78-умин солгарди Ғалабаи умумиамонро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мекунем. Ин Ғалабаи тамоми халқҳои советӣ аст, он замон халқҳои советиро  аз рӯи хусусиятҳои миллӣ ҷудо намекарданд. Дар баъзе минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ  то миёнаҳои солҳои 50-ум бо боқимондаҳои дастаҳои думбардорони фашистӣ мубориза мебурданд. Мутаассифона, онҳоро пурра нобуд накарданд” — мегӯяд Семён Григорев.

Сарбозон ва афсарони советӣ дар муҳорибаҳо барои ҳимояи ҳар як шаҳру деҳа ва ҳар як порчаи замини Ватан каҳрамониву мардонагӣ нишон доданд. Бисёри аз онҳо дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти кишвари худ ва халқҳои бародар ҷони худро нисор карданд.

То имрӯз бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои хотиравии зиёд баргузор гаштанд, аз ҷумла 4-уми май дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар доираи таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷаласаи Шӯрои собиқадорони Донишгоҳ баргузор гардид. Яъне дар Тоҷикистон ҳамеша таърихро гиромӣ медоранд.

Кӯшишҳои нест кардани ҳақиқат

Имрӯз Ғарб кӯшиш дорад, ки бо  роҳи фаромӯшкунӣ ва таҳрифи таърих, нобуд кардани ёдгориҳои ҷанговарони озодкунандаи советӣ, ҳимоя кардани ақидаи он, ки гуё дар сар задани ин ҷанги даҳшатнок  ҳам Германияи фашистӣ ва ҳам Иттифоқи Советӣ «масъулияти баробар» доранд, бо вуҷуди он, ки маҳз Ғарб бо мақсади несту нобуд кардани Иттифоқи Советӣ режими фашистиро дар Германия  ба вуҷуд овард, алоқаи байни наслҳоро канда кунад.

Баъзе муаррихон ва сиёсатмадорони Ғарб кӯшиш мекунанд, ки нақши Иттиҳоди Шӯравиро дар ғалаба бар фашизм паст карда, баръакс нақши иттифоқчиёни Ғарбро муболиға намоянд. Онҳо бо исрор мегӯянд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пеш аз ҳуҷум дар соли 1941  иттифоқчии Германияи фашистӣ буд ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар саҳнаи  амалиётҳои ҷангии Аврупо ягон нақше надошт.

Барои корнамоӣ дар муҳорибаҳои назди Берлин ду шаҳрванди тоҷик бо ордени «Шараф»-и дараҷаи якум мукофотонида шуданд: Рӯзиев барои барафрохтани байрақ дар дарвозаи Бранденбург ва Атаев барои хуҷум ба Рейхстаг.

Вале чунин изҳорот ҳақиқате надорад. Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин давлате буд, ки ошкоро ба муқобили натсизм ва фашизм  баромад кард. Вай бо Германия танҳо ба хотири он созишнома дар бораи ҳуҷум накардан баст, ки барои омодагӣ ба ҷанг вақт пайдо кунад.

Ғайр аз ин, Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ калонтарин ва хунинтарин муҳориба — муҳорибаи назди Сталинградро аз сар гузаронд. Ин муҳориба дар рафти ҷанг лаҳзаи дигаргунии катъӣ гардид ва ба қӯшунҳои советӣ барои ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштан имконият дод.

Сиёсатшиноси белорус, рӯзноманигори машҳури ҷаҳонӣ Вадим Елфимов дар ин бора чунин навиштааст: “Ҳамин гуна тамоюлҳо кайҳо боз боиси нигаронӣ  гардида буданд, вале он чи ки имрӯз дар Украина рух медиҳад, даҳшати воқеӣ аст, зеро дар он ҷо фашистон ба сари қудрат омаданд. Ин дар ҳақиқат интиқоми фашистӣ аст. Дар  Ғарб аллакай таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳониро  аз нав навиштанд. Ва имрӯз онҳо на фақат аз сари нав навиштани таърих, балки ғалаба кардан мехоҳанд. Яъне мехоҳанд на дар ҷанги ошкоро, балки бо роҳи аз сари нав навиштани таърих, моро ғолиб не, балки мағлуб бароранд».

Имсол Ғарб кӯшишҳои таҳрифи далелҳоро боз ҳам бештар кардааст. Ба гуфтаи вазири дифои Русия Сергей Шойгу кишварҳои Аврупо бо роҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Федератсияи Русия ҷанги иттилоотии комилан бемаслак оғоз карданд: “Ҳарифони мо фаъолона ва бешармона дурӯғро, ки гӯё маҳз худи онҳо дар шикасти фашизм ва ба охир расидани  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳми асосӣ гузоштаанд, таблиғ мекунанд. Бояд ба ин дурӯғ ва ба ҳама гуна кӯшиши сохтакории  таърих  хотима гузорем».

– Ҳамаи мо барои иҷрои қарзи шаҳрвандии худ – барои абадӣ гардондани хотираи онҳое, ки дар солҳои 1941 – 1945 ба муқобили фашистон мубориза бурданд, омадем, — гуфт Ғафур Шерматов ҳангоми суханронӣ дар шанбегӣ дар қабристони қаҳрамонон.

Вазири дифоъ таъкид кард, ки Русия ҳақ надорад ба таҳрифкунӣ ва фаромӯшшавии сабақҳои он фоҷиаи мудҳише, ки натсизм дар садаи гузашта ба сари башарият оварда буд, роҳ диҳад.

Профессор Иброҳим Усмонов муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» бар ин назар аст: «Он чӣ ки ҳоло дар тафсири таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба амал меояд, як падидаи табиист. Гап сари он аст, ки аврупоиҳо на дар замони подшоҳӣ, на дар замони ҳокимияти Советӣ ва на дар шароити имрӯза Русияро  дӯст намедоштанд. Зеро дар асл русҳо нисбат ба аврупоиҳо хеле боақлтар ва инсондӯсттаранд ва ин ба аврупоиҳо писанд нест.

Аврупоиҳо танҳо он кишварҳоеро қабул мекунанд, ки ба онҳо итоат мекунанд ва аз чаҳорчӯби муайянкардаи онҳо берун намебароянд, идеологияи онҳоро, агарчи нодуруст бошад ҳам, дастгирӣ мекунанд.

Ғарб мафҳумҳои муқаддаси озодӣ ва демократияро ба дараҷае расонидааст, ки дар ин мафҳумҳо ҳеч чизи хубе боқӣ намондааст. Оё пештар одамоне буданд, ки демократияро бо силоҳ таҳмил мекарданд? Оё Милтон, Линколн, Вашингтон ин корро кардаанд? Не, онҳо медонистанд, ки демократия танҳо бо иродаи халқ ба даст меояд, на бо таҳмили мақсадҳои худ.

Қаблан озодӣ маънои баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа ва баробарии музди меҳнатро дошт, яъне ба ҳарду ҷинс баробар эҳтиром гузошта мешуд. Принсипи озодӣ  маҳз дар ҳамин буд, на дар  табдил додани мард ба зан ё баръакс ва баъдан тарбия кардани кӯдаки фарзандхондшуда дар оилаи якҷинс. Оё муборизони озодӣ барои ҳамин мубориза бурданд? Дар Русия ва дигар кишварҳои дӯст чунин арзишҳои неолибералӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Ин на танҳо ба дин, балки ба муносибатҳои инсонӣ низ мувофиқ нест.

Профессор Иброҳим Усмонов, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»: “Яке аз гузинаҳои эҳтимолии мубориза бо Русия – миллатгароӣ аст, ки дар Украина маъмул буда, идомаи идеологияи фашистӣ ба ҳисоб меравад”.

Ғарб  намегузорад, ки Русия оромона рушд кунад, зеро дар ин сурат кишварҳои аврупоӣ аз Русия вобаста хоҳанд буд. Мамлакатҳои Аврупо пештар аз ҳисоби мустамликаҳо зиндагӣ мекарданд ва ҳоло бошад, пас аз соҳибистиқлол гардидани ин мустамликаҳо, аз онҳо чизе гирифта наметавонанд. Ғарб намехоҳад, ки Русия пеш равад, баръакс онҳо мехоҳанд сарватҳои Русияро кашида гиранд.

Аз ин лиҳоз, яке аз гузинаҳои эҳтимолии мубориза бо Русия – ин миллатгароӣ аст, ки дар Украина хеле маъмул буда, идомаи идеологияи фашистӣ мебошад.

Тоҷикистон аз хатти фронт аз ҳама дуртар ҷойгир шуда буд. Бо вуҷуди он, ки он замон аҳолии мо хеле кам буд – ҳатто 1 миллион нафар ҳам набуд,  100 ҳазор тоҷик дар фронт ҷангида ва ҳалок гардиданд. Вақте ки дар кишварҳои ғарбӣ ёдгориҳоро хароб мекунанд, ин маънои онро дорад, ки онҳо  хотираи моро дар бораи бобою падарон, бародаронамон нобуд менамоянд. Ин ёдгориҳо хотираи умумии тоҷикон, русҳо, украинҳо, грузинҳо, арманиҳо, молдаванҳо мебошанд. Бигзор ин давлатҳо аз Русия пуштибонӣ накунанд, лекин ба шаъну шарафи гузаштагон бояд эҳтиром гузоранд.

Шояд насли имрӯза дигар андеша дошта бошанд, вале магар бобою падарони онҳо гунаҳкоранд, ки дигар хел андеша мекарданд. Онҳо барои ҳақиқати худ мубориза бурданд. Агар хоҳӣ, ки ҳақиқати туро эҳтиром кунанд, пас ҳақиқати аҷдодони худро эҳтиром кун. Ба хотира бояд чунин муносибат кард.

Ҳамаи мо бояд ба он воқеаҳо ва шахсиятҳое, ки ин ғалабаро имконпазиру наздиктар карданд, эҳтиром гузорем. Бояд он нақшеро, ки Горбачёв ва Елтсин дар барҳам додани он давлату ҳукумат бозиданд, донем ва ҳақиқати ҳолро гӯем. Танҳо бо гуфтани ҳақиқат насли имрӯза бовар хоҳад кард, ки мо ба гузашта эҳтиром мегузорем ва ба он оқилона баҳогузорӣ менамоем. Он гоҳ дастгирии Русия низ бештар мешавад”.

Он нақшае, ки Ғарб пеш гирифтааст, пеш аз ҳама барои худи кишварҳои Ғарб таҳдид меорад. Ба андешаи коршиносон эҳтимол ақидаҳое пайдо шаванд, ки фашизм ва натсизм дар баробари дигар идеологияҳо, гӯё танҳо «системаҳои ақидаҳои сиёсӣ» буданд, ки ба амнияти тамоми Аврупо ва умуман ҷаҳон таҳдид мекунанд. Кремл қайд кард, ин гуна амалҳо барои худи шахсоне, ки ба хотири вазъи яклаҳзаинаи сиёсӣ содир мекунанд, зараровар аст. Ҳамин тавр, кӯшишҳои аз сари нав навиштани таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва паст кардани нақши Иттиҳоди Шӯравӣ дар ғалаба бар фашизм нодуруст ва ноодилона мебошанд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь