Бо вуҷуди он ки масъулини соҳаи нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе мегӯянд, сатҳи хизматрасониро беҳтар кардаанд, аммо сокинон аз хизматрасонии мусофиркашҳо қаноатманд нестанд. Камбуди нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, бахусус дар субҳу шом, бошандагони пойтахт ва аксаран донишҷӯёнро нигарон кардааст.

Ин манзараи ҳузнангезро суҳби имрӯз, соати 07:20 дақиқа дар охири хатсайри рақами 8, дар маҳаллаи Зарафшон мушоҳида кардам. Ҷавонони зиёд, ки аз галстуку портфелашон аз донишҷӯ буданашон гувоҳӣ медод, рӯи роҳ рехта, интизори мусофиркаш буданд. Эшон дар “ғами” мусофиркаши рақами 8, ки асосан ба самти марказ (аз назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегузарад) ҳаракат мекунад, чунон “сӯхтаву пухта” буданд, ки бо пайдо шудани он худро мисли парвона ба шамъ мезаданд. Хайр, дигар чӣ кор ҳам кунанд! Бояд то оғози дарс худро ба донишгоҳашон бирасонанд, вагарна “болои сӯхта намакоб” бояд ба ҳар як соати аз дарс дер кардаашон маблағ супоранд.

Малика Расулова мегӯяд, аз шаҳри Ҳисор ба Душанбе меояд ва донишҷӯи курси 1-уми ДМТ аст. Номбурда мегӯяд, ҳар субҳ 5 сомонӣ роҳкиро мекунад ва бо мошинҳои шахсии мусофиркаш ба Душанбе меояд, ки нуқтаи охирашон назди маркази саломатии рақами 14-и маҳаллаи Зарафшон аст.

– Агар субҳ аз хона барвақтар ба роҳ барояму то соати 7-и саҳар ба Душанбе расам, барои расидан ба дарс қариб, ки мушкилӣ намекашам, вале ҳолатҳое мешавад, ки аз хона дертар мебароям ва ба чунин аҳвол дучор меоям, – мегӯяд Малика ва ба тӯдаи ҷавонон ишора мекунад, ки якдигарро телакунон ба мусофиркаш даромадан мехоҳанд.

Ин донишҷӯдухтар аз он изҳори таассуф кард, ки бовар надорад ҳамаи ин донишҷӯён аз Ҳисору Турсунзода ва дигар минтақаҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе бошанд. “Онҳо аксарият дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва мисли ман аз роҳи дур намеоянд. Пас чаро субҳ барвақтар хеста, ба роҳ намебароянд, то барои донишҷӯёни роҳдур мушкили нақлиёт камтар эҷод шавад”.

Масъулини вазорати нақлиёти кишвар, бахусус идораи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки дар самти таъмину танзими мусофиркашҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе муваззафанд, моҳе қабл дар нишасти матбуотӣ ба нигаронии рӯзноманигорон оид ба хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ гуфта буданд, ки “нақлиёт барои кашонидани мусофирҳо дар шаҳри Душанбе ба меъёр мувофиқ аст ва наметавонанд теъдоди онро зиёд кунанд”.

Ба гуфтаи эшон, нарасоии нақлиёт танҳо субҳу шом, на бештар аз 20-30 дақиқа эҳсос мегардад, ки дар чунин лаҳзаҳо нақлиёти иловагиро сафарбар мекунанд, то шиддати онро поён баранд. Масъулин иддао доранд, ки чунин ҳолатро “Час пик” мегӯянд ва маъмулан дар кишварҳои бузургу тараққикарда ҳам вуҷуд дорад.

“Ба меъёр мувофиқ” будани нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки аз меъёр зиёд мусофир гирифтани ронандаҳои хатсайрҳо мусофирони дар дохили нақлиётбударо ба ташвиш овардааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанд курсиҳои мусофиркаш пур бошанд ҳам, ронандаҳо ҳатман сари гардишҳову ҷойҳои серодам манъ карда, пулчинакҳо одамонро ба нишастан даъват мекунанд. Агар чунин ҳолат ҳангоми субҳу шом, вақте ки мусофирон хеле зиёд ва маҷбуранд, иттифоқ афтад, ҳатман “болои ҳам” савор хоҳанд шуд. Чун дигар илоҷ надоранд! Ин ҳолат забони ронандаҳоро “дароз” кардааст ва борҳо худро сафед карда гуфтаанд, ки “мусофирон худашон савор мешаванд, мо онҳоро маҷбур намекунем”.

Боиси тааассуф аст, ки муқаррар гардидани 1 сомонию 60 дирам барои як истгоҳ ҳам натавонист лаҷоми ронандаҳои бесару баднафсро кашад. Онҳо чун қабл гаронии сӯзишворию қисмҳои эҳтиётии нақлиётро баҳона меоранд ва гоҳ бо мазлумнамоӣ ва гоҳ бо бепарвоӣ ба ҳарфи як-ду нафаре, ки ба чунин амали ронандаҳо эътирозаке мекунанд, ҷавоби ноназаргиронае медиҳанд, ба қавле “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь