ва маро “мушкили глобалӣ” мешуморад?

Ба Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ

аз номи истиқоматкунандаи ш. Душанбе, н. Сино, к. М.

Ашуров (П. Морозов) х. 12 Алимардонова Н.М.

Мӯҳтарам Раис!

Қабл аз ҳама, миннатдории худам ва аҳли оилаамро ҳамчун сокини шаҳри Душанбе бобати ободӣ, зебоӣ, амну оромии шаҳри дилороямон Душанбе ба Шумо иброз медорам. Воқеан, ифтихори бузург аст бароямон таҳти ин идораи босалоҳият ва пурмасъулияти Шумо дар ин шаҳр зиндагонӣ кардан.

Мӯҳтарам Раис, ман дар ин шаҳр таваллуд шудам ва ҳамин ҷо низ бузург шудаму хуб дар ёд дорам, ки аввал чӣ гуна буд пойтахти кишварамон ва ҳоло ба чӣ шаҳри зебое табдил ёфтааст. Меҳмонҳои дуру наздик мафтуни зебоиву тозагӣ ва ободии шаҳри Душанбе гардида, онро «Шаҳри Орзуҳо» низ ном мебаранд.

Ин ҳама, натиҷаи сиёсати хирадмандона ва заҳмату меҳнати беминнати Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат ва Сардори тоҷикони дунё, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои мардонавору иродаи мустаҳками Шумо, мӯҳтарам Раис мебошад.

Мо, сокинони шаҳр кӯшиш мекунем, ки лоиқи шаҳрванди ин гаҳвораи ором ва шаҳри зебои Душанбе бошем. Хеле биноҳои ободу зебо ва дилкашу мутобиқ ба стандартҳои замонавӣ сар ба афлок мекашанд ва ҳусни шаҳрро дигаргун месозанд. Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи шаҳрдории Шумо аст, ки хеле аз ширкатҳои сохтмонӣ лоиқи эътимод гардида, бо заҳмати ҳалол хонаҳои баланд месозанд, ки ба талабот ҷавобгӯй ҳастанд ва ҳусни шаҳрро оротару зеботар мегардонанд.

Аксари биноҳои бунёдшавандаи шаҳр дар ҷои собиқ хонаҳои яку ду ва севу чорошёнаҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд. Масъулияти боадолатонае, ки тибқи қонун дар назди сохтмончиён мегузоред – ин муомилаи дуруст ва аз рӯи инсоф бо истиқоматкунандагону соҳибони ин хонаҳои вайроншаванда аст, ки ба ҷояшон хонаҳои баландошёна бунёд мегарданд. Аксари ин сохтмончиён муқаррароти қонун ва дастурҳои Шуморо ба таври комил ва аз рӯи инсофи инсонӣ риоят мекунанд. Мутаассифона, баъзе ширкатҳои сохтмоние ҳастанд, ки аз вазъу мақоми худ, ки Шумо ба онҳо бовар кардед, хеле мағруру баландназар гардида, ба худ иҷозат додаанд, ки бо соҳибмулкон ва истиқоматкунандагони хонаҳои кӯчонидашаванда, мутобиқ ба табъу нафси худ муомилаву муносибат мекунанд.

Ман намехоҳам ба фаъолияти дигар ширкатҳои сохтмонӣ ва ё аз даҳони мардум шунида, ҳарф занам, танҳо аз ҳолате баён менамоям, ки бевосиба бо ман рух дод ва ба хонаву оилаи мо дахл дорад.Барои маълумот баён менамоям, ки хонаи 12, воқеъ дар к. М. Ашуров дар асоси ҳуқуқҳои соҳибмулкӣ ба ман Алимарданова Н.М. тааллуқ дорад ва он дар таърихи 06.06.2014 ба ман аз ҷониби падарам ҳадя карда шудаасту ман дар ин ҷо бо оилаам ва се фарзанди ноболиғам истиқомат дорем. Соли 2020 мо хабар ёфтем, ки аз ҷониби ширкати сохтмонии ҶДММ «Тибби Суҳайб» тасмими бунёди сохтмони бинои баландошёна дар маҳаллаи мо ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз бештар аз 3 сол аз замони хабардор  гардидани мо гузашта рафтааст, аммо то ба ҳол муомилаи байни мо ва ҶДММ «Тибби Суҳайб» номуайян боқӣ мондааст ва ҳеҷ шартномае ба имзо расонида нашудааст. Мутобиқи регламенти кории ширкатҳои сохтмонӣ аввал бояд муомилоти қонунии байни ман, ҳамчун соҳибмулк ва ҶДММ «Тибби Суҳайб», ҳамчун ширкати сохтмонӣ аз диди қонунӣ ва ҳуқуқӣ пурра танзим дароварда шавад, ки ин ҳолат тамоман риоя карда нашудааст. Мутобиқи банди 2-и муқаррароти Шумо, мӯҳтарам Раис, Ширкати сохтмонӣ бояд розигии соҳибмулкони хонаҳои истиқоматиро бигирад ва банди 3-и ҳамин қарор талаб намудааст, ки танҳо баъди гирифтани ин розигӣ ба корҳои сохтмонӣ шурӯъ намояд. Сабаби асосии ингуна муомилаи нодурусти ин ширкати сохмонӣ (ҶДММ «Тибби Суҳайб») –ро дар он мебинам, ки ҳавлии мо тибқи нақша зери сохтмон қарор намегирад. Мутобиқи маълумот, ҷои хонаи мо роҳ ва таваққуфгоҳ мешавад. Ҳолати мазкур маънои онро надорад, ки ҳуқуқҳои мо камтар аз ҳуқуқҳои он нафароне, ки дар ҷои хонаҳояшон бино бардоштаанд ва дар ин асос ҳуқуқҳои мо дағалона вайрон шудааст, камтар бошад. Мӯҳтарам Раис, ба ҶДММ «Тибби Суҳайб» бар асоси боварӣ ва Қарори Шумо таҳти №134 аз 27.02.2020 иҷозати сохтмони хонаҳои баландошёна дар маҳаллаи мо дода шудааст. Дар банди 2 –и қарори мазкур мушаххас омадааст, ки: «Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тибби Суҳайб» вазифадор карда шавад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва таъмини адолати иҷтимоӣ ҷуброни зарари бартарафкунии манзилҳои мавҷудаи истиқоматиро тибқи қонун барқарор, инчунин розигии соҳибмулкони хонаҳои истиқоматиро оид ба таъмини онҳо бо манзилҳои истиқоматии муваққатӣ ва шартномаҳоро бо соҳибмулкон бо мақсади бартарафсозӣ бо шарти минбаъд пайдо намудани моликият ба манзилҳои истиқоматӣ дар биноҳои навбунёдшуда, тариқи нотариалӣ ба расмият дарорад».Ҳолати мазкури муқаррароти банди номбурда нисбати ман, ҳамчун соҳибмулки хонаи № 12, кӯчаи М. Ашуров аслан риоя нашуда, дағалона вайрон карда шудааст. Аз замони ба даст овардани қарори номбурда се соли пурра гузашта, чорум сол оғоз шудааст ва ин нишондиҳандаи бесалоҳиятӣ, худкомагӣ ва бемасъулиятии роҳбарияти ҶДММ «Тибби Суҳайб» -ро нисбати Қарори Шумо, мӯҳтарам Раис ва ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати мо, – соҳибмулкон меҳисобам. Соҳиби асосии Ҷамъияти номбурда аслан бо мо сӯҳбате наоростааст, танҳо кормандонашро мефиристад, ки бо гапи сахту лаҳни ноҷо сӯхбат мекунанд ва корро аслан ба ягон муомилаи дуруст оварда натавонистанд. Ҳатто лаб ба таҳқири шахсияти ман боз карда, обрӯрезонӣ ҳам мекунанд. Ҳамчунин, ҳолати зиндагонии худам ва аҳли оилаамонро тасвир накарда наметавонам.

Мӯҳтарам Раис, аз рӯзе, ки корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд то ба имрӯз мо дар зери садоҳои гӯшхароши сохтмочиён ва дастгоҳҳои онҳо ва ларзиши замину деворҳои хона қарор дорем. Крани сохтмониашон дар вақти ғайрикориаш ҳамеша болои хонаи мо қарор дорад ва Раиси мӯҳтарам азбаски ҳолатҳои афтодани кранҳо низ имконпазиранд, мо дар ҳолати тарс зери он зиндагонӣ дорем. Ба талаби мо, ки крани сохтмониро ба дигар тараф гардонида монед, гӯш намекунанд ва бо масхара мегӯянд, ки «шамол ҳамон тарафи шумо мебарад ва ин мушкили мо нест». Кӯдакон низ дар ҳолати ваҳму тарс зиндагӣ доранд, ба сабаби ларзиши зиёд деворҳо рехта истодаанд, таҳхонаи мо ба сабаби корҳои сохтмони ширкати номбурда пур аз наму об гардида, болои намӣ қарор дорем. Барои ба таҳхона об даровардашон низ ба назди онҳо рафтем, аммо танҳо даст меафшонанду мегӯянд, ки «ин мушкили мо нест». Мошинҳои калони боркаш шабу рӯз бо садои баланд кор мекунанд, ҳатто соатҳои 12 – 1 –и шаб низ кор карда, имкони истироҳату хоби моро сахт халалдор кардаанд.Бо ин таъсири равонӣ саломатиамро аз даст додаам, аммо ин мардуми масъулро парвое нест. Ба сабаби накӯчонидани хонаи мо бе шарту шартнома мо маҷбур тоқат карда истодаем, аммо ширкат ҳеҷ ҳараркате барои муайян кардани муносибати мо ба роҳ намонда истодааст. Соли 2021, баъди як соли оғози корҳо ман расман бо нома ба роҳбарияти ҶДММ «Тибби Суҳайб» муроҷиат намуда, талаб карда будам, ки муомилаамонро мушаххас намуда, шартнома бандем. Ҳеҷ садое набаромад. Ҳоло чорум сол мешавад, ки ин номуайянӣ ҳамчунон боқӣ мондааст ва вақте ки ба роҳбарияти он расонидам, ба маъмурини давлатӣ муроҷиат мекунам, молики сохтмон Парвиз аз номи нафарони хонаводаи Шумо, мӯҳтарам Раис гап мезанад. Ман, албатта ба ин бовар надорам, аммо ин нафарон ба ҳар кори дурусту нодуруст қодир ҳастанд. Атрофи хона пур аз партов гардидаанд, ба сабаби ҳамин сохтмонҳои нимбуди мавҷуда, дар он одамони бехонаву дар ва дар кӯчаҳо истиқомат мекардаг (“бомжҳо”) хеле зиёд шудаанд. Дар маҷмӯъ, ман ҳамчун як сокини шаҳри зебоямон ба Шумо, мӯҳтарам Раис ҳолати воқеии бо худи мо рухдодаро рӯи коғаз инъикос намудам, ки пеши роҳи ин бедодгариҳо гирифта шуда, рушду нумӯи шаҳри дилрабоямон боз ҳам афзоиш намояд.

Дар охир, мӯҳтарам Раис, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ҳалли мушкили пешовардаи ҶДММ «Тибби Суҳайб» чораҳои зарурӣ андешида, ҳуқуқҳои вайроншудаи моро, бо адолати худ барқарор намоед. Ҳуҷҷатҳои хона, нусхаи Қарор ва дигар санадҳои дар дастрасии мо буда, ба аризаи мазкур барои шиносоӣ замима карда мешаванд.

Алимардонова Н.М

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь