Ва ӯ аз як зани муштипар чӣ мехоҳад?

Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,

Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ман маротибаи дуюм тариқи матбуоти даврӣ ба Шумо муроҷиат мекунам. Чунки ҷои дигар барои имдодталабӣ надорам.

Боварии комил дорам, ки Шумо ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои кулли шарҳвандони мамлакат ба доди сокинон мерасед. Банда санаи 23-юми феврали соли 2023 ба унвони Шумо – Пешвои муаззами миллат, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён дар бораи кирдорҳои ноодилонаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек муроҷиат намудаму ҳамзамон муроҷиати ман бо муҳтавои муфассал дар газетаи “Фараж” зери сарлавҳаи “Баҳси як курсӣ дар се мақомот ё чӣ тавр Давлатзода зӯрашро ба зан собит кардан хост” ба табъ расид. Бовар доштам, ки муроҷиатҳои ман аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ холисона мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба амалҳои Давлатзода Д.А. баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад ва ҳамчунин, волоияти қонун ва адолати судӣ барқарор мегардад.

Ҷаноби Олӣ, муҳтавои муроҷиати ман аз он иборат буд, ки Давлатзода Д.А. аз ҳиссиёти қасдгирӣ бо сӯистифода аз мансаб, бе асосҳои мушаххас, ки моддаи 42-и КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, бар хилофи муқаррароти қисми 4-и моддаи 42-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26-уми майи соли 2021, беасос ва ғайриқонунӣ маро аз вазифаи ба дӯшдоштаам озод кард. Ин дар ҳолест, ки банда дар ин давра, яъне аз 17 то 31-уми майи соли 2021 бо ташхиси «Бемории фишорбаландӣ шараёни дараҷаи 2, хатари 3 Холестити музмин» дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд тариқи статсионарӣ дар муолиҷа қарор доштам ва Давлатзода Д.А. бе риояи талаботи моддаи 44-и Кодекси меҳнати ҶТ, бидуни гирифтани розигии пешакии иттифоқи касаба фармони аз вазифа барканор кардани маро баровардааст. Табиист, ки ман барои ҳимояи ҳуқуқҳоям ба суд муроҷиат намудам. Дар раванди баррасии парванда аз рӯи аризаи даъвогии ман дар бораи мавриди баҳс қарор додани фармони мазкур, ки таҳти баррасии судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Беҳрӯз Шафо сурат гирифт, бо далелҳои боэътимоди болозикр бо пуррагӣ собит гашт, ки фармони Давлатзода Д.А. дар бораи аз вазифа озод намудани ман мутлақо ғайриқонунӣ мебошад.

 Вале судя Беҳрӯз Шафо на ин ки далелҳои боэътимоди болозикрро ба эътибор нагирифт, балки тибқи муқаррароти моддаи 58, қисми 4-и моддаи 202 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 2-и моддаи 54-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 41 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2021 №1 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ” онҳоро инкор накард. Судя танҳо ба иддаои беасоси Давлатзода Д.А. монанди “Пӯлодӣ У.Т. ба камбудии моддӣ роҳ додааст”, “Варақаи корношоямии Пӯлодӣ У.Т. зери шубҳа қарор дорад”-ро қобили қабул донист. Дар ҳоле ки тибқи хулосаи мутахассисони Раёсати тандурустии вилояти Суғд варақаи корношоямӣ асоснок эътироф гардида, аз ҷониби ягон мақомоти салоҳиятдор беэътибор дониста нашуда, то имрӯз эътибори қонунӣ дорад. Судя Беҳрӯз Шафо ҳамчунин ба хунукназарӣ роҳ дода, бархилофи талаботи қисми 2 моддаи 157 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 7-и Қарори Пленуми болозикр баррасии парвандаи муқаррариро беш аз 7 моҳ беасос кашол дод. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории мамлакат мӯҳлати баррасии чунин парвандаҳо як моҳ муқаррар карда шудааст.

Муҳтарам Президенти Тоҷикистон, арзу шикоятҳои мунтазами ман ба Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беэътиноии судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳаллу фасли онҳо, ҷавобҳои судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ вобаста ба эрод, ваҷҳ, иддао, ки муфассал дар шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ бо нишон додани асосҳо, ки мутлақо беасос ва ғайриқонунӣ будани санадҳои судиро вобаста ба ҳамин парванда собит месозанд, гувоҳи онанд, ки аз судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ бӯйи умед нест. Зеро ин ниҳодҳо аслан вазифаҳои худро, ки таҳқиқу ба инобат гирифтани далелҳо, “мӯйро аз хамир ҷудо кардан”-у «Ҳақро ба ҳақдор расонидан” аст, фаромӯш карда, танҳо бо ибораҳои якрангу дилгиркунанда, амсоли “ваҷҳҳои Шумо тасдиқи худро наёфтанд”, “асос барои бекор кардани санадҳои судӣ вуҷуд надоранд” посух додаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, хеле ҷоиз мешуморам як ҳолатро қайд намоям. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми ноябри соли 2021 таҳти №1 Қарор “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ” қабул намуд, ки дар мундариҷаи он чунин дарҷ шудааст: “Бинобар дар таҳрири нав қабул шудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела, татбиқи дурусти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ қарори мазкур қабул карда мешавад” ва дар ин тавзеҳоти дастурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал шарту шароити муносибатҳои меҳнатии корфармо ва корманд, ҳуқуқу ӯҳдадории тарафҳо ва ғайра тавзеҳ дода шудааст.

Ҷавобу посухҳои судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзу шикояти ман аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки номбурдагон бо матни ин Қарор умуман ошно нестанд. Агар шинос шуда бошанд ҳам, онро заррае риоя намекунанд.

Ҷаноби Олӣ, аз он ки судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Беҳрӯз Шафо, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадзода М., Ёқубзода А.Х. ва Хушмаҳмадзода А. ваҷҳу иддаои маро вобаста ба беасос ва ғайриқонунӣ, аз ҳиссиёти бадбинии шахсии Давлатзода Д.А. нисбат ба ман доштааш, озод намудани ман аз вазифа нодида гирифта, ба онҳо беэътиноии рӯирост зоҳир карда истодаанд, зарурати аз ҷониби шахсан Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён баррасӣ намудани шикояти назоратии такрории ман ба миён омадааст. Тибқи моддаи 378-и Кодекси мазкур Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ягонагии таҷрибаи судӣ ва қонуният ҳуқуқ дорад ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намояд. Аз ин рӯ, аз Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Шоҳиён эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз натиҷаи баррасии шикояти навбатии назоратии ман, ки ба унвони ӯ пешниҳод гардидааст, бо имзои худ ҷавоби муфассал, бо далели инкор намудани ваҷҳҳои пешовардаам ирсол намояд. Ҳамчунин, нисбати судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Беҳрӯз Шафо, ки мӯҳлати баррасии аризаи даъвогиро дағалона вайрон намуда, маро тӯли зиёда аз 7 моҳ сарсону саргардон кард, муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шавад.

Давлатзода Д. А. бошад, аз кашолкории беасоси судяҳо истифода карда, бо мақсади пинҳон намудани қонунвайронкуниҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”-ро дағалона вайрон, бо фармоишҳои беасос 8 маротиба дар ҳайати зиёда аз 41 нафар ашхоси наздикаш гурӯҳи корӣ таъсис дода, бо мақсади бо ҳар роҳе набошад ошкор намудани камбудӣ дар фаъолияти кории банда ба ҳайси сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои санҷиш сафарбар намуд. Гурӯҳи кории мазкур беасосу ғайриқонунӣ дар мавриди ҷой доштани камбудии молиявӣ дар ҳисобот ба миқдори 4 529 037 (чор миллиону панҷсаду бисту нӯҳ ҳазору сию ҳафт) сомонӣ санад тартиб доданд. Давлатзода Д. А. бошад, шахсан бо мақсади гунаҳкор намудани ман дар содир кардани ҷинояти махсусан вазнин, санади ғайриқонуниро 2 июни соли 2021 ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда, дархост намуд, ки нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад.

Аммо санҷиши аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии ҶТ дар якҷоягӣ бо масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда, бо далелҳои боэътимод ҳолати ҷой доштани зарари молиявиро дар фаъолияти ман бо пуррагӣ инкор карданд. Бо қарори муфаттиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, бинобар тасдиқ нашудани ваҷҳу иддаоҳои беасоси дар санад зикршуда рад карда шуд.

Муҳтарам Пешвои миллат, ҳамаи тӯҳмату бӯҳтони болозикр танҳо бо мақсади аз вазифа озод намудани ман ва ба ҷойи ман таъин намудани Қосимзода С.О. сурат гирифта, бо маслиҳату машварати пешакии бевоситаи Давлатзода Д.А. ва Қосимзода С.О. тарҳрезӣ шуда буданд. Ахиран онҳо ба мақсади худ расида, бо фармони Давлатзода Д.А. Қосимзода С.О. ба вазифаи ман – сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин карда шуду дар фосилаи кӯтоҳтарин аксарияти мутахассисони пуртаҷрибаю босаводро аз кор ронд. Фаъолияти соҳа коста гардид ва дар натиҷа имконияти саривақт пардохт намудани нафақа аз байн бурда шуда, рӯз то рӯз норозигии нафақахӯрони вилояти Суғд зиёд гардида истодааст. Новобаста аз он ки Прокуратураи генералии ҶТ ва мақомоти болозикр беасосу ғайриқонунӣ будани муроҷиати Давлатзода Д.А.-ро собит намуданд, мавсуф боз ҳам ором нагирифта, қасдгириашро идома дод. Ӯ боз гурӯҳи корӣ таъсис дода, фаъолияти кориамро дар Раёсати Агентии суғурта ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Fафуров аз соли 2014 то соли 2019 такроран мавриди санҷиши беасосу ғайриқонунӣ қарор дод. Моҳи июни соли 2023 санади ғайриқонунии ошкор сохтани 4,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ тартиб дода, онро барои чораандешӣ такроран ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард.

Санҷиши такрории гурӯҳи кории Прокуратураи генералии ҶТ мутлақо беасосу ғайриқонунӣ будани ваҷҳҳои пешовардаи Давлатзода Д.А.-ро бори дигар собит намуду такроран бо қарори муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ, бинобар ҷой надоштани ягон камбудию қонунвайронкунӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ман рад карда шуд. Чунки Давлатзода Д.А. бо мақсади ба гумроҳӣ бурдани тафтишот далелҳои кӯҳнаи беасосашро ҳамчун фактҳои нав дар санад вонамуд намуда, бо имзоҳои муовини аввалаш Абдураҳмонзода Ч.У., ки умуман забони давлатиро балад нест, сардори Раёсат дар вилояти Суғд Қосимзода С., сардори Раёсати технологияи агентии ҷумҳуриявӣ Сайдуллозода Д., ки тибқи маълумотҳо дорои шаҳрвандии Федератсияи Россия аст ва сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе Сироҷов У. маводи беасосро такроран ба Прокуратураи генералӣ пешниҳод намудааст.

Муҳтарам Сарвари давлат, дар интиҳо ҷоиз аст зикр намоям, ки Давлатзода Д ҳатто зарур нашуморидааст, ки ба мақолаи танқидии дар газетаи “Фараж” аз 23 феврали соли 2023 нашршуда, бо сипарӣ шудани зиёда аз як сол вокуниш намояд, ки ин амали мавсуф нописандии комил нисбат ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 №622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” шаҳодат медиҳад. Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки масъалаи ба ҷойи кор барқарор намудани ман ҳаллу фасл карда шуда, нисбати

Давлатзода Д. А., Қосимзода С. О. ва дигар ҳаммаслаконаш барои қонунвайронкуниҳояшон чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Бо эҳтиром собиқ сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Пӯлодӣ Умриннисо ТУРСУНЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь