(Очерк)

Тӯли фаъолияти чандинсолаи хабарнигорӣ бо як зумра занҳои маърифатпарвару пешоҳанг ҳамсуҳбат шудаам, ки ҳар кадоме мувофиқи табъу завқ, иродаву табиат, донишу ҷаҳонбинӣ ва вазифаи бардӯшдоштаи худ тинату хислатҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо Амина Шарофиддинова аст, ки нақли ман аз рӯзгори пурбаракату ибратбахши ӯ муште аз хирвор аст.

Нигоҳе ба таърих

Бо талабу талошҳои равшанфикрони Самарқанд, ки дар қаторашон қаҳрамони ҳикояи мо низ буд, рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ва як саҳифаи рӯзномаи “Шарқ тонги”(ҳоло “Гулобод тонги”) ба тоҷикӣ интишор ёфт. Баъди ин ҳодиса мавҷи табрикоту шодбошӣ ба само печид. Дар яке аз он рӯзҳои фараҳбахш ҷавонзани хушқадду қомат ва кулчарӯйе, ки лабонаш моили табассум буданд, вориди утоқи кории ман гардид. Баъди худро муаррифӣ намудан, мақолаи услубиашро ҳамчун дастовез пешкаш кард. Иншои ӯ лоиқи “арраву ранда кардан”, ки набуд, ба чопаш иҷозат шуд. Ана ҳамин тавр, мо бо ин зан шинос ва баъдан ҳамкору ҳамқалам шудем. Бо ӯ мусоҳибаҳои доманадор оростаам ва дертар дар ҳамдастӣ мақолаҳои зиёд ҳам навиштаем.

Ӯ ташкилкунандаи тадбирҳои фарҳангии Самарқанди бостонӣ буд. Замоне ки дар мактаб дарс мегуфт, мехостам дар бораи дарсҳои ғайриқолабӣ ва таҷрибаҳои ӯ чизе иншо кунам, вале муяссарам намешуд. Одати хоксориаш намегузошт ба худ баҳои баланд диҳад ва касе агар дар васфаш чизе менавишту мегуфт, хиҷолат мекашид ва рухсораҳояш арғувонӣ мешуданд.

Тобистони соли 2017 чанд воқеоти ғайричашмдошт рух дод ва ба хулоса омадам, ки вақти “қалам ба даст гирифтан” расидааст. Намедонам вай одамонро дӯст медорад ё одамон ӯро, ки атрофаш доимо мухлисонаш парвонаанд ва сарфи назар аз ҷинсу ифои вазифа ва ё мақому манзалат онҳоро дар сари розу ниёз мебинӣ. Дар ин бора шогирди ҳоло ҷавон ва умедбахши ӯ Саодат Алиева (Парисо) низ дар яке аз мақолаҳои пурарзишаш -“Маъбудае дар сурати одамӣ” чунин нигоштааст:

“Зани оташинқалберо, ки на аз беадолатиҳои олам ҳарос дораду на аз ҷаҳолати дунё навмед, ба зумраи ононе метавон ворид намуд, ки дар толоби баҳре ба ном зиндагӣ метапад, месӯзад, мелағжад, мефитад ва аз нав сар боло мекунад. Бархе дар ин роҳ мефитанду дигар намехезанд, зумрае баръакс… Маҳз барои он ки ӯ мубориз аст: муборизи адолат, саодат, саховату шуҷоат, ки бояд бо афсӯс гуфт, ки рӯз аз рӯз кампайдост. Ҷаҳолати рӯзгор дар ҳар қадам ӯро шиканҷаҳои ногаҳоние медиҳад, аммо қалби ба маънои асил мардонааш аз ин ҳарбу зарб боке надорад, то он даме, ки ӯ бар силоҳи хиради хеш такя месозад. Дили ӯро на симу зари дунё мерабояду на сарватмандон. Далел он аст, ки ӯ дар сурати Ҷомӣ бо либосу калом ниҳоят хоксорона умр ба сар мекашад…”.

Ёди даврони кӯдакӣ

…Ниҳоят раҳмдил буд. Бисёр ҳамгузару ҳамсолонаш аз ӯ ёриву паноҳ меҷустанд. Бештар бо бачаҳои назарногир риштаи дӯстӣ мебаст. Дар ҳавлӣ як тути балхии азиме месабзид, ки Амина ба қатори мардҳо ба болояш бебокона баромада меафшонд. Бо вуҷуди шӯху беқарор будан, дар донишандӯзӣ намунаи ибрат буд ва дар мутолиаи осори нависандагон завқи баланде дошт. Аз хурдӣ китобхониро дӯст медошт. “Мартин Иден”-и Ҷек Лондон, “Дар ба дар”-и Малик Хаимов, “Кӯчаи писари хурдӣ”-и Лев Кассил, “Чаманоро”-и Рашод Гунтегин, “Ғӯрмагас”-и Войнич, “Дон Кихот”-и Мигел де Сервантес ва даҳҳои дигарро маҳз дар айёми мактабхонӣ бо завқ мутолиа кардааст. Чи дар сари ҷомашӯӣ, чи ҳангоми тановул ва ё ҷое, ки муносиб омад, пеши чашмонаш китоб буду дастонаш дар иҷрои корҳо. Нисфишабҳо модараш бедор шуда, ӯро дар сари коғазу қалам дида, маҷбур мекард, ки каме хобида истироҳат кунад ва ба ин хотир чароғро хомӯш мекард. Модари меҳрубон ҳарчанд сермутолигии духтарро мепазируфт, аммо аз андешаи он, ки ба саломатии ҷигаргӯшааш таъсири манфӣ нарасад, дар изтиробу таҳлука буд. Дар корҳои ҷамоатии мактаб хеле фаъол буд. Ин буд, ки ҳар сол сазовори ифтихорномаҳою нишонҳои сарисинагӣ мегашту аксаш дар тахтаи фаъолони мактаб ҷой дошт. Мактаби миёнаи рақами 95-и ба номи Мирзо Турсунзодаи деҳаи Хаймарро бо медали тилло хатм намуд.

Дар дил умеди корманди низомӣ, саҳеҳтараш, ҳарбӣ шуданро мепарварид, аммо ин интихоби ӯро волидайн қабул накарданд ва як умр ормони дилаш шуда монд. Аз ҳолдонҳо шунидаам, ки чӣ тавр сурудҳои ватанпарварона ва ба солҳои ҷанг бахшидашударо бо иштиёқи баланд месароид. Алалхусус, сурудҳои “Там в дали…”, “День победы”, “Катюша”, “Московские вечера”, “Вставай, страна огромная!”- ро бо маҳорату истеъдоди хоса иҷро мекард.

Бо амри тақдир чунин шуд, ки бо як имтиҳон, яъне иншо шомили Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии вилояти Самарқанд гардид. Ёд меоварад, ки чанде пеш “Дохунда”-и Садриддин Айниро мутолиа карда буд ва тасодуфро бинанд, ки иншо низ айнан дар ин мавзӯи дӯстдоштааш, яъне “Мазмун ва мундариҷаи ғоявии романи “Дохунда”-и Садриддин Айнӣ” буд ва иншоро бо илҳоми баланду бе душворӣ навишт. Ҳамон лаҳза шояд ӯ тасаввур намекард, ки ба Айнишиносӣ таваҷҷӯҳи хоса пайдо карда, ба ин мавзӯъ содиқ хоҳад монд. Донишкадаро бо мадраки боимтиёз ба поён расонд.

Бозиҳои тақдир

Фардои рӯзе, ки диплом дар даст ба хона омад, падар ба сифати шукрона соати дастиеро барояш ҳадя карду ишора кард, ки то ин дам вақтат аз рӯйи ҷадвали муқарраршудаи қатъии таълим буд, акнун бошад, ҳар лаҳзаи ҳаётатро бояд аз рӯйи ин соат нақшагирӣ намоӣ, ки ягон дақиқааш зоеъ нагардад. Рӯзи дигар гуфт: “Бо ту ҷойе меравем” ва мошинсавор ба мактабе овардаш. Он ҷо марди ҷуссадори ситорагарму нармгуфтор, ки роҳбари мактаб – Болтаев Мавлонқул будааст, онҳоро гарму самимӣ истиқбол гирифт. Болтаев сабаби  ташрифи онҳоро пурсон шуд. Чун фаҳмид, ки падар барои духтараш – Амина ба суроғи кор омадааст, ғайричашмдошт ва фавран розигӣ дод. Фаъолияти омӯзгории вай аз соли 1984 дар ҳамин даргоҳ оғоз ёфт. Аз омӯзгорони пешқадаму писандидаи донишомӯзону аҳли ҷамоаи мактаб маҳсуб мешуд. Панҷ соли пурсамар сипарӣ шуду воқеаи аҷибе рух дод, ки сабаби аз вазифа сабукдӯш шуданаш гардид.

Аҷабо! Амина чи сон бо хайрхоҳии роҳбари таълимгоҳ осон ба кор омада бошад, ҳамон тавр бо раъйи ин роҳбар аз ин даргоҳ ронда шуд. Вай шахси боэътимоди яке аз номзадҳо дар интихоботи вакилони мардумӣ буд, ки рақиби котиби якуми Кумитаи ҳизби ноҳия буд ва бино ба тартиботи интихобот расман 15 рӯз аз дарсҳо озод карда шуда буд. Интихобот ба поён расид ва рӯзи дигар Амина ба мактаб омад. Дар хонаи муаллимон сарвари таълимгоҳро дида ҳайрон монд. Зеро директор одати дар хонаи омӯзгорон омада нишастан надошт. Вай фақат ҳангоми маҷлисгузаронӣ меомаду халос. Амина ба ӯ бо эҳтиром салом дод ва узр пурсида аз ҷевон журнали синфро гирифтанӣ шуд.

– Муаллима, заҳмат накашед, – гуфта аз ҷояш хест директор, – ба шумо иҷозати синф даромадан нест.

– Нафаҳмидам?! – ҳайрон шуд муаллима, – хонандагони синфи нӯҳум интизори ман ҳастанд.

– Қарори ман қатъӣ, – бо ҷиддият гуфт директор, – зеро шумо низоми таълими халқиро вайрон карда 15 рӯз бесабаб ба дарсҳо наомадед.

– О, ман аз рӯйи қонуни интихобот ваколати маҷлисгузаронӣ ва муаррифии номзади интихобшавандаро доштам. Шумо аз ин хабардор-ку?!

– Шумо беҳтарин коргари ман, аммо ҳозир гапи бисёр лозим нест, – гуфт аз ҷояш хеста директор, – агар шумо ихтиёран ариза нанависед, маҷбурам худам фармон бароварда аз вазифаатон сабукдӯш кунам, зеро дигар чораам нест, умед дорам маро мефаҳмед. Сарвари таълимгоҳ берун рафт. Табиист, ки Амина ариза нанавишт. Баъди чанд муддат роҳбари мактаб ӯро ба утоқи кориаш даъват карду бобати аз вазифа сабукдӯш шуданаш фармонро ба дасташ дод. Аминаи ҳайратзада дар ҷояш ҳайкал шуд. Ду-се нафар омӯзгорон, ки аз қазия бохабар буданд, тавони сухан гуфтан надоштанд ва худро бо навис-навис андармон месохтанд, гоҳ сӯйи ӯ менигаристанду гоҳ сӯйи дар. Амина чӣ тавр тарки мактаб карданашро худаш ҳам надонист. Саволу муаммоҳои нав ба нав ӯро дар гирдоби худ ғарқ карда буданд…

Талотумҳои ҳаводис

Вай душмани ашаддии разолат аст. Ӯ тамоми умр бо овози баланду ошкоро, бо иродаи матину руҳи қавӣ, қалами буррову забони гӯё мубориза бурд ва ҳамон мебарад. Аз талоши ҳаррӯзаи зиндагӣ, хараҷу мараҷ, заҳмату ташвишҳои он хаставу дилмонда шудани ӯро мушоҳида накардаам.

“Истиқлолият моро имконияти ҳастӣ дод, ҳастии миллии бошарафона ва пур аз ифтихор. Ҳоло истиқлолияти комилро соҳибем ва шароит фароҳам омада, ки барои шинохти асолати таърихӣ, мақому мартабаву ҷойгоҳи худ бо ҳисси масъулиятшиносӣ саъйи комил намоем. Дуруст, тамоми имкониятҳо бароямон фароҳам омадаанд, аммо аз онҳо ҳанӯз дуруст истифода карда наметавонем. Чунки ба пояи баланди худшиносӣ нарасидаем. Барои расидан ба он моро донишу таҷриба мебояд. Дар ин роҳ аз худ набояд қонеъ шуд, пайваста бояд омӯхт ва таҷрибаҳоро ғанӣ гардонид, яъне саъй бояд намуд, саъю кӯшиш!”, – мегӯяд ӯ,

Соли 2011 Амина, ки Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон, аъзои Шӯрои илмию услубии Маркази таълими Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муаллифи барномаҳои таълимии забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ барои синфҳои 5-9-и макотиби Ӯзбекистон, беш аз сад мақола, китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои донишомӯзони синфи 7-и ҷумҳурӣ, якчанд китобҳои илмию оммавӣ буд, бо баҳонаи ҷавобгӯи талаботи аттестатсияи давлатӣ  набудани “дониш”-аш ба мартабаи ишғолкардааш “нолоиқ” дониста шуда, аз вазифааш сабукдӯш гардид. Ҳол он ки дар яке аз мусоҳибаҳоям бо Азиз Аминов – собиқ ректори ин донишкадаи мӯътабар афзуда буд, ки Амина Шарофиддинова муаллимаи пешқадаму навовар, равшанфикру ташаббускор аст, ки ин обрӯи онҳост.

Соли 2018 қаҳрамони ҳикояамро ба сифати омӯзгори пуртаҷриба ба Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро даъват намуданд. Рафт. Дар гурӯҳи филологияи тоҷик бо шавқу умедҳо ба тадрис пардохт. Он низ дер давом накард. Зумрае аз ақрабнешони касофати худӣ имкон надоданд, ки фаъолияташро босамар идома диҳаду ба Самарқанди азизаш баргардад.

Дере нагузашта дар яке аз рӯзҳои ҳамон сол телефони дастияш садо дод ва нафаре аз паси гӯшӣ гуфт “Ман директори Маркази ҳудудии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ходимони педагогии вилояти Самарқанд Аълам Ибрагимов ҳастам. Мехоҳам бо шумо сӯҳбате дошта бошам. Лутфан, ҳарчи зудтар вақт пайдо карда, тарафи мо омаданатонро интизор мешавам.” Амина бо гумони он, ки шояд дар таъини нафақааш саҳве шуда бошад, ҷойи кории собиқаш омад. Медонист, ки дигар барои чизе ӯро даъват намекунанд.

Ба утоқи роҳбар, ки худро А.Ибрагимов гӯён муаррифӣ карда буд, даромад. Ҳамон утоқеро медид, ки солҳои зиёд ректори собиқаш, муҳтарам Азиз Аминов менишаст. Имрӯз дар ҳамон ҷо роҳбари тамоман барояш ноошно менишасту ғайриинтизории Амина ӯро ба сифати собиқ корманди бомаҳорати ҳамин институт ба кор даъват кард ва афзуд, ки эҳтиёҷ бар таҷрибаҳою усули тадриси ӯ доранд. Эҳсосоте вуҷудашро фаро гирифт ва аз ин боварии изҳоршуда аз гиря худдорӣ карда натавонист. Роҳбари муассиса таъкид кард, ки  метавонад аз худи фардо ба фаъолият шурӯъ кунад. Бо ҳамин се соли расо ба омӯзгорон аз асрори услуби таълим дарс гуфт. Чун соли 2021 таълим дар гурӯҳҳои тоҷикӣ қатъ гардид, табиист, ки Амина бекор монд. Худи ҳамон сол Амина ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, дар Душанбе китоби навбатияш бо номи “Дар ҳасрати фаҳми дуруст” (соли 2022) аз чоп баромад.

Зиндагии бобаракат

Вай бақои умри худро ҳам дар илму ҳам дар оила ёфтааст. Ба назари ӯ оила маконе аст, ки дар он ҷисму равони кас таскину оромиш меёбад. Паси соатҳои тӯлонии кору такопӯҳо кас мехоҳад худро ба олами осоиштаи хонавода бисупорад, то набзи оила ва рӯҳи пайвандони худро эҳсос намояд. Дар низоми кораш лаҳзаҳои дуру дарозу бофароғати бо фарзандон дар сари дастурхон нишастану бо ҳам будан маҳдуд буд. Нақл мекунад, ки бештар бо ҳам, яъне аҳли оила ба воситаи хатнависӣ иртибот доштем, зеро яке аз дарс ояд, дигаре дар кор аст ва ё баръакс. Вале лаҳзаҳои муносибро истифода бурда, аз хонишу кору бори пайвандон сари вақт бохабар мешуд.  Аз рӯйи нақлаш, дар тарбияи фарзандонаш ниҳоят сахтгир будааст, зеро ҳамсар муддати тӯлонӣ дар қабаташ набуд ва бо дасттанҳоӣ ҷигаргӯшаҳоро ба по кардааст. Ӯ фарзандонеро ба дунё оварда, чунон таълиму тарбият додааст, ки бо онҳо бо сари баланд фахру сарафрозӣ карда метавонад. Аз ҳамсар, падаршӯю хушдомани худ низ барои имкониятҳои барояш фароҳамовардаашон сипосгузор аст. Имрӯзҳо вай соҳиби се арӯсу чаҳор набераи аз ҳам дилкашу ширин буда, чун реша дар об мебошад.

Амина, ки корҳои илмию тадқиқотӣ дорад, ҳар саре чанд Тоҷикистони бародар равуо дорад. Чанде пеш азми сафари Душанбешаҳр намуд. Вай ҳар бор бо як олам таассурот бармегардад.  Дар ин мавзӯъ низ сӯҳбати мо, ба қавле қаймоқ баст:

– Ҳар бор Душанбешаҳрро беш аз пеш ободтару зебо, дилнишину дилрабо мебинам. Кишвар чунон гулпӯш аст, ки аз тамошои лолаҳои рангорангу дарахтони манзаравии он дилҳо ба завқ омада, чашми кас серӣ надорад. Бунёди биноҳои азим касро мафтун месозанд. Шаҳр ба сони кишвари худамон ғарқи бунёдкорист. Бароям аз ҳама ҷолиб сайри мағозаҳои китоб аст, ки дар таърифаш забонам лол аст. Ба имкониятҳои дар ҷодаи дастраси китобҳо доштаи тоҷикистониён ниҳоят ҳавасам меояд. Афсӯс, ки мо аз он бахт маҳрумем. Сайру зиёрати Боғҳои Рӯдакӣ, Ирам, Садриддин Айнӣ, Қабристони Лучоб, баҳрабардорӣ аз Китобхонаи миллӣ, музею театрҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, суҳбатҳо бо бузургон басо муфид асту ҳаловатбахш.”

Мо ба ин мусофири роҳи маърифату ҳақиқат, ки рӯзҳои наздик 60-сола мешаваду дар сар нақшаҳои бузургу орзӯҳо дар дили пурэҳсосаш зиёданд, сано хонда, комёбиҳо, садоқати дӯстон, қудрату ҷасорати рӯҳ ва дуои пирони рӯзгордидаро  таманно дорем ва аминем, ки ба амалӣ гардонидани онҳо муваффақ хоҳад шуд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори “Овози тоҷик дар вилояти Самарқанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь