Аржентин – Тоҷикистон 3 : 1.
Аммо: Роҳёбии дастаи то 17-солаи Тоҷикистон ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футболи наврасон дар Бразил, бегумон, аз дастовардҳои дурахшони футболи мо дар ин мавсим аст. Мутаассифона, роҳи мо кӯтоҳӣ кард ва пас аз се дидори марҳалаи гурӯҳӣ, бо натоиҷи як пирӯзиву ду бохт, номуваффақона аз саҳанаи рақобатҳо канор мондем.
Ва аммо: Ин мусобиқа мактаби хубе барои наврасони футболи кишвар гардид, ки онҳо имкон ёфтанд бо қудратҳои бузурги футболи ҷаҳон нерӯ санҷанд. Ва имкон омад ки дар бораи дастаи Тоҷикистон хабаргузориҳову расонаҳои мухталифи варзишии ҷаҳон сухан гӯянд. Мо шоҳиди пирӯзии дурахшони дастаи миллиямон бар Комеруни қаҳрамони Африқо гардидем. Ду бохти пайи ҳами тими миллиро низ шоҳид шудем, ки то ҷое (ба вижа бохт бо Испониё) ноҳинҷориҳо овард.
Дар дидор бо Испониёи номдор тақрибан коре аз мо сохта нашуд ва сатҳи баланди футболи ин рақиб бо мо қобили қиёс набуд, аз ин рӯ дар як масофи нобаробару ноҳинҷор аз майдон ноком берун омадем. Вале, дар дидори охир бо аржентиниҳо, баччаҳои мо, дар баробари ин рақиби номдортар, ҷасурона ва бо азхудгузаштагӣ зоҳир шуданд ва дар имтидоди навад дақиқаи дидор, саъй карданд, ки аз рақиб қафо намонанд. Агарчи мо бохтем, вале шойиста пайкор кардем. Баччаҳо дар ҳадди тавону маҳорати худ майдондорӣ карданд, ки ин азхудгузаштагии онҳо ба ҳар ташаккур сазовор аст. Ҳар чи аз тавону қудрати бозикунони мо бармеомад, сарф шуд. Имрӯз футболи мо дар ҳамин сатҳ аст, аз ин бешро наметавон интизор дошт. Мураббӣ Зайнуддин Раҳимуф дар фарҷоми дидор бо Аржентин иброз дошт, ки кӯтоҳии дастаи Тоҷикистон аз камтаҷрибагияш буд. Яъне, дастаи мо дар рафти тайёриҳои пешазмусобиқа бо ҳарифони қудратманди ҷаҳонӣ кам дар масоф буд; мо аз бозикунҳои майдонҳои баланд (ҳамчун Русияву Аврупо) бархурдор набудем, ё худ ин гуна бозикунҳоро дар чунин майдонҳо надорем; мо то кунун натавонистаем, ки ҳадди ақалл дар сатҳи “Истиқлол” панҷ ё шаш дастаеро муташаккил карда, вориди саҳнаи футболи ватанӣ кунем; нимкати бозикунҳои эҳтиётии дастаҳои миллии мо то кунун лангу кӯтоҳ аст ва ин ба он хотир ки захираи ночизе дорем. Ва бар замми ин, футболи якқутбӣ, ки маҳз таваҷҷуҳ ба як даста шавад (фарқ нест Истиқлол ё Помир Локо ё …) мувофиқ ба мақсади пешрафти футбол нест.
Аммо: Ҳар барору нобарорӣ сабақест баҳри дурнамои муваффақу кору пайкорҳо; бояд аз ин роҳи нобарори дастаи наврасонамон ҳам дарсе бигирему дархури шаъни кишвар дастаҳои сазоворро ба майдонҳо раҳнамун кунем.
Обид Шакурзода