Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров шоми дирӯз дар мусобиқаи гурзандозӣ дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд.

Дар мусобиқа 14 варзишгар барои медалҳо талош карданд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 74,16 метр партофта, ҷои дуюмро ишғол кард. Мақоми якум бо натиҷаи 76,88 метр насиби варзишгари Қатар Ашраф Ал Сайфӣ шуд. Ҷои сеюмро варзишгари тоҷиктабори Узбекистон Суҳроб Хоҷаев бо натиҷаи 74,06 ба даст овард.

Дилшод Назаров се маротиба қаҳрамони Бозиҳои Осиё шудааст. Ӯ соли 2006 дар Доҳаи Қатар, соли 2010 дар Гуанжоуи Чин ва соли 2014 дар Инчони Корея сазовори медали тиллои бозиҳо гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь