Тоҷикистон метавонад хеле осон ҷазои қатлро эҳё намояд?

Ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои демократӣ талош доранд ин намуди ҷазо ҳамчун амали бераҳмона ва ғайриинсонӣ дар асри XXI аз байн бурда шавад, ба назар мерасад, ки бо авҷ гирифтани амалҳои террористӣ ва ифротӣ дар дунё, мавзeи дубора ҷорӣ шудани ҷазои қатл ба ҷинояткорон муҳим шудааст.

Тоҷикистон мисле ки дар ин бора ҳарфи ахири худро нагуфтааст. Дуруст аст, ки бист сол пеш ба ин намуди ҷазо дар мо моратория эълон кардаву ба ҷояш ҳабси абад ё 25 соли зиндонро роҳандозӣ намудаанд, аммо то ҳанӯз ҷазои қатл дар қонунгузорӣ побарҷост ва эҳтимол дорад дубора фаъол шавад.

Чунин номуайянӣ чӣ қадари дигар метавонад идома ёбад ва чӣ саволу ҷавобҳоро дар пай дорад?

Пас аз 20 соли моратория эълон шудан ба ҷазои қатл, тасмим гирифтем махсусиятҳои вобаста ба онро мавриди баррасӣ қарор диҳем…

Тоҷикистон аз моратория пушаймон шуд?

Дар Осиёи Миёна танҳо се кишвар – Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҷазои қатлро барои тамоми намудҳои ҷиноёт аз қонунгузориашон бардоштаанд ва дар рӯйхати Созмони Авфи байналмилал (Amnesty International) байни кишварҳои “ABOLITIONIST FOR ALL CRIMES”, яъне кишварҳое, ки ҷазои қатлро пурра лағв кардаанд, ҷой гирифтанд. Ин маъноеро дорад, ки онҳо ба протоколи дуюми иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ имзо кардаанд, ки истифодаи ҷазои қатлро ба таври истисноӣ танҳо дар замони ҷанг иҷозат медиҳад. Кишвари дигари минтақаи мо – Қазоқистон, дар рӯйхати “ABOLITIONIST FOR ORDINARY CRIMES ONLY”, яъне кишварҳое ҷой дорад, ки ҷазои қатлро танҳо барои ҷиноятҳои муқаррарӣ бекор кардааст. Тоҷикистон бошад, дар рӯйхати “ABOLITIONIST IN PRACTICE”, яъне кишварҳоест, ки дар амал аз иҷрои ҷазои қатл даст кашидаанд, аммо дар қонунгузориашон ҳамоно побарҷост.

Дар маҷмӯъ то имрӯз, 130 кишвари дунё аз баҳри ҷазои қатл гузаштаанд. Аз ҷумла, 95 мамлакат ин навъи ҷазоро пурра аз байн бурда, 35 кишвар ҳудуди 10 сол аст ба он моратория гузоштаанд. 9 давлат ҷазои қатлро танҳо барои ҳолатҳои истисноие, чун замони ҷанг, нигоҳ доштаанд. Аммо дар 58 кишвар ҷазои қатл ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар таҷриба вуҷуд дорад.

Ҷонибдорон ва мухолифони ҷазои қатл дар дунё, аз ҷумла Тоҷикистон далелҳои худро доранд. Дар сатҳи расмӣ апрели соли 2013 – пас аз 9 соли эълон намудани моратория ба ин намуди ҷазо, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ гуфтанд, ки мақомоти салоҳиятдор бояд масъалаи ҷазои қатлро аз нав дар назардошт бо омӯхтани афкори ҷамъиятӣ баррасӣ намоянд. Дар доираҳои таҳлилӣ ин ишораи Президентро чунин шарҳ доданд, ки шояд Тоҷикистон аз моратория эълон карданаш ба ҷазои қатл пушаймон шудааст. Ҳамон сол Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода низ гуфт, “шахсан мухолифи лағви ҷазои қатлам, зеро баъзан дар кишвар ҷиноятҳои даҳшатоваре сар мезананд, ки бахшидани онҳо имкон надорад ва мумкин ҳам нест.”

Ба ин мавзуъ соли 2016 Прокурори Генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ баргашт ва гуфт, ки «ҷазои қатл бояд нисбати онҳое пешбинӣ шавад, ки ҷинояти вазнин содир мекунанд. Махсусан, онҳое, ки дидаю дониста даст ба куштор ва амалиётҳои террористӣ мезананд, ба Ватан хиёнат мекунанд ва ҳамчунин барои табаддулоти давлатӣ айбдор мешаванд».

Пас гуфтан мумкин аст, ки барои Тоҷикистон дубора ҷорӣ намудани ҷазои қатл осон хоҳад буд?

Бештар аз ин, аз роҳандозии дигарбораи ин намуди ҷазо чӣ манфиат ва чӣ зарарҳо хоҳад дид?

Ҳоло тақрибан 28 000 нафар ҷазои қатли худро интизоранд

Аз рӯи маълумоти Созмони Авфи байналмилал (Amnesty International) соли 2023 дар 16 кишвари ҷаҳон 1153 ҷазои қатл иҷро шудааст, ки ин баландтарин омор дар даҳ соли ахир ба ҳисоб меравад. Соли 2022 Amnesty International дар бораи амалӣ шудани 883 ҳукми қатл дар 20 кишвар хабар дода буд. Зимнан, ба ин маълумот ҷазоҳои қатли содиршуда дар Чин шомил намешавад, чун мақомоти он кишвар оморро дар ин бора эълон намекунанд. Аммо гуфта мешавад, дар Чин ҷиноятҳое, ки ҷазои қатл доранд, хеле зиёд буда, онро дар садри раддабандиҳо қарор медиҳад.

Теъдоди ҷазои қатл дар кишварҳои Шарқи Миёна, хоса Эрон, ҳарчанд пештар ҳам кам набуд, ҳоло якбора афзудааст. Дар ин кишвар фақат соли гузашта 853 касро эъдом (қатл) кардаанд, ки нисбат ба соли 2022 (576) 48 дарсад бештар мебошад.

Маълумоти паҳншуда бозгӯӣ аз он мекунанд, ки ҳатто дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзоиши ҷазои қатл ба назар расидааст. Агар соли 2022 ҳаждаҳ нафарро дар ин кишвар қатл карда буданд, соли гузашта – 24 касро.

Дар маҷмӯъ, шумораи ҷазоҳои қатле, ки дар соли 2023 аз ҷониби судҳо содир шудаанд, 20 фоиз зиёд шуда, ба 2428 расидааст. Ба панҷгонаи кишварҳое, ки дар соли 2023 бештарин ҷазоҳои қатлро иҷро кардаанд, ғайр аз Чину Эрону Амрико, ҳамчунин Арабистони Саудӣ (172) ва Сомалӣ (на камтар аз 38) дохил мешаванд.

Аммо ин омори охир нест. То поёни соли 2023 дар саросари ҷаҳон на камтар аз 27 687 нафар ба ҷазои қатл маҳкум шудаву интизори ҷазо ё бозбинии парвандаҳояшон ҳастанд. Маълум мешавад, аз ҳама зиёд барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ҷазои қатл эълон шудааст – 508 ҳолат ва аз ҳама бештар дар Эрон – 481 нафар.

Аввалин ва охирин маҳкумшудагон ба қатл дар Тоҷикистон

Таърихи пайдоиши ҷазои қатлро дар дунё аслан касе аниқ намедонад. Эҳтимол меравад, ки ин намуди ҷазо аз пайдоиши аввалин ҷамъиятҳои инсонӣ оғоз мегирад. Аммо дар кишварҳои мухталиф шеваҳои гуногуни ба қатл расонидани ҷинояткороне, ки фикр мекарданд ба ҷазоҳои сабуктар сазовор нестанд, роиҷ буд. Ҳамчунин ҷиноятҳое, ки барои онҳо ин навъи ҷазо муқаррар мешаванд, аз ҳамдигар дар мамолик ва замонҳои гуногун фарқ мекунанд. Дар кишваре барои куштори одам, дар ҷои дигар барои парастиши Худои аз дигарон фарқкунанда ва мисли ин ҷазои қатл медоданд. Инсоният замонҳоеро ҳам аз сар гузаронидааст, ки ҳатто барои дуздидани як бурида нон ва ё зино кардан ҳам одамонро ба қатл ҳукм мекарданд ё ҳоло ҳам мекунанд.

Асли гап ҳамин аст, ки ба хотири пешгирӣ аз авҷгирии намудҳои гуногуни ҷиноят ва тарсзоӣ дар ҷомеа, ҳукуматҳо ҷазои қатлро баҳудаву беҳуда истифода кардаанд. Далели ин гуфта он шуда метавонад, ки масалан дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз аз аввали ҳукумат дар солҳои бистуми асри XX, ҳатто барои иҷро накардани ӯҳдадории шартномавӣ, аз соли 1960 бошад, барои ғоратгарӣ, сӯиқасд ба ҷони дружиначии халқӣ, худро ба осонӣ ба асорат супурдан (замони ҶБВ), вайрон кардани қоидаҳои амалиёти бонкӣ ва аз соли 1962 барои ришваситонӣ одамонро мепарониданд. Пас аз фавти Сталин ба қонунгузорӣ ислоҳи андак пеш омад. Аммо ҷиноятҳои вобаста ба порахӯриву дуздии моли давлат авлавият пайдо кард, ки дар натиҷа аз соли 1962 то 1989 ба 24 422 нафар ҷазо дар намуди қатл дода шуд.

Таҳқиқот нишон додааст, ки дар замони Шӯравӣ се маротиба ҷазои қатл бекор гардида ва баъдан барқарор шудааст:

1) 26 октябри соли 1917 бекор гардида, 27 феврали соли 1918 барқарор карда мешавад;

2) 11 майи соли 1920 бекор гардида, 29 июли соли 1920 барқарор шудааст;

3) 26 майи соли 1947 бекор шуда, 12 январи соли 1950 барқарор гардидааст.

Бекор кардани ҷазои қатл дар ду марҳилаи аввал (солҳои 1917 ва 1920), ба гуфтаи таҳлилгарон, хусусияти сиёсӣ, расмиятчигӣ ва эъломиявӣ дошт. Ҳокимияти шӯравӣ бо ин роҳ мехост бартарияти сохти сотсиалистӣ ва инсонпарварии онро нишон диҳад. Аммо дар асл, новобаста аз эълони бекор кардани ҷазои қатл, амалан ин ҷазо аз ҷониби трибуналҳои ҳарбии револютсионӣ таъин ва татбиқ мешуд. Бо бекор кардани ҷазои қатл дар соли 1947 мехостанд ғалабаи таърихии ИҶШС дар ҶБВ, афзоиши қудрати давлати шӯравӣ, боварии халқ ба давлат ва ғамхории давлат ба халқро нишон диҳанд. Сабаби асосии барқарор кардани ҷазои қатл (соли 1950) ин авҷ гирифтани ҷиноятҳои таҳрибкорӣ ва зиёнкорӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои одамкушӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда, таҷовуз ба номус, тасарруфи молу мулки давлатӣ, тезутунд шудани муносибатҳо дар арсаи байналмилалӣ (ба истилоҳ «ҷанги сард») будааст.

Дар маҷмӯъ, ҷазои қатл дар СССР дар 53 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои зиддиинқилобӣ, ҷосусӣ, ташвиқот ва тарғиботи зидди Шӯравӣ, хиёнат ба Ватан, зиёнкорӣ, таҳрибкорӣ, амали террористӣ, бетартибиҳои оммавӣ, бандитизм, порахӯрӣ, исрофкорӣ ва дигарҳо пешбинӣ шуда буд.

Як вижагии дигарро муҳаққиқон дар он пайдо кардаанд, ки “ҷазои қатл дар солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ на танҳо аз ҷониби судҳо, инчунин аз ҷониби мақомоти фавқулода: сегонаҳо (машҳур ба “тройка”-ҳо, ки хеле аз тоҷикон ва шахсиятҳои хидматкардаро дар ин бӯҳрон ба қатл расонидаанд-РМ), отрядҳои таъиноти махсус, ЧК, ГПУ, ОГПУ ва дигарҳо таъин карда мешуданд. Дар натиҷа, ҷазои қатл солҳои 30-юми асри гузашта ба муқобили мухолифини низоми ҳукмрон ба таври оммавӣ татбиқ шуда, боиси марги ҳазорон қурбониён гардид. Ҳамаи ин мурофиаҳои судӣ хусусияти сиёсӣ ва намоишкорона дошта, нақши ҳалкунандаро дар муайян намудани ҳукм маводҳои мақомоти тафтишот, ки ба маҷбурсозиҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда мешуд, мебозид. Дар давраи ҳукмронии Сталин ба воситаи ин намуди ҷазо рақибони ӯ ва шахсоне, ки сиёсати ӯро ҷонибдорӣ намекарданд, нобуд карда мешуданд. Дар давраи Хрушев (солҳои 60-уми асри XX) шахсони номбаршуда сафед карда шуданд. Шахсоне, ки бадарға шуда буданд, озод гаштанд. Мутаассифона, ин намуди ҷазо нисбат ба 40 намуди ҷиноят дар Асосҳои қонунгузории ҷиноятии соли 1958 ва кодексҳои ҷиноятии солҳои 1960-1962 нигоҳ дошта шуда, то барҳамхӯрии СССР барои 44 ҷиноят ҷазои қатл пешбинӣ шуда буд”.

Намудҳои қатл кардани одамон дар ҷамъияту давлатҳо якхела набудааст. Дар бархе ҷомеаву кишварҳо агар шеваи ба дор кашидани ҷинояткоронро истифода мекарданд, дар дигарҳо сӯзондан дар ғӯлачӯб, ғарқ кардан, буридани сар бо шамшер, буғӣ кардан, куштан бо зарбаи барқ, бо усули заҳролудсозӣ ё сӯзандоруи марговар, паронидан ва ғайраро…

Дар Шарқ то асри XX ба дор кашидани одамон усули асосии қатли ҷинояткорон ба ҳисоб мерафт, ки таърихи ҷолибе дошта, аз рӯи таърихномаҳо маҳз аз минтақаи мо сарчашма мегирад. Агар ба Аҳди Атиқа, яъне китоби Астар бовар кунем, пас аввалин чӯбаи дор тавассути Ҳомон – мушовири аршади подшоҳи эронӣ Оҳошурус (Артшири аввал, ки дар 465-424 қабл аз мелод салтанат дошт) ихтироъ шудааст. Гуфта мешавад, ки Ҳомон аз густохии Мардоҳойи исроилӣ, ки дар кохи салтанатӣ низ хидмат мекард, озурда шуд ва қасд дошт ҳама яҳудиёни Эронро нобуд кунад. Ба ин хотир, ӯ чӯбае барои ба дор кашидани Мардоҳой сохт ва сипас ӯро назди подшоҳ сиёҳ кард. Аммо малика Астар, ҳамсари яҳудии Ардашер, ин тавтеаро хунсо намуда, дар натиҷа худи Ҳомон ва даҳ писарашро ба чӯбаи дори ихтироъкардааш кашиданд.

Дар Аморати Бухоро ҷазои қатл, хоса дар шакли доркашӣ ва қатли бераҳмона, ки тасвираш дар “Ҷаллодони Бухоро” ва дигар асарҳои устод Айнӣ зикр шудаанд, як чизи маъмулӣ будааст.

Оид ба аввалин нафароне, ки дар Тоҷикистони шӯравӣ бо ҷазои қатл маҳкум шудаанд, маълумот пайдо кардан осон нест. Эҳтимол меравад одамони зиёде бошанд, ки солҳои сиюми асри XX (замони “тройка”-ҳои ёдшуда) бо тӯҳмату бӯҳтон ба ин ҷазо гирифтор шудаанд. Ҳамчуноне Суди олии СССР шахсияти барои тоҷикон хидматкарда, ки ҳоло унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро дорад – Шириншоҳ Шоҳтемурро бо хиёнат ба Ватан гунаҳгор дониста, 21-уми октябри соли 1937 ба ҷазои қатли ӯ имзо гузошт. Ва хеле зуд, пас аз шаш рӯз – 27-уми октябри ҳамон сол, бо тариқи тирпаронӣ ба қатл расонида, дар қабристони Донскойи шаҳри Москва ба хок супориданд. Дуруст аст, ки баъдан Шириншоҳ Шоҳтемур ва одамоне мисли ӯ сафед гардиданд, аммо кор аз кор гузашта буд…

Дар миёнаҳои замони шӯравӣ дар бораи тоҷикони бо ҷазои қатл маҳкумшуда тақрибан маълумот пайдо кардан мумкин нест. Эҳтимол чунин ҷазо набудааст. Вале бо касби истиқлол, Тоҷикистон тамоми қонунгузории худ, аз ҷумла ҷазои қатлро аз шӯравии собиқ ба мерос гирифт. Баъдан, албатта бо назардошти воқеиятҳои нав ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид. Гуфта мешавад аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то соли 2004 Тоҷикистон миёни кишварҳои узви САҲА аз рӯи омори иҷрои ҷазои қатл вобаста ба нуфузи аҳолӣ дар ҷои аввал будааст. Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, ки соли 2004 мониторинг дар ин бора анҷом додааст, маълумотеро пешниҳод мекунад, ки солҳои 2001 – 2003 дар Тоҷикистон 133 ҷазои қатл ба иҷро даромадааст. Аз ҳама зиёд дар ин давра ба соли 2001 рост меояд – 68 ҷазои қатл.

Ба навиштаи расонаҳо, охирин мавриде, ки дар соли 2004, дар арафаи мораторияи ҷазои қатл ҳомиёни ҳуқуқ дар борааш садо баланд карданд, 8 ҷангии фармондеҳи кушташудаи нерӯҳои ИНОТ Раҳмон Сангинов (“Раҳмон-Гитлер”) будааст.

Пас аз ин, ҳамон тавре зикр шуд, Тоҷикистон бо дархости созмонҳои байналмилалӣ ба ҷазои қатл моратория эълон кард ва ҳамин тавр аз соли 2005 ба ин сӯ касе бо ин ҷазо муҷозот нашуд. Ҳамон сол ба Кодекси ҷиноятии мамлакат моддаи 58 иловаи 1 зам намуда, дар он ҳабси абад ё 25 соли зиндон ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл муқаррар гардид.

Масъулони ҳукумат мегӯянд Тоҷикистон принсипу меъёрҳои байналмилалиро эътироф намуда, сиёсати тадриҷан бекор намудани ҷазои қатлро ба амал мебарорад. Аз ҷумла, намудҳои ҷиноятеро кам мекунад, ки барои онҳо ҷазои қатл пешбинӣ шудаасту ба ин восита масъалаи пурра боздоштани татбиқи чунин намуди ҷазоро дар назар дорад. Барои мисол, агар дар Кодекси ҷиноятии соли 1961 барои содир намудани 44 намуди ҷиноятии махсусан вазнин дар Тоҷикистони шӯравӣ ҷазои қатл пешбинӣ шуда буд, соли 1998 бо қабули Кодекси нави ҷиноятӣ шумораи моддаҳоеро, ки ҷазои қатл пешбинӣ менамуданд, то 16 адад кам кард. Аз 1-уми августи соли 2003, бо тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, миқдори моддаҳое, ки ҷазои қатлро пешбинӣ намудаанд, ҳамагӣ панҷто монд. Дар натиҷа, ҳоло ҷазои қатл танҳо барои ҷиноятҳои одамкушӣ (қ.2 моддаи 104), таҷовуз ба номус (қ.3 моддаи 138), терроризм (қ.4 моддаи 179), биотсид (моддаи 399) ва генотсид (моддаи 398) пешбинӣ мешаваду халос. Ҳамчунин акнун ҷазои қатл нисбат ба занон ё шахсоне, ки то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир намудаанд, таъин карда намешавад.

Комилан барҳам задан ё дубора ҷорӣ кардани ҷазои қатл мушкилоти ба худ хос дорад

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, ки солҳои охир дар Тоҷикистон тарафдорони ҷазои қатл афзоиш меёбад. Махсусан пас аз чанд куштори даҳшатнок, хоса кушторҳои оилавию гурӯҳӣ ва таҷовуз ба номуси духтарони хурдсол, талаби эҳёи ҷазои қатл дар Тоҷикистон аз нав баланд мешавад. Ҳарчанд, ташкилоти ҷамъиятии “Нотабене” солҳои 2010 ва 2013 пайиҳам ду маротиба назарсанҷӣ ба хотири омӯзиши афкори ҷомеа дар бораи ҷазои қатл анҷом дода, маълум карда буд, ки одамон аксаран зидди боқӣ мондани ҷазои қатл дар қонунгузорианд.

Азбаски тайи 11 соли баъдӣ таҳқиқоти дигаре дар ин маврид сурат нагирифтааст, мешавад натиҷаҳои ин назарсанҷиро, ки мухотабонаш одамони одӣ ва ҳам намояндагони ниҳодҳои давлатӣ будаанд, асосӣ донист. Дуруст аст, ки чандин матолиб дар ин миён дар расонаҳои хабарӣ пайдо шуданд. Ҳамчунин мо ҳам ду маротиба дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” -и Фейсбук назарсанҷии ғайрирасмӣ баргузор кардем –

https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/posts/3763995107178720/,

https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/posts/3292236364354599, ки дар онҳо ҳам натиҷаҳои ба таҳқиқоти анҷомдодаи “Нотабене” монанд пайдо шуд. Пас бояд натиҷаи назарсанҷиҳои ин созмонро муҳим донист.

Натоиҷи пурсиши “Нотабене” нишон дод, ки аксарияти мардум ҷонибдори комилан лағви ҷазои қатл дар Тоҷикистон ҳастанд. Ба ҳар ҳол, 67.8% -и пурсидашудагон дар назарсанҷии соли 2013 чунин мавқеъро интихоб кардаанд, ки он 6% аз омори назарсанҷии соли 2010 бештар аст. Дар муқобил теъдоди онҳое, ки тақозои ҳифзи ҷазои қатлро доранд, 10 фисад коҳиш ёфта, ба 19.14 фоиз расидааст (ҳарчанд соли 2010 ин омор 28.98% ро ташкил медод). Аммо теъдоди онҳое, ки мавқеи худро маълум карда наметавонанд, 3% афзудааст. Яъне агар соли 2010 даҳ фоизи пурсидашудагон буданд, ки барои боқӣ мондан ё барҳам задани ҷазои қатл мавқеи номаълум доштанд, се сол пас ин омор 13.07% шудааст.

Натиҷаи аҷиб ва дар айни замон муҳими назарсанҷӣ дигар буд. Маълум шуд, ки 88 фоизи кормандони мақомоти тафтишотӣ ва прокуратура ҷонибдори нигоҳ доштани ҷазои қатл будаанд. Дар ҳоле, ки 93%-и кормандони мақомоти судӣ баръакс, ҷонибдори комилан барҳам додани ҷазои қатл мебошанд.

Таҳлилгарон мегӯянд ин ҳолат далели он аст, ки кормандони мақомоти судӣ ба мустақилияти худ дар таъини ҳукмҳо чандон мутмаин нестанд. Воқеан, дар назарсанҷӣ аксари онҳое, ки ба ҷонибдории барҳам задани ҷазои қатл назар додаанд, маҳз хатои судиро сабаби асосӣ донистаанд. Бархе ин мавқеи худро бо сабаби мазҳабӣ маълум карда, гуфтаанд, ки ҳаётро ба инсон Худованд додааст ва танҳо ӯ ҳаққи гирифтанашро дорад.

Нафаре дар ин маврид навиштааст: “Фикр мекунам ҳеҷ одам ҳақ надорад, ки тақдири зинда мондан ё кушта шудани касеро ҳал кунад. Вагарна мо аз қотилон чӣ фарқ дорем? Ҳабси абад барои ҷинояткор кифоят аст. Фақат низоми адолати судиро бояд қавӣ намуд”.

Якчанд мухотаб аз ноҳияи Қубодиён посухи боз ҳам ҷолибтару фикрзо додаанд: “Бе ин ҳам дар Тоҷикистон шумораи мардҳо кам мондааст. Аксарият ба муҳоҷират ба Русия рафтаанд. Чаро давлат мӯсафедони боқимонда ва ҷинси марди камшуморро қатл кунад?”.

Ҷонибдорони ҷазои қатл бошанд, гуфтаанд, ки ин намуди ҷазо адолати иҷтимоиро таъмин менамояд ва ҳар ҷинояткор, агар ҷазои сазовор нагирифт, имкон дорад амали худро такрор кунад. Ҷавоби қолабӣ ва маъмулӣ ҳам зиёд садо додааст: “Модоме дар Амрико, ки худро давлати демократӣ мепиндорад, ҷазои қатл ҳаст, пас чаро дар мо набошад?”.

Ба ҷои қатл аз ҷониби пурсидашудагон вариантҳои дигари ҷазо пешниҳод шудааст:

– Бадарға кардан аз ҷои зист;

– Маҳрум кардан аз шаҳрвандии Тоҷикистон;

– Кор дар шахта ва ҷойҳои дигари аз ҳад мушкил ва хавфнок;

– Ахта намудани онҳое, ки ба таҷовуз ба номус айбдор мешаванд;

– Ҷаримаи аз ҳад калон ба фоидаи шахси зарардида ё пайвандонаш.

Назари коршинсони касбӣ ва ҳуқуқдонҳо дар робита ба ҷазои қатл гуногун аст. Бархе ба хотири амнияти миллӣ, хоса барои ҷиноятҳои террористӣ ҷорӣ кардани ҷазои қатлро дуруст мешуморанд, аммо мегӯянд мавзуъ баъзе назокатҳое дорад, ки шояд вуҷуди онҳо Тоҷикистонро намегузорад дар мавқеъгирии ниҳоӣ шитоб намояд. Барои мисол, мегӯянд кишвари мо аъзои созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон аст ва сарфи назар кардани мавқеи онҳо кишварро аз сармояи зиёд маҳрум менамояд.

Муовини аввали раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов, вақте аз ӯ дар ин бора пурсидем, масъалаи дигарро ба миён гузошт:

– Ҷазои қатл ё дигар тадбирҳои репрессивӣ роҳи ҳаллу танзими масъала нест. Зеро дар баъзе кишварҳои хориҷӣ чунин таҷриба ҳаст, аммо ифротгароӣ низ то ҳол вуҷуд дорад. Пас бояд сабабу ангезаҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, воситаҳои пешгирии содир шудани чунин ҷиноятҳоро гирифт.

Ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназарова тақрибан мавқеи ба ӯ монанд дорад, ки зимни сӯҳбат бо мо изҳор намуд. Ӯ мегӯяд, агар ҳадаф аз ҷорӣ кардани ҷазои қатл тарс додани ифротгароён бошад, фикр намекунад он иқдоми аз ҳад таъсирнок аст:

– Зеро террористу ифротгароён аз марг аслан тарс надоранд, балки онҳо маҳз ба хотири шаҳид шудан ба ин роҳ рафтаанд. Пас, бо дубора ҷорӣ кардани ҷазои қатл Тоҷикистон обрӯи худро назди ташкилотҳои байналмилалӣ аз даст медиҳаду халос. Ҳамчунин, вақтҳои охир истирдоди шахсони алоҳида ба Тоҷикистон, ҳатто аз кишварҳои аврупоӣ имконпазир шудааст. Агар ҷазои қатл аз нав эҳё шавад, маълум аст, ки ин кишварҳо дар истирдоди шахсони гумонбари мақомоти Тоҷикистон хеле фикр хоҳанд кард. Ба назари вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода Тоҷикистон танҳо дар як ҳолат метавонад ҷазои қатлро аз нав фаъол гардонад ва он ҳам нисбати онҳое, ки ба ҷиноятҳои вазнин дубора даст мезананд. Вакили пешини Маҷлиси намояндагон Амрихудои Дамдор ҳам боре зимни сӯҳбат бо журналистон гуфта буд, ки агар ҷазои қатл боис ба пешгирии ҷиноятҳо шавад, метавон аз он ҷонибдорӣ кард. Аммо ӯ ҳам гуфт, ин дар ҳолате имкон дорад, ки агар парвандаҳоро суди мустақил ва одил баррасӣ карда тавонад:

– Масалан, пас аз баровардани ҳукм ва иҷро шудани он, маълум шавад, ки одами бегуноҳ ҷазо гирифтааст, чӣ мешавад? Агар пас аз чанд сол ӯро сафед кунанд ҳам, умри ӯро дигар касе баргардонида наметавонад.

Воқеан ҳам дар Тоҷикистон солҳои ахир аз зиндонӣ шудани афроди бегуноҳ сӯҳбатҳо кам нест. Намунаи наздиктаринро хабаргузории “Азия плюс” қазияи пурсарусадои Ҳасан Ёдгоров, сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода донист, ки дар қатли Дмитрий Каримов – пешхизмати яке аз тарабхонаҳои ин шаҳр гунаҳкор дониста шуда, 8 моҳ паси панҷара буд. Танҳо пас аз боздошти Леонид Малченков, ки мақомоти тафтишотӣ ӯро қотили аслӣ унвон карданд, Ёдгоров бегуноҳ дониста шуда, раҳо гардид.

Зимнан, нисбати Ҳасан Ёдгоров бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “одамкушӣ”, яъне моддае, ки то замони ҷорӣ шудани мораторий ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Тасаввур кунед, ки агар ҷазои қатл моратория намебуд, чӣ иттифоқ пеш меомад. Яъне боз як бегуноҳи дигар кушта мешуду тамом…

– Бо сабаби мустақил набудани судҳо имкон дорад иштибоҳоти зиёд ҳангоми таъини ҷазо пеш биёяд, – мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова ва меафзояд, – дуруст аст, ки дар кишварҳои низоми судиашон мустақил ҳам иштибоҳоти судӣ метавонад ҷо дошта бошад. Аммо дар онҳо иҷрои ҷазои қатл хеле тӯлонӣ мешавад, ки дар натиҷа имкон дорад хато ислоҳ гардад.

Воқеан, дар чандин штатҳои ИМА маҳз бо сабаби тафтишоти аз ҳад амиқи судӣ тӯлонӣ будани иҷрои ҷазои қатл ва пурхарҷ гардидани он, аз баҳри ҷазои қатл баромадаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки таи 30 сол, яъне аз соли 1979 то 2009 дар ин кишвар 27 ҳолати иштибоҳ ҳангоми таъин намудани ҷазои қатл ошкор ва пешгирӣ шудааст. Умуман, омори ИМА нишон додааст, ки аз 10-12 нафари ба қатл маҳкумшуда танҳо нисбати як ё ду нафар ҷазо иҷро шудаасту халос. Иҷрои ҳар ҳукми ҷазои қатл бошад, бо сабаби тӯлонӣ будани тафтишот дар ин кишвар на камтар аз 4-5 миллион доллар харҷ доштааст. Барои ҳамин, чандин штатҳо ҳабси абадро назар ба ин намуди ҷазо беҳтару камхарҷ дониста, аз баҳри ҷазои қатл баромадаанд.

Доктори илмҳои ҳуқуқ Баҳодур Раззоқов дар назардошт бо ин ҳама мегӯяд, низоми тафтишотӣ-судии Тоҷикистон барои барҳам задани мораторияи ҷазои қатл омода нестанд, “зеро эҳтимолияти хатои судӣ ҳамоно бисёр баланд аст”.

Таҳлилгарони наздик ба ҳукумат яке аз монеаҳои асосӣ барои пурра бекор кардани ҷазои қатлро дар мавҷудияти ин намуди ҷазо дар Конститутсияи Тоҷикистон ва ҳатто “омода набудани аҳолӣ барои бекоркунии пурраи он” арзёбӣ мекунанд. Дар шарҳи даъвои охир Нигина Баҳриева, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Нотабене” зимни сӯҳбат бо журналистон гуфта буд, ки таъхир дар масъалаи лағви ҷазои қатл аксар вақт бо он асоснок карда мешавад, ки гӯё мардуми кишвар ба ин омода нестанд ва аксарияти онҳо аз истифодаи ҷазои қатл ҷонибдорӣ мекунанд. “Чунин як номуайянӣ ва баҳонасозиҳо”, ба гуфтаи ӯ, “ҳар лаҳза метавонанд аз ҷониби мақомот ҳамчун заминаи қонунӣ барои бекор кардани моратория ва дубора татбиқи ҳукми қатл истифода гардад”. Ҳарчанд:

– Тоҷикистон охирин кишвари Осиёи Миёна аст, ки то ҳол ҳатто ин протоколро имзо накардааст. Ба андешаи ман, ин хеле бад аст, чунки ҷазои қатл метавонад мавзуи дасткориҳои сиёсӣ гардад. Дар қонунҳои байналмилалӣ алакай як консенсуси байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки ҷазои қатлро поймол кардани ҳуқуқҳои бунёдии инсон медонад,- мегӯяд Баҳриева.

Гуфта мешавад барои аз байн бурдани ин нофаҳмиҳо Маҷлиси намояндагон бояд Протоколи дуюми факултативии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба тасвиб расонад ва қатлро ҳамчун як намуди ҷазо аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кунад. Ҳуқуқшиносон инро ҳам аз эҳтимол дур намедонанд, ки пас аз ин зарурати баргузории як раъйпурсии дигар ба хотири ислоҳи Конститутсия пеш биёяд. Зеро ҷазои қатл дар моддаи 18-и Конститутсияи кишвар ба ин мазмун зикр шудааст: “Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин”.

Масъулони Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2023 тасдиқ гардидааст, чорабинии мушаххас оид ба омӯзиш ва таҳлили масъалаи хориҷ кардани ҷазои қатл аз қонунгузории ҷиноятӣ ва имкони батасвибрасонии Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ гардидааст. Вобаста ба ин Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар вазорату идораҳо масъул шудаанд дар давоми солҳои 2024-2026 таклифи мушаххас пешниҳод кунанд.

Ҷазои қатл чӣ гуна сурат мегирад?

Новобаста аз баррасиҳои пешниҳодшуда дар бораи паҳлӯҳои мусбат ва манфии бекор кардани мораторияи ҷазои қатл, агар мабодо Ҳукумати Тоҷикистон ба хулосае биёяд, ки қатлро ҳамчун ҷазо аз нав эҳё намояд, ҷараёни амалишавии ин ҷазо чӣ гуна хоҳад шуд?

Дар ин бора одатан одамон камтар медонанд, ҳарчанд қонунгузорӣ ин равандро мушаххас кардааст. Ҷазои қатл дар Тоҷикистон, ҳамон тавре дар моддаи 59-и Кодекси иҷрои ҷазо ишора шудааст, дар шакли парронидан амалӣ мешавад. Аммо ин амал дарҳол пас аз эълони ҳукм аз ҷониби судя иҷро намегардад. Тартиби иҷрои ҷазоро пас аз эълони ҳукм қонунгузорӣ қадам ба қадам ба гунаи зайл муқаррар кардааст:

– Шахси маҳкумшударо ба камераи яккаса (дар ҳолати истисноӣ ду кас) мегузаронанд ва зери назорати пурзӯр қарор мегирад.

– Дар давоми ҳафт шабонарӯз аз рӯзи ба ӯ супурда шудани нусхаи ҳукм ё таъиноти кассатсионӣ шахси маҳкумшуда ҳақ дорад ба Президенти Тоҷикистон бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо муроҷиат кунанд. Дар чунин ҳолат иҷрои ҳукми суд то аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани қарор боздошта мешавад. Агар шахси маҳкумшуда дар ин муддат илтимоснома пешниҳод накард ё изҳор кунад, ки илтимоснома наменависад, маъмурияти изолятори тафтишотӣ бо иштироки прокурор санади дахлдор тартиб медиҳанд.

– Агар маҳкумшуда илтимоснома навишт, он дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабул ё тартиб додани санад, ба Президенти Тоҷикистон фиристода мешавад.

– Илтимосномаи мазкур дар мӯҳлати на дертар аз чор моҳи аз рӯзи расидани он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

– Фармони Президент дар хусуси бахшиши ҷазо ё дар бораи радди илтимоснома ҷиҳати иҷро ба сардори изолятори тафтишотӣ ва суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

– Тибқи моддаи 219-и Кодекси иҷрои ҷазо “барои иҷрои ҷазо дар намуди қатл ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, хулосаҳои Раиси Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мавҷуд набудани асосҳо барои овардани эътироз ба тариқи назоратӣ аз болои ҳукми суд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи радди шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо ва ё санад дар бораи радди муроҷиат бо шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо аз ҷониби маҳкумшуда асос шуда метавонанд”.

Қисмати дигари муҳими ин раванд иборат аз он аст, ки ҳангоми иҷрои ҷазои қатл ҳатман прокуроре, ки қонуниятро дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҳабси пешакӣ назорат мекунад, сардори муассисае, ки ҳукмро иҷро мекунад ва духтур иштирок менамоянд. Марги маҳкумшуда аз ҷониби духтур ҳатман тасдиқ карда мешавад.

Суд барои бақайдгирии марги маҳкумшуда ба шуъбаи (бюро) сабти санадҳои ҳолати граждании маҳалли охирини зисти маҳкумшуда ва дар ҳолати имконнопазир будани муайян кардани ҷои истиқомати ӯ – ба маҳалли ҷойгиршавии суде, ки ҳукм баровардааст, огоҳинома мефиристад. Ҳамзамон хешовандони наздики маҳкумшударо низ дар бораи иҷрои ҳукми қатл огоҳ месозад. Яке аз талаботи асосии қонунгузорӣ ин аст, ки ҷасади маҳкумшуда барои дафн дода намешавад ва ҷои дафнашро ҳам ошкор намекунанд. Ин талабот замони амалӣ будани ҷазои қатл борҳо боиси баҳсҳо аз ҷониби пайвандони маҳкумшуда ва созмонҳои байналмилалӣ гардида буд.

Як махсусияти дигар ҳангоми иҷрои ҷазои қатл иборат аз ҳолати рӯҳии маҳкумшуда аст. Қонунгузорӣ дар ин робита сабукӣ муайян кардааст: “дар сурати муайян кардани бемории рӯҳие, ки маҳкумшударо аз дарк кардани ҳаракати худ ё идора кардани он маҳрум сохтааст, ҳукм оид ба ҷазои қатл ба иҷро расонида намешавад ва протоколи ташхиси тиббӣ ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад”.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон асосҳое барои пурра барҳам назадани ҷазои қатл дорад. Ҳамчунин заминаҳо барои комилан аз қонунгузорӣ нобуд кардани ин намуди ҷазо ҳаст. Аммо кадом роҳеро интихоб хоҳад кард, ҳамоно маълум нест. Ҳарчанд Президенти Тоҷикистон 11 сол пеш дар Паёми солонаи худ ин мавзуъро хостанд бо маълум кардани фикри мардум баррасӣ намоянд ва барои ин комиссияи вижа аз ҳисоби тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ташкил ёфт. Мутаассифона, дар ин комиссия намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳ наёфтанд ва дар бораи фаъолияти ин комиссия ҳам маълумоти ошкор нест.

Пас, танҳо як роҳ мемонад, ки боқӣ мондан ё ҳазф шудани ҷазои қатл аз қонунгузориро маълум мекунад ва он ҳам раъйпурсии умумихалқист. Охирин раъйпурсӣ соли 2016 сурат гирифт, аммо ин масъала умуман мавриди баҳс набуд. Пас шояд Тоҷикистонро боз як раъйпурсии умумихалқӣ интизор аст? Воқеан, мо масоили зиёд барои раъйпурсӣ дорем? Агар дар байни анбӯҳи масъалаҳо фақат яке баррасии ҷазои қатл бошад, ҳамон тавре аксари раъйпурсиҳоямон буд, мавзуъ муҳиммияти худро гум намекунад? Пас, роҳи дигари ҳалли мавзуъ чист?

Раҷаб МИРЗО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь