Солҳои охир Туркия сиёсати хориҷии хешро якбора дар чанд самт, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият додааст. Дӯстии кишварҳои туркӣ ба меъёри махсуси ҳамкорӣ табдил ёфтаанд.
Аз ин рӯ, мо кӯшидем, то бифаҳмем, ки Туркия дар минтақа чӣ нуфуз дорад ва он барои Тоҷикистон то кадом андоза нигаронкунанда аст? Дар ин бора бо директори иҷроияи Маркази тадқиқоти Туркияи муосир дар Русия ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
Ҷаҳони туркӣ
«Созмони кишварҳои туркӣ чанде пеш дубора ташкил шуд. Қаблан он Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон унвон дошт ва шояд созмони ТУРКСОЙ (ташкилоти ҳамкориҳои фарҳангии ин давлатҳо) дар он муҳимтарин ниҳод ба ҳисоб мерафт. Кӯшишҳои сиёсигардонии ин созмон боиси азнавсозии хеле ҷиддии сохтори он гардид. Пеш аз ҳама, Русия, ки дар ҳудудаш шумори зиёди қабилаҳои турк ба сар мебаранд, аз ширкат дар ин созмон ва аз ҳама гуна муносибат бо он даст кашид» – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.
Давлатҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ:
- Туркия;
- Қазоқистон;
- Қирғизистон;
- Ӯзбекистон;
- Озарбойҷон;
- Нозирон:
- Маҷористон;
- Туркманистон;
- Қибри Шимолӣ;
Нахустин муттаҳидшавии кишварҳои туркзабон ҳанӯз соли 1992 дар Анқара сурат гирифта буд, аммо пас аз баргузории ҳамагӣ ду нишаст иттиҳоди мазкур фаъолияташро қатъ кард ва танҳо дар соли 2009, яъне пас аз таъсиси Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ба ин масъала дубора баргаштанд. Зимнан, бояд қайд намуд, ки мавқеи роҳбарро аъзои созмони мазкур ба як шакл қабул накарданд. Нақши асосиро Туркия ба ӯҳда гирифт. Эътироф мегардад, ки дур кардани Ӯзбекистон аз Иттиҳод дар аввали солҳои навадум маҳз ба далели норизоиятӣ бо чунин тарзи ҷобаҷогузории қувваҳо сурат гирифта буд. Дар баробари ин, Қазоқистон, ки ҳамеша ҳамчун давлати пешсаф дар Осиёи Марказӣ худнамоӣ мекунад, низ талош дорад, то дар Созмон, ки асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат аст, мақоми калидиро ишғол кунад. Илова бар ин, ташаббуси таъсис додани Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон маҳз ба Қазоқистон тааллуқ дошт.
Фаридун Усмонов дар ин бора чунин таҳлил мекунад:
«Дар Созмони кишварҳои туркӣ ягонагии мушаххаси мавқеъҳо вуҷуд надорад, зеро имрӯз дар дохили Созмон кишварҳое ҷамъ шудаанд, ки дар бораи дурнамои рушд ва тарзи ташкили сиёсати он фаҳмиши гуногун доранд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки расидан ба тавофуқ дар масоили сиёсӣ ва ташаккули сохтори сиёсии ягона дар дохили Созмони кишварҳои туркӣ кори осон нахоҳад буд».
Имрӯз дар ҷаҳон қавмҳои туркзабон тақрибан 180 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Масоҳати васеътари ҷойгиршавии онҳо дар Русия буда, шумораи зиёдтарини онҳо дар Туркия мебошад. Аксарияти туркҳо мусалмон буда, вале дар байни онҳо православӣ, буддоӣ, яҳудӣ, тенгриён ва шаманистҳо низ ҳастанд.
Натиҷаҳои ҳамоиши Созмони кишварҳои туркӣ, ки 11-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Туркия саъй дорад, тавассути майдони ин Созмон ба кишварҳои минтақа таъсири сиёсӣ расонад. Гап сари он, ки Туркия пайваста исрор мекунад, ки Қибри Шимолӣ (Ҷумҳурии Туркияи худэълоншудаи Қибри Шимолӣ, ки ба ҷуз худи Туркия онро ягон давлати дигари ҷаҳон эътироф накардааст) ба сифати нозир ба Созмони кишварҳои туркӣ шомил карда шавад.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Дар нишасти Самарқанд, ки дар он вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ мулоқот карданд, дар мавриди шомилшавии Қибри Шимолӣ ба узвияти созмони мазкур ба ҳайси нозир ду ақидаи мухолиф баён гардид. Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу иброз намуд, ин маросим аллакай ба вуқӯъ пайвастааст, вале ҳамтои ӯзбеки ӯ Владимир Норов қайд кард, ҳеҷ гуна қароре, ки мақоми Қибри Шимолиро ҳамчун як давлати алоҳида шиносад, қабул нашудааст. Бо вуҷуди ин, дар ҳуҷҷати ниҳоии нишасти сарони кишварҳои узви Созмон муқаррароте дар бораи он, ки туркҳои Қибр як ҷузъи “Ҷаҳони турк” мащсуб мешаванд ва аз ин рӯ, онҳо ҳақ доранд ба ҳайси нозир ба Созмон шомил гарданд, ворид карда шуд. Дар аввали моҳи январи соли 2023 роҳбари нави Созмони кишварҳои туркӣ Кубаничбек Омуралиев ба истилоҳ Вазири корҳои хориҷии Қибри Шимолиро ба ҳузур пазируфт. Албатта ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Созмони кишварҳои туркӣ саъй дорад қаламраверо, ки то ҳол тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз ҷониби ягон давлат ба ҷуз аз Туркия эътироф нашудааст, қонунӣ гардонад.
Аз моҳи ноябри соли 2022 вазифаи Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба муддати 4 сол ба зиммаи собиқ сафири Қирғизистон дар Туркия Кубаничбек Омуралиев гузошта шуд.
Албатта ин як ишораи хеле ҷиддие барои кишварҳои минтақа аст, ки узви Созмони кишварҳои туркӣ ҳастанд. Яъне то куҷо ба фишори Туркия дар дохили ин созмон тоб оварда тавонистан ва то куҷо тавони мустақилона қабул кардани қарорҳоро дар сиёсати хориҷии худ доштани кишварҳои мазкур зери суол меравад. Аз ин бармеояд, ки масъалаҳое низ вуҷуд доранд, ки на ҳама давлатҳо аз он пуштибонӣ мекунанд. Аммо Туркия метавонад мустақилона онҳоро пеш барад ва Созмонро ҳамчун майдон барои иҷрои вазифаҳои муайян истифода кунад».
Дар соли 2022 гардиши савдои Туркия бо:
- Қазоқистон – 5 миллиард доллар;
- Ӯзбекистон – 5 миллиард доллар;
- Туркманистон – 2 миллиард доллар;
- Қирғизистон – 1 миллиард доллар;
- Тоҷикистон – 450 миллион долларро ташкил дод.
Дастгирии Қирғизистон
Дар мавриди Тоҷикистон, ин ҷо саволе ба миён меояд, ки то куҷо Созмони кишварҳои туркӣ ва бахусус, Туркия тавони ба вазъи минтақа таъсир расониданро дорад? Ин масъала махсусан дар робита ба муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон аҳамият дорад.
Соли 1974 Туркия бо ҳамлаи низомӣ ҳақу ҳуқуқҳои худро ба қисмати шимолии Қибр изҳор намуда, соли 1983 «истиқлолияти худро аз Қибр» эълон кард.
«Дар минтақа шаклҳои гуногуни ҳамкориҳо амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла, нишастҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, СҲШ, СААД, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ғайра, вале Созмони кишварҳои туркӣ бештар аз ҳама ба наздикшавии ин кишварҳо бо Туркия равона шудааст ва ҷузъи сиёсати хориҷии он аст, на Осиёи Марказӣ. Вале ба он назар нестам, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ омода бошанд, то василаи Туркия шаванд: Ӯзбекистон ҳамеша саъй мекард, ки ба вобаста будан ба Туркия роҳ надиҳад, Қазоқистон худро ҳамчун бозигари мустақили минтақавӣ нишон медиҳад ва Туркманистон бошад, мавқеи бетарафиро ишғол намуда, ҳамчун нозир дар Созмони кишварҳои туркӣ амал мекунад. Ягона давлате, ки дар муқобили таъсири Туркия заиф аст, метавонад Қирғизистон бо роҳбарияти наваш бошад, зеро дар замони раҳбарони собиқ Атинбоев ин кишвар нисбат ба Туркия сиёсати басо мустақилро пеш мебурд» – мегӯяд коршиноси масоили сиёсӣ Фаридун Усмонов.
Соли 1987 Эрдуғонро, ки шаҳрдори Истанбул буд, барои шеърҳои эҷоднамудааш, ки барангезандаи кинаву адовати диниву мазҳабӣ буданд, ба 10 моҳи зиндон маҳкум карданд.
Зимни шиддатгирии муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон роҳбарияти Созмони кишварҳои туркӣ дар симои Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амриев баён намуд, ки Созмон кӯшишҳои Қирғизистонро дар ҳалли мусолиматомези масъала дастгирӣ мекунад. Ҳамчунин, бо таъкиди он, ки Созмон ҷонибдори Қирғизистон аст, дар ҳамин шакл аз рӯи натиҷаҳои нишасти Самарқанд ба эъломия банди махсусе ворид карда шуд.
«Созмони кишварҳои туркӣ аз буҷаи Туркия маблағгузорӣ мешавад ва маълум аст, ки аз забони намояндагони он изҳоротҳои дар Анқара тасвибшуда садо медиҳанд», – иброз дошт Фаридун Усмонов: «Ман бар он назар нестам, ки Созмони кишварҳои туркӣ тавонад ба вазъи байни Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонад. Вале боз набояд фаромӯш кард, ки шояд мавқеъи онҳо, яъне ҷонибдорони қирғиз тағйир ёбад. Зеро он бо мавқеъи Анқара мувофиқат мекунад.
Қазоқистон аввалин кишваре хоҳад буд, ки берун аз Туркия истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини “ANKA”-ро ба роҳ мемонад.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон бояд дар ин масъала огоҳона муносибат кунад ва робитаи худро бо Туркия бо дарки он, ки ин кишвар дар ин масъала Созмонро ҳамчун василаи пешбурди масъалаҳои минтақавӣ истифода мебарад, ба роҳ монад».
Турони бузург
Дар идеологияи бунёди “Ҷаҳони туркӣ” тайи чанд соли охир парвариши ғояи «Турони бузург» ё «Артиши Турон» – иттиҳоди ягонаи ҳарбии давлатҳои туркӣ равшан мушоҳида карда мешавад. Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки ҳамкории низомии Туркия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, Туркия Қирғизистонро тавассути таҳвили техникаи низомӣ фаъолона дастгирӣ мекунад. Танҳо дар соли 2022 дар доираи созишномаи ҳамкориҳои низомӣ-молиявӣ нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ба артиши Қирғизистон автобусҳои тамғаи “Otokar” ва қисмҳои он, маҷмӯаҳои муҳофизати зидди зарбаи «Робокоп», силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, камзӯли пӯлодӣ, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва электрооптикӣ таҳвил кард. Вазорати корҳои дохилааш бошад, ба Қирғизистон нақлиёт, муҳаррикҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, пойафзоли зимистона ва борхалтаҳо тақдим намуд.
Ҳамчунин, дар Туркия низомиёни Қирғизистон ва кишварҳои дигар низ омӯзиш мегиранд. Илова бар ин, моҳи марти соли 2022 миёни вазоратҳои дифои Туркия ва Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ барои 5 сол ба имзо расид. Дар зимн, бояд ёдовар шуд, ки робитаҳо байни вазоратҳои дифои Туркия ва Тоҷикистон низ рӯз аз рӯз густариш меёбанд.
Коршиноси масоили сиёсӣ Фаридун Усмонов дар ин бора чунин назар дорад: «Соли 2021 Туркия ба Қирғизистон чанд ҳавопаймои бесарнишини “Байрактар”-ро фурӯхт, ки баъдан барои амалиётҳои иктишофӣ дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон истифода шуданд. Вале ҳамзамон намояндагони мақомоти Туркия ба президенти Тоҷикистон низ борои аз онҳо харидани ҳавопаймоҳои “Байрактар” муроҷиат кардаанд. Яъне тавре мебинем, Туркия танҳо бо мақсади фурӯши аслиҳа амал мекунад ва изҳоротҳои дигари худро дар бораи бародарии кишварҳо ба эътибор намегирад, яъне хеле оромона ба ин «бародарон» силоҳ мефурӯшад. Бинобар ин, дар ин маврид наметавон гуфт, ки Туркия ҷонибдори Қирғизистон аст. Он ҷонибдори манфиати молист.
Нархи “Байрактар” 5 миллион доллар буда, буҷаи Вазорати дифои Қирғизистон дар як сол ҳудуди 20 миллион долларро ташкил медиҳад.
Туркия мехоҳад ба як бозигари нав дар бозори аслиҳа табдил шавад. Ҳамон “Байрактарҳо” имрӯз дар қаламрави Украина истифода мешаванд, аммо тавре мебинем, дар шароити воқеии ҷанг онҳо ба осонӣ сарнагун карда шуда ва хатари ҷиддие надоранд. Ҳизбҳои мухолифи Туркия ҳукумати кишварашонро ба он айбдор мекунанд, ки ҳамаи маблағҳои ҷудошуда ба рушди комплекси мудофиаи миллиро танҳо ба иттиҳодияе, ки «Байрактар» истеҳсол мекунад, сарф менамоянд. Ҳамчунин, имрӯз қувванокии ин ҳавопаймоҳо зери шубҳа қарор гирифтааст.
Дар муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон бо назардошти он ки байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳифзи муштараки ҳарими ҳавоӣ ба имзо расида буд ва дар асоси он ҳар гуна дастгоҳҳо ҳангоми убури фазои ҳавоӣ бояд сарнагун карда мешуданд, амале сурат нагирифт ва аз ин рӯ, ин созишнома мавриди нақд қарор гирифт».
Аз нуқтаи назари сиёсӣ, Созмони кишварҳои туркӣ омода нест ба ҳар гуна низоъ дар Осиёи Марказӣ дахолат кунад, зеро ин қаламрав ба минтақаи масъулияти СААД таалуқ дорад ва ҳеч як созмони сохта, ба монанди Созмони кишварҳои туркӣ наметавонад дар баробари он дар масъалаи ҳалли низоъҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ рақобат кунад. Аз ин рӯ, дурнамои рушди равобити онҳо дар соҳаи низомӣ шубҳанок буда ва гумон меравад, ки “Артиши Турон” имрӯз қобили фаъолият бошад».
Ислом ҳамчун василаи сиёсӣ
Ҳангоми таҳлили сиёсати хориҷии Туркия бисёре аз сиёсатшиносон ба чунин андеша расидаанд, ки раиси ҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон комилан пантуркист набуда, бештар вақт тарафдори ислом аст ва барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ҳардуи ин идеологияро лаёқатмандона истифода мебарад. Ғояи “Ҷаҳони туркӣ” барои ӯ аз ҷиҳати эҷоди симои як шахси ватандӯст ва муҳофизи арзишҳо ва пайвандҳои таърихӣ муҳим дониста мешавад. Бояд қайд кард, ки ғояи эҳёи Турон натанҳо кишварҳои туркзабон, балки кишварҳои форсзабон (тоҷик, дарӣ ва эрониро) ба монанди Тоҷикистон, Покистон, Афғонистонро низ дарбар мегирад ва дар ин минтақаҳо ғояи “бародарии исломӣ” кор бурда мешавад.
Аз ҷониби Туркия барномаҳои кор бо аҳолӣ тавассути ислом ё арзишҳои туркӣ ва омода кардани кадрҳо, ҳамчунин, барномаҳои омӯзишӣ ва кӯмакҳои башардӯстона дар минтақаҳои зери нуфузи он амалӣ карда мешавад. Мисоли шабеҳро Туркия то Осиёи Марказӣ дар Африқо – дар Сомалӣ, Кот-д’Ивуар ва дигар давлатҳо дар доираи ташаббуси «Шарикӣ байни Туркия ва Африқо» озмуда буд. Майкл Рубин, корманди илмии Институти соҳибкории Амрико дар мақолаи худ, ки соли 2019 дар маҷаллаи «National Review» нашр гардид, навиштааст, Туркия дар Африқо, бо истифода аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ва кӯмаки низомӣ ба чанд кишвари ин қитъа, ғояи «ифротгароии исломӣ»- ро тарғиб мекунад.
Нуфузи Туркия ба ислом дар Осиёи Марказӣ аз ибтидо дар ду самт ба роҳ монда мешуд. Якум, тавассути Раёсати корҳои дини Анқара (Диёнет) ва дуюм, тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ. Ва агар 4 ҷумҳурии Осиёи Марказӣ фаъолияти созмонҳои динии ҷонибдори Туркияро дар қаламрави худ маҳдуд карда бошанд, вале дар Қирғизистон ҳузури назарраси онҳо боқӣ мондааст. Қобили зикр аст, ки дар Қирғизистон бештари созмонҳои ғайридавлатии туркӣ (дар ҷануби кишвар – дар Ӯш ва Ҷалолобод) мутамарказ шуда ва маҳз аз ҳамин минтақаҳо теъдоди зиёди ҷангҷӯёне ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд.
Ин омили ифротишавӣ бояд дар таҳлили равобити Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назар гирифта шавад. Зеро ҳатто барои кишварҳои мусалмонӣ дар бунёди равобити сиёсӣ, пеш аз ҳама ба инобат гирифтани манфиатҳои сиёсии худ муҳим аст, на идеологияи ҳукумати дигар.