Кишвареро, ки давлати империалистӣ зуран забт ва истисмор карда, онро аз истиқлоли давлатӣ маҳрум кардааст, мустамлика меноманд. Ғарб кӯшиш дорад, бо истифода аз маблағҳои гуногун ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ақидаеро таҳмил кунад, ки гӯё Русия як давлати хоси мустамликавӣ буда бошад, ки ба хотири шукуфоии худ тамоми захираҳои ин минтақаро ба худ кашида, мардуми таҳҷоиро истисмор мекунад.

Вале дар тӯли солҳои нуфузи Русия кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сарзамини шукуфо табдил ёфтанд, ки дар натиҷа дорои саноати хеш гаштанд. Пас оё кишварҳои моро собиқ мустамликаи  Русия номидан мумкин аст?

То соли 1865, яъне то ба Империяи Русия шомил шудани дар Хонигарии Бухоро ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надошт. Ҳар он чизе, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар соҳаи саноат доранд, дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадаанд, ки то ба ҳол истифода мешаванд – Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои таърих, профессор, муассиси Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо.

Кишварҳо

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни суханрониҳояш таъкид мекунад, ки Русия ҳеч гоҳ ба забти мустамликаҳо машғул набуд ва ҳамеша африқоиҳоро дар муборизаашон барои озод шудан аз зулми мустамликавӣ дастгирӣ мекунад. Дар тӯли солҳое, ки Русияи хурди онвақта ба “империяи Русия” тааллуқ дошт, дар даштҳои холӣ шаҳрҳо бунёд кард, ки ба ҳайати Украинаи имрӯза дохил шуданд. Айнан ҳамин ҳолат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ, ки бо шарофати Русия рушд карданд, ҷой дошт.

Англия Ҳиндустонро ҳамчун мустамликаи собиқи худ эътироф карда, вале Шотландия ва Уэлсро мустамлика ҳисоб намекунад. Сокинони Каталония худро мустамликаи Испания ва сокинони Британия бошад, худро мустамликаи Фаронса мешуморанд. Дар таърих Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз ҳама бузургтарин империяи мустамликавӣ  номидан мумкин аст, ки албатта, бе хунрезӣ густариш наёфтааст. Лаҳистон баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ соҳиби қитъаҳои калони замин гардид. Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Советӣ Украина заминҳои худро то сарҳадҳое васеъ кард, ки дар бораи он на Петлюра ва на Бандера  орзу ҳам намекарданд. Оё ин мустамликадорӣ аст? Қаблан давлати Реч Посполитой мехост, ки империяи “аз баҳр то баҳр” бунёд кунад,  Финляндия бошад, мехост ҳудудҳояшро то ба Урал васеъ намояд. Ин ба Лаҳистон ва Финландия муяссар нагашт, лекин Русия тавонист, ки аз уқёнус то уқёнус як империяе бунёд кунад. Яке аз сабабҳои муваффақ шудани Русия – ин эҳтиром ба анъанаҳои динӣ ва фарҳангии халқҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Баъзе муҳаққиқони амрикоӣ бар ин назаранд, ки Иёлоти Муттаҳида дар сиёсати дохилии худ ба ҳадде демократӣ аст, ки кӯшиш дорад, сохти ҳукуматашро ба дигар кишварҳо таҳмил кунад. Аммо чунин амал ба Амрико ва умуман демократия мувофиқ нест” – Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои таърих, профессор, муассиси Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”.

Расман, дар замони Империяи Русия Тоҷикистони муосирро  мустамлика номидан мумкин буд, мегӯяд доктори илмҳои таърих, профессор, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» Иброҳим Усмонов: «Дар солҳои рушди империализм  Осиёи Миёна ба мустамликаи Русия табдил ёфта буд. Дар асри XIX қисми зиёди Осиёи Миёна забт карда шуда, таҳти тасарруфи Русия қарор дошт. Туркистон яке аз вилоятҳо  дар ҳайати Империяи Русия буд. Вале дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хусусияти муносибатҳои байни Русия ва мамлакатҳои мо тағйир ёфт. Ҳукумати Советӣ  ба сари халқҳои дигари  минтақа ҳукмронӣ намекард, балки бо онҳо ҳамфикр буд. Коммунистони Осиёи Миёна ва Русия дар солҳои 20-ми садаи гузашта дар асоси ғояи ҳамбастагӣ муттаҳид шуданд. Мамлакатҳои мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои сохибистиқлол табдил ёфтанд, ки созишномаи ҳамкории байни ҷумҳуриҳои шӯравии сотиалистӣ доштанд. Ин шакли идоракунӣ ба иёлотҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  монанд буд. Ҳар як иёлот тарзи ҳаёти ба худ хосро дорад, илова бар ин, иёлотҳо мустақиланд ва сарқонунҳои худро доранд. Дар  замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мамлакатҳои мо низ  чунин  ҳолат  буд.

Рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ дар маърази таҳриф қарор доранд. Дар китобҳои дарсии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи он саҳифаҳои таърихи муштарак андешаҳои таҳрифшуда пур шудаанд, ки нақши мусбати Русияро дар рушди минтақа беарзиш нишон медиҳанд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 инҷониб равобити кишварҳо, бахусус равобити Русия ва Тоҷикистон бар пояи ҳамкориҳои қаблӣ рушд мекунад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳама корҳоро дар мувофиқа бо ҳамдигар анҷом медоданд — дар Украина заводҳо сохтанд, водии Вахшро обод карданд ва дар ҳамаи ин  тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар донишгоҳҳо мутахассисонро тайёр мекарданд ва донишҷӯёнро  ба миллатҳо ҷудо наменамуданд. Бо гузашти солҳо, дар асри XXI ин дӯстӣ идома дорад, муҳоҷирони мо дар Русия кор мекунанд ва барои убури марз ба онҳо раводид лозим нест. Мехоҳам қайд намоям, ки ҳамкории мо хусусияти табииву таърихӣ дорад ва он идома хоҳад ёфт”.

Русия бо Тоҷикистон ҳамеша муносибати дӯстона дошта ва дар рушди саҳоҳаи саноат, энергетика ва кишоварзии он нақш дорад.

Сохтакорони таърих ба «гузаштаи мустамликавии» Тоҷикистон дар ҳайати  Империяи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ такя намуда, исрор доранд, ки «мустамликадорон» пеш аз ҳама дар бораи истисмори захираҳо, танг кара баровардани  аҳолии таҳҷоӣ ба гӯшаву канорҳо ва дар марказҳои калон бо русҳо ва дигар халқҳои славянӣ иваз кардани он фикр мекарданд.   Агар ҳам ба таърих ва ҳам ба вазъи имрӯзаи кишварамон назар андозем, маълум мешавад, ки ин ҳама дурӯғу иғвои Ғарб ва шарикони ӯст. Агар ин мустамликадорӣ буд, пас ба намуди баръакс, яъне Русия дар «мустамликаҳо» саноатро инкишоф дода, иқтидори илмию фарҳангии онҳоро боло бурд.

Ғарб ба хотири як ҳадафи ғаразноки геополитикии худ мехоҳад  тафсири нодурусти таърихро ба Тоҷикистон таҳмил кунад: низоъ андохтан байни мардуми Тоҷикистону Русия, маҷбур кардани Душанбе барои ҳамроҳ шудан ба ҷабҳаи зидди Русияи Ғарб. Бозиҳои ғарбӣ ба Тоҷикистон танҳо зиён мерасонанд ва аз ин рӯ,  мо набояд ба “кашфиётҳои таърихӣ”-и Ғарб бовар кунем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тамоми қувва саъй дорад, ба кишварҳои мо фишор оварад,  ҳатто кӯшиш дорад, ба Тоҷикистон бо таҳримҳои дуюмдараҷа таҳдид кунад.

Ғарб танҳо ба манобеи дар Тоҷикистон мавҷудбуда ва имкони истифода аз хоки ин кишвар барои мудохила дар умури дохилии кишварҳои дигар алоқаманд аст.

Иброҳим Усмонов дар ин бора чунин мегӯяд: “Демократияе, ки аз таҳдид истифода мекунад, вуҷуд дошта наметавонад. Агар як кишвари бузург барои расидан ба ҳадафҳои худ ба дигар кишвари хурд таҳдид кунад, ин аллакай демократия набуда ва чунин муносибат сазовори эҳтиром нест. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, узви Созмони Милали Муттаҳид аст ва мо ихтиёран шарикони худро барои ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо интихоб мекунем. Мо бо Амрико низ муносибатҳои хуб дорем, вале агар амрикоиҳо аз мо ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чизе бештар талаб кунанд, пас ин аллакай ҳамкории дӯстона не, балки тобеияти як давлат ба давлати дигар мегардад. Ман фикр мекунам, ки  таҳдидҳои ИМА – ин танҳо суханони онҳое, ки душмани ҳамкории Амрико ва Тоҷикистон ҳастанд».

Фарҳанг ва таърих

Дар мактабҳои Тоҷикистон барои омӯзиши таърихи даврони Шӯравӣ дар доираи фанни таърихи умумӣ соле 9 соат таълим (ҷамъ 34 соат) ҷудо карда мешавад. Таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шеваи иштироки халқи тоҷик дар он омӯхта мешавад.

Дар Тоҷикистон ба хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва умуман даврони шӯравӣ хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Дар кишвар ҳеч гуна кӯшиши вайрон кардани муҷассамаҳо, ёдгориҳо ва қабрҳои сарбозони Шӯравӣ ба чашм нарасидааст. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 20 маҷмааи ёдгорӣ мавҷуд аст, ки корнамоиҳои сарбозони шӯравиро таҷассум мекунанд ва ташкилотҳои волонтёрӣ ба таъмир ва нигоҳубини онҳо машғуланд. Масалан, гурӯҳи ихтиёрии  ҷустуҷӯии «Хотира -201»  ҷойҳои дафни сарбозонро ҷустуҷӯ карда, қабру ёдгориҳоро таъмир мекунад. Ҳар сол валантёрони гурӯҳ  танки фавқуллодаи ИС-2 (Иосиф Сталин)-ро, ки 9-уми майи соли 1987  дар арафаи Иди Ғалаба дар майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе ҳамчун муҷассама гузошта шуда буд, таъмир менамоянд.

«Хизматчиёни ҳарбии баталёони таъмиру барқарорсозӣ зангзаниҳоро тоза карда, ин мошини ҷангиро ранг мекунанд ва қисмҳо ва механизмҳои онро равған карда, аломатҳои тафриқаи танкро барқарор менамоянд. Чунин корҳо ҳамасола дар арафаи ҷашни 9-уми май гузаронида мешаванд”, қайд намуд  роҳбари гурӯҳи “Хотира-201”  Ғафур Шерматов.

Китоби нави дарсии таърихи Тоҷикистон аз миёнаҳои асри XIX то замони нав ба далели набуди маблағ ба забони русӣ тарҷума нашудааст.

Таҳрифи таърих боиси азнавбаҳодиҳии фарҳанг ва фаромӯш шудани арзишҳои анъанавӣ мегардад. Тоҷикистон кишвари таъриху фарҳанги чандинасра аст ва мо набояд решаҳои худро фаромӯш ва пайванди наслҳоро канда кунем.

“Русия ва Тоҷикистон арзишҳои муштарак доранд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ташаккули маданияти нав, тафаккури нав, соҳаҳои нави хоҷагии халқ  ба амал омад. Арзиши  асосии  мо – дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Гарчанде имрӯз мо давлатҳои мустақил ҳастем, вале дӯстии мо аз байн намеравад.

Дар симои онҳое, ки зиёда аз 70 сол дар канори мо буданд, дӯстони  худро пайдо кардем ва ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунем. Дар Русия сохтмонҳое ҳастанд, ки аз ҷониби осиёгиҳо сохта шудаанд, дар кишвари мо низ  дигарон бисёр иншоотҳо сохтаанд. Ёд дорам, ки декани факултети журналистикаи Университети Белоруссия ба Душанбе омада ва мо ҳамроҳ ба Норак ба Сарбанд рафтем. Дар роҳ муҷассамаи БелАЗ – ро дидем. Он гоҳ декан ба ман гуфт: «Ин нишони дӯстии мост», зеро сокинони Белорусия дар сохтмони НБО “Норак” иштирок доштанд. Дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин объектҳо мавҷуданд. Масалан, вақте сухан дар бораи Магистрали Байкалу Амур меравад, русҳо бо ифтихор мегӯянд, ки онро тамоми халқи советӣ  сохтааст. Русҳо дар танҳоӣ  чунин иншооти калонро дар  муддати кӯтоҳ сохта наметавонистанд. Дар Қазоқистон заминҳои нокорамро бидуни ёрии мардуми дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ азхуд кардан ғайриимкон буд ва ғайра. Мо тамоми комёбиҳои худро қадр мекунем.

Ҳамкориҳои мо бо соҳаҳои алоҳида маҳдуд карда намешаванд, зеро Тоҷикистону Русия қариб дар тамоми соҳаҳо ҳамкорӣ доранд, ҳамдигарро дастгирӣ, кӯмак ва ҳимоят мекунанд. Барои ман яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ ин аст, ки танҳо ба шарофати дастгирии софдилонаи Русия мо тавонистем ҷанги шаҳрвандиро паси сар кунем» – мегӯяд профессор Усмонов.

Ғарб мекӯшад дар шуури ҷомеаи Тоҷикистон чунин ақидаро ҷорӣ кунад, ки Русияи имрӯза мисли пештара ҳамчун “мустамликадор” амал мекунад, яъне гӯё Тоҷикистонро барои  пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маҷбур мекунад ва муҳоҷирони тоҷикро дар қаламраваш “бераҳмона истисмор” менамояд. Вале дар бораи он, ки Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бисёре аз бахшҳои иқтисод, аз ҷумла дар соҳаи технологияҳои муосир густариш медиҳанд, чизе гуфта намешавад. Маблағҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия тақрибан чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Бар хилофи давлатҳои Ғарб, ки мустамликаҳои худро бераҳмона ғорат мекарданд, Русия ҳеч гоҳ кишварҳои моро ҳамчун манбаи сарват ва фоида ҳисоб накарда, баръакс саноат, маориф, илм, тиб ва фарҳанги кишварҳои Осиёи Миёнаро тараққӣ дода, ҳамеша  моро дастгирӣ мекард.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь