Баъди барҳам хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар аввали солҳои навадум ҷумҳуриҳои аъзои он ба бунёди давлатҳои миллии соҳибистиқлоли худ шуруъ карданд. Мутаассифона, дар кишвари мо он замон нерӯҳои бадхоҳи миллат, дастнигари хориҷӣ ва иртиҷоӣ дар симои ташкилоти террористию ифротии наҳзати исломӣ сар бардошта, мардумро ба гирдоби мухолифату бадбахтиҳо мубтало карданд. Муноқишаҳо, низоъ ва даргириҳои мазҳабие, ки дар саргаҳашон мансабталошону рӯҳониёни мутаассиби наҳзатӣ қарор доштанд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд ва садамаҳои ҷиддие бар ҷисму пайкар ва рӯҳу равони миллати мо ворид гардид.

Ҳамин тавр, ташкилоти мамнуъ ва террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз аз бомдоди Истиқлоли давлатӣ бо такя ба сармоягузорону хоҷагони хориҷиаш барои ба даст овардани ҳокимият ба набарди мусаллаҳона даст зад ва сохти конститутсиониро дар соли 1992 аз байн бурда, кишварро ба майдони ҷанг ва қатлу куштор табдил дод. Ин ҳолат боиси парокандагии маъмурӣ дар ҷумҳурӣ гардида, ҳокимият дар саросари кишвар фалаҷ шуд ва вуҷуди ягонагии Тоҷикистон ба ҳайси давлат зери савол рафта буд.

Наҳзатиёни террорист он замон фаъолияти экстремистии худро тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои террористона пардохтанд. Аз ҷумла, кушторҳои бераҳмонаю ваҳшиёнае, ки дар дохили бинои ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш дар соли 1992 ҷинояткорони наҳзатӣ анҷом додаанд, дар таърихи башарият назир надорад.

Дар таърихи 27-уми июни соли 1992 гурӯҳи мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Саидалиев Мирзовалӣ, Ғуфронов М., Саломов А. (сокинони ноҳияи Вахш) бо супориши саркардаи наҳзат 21 нафар истиқоматкунандагони ҳамин ноҳия, аз ҷумла Каримов Рустам, Бустонов Ҳусейн, Исатов Бобоқул, Дабилов Қосим, Дабилов Насим ва дигаронро маҳз дар таҳхонаи ҳаммоми «Туркманистон» ба қатл расондаанд.

Чунин даҳшате, ки қотилони наҳзатӣ ба дасти хеш ҳамватанашонро кушта, ҳатто пора-пора кардаанд, ҳеҷ тоифае ғайри афроди наҳзатӣ анҷом надодааст. Имрӯз аз он ҳаводиси даҳшатоваре, ки бар сари муаллимону духтурон, муҳандисону зиёиён ва аҳли ҷомеаи мадании манотиқи вилояти Хатлон ин террористон ба вуҷуд оварда, садҳо нафарро дар қатлгоҳи ҳаммоми он савхоз-техникум ба қатл расонидаанд, солҳои зиёд гузаштааст. Аммо ҳаводиси мазкур ҳамчун доғе дар таърихи миллат боқист. То ҳанӯз бинои мазкур ба сокинони он минтақа харобиоварию ҷинояткории наҳзатиҳоро ёдрас менамояд.

Дар натиҷаи ҷангу даргириҳои солҳои навадум зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардида, садҳо ҳазор шаҳрванди кишвар рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ ниҳод. Ҳамчунин, дар натиҷаи ҷангу даргириҳои хунин сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, корхонаҳо аз кор монданд, ҳазорон нафар бехонаву дар, ятиму бепарастор ва бесарпаноҳ монданд. Тамоми соҳаҳои иқтисод хароб гардида, дар кишвар сатҳи зиндагӣ ниҳоят поён рафта буд. Умуман, Тоҷикистон бар асари ҷанги дохилӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои дигари собиқи Шуравӣ дар солҳои навадум хеле қафо монд.

Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шурои Олӣ, ки дар Хуҷанди бостонӣ доир гардида буд, Ҳукумат аз нав таъсис ёфт ва қабл аз ҳама, сари бартараф кардани низоъ ва даргириҳо, ба ҳам овардани мардуми маҳалҳои ҷумҳурӣ, эҷоди ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, боло бурдани иқтидори сиёсӣ ва танзими умури давлатӣ тамаркуз кард.

Ҳамин тавр, хотима ёфтани ҷанги ҳамватанӣ, расидан ба марҳилаи ризоияти миллӣ, сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ба саъю талошҳои бевоситаи раҳбарияти олии давлат марбут будааст. Гузашта аз ин, бо ташаббус ва ибтикороти раҳбарияти давлат мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва мадании кишвар марҳила ба марҳила ҳаллу фасл гардида, мамлакат аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфта, фазои солими ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуд. Аммо зарар ва зиёни моддию маънавии ҷанги шаҳрвандиро, бемуҳобо, метавон ҳанӯз ҳам дар симои насли миёнсолу солманди кишвар мушоҳида кард.

Имрӯз нуктаи ҳассосе, ки аз замони ҷангу даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта дар ёду хотираҳо амиқ нақш бастааст, даҳшату ваҳшати ҷанг аст: хушунату озор, шиканҷаву заҷр ва қатлу куштори дастҷамъонаи одамон, ки аз тарафи гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав дар маконҳои махсус амалӣ мегардиданд, ҳатто имрӯз ҳам даҳшат меафкананд.

Чунин даҳшатеро, ки онҳо ба дасти хеш ҳамватанашонро кушта ҳатто пора-пора кардаанд, ҳеҷ тоифае ғайри наҳзатӣ анҷом надодааст. Имрӯз аз он ҳаводиси даҳшатоваре, ки бар сари муаллимону духтурон, муҳандисону зиёиён ва аҳли ҷомеаи мадании манотиқи кишвар ин террористон ба вуҷуд оварда, ҳазорон ҳазорро дар қатлгоҳи ҳаммоми он савхоз-техникум ба қатл расонидаанд, солҳои зиёд гузаштааст. Аммо ҳаводиси мазкур ҳамчун доғе дар таърихи миллат боқист.

Гурӯҳи ҷинояткори мазкур айни замон нашармида аз миллату инсоният ҳарф мезананд, лекин хиёнатҳояшон ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа камтар нест. Бадтарин шеваҳои қатли инсонро дар кишварамон нисбати ҳамватани худ раво дидаанд, ки онро ҳеҷ касе ба ҳаммеҳани худ раво надидааст.

Ҳаммоми «Туркманистон» то имрӯз мавҷуд буда, аз қотилию ваҳшоният ва дигар ҷиноятҳои сангини саркардаҳою масъулони ташкилоти мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ шаҳодат медиҳад.

Маъруф АШӮРОВ,

пажӯҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь