Тибқи таҳлилҳо давоми 5 моҳу 20 рӯзи соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон 40 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 нафар ноболиғон, 12 нафар хурдсолони то синни мактабӣ ва 11 нафар ҷавонон ба ҳалокат расидаанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ аз имрӯз, 20.06.2024, сар карда дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти рамзӣ бо номи “Наҷот” роҳандозӣ карда мешавад.

Дар доираи амалиёти “Наҷот” кормандони милитсия ба соҳили каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнуъ сафарбар карда шуда, маҷмуи чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ доир менамоянд.

Дуруст, ки имрӯзҳо дамои ҳаво дар кишвар хеле гарм аст. Дар ин мавсим аксари мардум талош мекунанд дар соҳили дарёҳо истироҳату оббозӣ кунанд. Аммо ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. Дар ин рӯзҳо мо шоҳиди марги одамони зиёде, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар оби каналу дарёҳо мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани оддитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд. Ғарқшавии одамон махсусан дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ манъ аст, ба амал меоянд.

Дар баробари ин Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ҳамаи падару модарон даъват менамояд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғиботро ҷоннок намуда, ҷиҳати пешгирии ғарқшавии ноболиғон ва ҷавонон дар фасли тобистон аз болои фарзандони худ назоратро пурзур намоянд.

Истироҳату фароғат назди кӯлу обанборҳо метавонад бо фоҷеа анҷомад. Аз ин рӯ, ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунед ва дар ҷойҳои манъшуда ба об надароед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь