Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA 3 зина поён шуда, дар мавқеи 102-юм қарор гирифт.
20-уми июн FIFA рейтинги нави дастаҳои аъзоро нащр кард, ки дар садри он дастаи мунтахаби Аржентин ҷой гирифтааст. Фаронса дар зинаи дуюм ва Белжик сеюм ҳастанд. Бразил, Инглис, Портуғол, Нидерланд, Испониё, Курвосӣ ва Итолиё дастаҳое ҳастанд, ки ба даҳгонаи аввал шомиланд.
Аз Осиё Ҷопон рейтинги хуб дорад, ки дар зинаи 17-ум аст. Се дастаи беҳтарини Осиё Ҷопон, Эрон ва Куриёи Ҷанубӣ ҳастанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои осиёӣ дар зинаи 18-ум аст. Шикаст ваз дастаи Урдун (ҷойи 68) ва пирӯзӣ бар дастаи камбаҳои Покистон (ҷойи 197) дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 рейтинги Тоҷикистонро коҳондааст.
Блоки рекламавӣ