Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо дар як солу 5 моҳ наздики 20 километр роҳи ноҳия бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ пурра таъмири асосиӣ шуда, рафтуомади воситаҳои нақлиёт таъмин гардидааст.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Ҷовид Ҳакимзода гуфт, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалтии кишвар соли гузашта аз ҳисоби Ҳукумати кишвар, Вазорати нақлиёт, МИҲД-и ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманд 12,2 км роҳи ноҳия пурра мумфарш карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ наздики 6 километр роҳ пурра таъмири асосӣ шуда, дар назар аст, ки то охири сол боз даҳҳо километр роҳи дигар таъмиру таҷдид карда шаванд.
Ба ҷуз таъмири асосӣ боз чандин километр роҳи роҳҳои ноҳия таъмири ҷорӣ, сангфарш ва пулҳои мошингузар бозсозӣ шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 230 км роҳи мавҷуанд, ки аз онҳо 34,8 км роҳи байналмилалӣ, 16,8 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва 178,4 км роҳи маҳаллӣ ҳастанд, ки айни замон бо дастгирии Вазорати нақлиёти кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманд таъмиру бозсозии онҳо идома дорад.