Ҷанговарбонувон (Амазонибонувон) тоифа ё халқияти бостоние будаанд, ки сарфи назар аз навиштаҳои зиёде то кунун бисёр асрорашон нокушуда мондааст. Бино бар маълумоти асотирӣ ин тоифа дар шимоли шарқии Осиёи Хурд ва Қафқози ҷанубӣ, инчунин дар соҳилҳои руди Амазон ва дигар минтақаҳо зиндагӣ мекардаанд. Дар бораи маънои “амазон” фарзияҳои зиёд вуҷуд доранд, ки гунаи юнонии μαζός “бесина”, эронии «ha-mazan»ҷанговар, «a masso» каснорас (бешавҳар) ва ғайра дар он шуморанд. Ба ин фарзияҳо гунаи “мазан”и авестоиро низ илова кардан мумкин, ки маънояш бузургҷуссаҳо буда, ҳангоми илова кардани пасванди инкории “а” маънои акс, яъне на бузургҷуссаро мегирад. Албатта, инҳо танҳо фарзияанд.

Ҳеродот Сарматияро ҷойи сукунати тоифае ном бурда буд, ки онро занҳо идора мекарданд. Мутобиқи навиштаи ӯ амазонибонувон дар давлати Скифия – Қрими кунунӣ сукунат доштаанд. Ҳеродот сарматҳоро ҳамчун насли амазонибонувон ва скифҳо тасвир карда буд. Дарёи Амазонкаро дар Амрикои ҷанубӣ тасодуфан чунин наномидаанд. Соли 1542 гӯё дар ин ҷо амазонибонувонро дида бошанд…

Масъалаи вуҷуд доштан ё надоштани ҷанговарбонувон то имрӯз ҳал нашудааст. Мавро Орбини соли 1601 тахмин карда буд, ки ҷанговарбонувон ҳамсарони сарматҳо буда, дар соҳилҳои Волга сукунат дошта будаанд. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар минтақаҳои гуногун тасдиқ мекунанд, ки занҳои ҷанговар вуҷуд дошта, дар лашкаркашӣ ва ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи сарматҳо нақши фаъол дошта будаанд.

Тоифаи сарматҳо аз номи сарзаминҳои ба писари Фаридун Салм бахшшуда тасмия гардидаанд, ки бо номҳои Сарм, Сарум (Саирма) ифода шуда, баъдан ба гунаи Ҳорумон, Ҳарум, Ҳрум, Рум ва ғайра тағйири шакл кардаанд. Мутобиқи пажӯҳиши ин муаллиф сарзаминҳои Салм аз самти ғарби Хуҷанду Самарқанд оғоз шуда, то минтақаҳои кунунии Тошканд, Ҳафтруд ва кӯли Балхаш идомат меёфтаанд . Ҷонибдорони назарияи вуҷуд доштани ҷанговарбонувон зикр кардаанд, ки ёдоварии охирини таърихии ин тоифа ба давраи ҳукмронии Искандари Мақдунӣ тааллуқ дорад. Чаҳордаҳ муаррихи бостон аз мулоқоти Искандар бо Фаластридаи ҷанговарбону ёд кардаанд.

То кунун дар бораи дар шарқи Осиёи Миёнаи бостон вуҷуд доштани чунин гурӯҳи бонувон маълумоте вуҷуд надошт. Танҳо дар адабиёти бостонии чинӣ дар шарқи Фарғона аз кишваре ёд мешавад, ки ҳокимашон занҳо будаанд. Дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ дар бораи тоифаи занҳое сухан меравад, ки ба тамоми нишониҳои ҷанговарбонувон дар дигар минтақаҳо посухгӯ буда метавонад.

Аз таърихҳо медонем, ки Искандар баъди фатҳи Суғд ба кишваре лашкаркашӣ мекунад, ки Паретакен ном дошта, бисёр сарбозони шикастхӯрдаи Суғд ба он ҷо фирор карда, дар дижи Ҳориен паноҳанда шуда буданд. Искандар барои амнияти давлаташ пеш аз сафари Ҳиндустон он сарбозони фирориро мехост нобуд созад. Паретакҳо (зикрашон дар “Авесто” рафтааст – М.Ҳ.) дар диже бо номи Дижи Ҳориен ҷой гирифта буданд. Мувофиқи пажуҳишҳои мо (ниг. М. Ҳотам “Лашкаркашии Александри Мақдунӣ ба Паретакен (Қаротегин)”, Душанбе, 2018) харобаҳои Дижи Ҳориен ҳоло дар деҳаи Юсти ноҳияи Нуробод вуҷуд доранд. (Паретакен баъдҳо бо номи дурӯғину туркишудаи Қаротегин баргашт).

Искандар дижро тасхир карда, баъди тақрибан ду моҳи иқомат дар он ҷо азми сафари “Кишвари сокоиҳо”-ро мекунад. “Кишвари сокоиҳо” водиҳои Лахшу Олой будаанд, ки аз ҷониби сокоиҳо тасхир шуда буданд. Искандар дар сари роҳаш аз паҳлуи Дижи Аримаз (Ҳарум) гузашта, баъди бозгашт аз Кишвари сокоиҳо ба он ҷо ворид мешавад. Муаррихони антиқии юнониву римӣ сардори дижро Аримаз номидаанд, аммо далелҳо собит менамояд, ки ин номи маҳал – Арум бо иловаи пасванди юнонии –аз будааст.

Мо дар асари мазкурамон дар бораи як ном будани Ҳарум, Аримаз ва Горум (Мутаассифона, таҳиягарон, дар “Ҳудуд-ул-олам”, Душанбе: «Бухоро», 2014, Горумро ғалат пиндошта онро ба вожаи Ғарм ислоҳ кардаанд М.Ҳ.) изҳори назар карда будем. Н. Кисляков овардааст, ки “…Юль приурочивает к главному городу Каратегина Гарму Ho-lu-mo Сюань-цзяна…”. Ҳо-лу-мо – Ҳорум – Ҳарум будани вожаи Ho-lu-mo, яқин аст. Яъне Горум ва Ҳарум ду гунаи номи пешини Ғарм будаанд.

Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ дар бораи Искандар бисёр лаҳзаҳоеро дидан мумкин аст, ки бо баъзе навиштаҳои таърихномаҳои муаррихони юнониву римӣ шабеҳият доранд. Дар ин шоҳасар дар баробари қиссаҳои зиёде, ки ба Искандар бахшида шудаанд, қиссае ҷой дорад, ки «Дидани Сикандар шигифтиҳо ба шаҳри Ҳарум» ном дорад. Дар ин қисса омадааст, ки Искандар ба Ҳарум ном шаҳре мерасад, ки ҳама ҷанговарони он занҳо будаанд. Достон чунин оғоз мешавад:

Ҳаме рафт бо номдорони Рум,

Бад-он шорсоне, ки хонӣ Ҳарум,

Ки он шаҳр яксар занон доштанд,

Касе бар дари шаҳр нагзоштанд.

Занҳои он шаҳр ҳама ҷанговарони ҷасури ҷавшанпӯш буда, синаи чапашон, ба хотири ҳангоми кашидани камон халал нарасонидан бурида шудааст. (Дар ривоятҳои дигар дар бораи амазонибонувони баъзе минтақаҳо гуфта шудааст, ки дар хурдиашон як синаи онҳо бо оҳани тафсон доғ карда мешуд).

Искандар дар номааш худро шоҳи Эрону Рум муаррифӣ карда, баъди сипоси Кирдигор изҳор мекунад, ки мо тамоми ҷаҳонро ба тасарруфи худ даровардем ва ҳар ки аз фармони мо сар печад, ба хоки сиёҳ яксон хоҳад шуд. Ман бо шумо ройи ҷанг надорам ва агар хирадманду донандае доред, баъди расидани нома ӯро барои машварат ба назди ман фиристед.

Файласуфи румие номаро ба шаҳри занон бурда, дар он ҷо ба ҷуз занон мардеро намебинад. Донои он шаҳр номаи Искандарро хонда, дар посух менависад, ки дар ҳар кӯчаи шаҳри мо ҳазорон зан аст ва мо шабу рӯз либоси ҷангӣ ба бар дорем. Ҳеҷ кас аз мо ба шавҳар намебарояд. Ва агар дӯшизае майли шавҳар кунад, аз шаҳр берун меравад ва мо дигар ӯро нахоҳем дид. Агар дигар шаҳрҳои кишвар духтаре ҷанговару ҷасур таваллуд шудаву ба воя расад, ӯро ба Ҳарум мефиристанд ва агар чунин сифатҳоро надошта бошад, дар ҳамон ҷой боз хоҳад монад. Ба шаҳри мо зи ҳар сӯй, ки ойӣ бояд аз дарёи пурталотум бигзарӣ:

Зи ҳар сӯ, ки ойӣ бад-ин буму бар,

Ба ҷуз жарфдарё набинӣ гузар.

Бибояд гузаштан ба дарёи жарф,

Агар хуш бувад рӯз, агар боду барф,

Ҳар шабе даҳ ҳазор зан бар лаби об шаҳри моро посбонӣ мекунанд. Мо си ҳазор зани савор дорем. Аз занҳо ҳар ки рӯзи ҷанг як ҷанговари душманро аз асп ба зер афкаанад, бар сари ӯ тоҷи зарин мениҳем.

Ҳамоно зи мо зан бувад сӣ ҳазор,

Ки бо тоҷи зарранду бо гӯшвор,

Ки марде зи гарданкашон рӯзи ҷанг

Зи чанголи ӯ хок шуд бедиранг.

Ту марди бузург ва боному нанг ҳастӣ, – менависанд онҳо дар идомаи номаашон, – номи худро бад макун. Зеро баъдҳо хоҳанд гуфт, ки Искандар бо занон ҷанг карду боз ҳам аз ҷанг бигурехт. Беҳтараш бо бузургони Рум биё, шаҳри моро тамошо кун ва аҳволи моро бо чашми худ бубин. Искандар номаро хонда, ба қосид мегӯяд, ки на, майли ман ҷанг бо занон нест, мехоҳам шаҳри шуморо бубинам.

Қосид посухи Искандарро ба занон мерасонад ва онҳо машварат мекунанд, ки ду ҳазор занро ҷудо карда, ба мулоқоти Искандар фиристонанд. Вале бо кадом сабабе Искандар бо занҳо мулоқот накарда, роҳаш ба сӯи Кишвари сокоиҳо идома медиҳад. Ва баъди ду рӯзи сафараш барфу бӯрони сахте ба амал омада, ду ҳазор сарбози Искандарро нобуд мекунад:

Сипаҳбад зи манзил сипаҳ баргирифт,

Зи кори занон монда андар шигифт.

Ду манзил биёмад, яке бод хост,

В-аз ӯ барф бо кӯҳсар гашт рост.

Табаҳ шуд басе мардуми пойкор

Зи сармову барф андар он рӯзгор.

Бад-он сахтсармо ду манзил бирафт,

Чу омад ба наздикии шаҳр тафт,

Баромад яке дуду абри сиёҳ,

Бар оташ ҳаме рафт, гуфтӣ, сипоҳ.

Баъди барфу сардиҳо чунон гармие фаро мерасад, ки аз шиддати он гӯё замин месӯзад. Вай дар идомаи роҳ ба шаҳре мерасад, ки мардумаш:

Фурӯ ҳишта лафчу бароварда кафч,

Ба кирдори қиру шаба кафчу лафч.

Ҳама дидаҳошон ба кирдори хун,

Ҳаме аз даҳон омад оташ бурун.

Басе пил бурданд пешаш ба роҳ,

Ҳамон зиштчеҳра ҷаҳоне сипоҳ.

Бигуфтанд, к-«Ин барфу боди дамон,

Зи мо буд, к-омад шуморо зиён,

Ки ҳаргиз бад-ин роҳ нагзашт кас,

Турову сипоҳи ту дидему бас».

Искандар аз он ҷо ошуфтаҳол сӯи шаҳри ҷанговарзанон – Ҳарум пас мегардад.

Баъд ду ҳазор зан аз дарё гузашта, дар ҷангали муқобили шаҳри Ҳарум Искандарро зиёфат медиҳанд:

Зи дарё гузар кард зан ду ҳазор,

Ҳама пок бо афсару гӯшвор.

Яке беша буд пур зи обу дарахт,

Ҳама ҷойи равшандилу некбахт.

Хӯриш гирд карданд бар марғзор

Зи густурданиҳо ба рангу нигор.

Баъд Искандар ба шаҳри Ҳарум дохил мешавад ва занон ӯро бо туҳфаҳои қимматбаҳо пешвоз мегиранд. Вай бо онҳо бо меҳрубонӣ муносибат мекунад. Субҳи рӯзи дигар Искандар, кадом розеро, ки муаллиф низ онро намегӯяд, фаҳмида, ба назди лашкараш бармегардад.

Чу шаб рӯз гашт, андаромад ба шаҳр,

Ба дидор бардошт з-он шаҳр баҳр.

Каму беши эшон ҳама бозҷуст,

Ҳаме буд, то розҳо шуд дуруст.

Дар достони мазкур чанд лаҳза тақозо мекунад, ки рӯйдодҳои он бо лаҳзаҳову навиштаҳои муаррихони римиву юнонӣ дар бораи лашкаркашии Искандар ба Паретакен муқоиса карда шаванд.

-Нахуст, номи шаҳри Ҳарум яке аз гунаҳои номҳои пешини Ғарм – Горум, Гарум, Ҳорум, Горумон, Арм ва ғайра будааст.

-Дуввум, Ҳарум аз “Шоҳнома” бо Аримази муаррихони антиқӣ айни ҳам буда, қисмати “–аз” (-ус) пасванди юнонӣ дар Арим-аз ё Арум-аз аст .

-Сеюм, Искандар аз Дижи Ҳориен баромада, баъди се рӯз ба барфу бӯрон дучор мешавад, ки дар он ду ҳазор аскараш талаф меёбад. Мувофиқи навиштаи Ҳаким Фирдавсӣ аз Ҳарум Искандар баъди ду рӯзи аз Ҳарум баромадан ба ин ҳол гирифтор мешавад. Яъне, баъди як рӯзи аз Дижи Ҳориен – Нурободи кунунӣ баромадан бо соҳили чапи Сурхоб ҳаракат карда, ба ҷое мерасад, ки дар он сӯи соҳил Ғарм – Ҳарум воқеъ гаштааст ва баъди ду рӯзи идомаи роҳ ба барфу бӯрон гирифтор мешавад, ки тақрибан дар миёни ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол (Лахш) ба ин фалокат дучор омада будааст.

-Чорум, ҳангоми ба сармо гирифтор шудани Искандар, сарбозон дарахтони ҷангалро бурида, дар ҳама ҷо оташ меафрӯзанд, ба он сон ки гӯё ҷангал саросар оташ гирифта бошад. (Куртсий 8.3.12) Ин чора онҳоро аз марг наҷот медиҳад. Ин лаҳза низ аз тасвироти Ҳаким Фирдавсӣ барканор намондааст, ки чунин мегӯяд:

Баромад яке дуду абри сиёҳ,

Бар оташ ҳаме рафт, гуфтӣ, сипоҳ.

-Панҷум, мутобиқи навиштаҳои муаррихони юнонӣ дар Дижи Аримаз 30 ҳазор нафар одам паноҳ бурда буд. Дар шаҳри Ҳаруми Фирдавсӣ низ 30 ҳазор ҷанговари зан қарор дошт.

-Шашум, шаҳраки Ғарм дар соҳили рости Сурхоб воқеъ гаштааст, ки се тарафи он – ғарбу шарқ ва шимолашро кӯҳҳо фаро гирифта, аз ҷониби ҷанубӣ дарёи Сурхоб (болооби Вахш) имконияти ба Диж (дар он даврон) ҳамла намуданро аз байн мебарад. Искандар аз Дижи Ҳориен танҳо бо соҳили чапи Сурхоб метавонист ҳаракат кунад, дар он сурат ҳангоми дар муқобили шаҳраки Ғарм қарор гирифтан “Ба ҷуз жарфдарё набинӣ гузар”, ки ба тасвироти “Шоҳнома” мувофиқ меояд. (дар баҳору тобистон дарёи Сурхоб (Вахш) дар паҳлуи шаҳраки Ғарм ба масофаи зиёда аз як км паҳно дошта, убур кардани он маҳол буд.)

-Ҳафтум, Искандар дар роҳи сафараш ба Ҳарум надаромада, роҳашро (ба сӯи Габаз ва “Кишвари сокоиҳо” – М.Ҳ) идома медиҳад ва баъди аз сафари чандрӯза пас гаштан, ба Ҳарум медарояд. Яъне, ӯ ба он кишвар рафтаву бо ҳамон роҳ пас мегардад. Искандар баъди ба водиҳои Лахшу Олой рафтан бояд танҳо бо ҳамон роҳе пас мегашт, ки рафта буд. Зеро роҳи дигаре вуҷуд надошт. Чанде аз муаррихони юнонӣ, аз ҷумла Куртсий зикр кардааст, ки Искандар баъди сафар ба “Кишвари сокоиҳо” ба Дижи Аримаз ворид мешавад.

Дар “Шоҳнома” сардорбонуи дижи Ҳарум дар посух ба номаи Искандар мегӯяд, ки мо си ҳазор зан-ҷанговар дорем, бо мо ҷанг накун, ки таънасор мешавӣ, аввал, барои он ки бо занҳо ҷангидӣ, дувум, барои он ки шикаст хоҳӣ хурд. Аммо муаррихони замони Искандар ин ҳолат, яъне зан будани ҷанговарони қалъаи Ҳарумро зикр намекунанд. Ба ҷуз ин лаҳза дигар лаҳзаҳо бо навиштаҳои муаррихони юнонӣ мувофиқат мекунад. Умуман, муаррихони юнонӣ дар аксар маврид дар ҳаққи мардум ва сарбозони таҳҷойӣ туҳмату таҳқирро раво мебинанд, кӯшиш мекунанд, ки мақдуниёнро аз ҳар ҷиҳат аз онҳо бартар нишон диҳанд. Онҳо шояд зан будани ҷанговарони Ҳарумро қасдан пинҳон доштаанд. Дар лашкари Искандар ба истилоҳи имрӯза дафтари матбуотӣ сензура амал мекард, ки яке аз муовинони бонуфузи Искандар роҳбари он буд. Ҳама навиштаҳоро дар бораи Искандар назорат карда, баъди баъди ризоият доданаш рӯи коғаз меомаданд. Аз ин рӯ, эҳтимол муаррихони юнониву мақдунӣ бархурди Искандарро бо ҷанговарбонувон пинҳон кардаанд.

Он чиз ки Ҳарум аз “Шоҳнома” ҳамин Ғарми кунунист, ҳеҷ ҷойи шак нест. Ҳама далелҳо ин гуфтаро тасдиқ мекунанд. Дар замони тақрибан дувуним ҳазор сол пеш оби дарёҳо фаровонтар ва аз сатҳи баҳр назар ба ҳолати имрӯзаашон хеле поинтар буданд. Аз ин лиҳоз, тавре зикр гардид, оби дарёи Сурхоб (болоби Вахш) дар паҳлуи шаҳраки Ғарми кунунӣ зиёда аз 1 км. паҳно дошта, андаке поёнтар дар гулӯгоҳе ворид шуда, бошиддат ҷараён мегирад. Дар мавсими серобӣ дар ин ҷой танҳо бо заврақ гузаштан мумкин асту халос. Дар соҳили чапи дарёи мазкур дар муқобили шаҳраки Ғарм дарахтзоре вуҷуд дорад, ки ҳамон ҷангали дар “Шоҳнома” тасвиршуда аст.

Миёни достони Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ва навиштаҳои муаррихони Риму Юнони қадим баъзе ҷузъиёт тафовут мекунад. Нахуст, дар бораи зан будани си ҳазор сарбози Дижи Ҳарум муаррихон чизе намегӯянд. Дуюм, муаррихон дар тасарруфи ин диж “Сарбозони парвозкунанда”-ро бо муболиға зикр кардаанд. Муаррихони антиқӣ дар бораи аз дарё гузаштани Искандар чизе намегӯянд, ҳол он ки дар достонҳои дигар, аз ҷумла “Шоҳнома”, “Қасас-ул-анбиё” ва ғ. гузаштани ӯ аз дарё зикр шудааст.

Тавре зикр шуд, 14 муаррихи антиқӣ дар бораи бархурди Искандар бо ҷанговарбонувон шаҳодат додаанд ва гӯё ин бархурд охирин ёдоварии аз ин тоифаи бонувон дар таърих будааст. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо дар куҷо будани ин бархурдро нагуфтааст. Танҳо Ҳаким Фирдавсӣ номи макон ва тафсилоти он бархурдро зикр кардааст, ки ҳамин аст.

Муҳтарам ҲОТАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь