Ҳар истилогаре омад, аз илми Форс истифода бурду сохту пешрафт кард. Чӣ юнонӣ, чӣ арабу турку муғул! Инро метавонед дар навиштаҳои муаррихону ҷуғрофидонҳои онҳо пайдо карду хонд.

Баъди истилои араб мардум тағйири дин карданд, аммо забону фарҳангу расму русуми  хешро на танҳо нигоҳ доштанд, балки онро такмил дода дар арсаи ҷаҳон номи Форсро баланд бардоштанд. Акнун ба ҷойи дабистону дабиристон мафҳуми наве бо номи мадраса пайдо шуд. Инҳоро метавон ҳам ятимхона ва ҳам мактаб номид. Давлат ба хотири таъмини зиндагии толибилмон шакли нави заминдориеро бо номи вақф ҷорӣ сохт, ки аз даромади ин заминҳо толибилмон рӯз мегузарониданд ва пайи омӯзиши илм талош мекарданд. Новобаста аз он ки ҳокимони давру сиёсати замон чӣ гуна буд, ғамхорӣ нисбат ба  мадрасаҳо ва талош барои беҳтар кардани вазъи толибилмон ҳамоно кам нагардида буд. Давлатҳо пайиҳам аз миён мерафтанд, аммо ҳар сулолае, ки сари қудрат меомад, сиёсати хешро нисбат ба маориф ва илм дигар намекард. Ин буд, ки донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ аз ин мадрасаҳо баромаданд, ки имрӯз аз онҳо мегӯянду бо онҳо ифтихор мекунанд.

Аҷибаш ин аст, ки хатту забони расмии ин сулолаҳо форсӣ буд. Форсӣ хату забони ҳукмрон буд.  Аммо он чи ки имрӯз ҳар як муаррихи огоҳро дард медиҳад, ин аст, ки ба тоҷик тамғаю таънаи “бесавод”-ро заданд. Гӯё то омадани онҳо тоҷик як миллати ҷоҳилу бесаводу бекор буд ва бо омадани болшевикон тоҷик соҳиби замину саводу кор шудаасту пешрафт кардааст. Аммо саволи асосӣ ин аст, ки оё иддаоҳо ҳақиқат дорад?!

Дуруст аст, ки то омадани русҳо ва болшевикҳо вазъи дохилии давлатҳои Вароруд хуб набуд. Ин табиист. Зеро дар замони истилои араб ҳам ҳамин вазъият ҳукмфармо буд. Аммо чи хеле ки гуфтем, ҳар сулолае, ки меомад, сиёсати хешро нисбат ба мадрасаҳо бад намекард. Инро метавон аз навиштаҳои Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ мушоҳида кард.

Мутаассифона, аксар китобҳои ҷуғрофӣ ва дастхатҳое, ки омори дуруст додаанд, аз ҷониби болшевикҳо сӯзонида шуданд ё нобуд гардиданд. Танҳо кам дар ками онҳо боқӣ мондаасту халос. Бинобар ин, аксар шӯравишиносон маҷбур мешаванд, ки аз китобҳои русҳо истифода баранд, ки дар он вазъият пурра ба нафъи болшевикҳо аст. Якчанд китобҳое ҳастанд, ки инъикосгарӣ воқеии ин давранд, мисли “Қомус-л-аълом”-и Шамсиддин Сомӣ ва сафарномаҳои сайёҳи исавӣ Мейендорф дар солҳои 1820-1825.

Аммо ба ҳар ҳол кам ҳам бошад мухтасар аз китоби “Таърихи Ҳумоюн”-и Гулшанӣ меорем. Гулшанӣ солҳои 1885-1910, яъне 25 сол Бухорои Шарқиро пиёда қадам задаасту он чиро, ки дидааст, дар китоби “Таърихи Ҳумоюн”-и хеш дарҷ кардааст.

Нахуст муаллиф дар бораи худи шаҳри Бухоро маълумоти муфассал дода, сипас дар бораи ҳар вилоят дар алоҳидагӣ маълумот овардааст. Он чи ки бандаро дар ҳайрат овард, ин аст, ки дар ҳар куҷое, ки тоҷик аксариятро ташкил додаанд, он ҷо макони илму дониш ва ҳунармандию пешрафт будааст.

“Дохили шаҳр (манзур Бухоро) 199 адад мадориси сангинро доро аст, ғайри Гурхона ва Хонақоҳ дар тамоми он 50 ҳазор нафар толибилм сукно (маскан) доранд” (Таърихи Ҳумоюн саҳ 47). Бухоро марказ ба ҳисоб мерафт ва чун толибилмон аз минтақаҳои гуногун барои таҳсил меомадаанд, давлат онҳоро бо ҷойи хоб таъмин мекард.

Ин ҳолат на танҳо дар Бухоро дида мешуд, балки  дигар минтақаҳо низ ҳамин гуна вазъият доштанд.

“Вилояти мазкур (Шаҳрисабз) бар чиҳилу панҷ мадорис ва талабаи он фаровон аст ва миқдори даҳ ҳазор талаба ба мадорису масоҷид ва хонақоҳ истиқомат доранд” (ҳамон ҷо саҳ.114).

Дар Хуталон низ вазъи илму дониш  хеле беҳтар буд. “Дар даруни шаҳру фанои ин вилоят мутаҷовиз аз чилу панҷ адад мадориси азим, ки ҷомеаи он мамлӯ аз аҳли талаби илм аст, мавҷуд аст. Баъд аз Бухорои Шариф ҳеҷ шаҳре мисли Кӯлоб ба бисёрии талаба нест. Мутаҷовиз аз сӣ ҳазор талаба ба шаҳру фанои он машғули таҳсиланд” (Таърихи Ҳумоюн. саҳ 143). Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки дар солҳои 1907-1910 танҳо дар Кӯлоб  45 мадрасаи бузург бо 30 ҳазор толибилм машғули илмомӯзӣ буданд. Дар Балҷувон зиёда аз 15 адад мадраса вуҷуд дошт, ки дар он на кам аз 10 ҳазор толибилм талаби илм мекарданд. Дар Ховалинг низ вазъ ҳамин гуна буд. “Аҳли талабаи илм ва машоихи ин вилоят низ бисёранд. Аксар қарияҳои азим мадрасаҳои чубин доранд.”

Онҳое, ки илм намеомӯхтанд ё намехостанд, ба касбомӯзӣ машғул буданд, ки дар бораи онҳо дар мақолаи минбаъда маълумот хоҳем дод.

“Дар кӯҳистону қарияҳои сабзу хуррам мардумони аҳли фазл зиёд ҳастанд. Аҳолии ин марзу бум хушмашрабу толиби созу тарабанд. Талабаи он ба хондани нақши малӯ (сурудхонӣ) маҳорат доранд. Авоми (мардум) он аксар иштиёқ ва завқу шавқ бар рубоб доранд.” (саҳ 144).

Дар Ҳисор бошад, барои илм омӯхтан маҳаллаҳо миёни хеш гӯё сабқат мекарданд.

“Аҳли илму талабаи ин вилоят (Ҳисор) бисёр фаровон аст, мутаҷовиз аз даҳ ҳазор талаба, чаро ки ба ҳар дараву қария як ё ду адад мадрасаҳои чӯбин мавҷуд аст” (ҳамон ҷо саҳ 125).

Далелҳои дигаре низ вуҷуд доранду собит месозанд, ки мардуми тоҷик ҷоҳилу бесавод набуданд ва онҳо ҳунару дониши фаровон доштанд.

Ҳеҷ як ҷуғрофидоне ё сайёҳе дар китобаш нанавиштааст, ки мардуми тоҷик бесаводу ҷоҳил буд. Агар тамоми оморҳоро канори ҳам гузорем, мебинем, ки дар солҳои 1910-1920  тахминан 100 ҳазор толибилм танҳо дар Хуталон  илм меомӯхтанд, ки зиёда аз 90 фоизи онҳоро  тоҷикон ташкил медоданд. Дар он замон шумораи аҳолӣ кам буд, бинобар ин шумораи хонандагон собит месозад, ки дар Хуталон тоҷик бесавод набуд ва аксарият донишманду бофарҳанг буданд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 1928 дар ҷумҳурӣ 329 мактаби ибтидоӣ, 4 мактаби 7 сола ва 3 мактаби миёна фаъолият мекарданд, ки дар онҳо 13785 талаба таълим мегирифтанд.

Бо гузашти вақт афзоиши шумораи марказҳои таълимӣ ва зиёд шудани  аҳолӣ сурат мегирифт. Чун бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ҳам афзоиш меёфт.

“Шояд ин ақидаҳои хато вақте пайдо шуданд, ки босаводони ҷомеаи тоҷикии он замон ҳама ҳамчун мулло, бой, кулак нест карда шуданд ё ба Афғонистон гурехтанд ё дар ҷангалҳои Сибир ба дарахтбурӣ машғул буданд.!?” (Ғолиб Ғоибов)

Бо кушта шудани донишмандони зиёд аз ҷониби болшевикҳо вазъи илму дониш ҳам дар Вароруд завол ёфт. Сипас ба мардуми раҳгумзада ва ночормонда идеология ва хати хешро омӯзониданд.

Чӣ хел миллате, ки то омадани болшевизм Донишу Туғралу Айниву Шоҳину дигаронро тарбия кардааст, ҷоҳилу бесавод мешудааст? Чӣ хел номи хешро навишта наметавонистааст?

Аммо як чизи дигарро бояд қайд кард, ки болшевизм ва ғуломони он мардуми раҳгумзадаро баъди даҳсолаҳои кушторҳояшон бовар кунонидаанд, ки дар мадрасаҳо танҳо дин омӯхта мешуду халос. (Барои исботи суханҳояшон якчанд филм ба навор гирифтанду китобҳои он замонро нобуд карданд) Мутаассифона, аз сабаби мутолиа накардан тоҷик ба ин ҳама бовар карду имрӯз ҳам бовар дорад ва надониста ҷониби гузаштаи хеш санг мезанад. Дар ҳоле ки дар мадрасаҳо илмҳои нуҷум, ҳандаса, тиб ва илоҳиёт дарс дода мешуданд, ки ин чаҳор илм дар пешрафти ҷаҳон саҳми асосӣ мегузошт ва имрӯз ҳам мегузорад. Лоиқ барҳақ ба ин тоифаи худношинос гуфтааст:

… Гоҳо аз минбарҳо

дар кунгураҳо

дар китобу дафтарҳо

рӯзномаву маҷаллаҳо

нотиқи булфузуле,

қаламкаши гӯле

бо бонги баланд

бо ранги баланд

мегӯяд

ё менависад:

Халқи тоҷик

дар гузашта

бесавод буд

саросар…

Қаҳ! Қаҳ! Қаҳ!

Эй кавдан!

Эй сагдаҳан!

Ту бесаводӣ

Ё Рӯдакӣ?

Ту бесаводӣ

Ё Фирдавсӣ?

Ту бесаводӣ

Ё Сино?

Ё Хайём?

Ё Ҳофиз?

Ё Саъдӣ?

Ё Румӣ?

Ё Низомӣ?

Ё Саноӣ?

Ё Аттор?

Ё Соиб?

Ё Ҷомӣ?

Ё Биноӣ?

Ё Камол?

Ё Носири Хисрав?

Ё Бедил?

Ё Саййидо?

Ё Дониш?

Ё Шоҳин?

Дар баробари ин бузургон

Кӯрии ту мусаллам аст,

Омин!

Саид НАЗАРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь