Фалсафаи муосири тоҷик аз марҳилае оғоз гардид, ки суннат ва фарҳанги гузаштаи фалсафии он аз тарафи традитсионалистон (муҳофизакорон)-у модернистони исломӣ ва ҷараёни маркисистӣ-ленинӣ бо дарназардошти биниши идеологӣ (ҳам идеологияи исломӣ ва ҳам идеологияи маркисистӣ-ленинӣ) мавриди таҳқиқу пажуҳиш ё бознигарӣ қарор гирифта буд. Чунин биниши фрагметалии идеологӣ, ки моҳияташ ночиз нишон додани фарҳанги гузаштаи бостон аз назари идеологияи исломӣ ва фарҳангу тамаддуни асримиёнагӣ аз назари идеологияи маркисистӣ-ленинӣ дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, ҳар муҳақиқ ва пажуҳишгари ин фарҳанги гуногунҷанба ва як дараҷа парокандаро водор месохт, то ба мероси гузаштаи табартақсимшудаи идеологӣ бо дарназардошти методологияи муҳофизакоронаи илмии замона шахсиятҳои бузурги фалсафии гузаштаамонро, аз як ҷониб, дар сатҳи умумииттифоқӣ муаррифӣ ва аз ҷониби дигар, мероси парешону омехтаи ирфониро аз нав арзишгузорӣ кунад.

Чунин вазъи печида ва мубҳам ҳар як файласуфи муосири тоҷикро водор месохт, то мероси гузаштаи худро аввалан ба чашми кам набинад ва аз ҷониби дигар, зимни бознигарии мероси гузаштаи худ афкори реалистӣ ва воқеъгароёнаи онҳоро, ки дар шинохти ҳақиқат ва сохтмони худшиносии миллии мо мусоидат мекунад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад. Махсусан, масъалаи нақди мероси суфия ё “арзёбии миқёси ҳақиқатҷӯии ирфонӣ ва мизони ҳақиқатгӯии орифон” (ниг.: Стас В. Т. Ирфон ва фалсафа. Тарҷимаи Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ. Теҳрон. 1375. С. 10.) муҳимтарин масъала дар пешорӯи файласуфони муосири тоҷик буд, то осори бузургтарин орифони тоҷик ва мусулмон ба дурустӣ мавриди таҳқиқи илмӣ қарор гирад. Ин масъалаҳои муҳим, чи тавре ки огоҳ ҳастем, аз тарафи  файласуфони муосири тоҷик Баҳоуддинов А., Осимӣ М., Диноршоев М., Одилов Н., Маҳмадхоҷаев А., Олимов К. ва дигарон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

Ратсиолнаизими ирфонӣ хеле доманадор ва ҷанбаҳои гуногун дорад, ки дар маҳдудаи як мақола наметавон онро баррасӣ намуд. Дар ин мақола мехостам ба яке аз паҳлуҳои ин мавзуъ маҳдуд шавам, ки Устод Кароматулло Олимов дар шинохт ва аз нав арзиш гузоштани мероси ирфонӣ аз нигоҳи ақлгароии миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Устод Кароматулло Олимов дар таҳқиқ ва эҳёи мероси фалсафӣ ва ирфонии мо саҳми бузург гузошта, дар шинохти мактабҳои фалсафии гузаштаи халқи тоҷик таҳқиқотҳои арзишманд анҷом додаанд.

Яке аз таҳқиқоти арзишманде, ки дар шинохти мероси ирфонию тасаввуфӣ анҷом додаанд, китоби “Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х- ХII”-и устод Кароматулло Олимов мебошад. Дар ин таҳқиқот мактаби тасаввуфи миллии мо баррасӣ шудааст, ки мехоҳем ба яке аз масъалаҳои муҳими он таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб намоем. Аз назар мо, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар таърихи ирфони фалсафӣ ё ратсионализими ирфонӣ асосӣ ва меҳварӣ мебошад, омезиши суннатҳои ақлгароӣ бо суннатҳои ирфонию ҳадсӣ будааст. Меъёри ҳама гуна арзишҳои ақлонӣ дар натиҷаи ташаккули донишҳо илмро ба вуҷуд меоваранд. Маҳз меъёри ҳама гуна донишҳои ақлонӣ масъалаи таснифи илмҳо ба вуҷуд меорад, ки дар мактаби тасаввуфи миллии мо ҷойгоҳи махсус дорад. Устод Кароматулло Олимов аз аввалин нафароне мебошанд, ки маҳз ин масъаларо дар таҳқиқоти хеш таҳлилу баррасӣ намудаанд.

Яке аз барҷастатарин суфиёни исломӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар асари «Табақот-ус-суфия» ба таснифоти илм, ки барои тасаввуф нисбатан хос аст, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардааст. Ба ақидаи ӯ, «….улум анвоъанд: Аввал илми тавҳид аст. Дигар илми фиқҳ аст ва илми дин. Сеюм илми ваъз. Чаҳорум илми таъбир. Панҷум илми тиб. Шашум илми нуҷум. Ҳафтум илми калом. Ҳаштум илми маош. Нуҳум илми ҳикмат. Даҳум илми ҳақиқат” (ниг.: Ансорӣ Хоҷа Абдуллоҳ. Табақот-ус-суфия. -Теҳрон, 1380. С. 16).

Чи хеле ки аз матни зикршуда бармеояд, таснифоти илмии аҳли ирфон бештар мавзуъҳои диниро шомил буда, ягон усули махсус дар таснифоти илмҳои динӣ матраҳ накардааст ва бештар хусусияти нақлию ривоятиро дорост. Аммо инҷо ба таври стихиявӣ аз усулҳои субординатсионӣ ва координатсионии машшоиёни шарқӣ дар масъалаи таснифоти илм истифода шудааст.

Абдуллоҳи Ансорӣ моҳияти илмҳои тасаввуфиро шарҳ дода, дар «Табақот ус-суфия» мегӯяд: «Аммо илми тавҳид ҳаёт аст ва илми фиқҳ доруст. Ва илми иззат ғизост. Ва илми таъбир занн аст. Ва илми тиб ҳилат аст. Ва илми нуҷум таҷрубат аст. Ва илми калом ҳалок аст. Ва илми маош шуғли оммаи халқ аст. Ва илми ҳикмат оина аст. Ва илми ҳақиқат дарёфти вуҷуд аст. Аммо илми тавҳид илми дин аст ва он се ваҷҳ аст: тавҳид ул-ихлос бил китоб ва с-сунна ва тавҳид ут-таҷрид ва ҳува илм ул-ҳаёт би тафрид аз-зикр ва нисён ва ғайра ва талаби тасҳеҳ ат-тавҳид би исқот ис-сифот вал калом фи ҷавоҳир вал аъроз ва т-тинат вал ҷуссат вал ҳаюло ва ҳува илму л-занодиқат ул- аввали. (тавҳиди ихлос дар Қуръон ва Суннат ва тавҳиди таҷрид (абстракт), ки як илми зиндагӣ бо тафриди зикр (Худоро ягона зикр кардан) ва фаромӯш кардани ғайри Худо мебошад. Ва талаби дурусти тавҳиди бесифатҳо. Ва сухан гуфтан дар бораи ҷавҳари ашё, аърозҳо, моддаи сохташуда, ҷасад ва ҳаюло, ки ин илми аввалини зиндиқон (шаккокон) мебошад). Яъне дар моҳият ин иқтибос усулҳои ақлонӣ мисли шак ва масъалаҳои фалсафӣ, мисли ҷавҳари ашё, аърозҳо, моддаи сохташуда, ҷасад ва ҳаюло матраҳ шуда, аз суннатҳои ақлии машшоиён бозгуӣ мекунад (ниг.: Ансорӣ Хоҷа Абдуллоҳ. Табақот-ус-суфия. -Теҳрон, 1380. С. 16).

Бояд таъкид намуд, ки тақсимоти мавзуии донишҳои динӣ бо такя аз Қуръон ва суннатҳои Паёмбари ислом дар асоси равишҳои фалсафии тафсирию таъвилӣ сурат гирфта, бештар ҷанбаи амалию ахлоқӣ ва равоншинохтӣ дорад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад.

Намояндагони дигари аҳли тасаввуф Калободӣ ва Мустамлӣ илмро ба ду гурӯҳ – илми зоҳир ва илми ботин ҷудо менамоянд, ба таври дигар онҳоро илми даросат ва илми варосат меноманд. Илмҳои зоҳир аз роҳи ҷаҳд ба даст омада, илмҳои ботин бошанд, ҳадяи илоҳӣ барои касест, ки бо ҷидду ҷаҳд илмҳои зоҳирро меомӯзад ва барои ин хизматҳо ба вай илмҳои ботин кушода мешаванд. «Илми даросат илми зоҳир аст ва илми варосат илми ботин. Ҳар кӣ илми зоҳир биёмӯзад ва онро ба ихлос кор набандад, илми ботин наёбад ва илми зоҳир бар ӯ вубол гардад. Ва ҳар ки илми зоҳир биёмӯзад ва онро кор бандад, илми зоҳир ҳуҷҷати ӯ гардад ва ба илми ботин ато ёбад» (ниг.: Олимов К. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х- ХII. Душанбе, 2019. С 163).

Бо андешаи мо, Хуҷвирӣ – намояндаи дигари мактаби ирфонӣ назар ба Мустамлӣ таснифоти нисбатан дигареро пешниҳод мекунад, вале ақидаи онҳо дар асл бо ҳам мувофиқат менамояд. Ба андешаи Хуҷвирӣ, илм (дониш) ду навъ аст: яке илми илоҳӣ ва дигаре илм дар бораи одамон. Тавассути илми илоҳӣ аз он огоҳӣ меёбанд, ки тамоми мавҷудот ва ғайри мавҷудот дар корҳои Ҳақ иштирок намекунанд (ниг.: Ғазнавӣ Ҳучвирӣ. Кашф ул-маҳҷуб. – Теҳрон, 1386. С. 12).

Ҳуҷвирӣ зимни саъю кӯшиши худ ҷиҳати бартарӣ додан ба илми «ҳақиқӣ», яъне илми ирфонӣ, маҷбур аст онро аз дигар навъҳои дониш ҷудо намуда, ҳамин тавр аз ратсионализм дар тафсири як қатор проблемаҳои идрок, махсусан алоқаи илм ва амал ҷонибдорӣ намояд. Дониш дар бораи илми илоҳӣ чи тавре ки сӯфиён таъкид месозанд, барои он аст, ки инсон қудрат ва дониши халлоқонаи илоҳиро донад ва ба илҳод дода нашавад, зарур аст.

Аз омӯзиши амиқи осори ирфонӣ муайян мешавад, ки бинобар таъкиди Ҳуҷвирӣ, дониши одамон дар асоси ақл шакл мегирад, ки ба якчанд шоха ва бахшҳо ҷудо мешавад. Ин дониш (илм) асосан ба ду навъ –илм дар бораи усул ва илм дар бораи фуруъ тақсим мешавад. Илм дар бораи усул ба ду қисм – илм дар бораи зоҳир ва илм дар бораи ботин ҷудо мегардад. Илм дар бораи зоҳир шариат номида шуда, илм дар бораи ботин бошад, хақиқат ном дорад. Дар ин маврид тасаввуф ҳамчун илми махсуси олӣ, ки ба дониши хақиқӣ дар бораи Ҳақ муддаӣ аст, ба улуми динӣ – илоҳиёт ва калом муқобил гузошта мешавад. Тариқат, бар хилофи улуми зоҳирӣ ва дунявӣ комилан илми ботинӣ (эзотерӣ аст) ва ба андешаи Ҳуҷвирӣ, он ба ҳама дастрас набуда, махсуси ашхосест, ки худро ба Ҳақ бахшидаанд. Илм дар бораи маърифати Ҳақ аз се қисм иборат аст: илм ба зоти Худо ва ваҳдонияти вай, илм ба сифоти Худо ва аҳкоми вай ва илм дар бораи афъол ва ҳикмати Худо. Яъне ҳадафи аслии фалсафа ва ирфон яке мебошад, ки ба даст овардани ҳақиқат мебошад, аммо василаи расидан ба он мухталиф мебошад.

Чун сухан дар бораи илми зоҳир меравад, Ҳуҷвирӣ онро ба се ҷузъ тақсим мекунад: илм дар бораи китоб (Қуръон); илм дар бораи суннат ва илм дар бораи иҷмоъи уммат.

Таҳқиқи комили мероси фалсафии Ҳуҷвирӣ гувоҳи он аст, ки “Сӯфиёни хуросонӣ нисбат ба дигар сӯфиён, зимни машғулият бо проблемаҳои таърихи тасаввуф, таҳияи принсипҳои амалии такомули шахсӣ, консепсияи инсони комил ва ғайра, ба масъалаи илм ва дониш, ҳамчун восита барои муайян кардани роҳи ноилшавӣ ба ваҳдат бо Ҳақ таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд. Консепсияи илм ва дониш дар тасаввуф комилан ба инкори ақл ва идроки ратсионалӣ равона нагардида, балки ба возеҳ намудани нақши он дар дарки хориқаи асрорангез – табиати инсонӣ, ки мабдаъҳои Худовандӣ (нур) ва моддиро (зулмот) ба ҳам пайвастааст, нигаронида шудааст” (ниг.: Олимов К. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х- ХII. – Душанбе, 2019. С. 166).

Дар идомаи баҳс устод Олимов амалияи фаъолияти суфиёнро баррасӣ карда мегӯянд: “Фаъолияти даруннигарии тасаввуф ҳамеша ба ҷустуҷӯ ва ошкор намудани асосҳои аз нуқтаи назари сӯфиён ҷавҳарии инсон равона шуда аст. Ба таври дигар ифода кунем, онҳо кӯшидаанд хориқаи шуур, сарчашмаҳои ирода ва фикрро бифаҳманд, муаммои бо кадом роҳ аз зулму бадӣ озод намудани инсонро дарк намоянд. Ин ки ҳалли он воқеан ба онҳо муяссар нагардид (ва албатта, наметавонист муяссар гардад) ва тамоми кӯшишҳои онҳо дар маҷмӯъ ба даруннигарии ғайрифаъол ва ғайрияти худӣ аз олами воқеӣ табдил ёфтанд, ба сабаби сатҳи рушди иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Хуросонии ҳамон давра марбут буд. Назарияшиносони тасаввуф ҳангоми таснифоти илм илмҳои «заминиро», ки ба мантиқ ва далоил асос ёфтаанд, пурра инкор карда наметавонанд. Таълимро воситаи муҳими ба даст овардани донишҳои илмӣ медонанд ва бар ин ақида ҳастанд, ки танҳо ба воситаи касби илмҳои зоҳирӣ (шариатӣ) ва дунявӣ метавон бо эътимод ба роҳи камолот рафт” (ниг.: Олимов К. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х- ХII. – Душанбе, 2019. С. 166).

Ба андешаи мо таснифоти орифон аз консепсияи шариатӣ фарқ дошта, ба назария ва амалияи тасаввуф тақсим мешавад. Масалан, Абдуллоҳи Ансорӣ, чи тавре ки қаблан гуфтем, таснифоти илмҳоро таҳия намуда, дар асарҳои минбаъдаи худ – «Манозил-ус-соирин» ва «Сад майдон», ки махсус ба тариқат бахшида шудаанд, ҳар як аз сад мақомро ба се марҳила ё бахш ҷудо менамояд. Ӯ дар ин асари худ дар системаи камолоти сӯфӣ нақшаи седараҷагиро ҷиддан риоя мекунад. Чунин нақшаи тарҳрезӣ шударо мо дар «Шарҳи таарруф», ки нисбат ба асарҳои Ансорӣ пештар мураттаб гардидааст, мебинем. Баъдан нақшаи зерини седараҷагиро Муҳаммад Ғаззолӣ қабул намуд. Дар «Эҳё- ул-улум» мақом бо нақшаи седараҷагӣ, ки се унсури он ба се ҷиҳати ягон сифати зарурии сӯфӣ: илм, ҳол ва амал мутобиқ аст, муайян карда мешавад» (ниг.: Олимов К. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х- ХII. – Душанбе, 2019. С. 167).

Маълум аст, ки Ансорӣ илмҳоро ба се гурӯҳи калон тақсим менамояд: истидлолӣ, таълимӣ ва ладунӣ (ба таснифоти пойинӣ таваҷҷуҳ мекунем).

Илмҳои истидлолӣ, ба гуфтаи Ансорӣ, самароти ақл ва натиҷаи таҷрубот аст. Илмҳои таълимӣ бошад – илмҳоеанд, ки одамон онро аз Худо «шунида», аз муаллимони худ омӯхта, ба туфайли онҳо донандагон дар «ҳар ду олам» соҳибэҳтиром гардидаанд.

Илмҳои ладунӣ аз назари Ансорӣ инчунин ба се зергурӯҳи зерин тақсим мешаванд: 1) илм дар бораи ҳикмати офариниш, он донише, ки тавассути нишонаҳои офариниш ба даст меоранд; 2) илм дар бораи Ҳақиқат, ки мавзӯи он муносибат бо Худо мебошад; 3) илм дар бораи ҳикмат, ки аз Ҳақиқат бармеояд ва аз асрор ошкор мегардад.

Ба назари мо, моҳияти касби донишҳо аз роҳи ақл ва таснифоти илм ё донишҳо дар таълимоти аҳли тасаввуф, чи тавре ки аз ин матнҳо бармеояд, сурат гирифта, аз як ҷониб, характери динию ахлоқӣ дошта, аз ҷониби дигар, моҳияти маърифатию такмили нафси инсонро ифода мекунанд.

Устод Олимов дар асари номбурда (манзур монографияи “Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х- ХII”-и устод Кароматулло Олимов аст) назари орифонро низ нақду баррасӣ карда, таъкид мекунанд, ки “онҳо ба андозаи зиёд аз рушди сатҳи дониши замона оқиб монда буданд ва мактаби ратсионализими мактаби машшоиёни шарқиро натавонистанд ба дурустӣ такмил бахшанд”. Гарчанде ки файласуфони аврупоӣ дар асрҳои XVII-XIX мактаби машшоиёнро зери нақду баррасӣ қарор дода, ҷараёнҳои нави фалсафиро тақвият ва рушду такмил карданд. Бо вуҷуди чунин камбудиҳо дар мактаби ирфонии Мовароуннаҳру Хуросон суннатҳои ақлию нақлӣ ба ҳам омехта шуда, дар шинохти ҳастӣ ва маърифати оламу одам саҳми арзанда гузоштаанд. Омӯзишу таҳқиқи ин суннатҳои фикрӣ аз тарафи файласуфону донишмандони тоҷик, махсусан Устод Кароматулло Олимов яке аз хидматҳои бузургу арзанда дар шинохт, эҳё ва баррасии мероси арзишманди ниёгонамон мебошад, ки барои имрӯзу ояндаи миллати мо муҳим боқӣ хоҳанд монд.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо,

доктори илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь