Донишманди маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров (1924-2015), ки соли равон 100-солагии мавлудаш бо тантана таҷлил мешавад, дар баробари асарҳои мондагори адабиётшиносӣ дар бораи санъат низ очерку мақолаҳо навиштааст.

 Аз нақлҳо ва навиштаҳои ҳамзамонону шогирдонаш бармеояд, ки Соҳиб Табаров мухлиси ҳунар будааст ва пайваста намоиши театрҳо, ва барномаҳои консертиро тамошо карда, дар бораи онҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён мекардааст. Мегӯянд, ки солҳои омӯзгорӣ дар факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) Соҳиб Табаров шогирдонашро пайваста (гоҳо иҷборан) ба тамошои спектаклҳо, операву балетҳо ва консертҳои академӣ мебурдааст, то онҳо низ ба ҳунари асил таваҷҷуҳ ва муҳаббат пайдо кунанд.

Аз “Осорномаи Соҳиб Табаров” (Душанбе, 2014, зери назари академик Н.Салимӣ) бармеояд, ки номбурда, ҳанӯз аз солҳои 40-ум ба санъати мусиқӣ алоқа пайдо карда, дар бораи бастакори бузурги ҷаҳон Бетховен таҳти унвони “Устоди бузурги мусиқӣ” (1940) мақола навиштааст. Баъдан, мақолаҳои дигари ин донишманд дар бораи санъати мусиқӣ ба дасти хонанда мерасанд. Аз ҷумла: “Ба қуллаҳои баланди санъати операи тоҷик” (1946, дар бораи операи “Евгений Онегин”), “Суруди дилнавоз” (1987 дар бораи сароянда Ҷамшед Исмоилов), “Мусиқӣ зарурати зиндагист” (1987), “Аз тутук то симфония – аз “Шашмақом” то опера” (2002, дар бораи бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ, “Дар ёди ромишгари ягонаву беҳамто” (2002, дар бораи Аҳмад Бобоқулов) ва ғайра.

Аз миёни ҳунармандон бештар аз ҳама рӯзгор ва осори сарояндаи номвар, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим (1937-1993) мавриди таваҷҷуҳи Соҳиб Табаров қарор гирифтааст. Адабиётшинос ва мунаққиди маъруф нахуст соли 1988 замони ба Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ пешниҳод шудани Одина Ҳошим таҳти унвони “Андешаҳо роҷеъ ба дастовардҳои ҳунарии овозхони машҳур Одина Ҳошим” мақола менависад. Баъдан, соли 2004 китоби С.Табаров таҳти унвони “Ёде аз Одина Ҳошим” (Душанбе: Матбуот. 2004, 50 саҳ.) ба дасти хонанда мерасад. Дар ин очерк Соҳиб Табаров андешаҳои хешро дар бораи шахсият ва ҳунари овозхонии Одина Ҳошим баён карда, ҳамчунин хотирот ва бардоштҳояшро аз дидору суҳбат ва барномаҳои ҳунарии ин ҳофизи мумтоз ба қалам додааст.

Бо гузашти солҳо ба дасти мо як номаи Соҳиб Табаров ба Одина Ҳошим расид, ки вориди китоби “Ёде аз Одина Ҳошим” нашудааст. Ин номаро манзури алоқамандони килки Соҳиб Табаров ва ҳунари Одина Ҳошим мекунем.

НОМА

Ассалому алайкум, дилтасхиркунандаи маҳбубтарини халқи тоҷик Одинаҷон!

Шуморо бо консерти охир, ки дар Душанбе намоиш додед, аз самими қалб табрик мегӯям.

Истеъдоди баркамол, овози лазиз, форам ва махсусан ширадори Шумо, интихоби олиҷанобонаи шеърҳо ва мувофиқи маъною мазмун, ҳиссиёти қалбии шоир дарёб карда тавонистани оҳангҳо сомеонро чӣ қадар ҳаловат мебахшад. Шумо оҳанг, матн, калимаю ҳиҷоҳоро чунон устокорона ва дастрасу мафҳум ба шунавандагонатон мерасонед, ки пас аз ҳар як сурудатон кас руҳану маънаван ғанитару тозатар мегардад. Пас аз консертҳои Шумо олами фикриву маънавии ҳар як фарди солимақл зеботар ва зангори дили ғамдорон тозатар мегардад.

Меҳнати эҷодии Шумо беинтиҳо аст. Кас гумон мебарад, ки илҳоматон чун чашмаҳои шаффофи Дараю Чилдухтарони Шумою камина фаввора мезанад. Аммо дар асл ин оқибати шаббедориҳо, заҳмати ниҳоят мушкили эҷодӣ, фикру андеша ва харобшавии асаби эҷодкор ҳам мебошад. Репертуари Шумо ҳар як сомеъ ва махсусан санъатшиноси асилро ба ҳайрат наоварда наметавонад.

Шумо дар санъати сарояндагӣ мактаби худро ба вуҷуд овардаед. Ин мактаб чи оҳангҳои Одина Ҳошимов, чи фалакиёти машҳури тоҷиконаро, ки дар иҷрояш Шумо беҳамто ҳастед, чи асарҳои вокалӣ-рақсиатон ва чи суруду таронаҳои иҷтимоӣ-гражданиатон абадӣ маҳфуз хоҳад дошт. Ҳоло одамоне дар санъат, телевизилон ва радио пайдо шудаанд, ки ҳамаи оҳангҳои Одина Ҳошимовро “оҳангҳои халқӣ” меноманд. Ҳазор бор номаъқул кардаанд ин хел маҳмадоноҳо. Ҳамаи ё ки аксари мутлақи он оҳангҳо “моли” хоси Шумо мебошанд ва ҳеҷ гоҳ ягон “нотадон” ҳақ надорад, ки онҳоро аз худ кунад.

Оҳанг, репертуар, услуби сабк ва иҷрои тамоми таронаю сурудҳо танҳо ба Шумо, ба булбули хушилҳом, ҳофизи мумтоз ва мутриби соҳибсалиқа таалуқ доранду халос.

Гилаи шахсиамро шунавед:

Дар умрам (аҷаб не, пас аз чанд моҳ ё сол риҳлат кунам!) ягон бор Шуморо дар ҳалқаи худам надидам, ҳазорҳо кас дид, аммо ҳакир аз дидоратон маҳрумам.

Ягон бор суратеро бо Шумо нагирифтаам. Ҳазорҳо кас гирифтааст, аммо фақир аз ин лаззати маънавӣ бенасибам.

Дар доираи ҳамкоронатон набудам ва нестам. Ҳазорҳо кас буданд ва ҳастанд. Бандаро ин қадар аз ҳалқаи худатон дур кардан чӣ маъно дорад? Наход ҳақири бесоҳиб мурда мераваму хотирае аз Шумо намемонад?

Аз ин гилаам хафа нашавед. Ин хислати ботинии мардуми мост, бегонапарвари худбезор!!! Маънои гапамро бояд фаҳамида бошед. Дидори Шумоён барои фақири аз соли 1934 ин ҷониб дуриварзида мисли баромади офтоб аст. Ин фақирро ба тамоми коллективатон гӯед ва ба шогирдонатон фаҳмонед.

Бо салом Соҳиб Табаров.

14 июни 1985

Таҳияи О.СОҲИБЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь