Дар ҳақиқат аллакай Ваҳдат барои мо, барои халқи Тоҷикистон як достоне гаштааст, як достони пандомӯзу ибратбахш! Китоби раҳнамое шудааст, ки моро ба кӯи мурод мебараду сабақи дуруст медиҳад. Ваҳдат, Истиқлолият, Озодӣ ва амсоли он мафҳуму ифодаҳо бароямон аллакай вожаҳои муқаддасу ибораҳои шодифизо гаштаю онҳо ҷовидона дар кишвар танинандоз буда, моро ба ояндаи боз ҳам нек ҳидоят мекунанд. Мо аз калимаи Ваҳдат ҳамчунин маънои якдилӣ, иттиҳод, сарҷамъӣ, иттифоқ, муттаҳидӣ ва аз як гиребон сар бардоштани мардум дар роҳи расидан ба ормонҳои миллиро аз таҷриба бо пуррагӣ дарк карда, медонем, ки маҳз Ваҳдат ҳамаро бо дилгармӣ дар оғӯши гарми худ мегираду бахту саодатро ба ин гуна ҷамъияти одамон ато мекунад.
Ваҳдати миллӣ дар кишвар замина ва решаҳои аслии худро аз чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик, яъне рӯзи ба имзо расидани Созшномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид ва паёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор!
Ҳосил шудани ин созиш, эътимод ба якдигар ва барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати муайян гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Метавон баён кард, ки муҳимтар аз ҳама, он замон нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва Истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуюмдараҷа ва ё сеюму чаҳорумдараҷа доранд. Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад.
Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва аз ҳама муҳим, сазовори чунин ҷомеа бошем. Мардуми кишвар пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд. Ҳар як фарди соҳибақл бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза набуда, марҳилаи давомдорест ва расидан ба он ҳоло ҳам бартараф кардани омилҳои гуногуни дар ҷомеа вуҷуддоштаро талаб мекунад.
Мавриди зикр аст, ки устуворшавии арзишҳою ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллӣ мебошанд.
Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ имкон дорад чун як рукни идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта шуда, дар роҳи боло бурдани ҳувияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд. Маълум аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат, пеш аз ҳама, меҳру муҳаббат ба Ватан ва забону фарҳанг аст. Албатта, мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Ҳамчунон дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд.
Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.»
Ҳоло дар асри ХХІ низ садоҳои қавму гурӯҳҳои зиёдеро мешунавем. Садоҳо меоянд, ки чӣ қадар одамон барои расидан ба Ваҳдати миллӣ садсолаҳо мубориза бурдаву ҷонбозиҳо мекунанд, азобҳои азим мекашанд, аммо ганҷи мақсуд ба даст намеояд. Ин мардум гӯё дар нимароҳ мондаанд.
Ба хотир меояд, ки Ямо Шароф ном донишманди кишвари ҳамсоя – Афғонистон гуфта буд: «Ваҳдати миллии Тоҷикистон падидае аз рӯшноии тафаккур ва иродаи бузурги миллатест, ки ба қалбҳои мо умеду орзуи тоза мебахшад. Бояд аз сулҳи Тоҷикистон дарс гирифт ва метавон бо истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон ва истифода аз абзорҳое, аз ҷумла баргузории ҳамоиш, заминаи якҷо шудан ва оштии гурӯҳҳои мухталифи даргирро пайдо ва аз ин тариқ сулҳу суботро таъмин кард ва ба ваҳдати миллӣ расид. Бидуни шак метавон ин таҷрибаро дар Афғонистон ҳам пиёда сохт. Аммо як шарти дигарро ҳам бояд дар назар дошта бошем ва он доштани роҳбари бедору огоҳ ҳамчун ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ҳақ, ки Тоҷикистон мамнуни талошҳои пайгир ва ҳамаҷониба ва эҳсоси шахсии эшон аст, ки дар ба дар ба дунболи ҳамватанони худ ба ҳар кишваре сар зад, худро ба заҳмат андохт, то миллатро аз дарбадарӣ ва заҳматкашӣ наҷот дод. Яъне сарсупурдагии сарвари сиёсӣ ба Ватан ва миллат иродаи қавии меҳанпарастии эшон буд, ки миллати тоҷикро баъди ҳазор сол боз аз нав муттаҳид ва ба ваҳдати миллӣ раҳсипор кард. Ваҳдати бамиёновардаи миллати тоҷик бузургтарин дастоварди қарни ХХІ ва намунаи беҳтарини эҷоди роҳи мусолиҳатомези сулҳу салоҳ аст, ки бояд кишварҳои ҷангзада онро сармашқи кори хеш созанд!»
Оре, мутаассифона, имрӯз на танҳо Афғонистон, балки кишварҳои даҳ-понздаҳ сол пеш ободу пешрафта, ба монанди Сурияю Ироқ ва кишвари тараққикардаю аз ҷиҳати иқтисодӣ-молӣ чанд сол пеш мардумаш таъмин Ливия ва як қатор кишварҳои арабӣ, ҳамчунин давлатҳои саноатии Аврупои Ғарбӣ аз ҳарвақта бештар ба ваҳдат ниёз доранду ҳамарӯза ноамнӣ дар ин олам рӯ ба афзоиш аст. Аз ин лиҳоз метавон иброз кард, ки Ваҳдат дурдонаест, ки онро мисли нанг, номус, шараф, виҷдону имон бояд ҳифз кунему ҳама бояд дар қатори муҳофизони он бошем.
Ҷанбаи дигари ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар, шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносибати байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст.
Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ки аз ин гуфтаҳо бармеояд, гуфтугӯи фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии онҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан, худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи ҳамин рӯҳияи таҳаммулгароии миллати мо ва аз тарафи Президенти кишвар амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар таъмини ваҳдати ҷомеа, бе шак нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буданд. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор пайи пайдо кардани қазияи ҷанги кишвар шуда, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ гардида, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳатто ҳар як узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст. Бояд гуфт, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятнок барои ҳар давлате мебошад. Сарвари мамлакат бо дарки амиқи масъала ин қаринаро дар муносибати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монд. Барои мисол, коршиносон ва донишмандон равобити неки Тоҷикистонро бо кишварҳои зиёде, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон ва садҳо кишвари дигар, ки воқеан бо кишвари мо хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваффақиятҳои бузург медонанд. Бо кӯшишу талоши Президенти кишвар тадбирҳои нав андешида шуда, роҳҳои иртиботӣ бо кишварҳои дигар боз мешаванд, нақшаҳои бузург бо суръат дар кишвар амалӣ мегарданд.
Ваҳдату достони он. Бо иншо шудани ин достон ва бо хуни дил ба даст омадани ону устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пешрафти худ интихоб кардааст, эътимод дорад.
Таърихи бистуҳафтсолаи Ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масоили муҳимтарин равона кунад ва онҳоро ба ҳалли ин масоил ҳидоят намояд: мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, танзими расму оинҳои миллӣ, даъват ба сохтмонҳои азими аср – нерӯгоҳҳои бузурги кишвар, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», эҳёи сохтмони НОБ-и Роғун ва монанди инҳо бо ширкати фаъоли мардуми кишвар ба даст омадааст. Суханрониву муроҷиатҳои Сарвари миллат ба мардуми кишвар ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамовозии воқеӣ меёбад, чун ин тадбирҳо саривақтӣ, самимона ва ба дарки воқеияти имрӯза баён шудаанд. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи аввалинҳо дарк кард, ки бузургтарин монеа дар роҳи худшиносиву ваҳдати миллат фақр аст. Зеро ҳар ҷо ки фақр аст, дар он ҷо ақибмондагӣ ҳаст, бемаърифатӣ ҳаст, ҷаҳлу фасод ҳаст, бедодгарӣ ҳаст, ихтилоф миёни манофеи табақоти ҷомеа ҳаст ва дар чунин шароит низову нифоқ ҳам боло мегирад. Ҳар ҷо, ки иқтисод таназзул кунад, фақр густариш меёбад, фарҳанг ва арзишҳои маънавиву ахлоқӣ беқадр мешаванд ва фасоду табоҳӣ авҷ мегирад.
Имрӯз ба ҳамаи мутахассисон ва донишмандони соҳаи иқтисод маълум аст, ки дар муддати кӯтоҳ барқарор сохтан ва аз ҳоли харобӣ берун кардани иқтисодиёт дар шароити бӯҳрони амиқи иқтисодиву молиявии аз даврони шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ ба меросмонда кори осон набуд. Фаъолияти самаранок ва инкишофи иқтисоди миллии Тоҷикистон бе татбиқи чорабиниҳои вусъатбахши иштироки ҷумҳурӣ дар тақсими байналмилалии кор чи аз роҳи инкишофи муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва чи аз тариқи инкишофи равандҳои ба ҳамгароӣ нигаронидашуда имконпазир намебуд. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаҳои афзалиятдори иқтисодиёт, бавижа энергетика таъмин карда шавад. Дар доираи ин ҳадафҳо солҳои охир дар кишварамон нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» ва беш аз 25 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуда, тибқи шартномаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои Русия ва Эрон сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО-и Роғун, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 оғоз ва дутои он мавриди истифода қарор гирифтаю аллакай ду агрегати НОБ-и Роғун ба кор сар кард. Мавриди зикр аст, ки дар сурати татбиқи амалии дурнамои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон то соли 2025 дар кишвар ҳамасола зиёда аз 80 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда хоҳад шуд. Барои таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии кишвар бо қувваи барқ ва содироти он ба кишварҳои минтақа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин бобат сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», ки маблағи иҷрои он 550 миллион сомониро ташкил медиҳад, анҷом шуда, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба иҷрои лоиҳаи сохтмони хатҳои интиқоли барқи Роғун-Кобул-Ҳирот-Машҳад ва Роғун-Кобул-Исломобод суръат бахшида шудааст.
Дар маҷмуъ барои рушди соҳаи энергетика дар мамлакатамон бо дарназардошти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудаю мавриди иҷро шуда истодаанд. Истифодаи самараноки маблағҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкон медиҳанд, ки истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад. Кушода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби Истиқлол дар ағбаи Анзоб, шаш пул дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе-Бохтар-Кӯлоб, инчунин идомаи босуръати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодии кишвар дастовардҳои муҳим мебошанд.
Ҳадафи давлати Тоҷикистон бо иҷрои ин тарҳҳо таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои ҳукумат амалан дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ шуда ва батадриҷ амалӣ шуда, ҳадафи чаҳоруми рушд, яъне саноаткунонии мамлакат низ оғоз ёфт.
Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурдшуда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
Акнун падидаи Ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи асосии пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дода, қавитар гардонд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардида, он як «Достони ҳамдилӣ»-и зебое шудаю моро ба саодат ва ояндаи рахшон мебарад!
Сабзаалӣ АСОЗОДА