29-уми сентябр дар Қазон ҷаласаи панҷуми формати машваратҳои Маскав оид ба Афғонистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ҳайати ҳукумати Афғонистон, ки аз ҷониби гурӯҳи Толибон намояндагӣ мешуд (Толибон – гурӯҳи террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия), ширкат варзиданд. Оё иштироки Толибон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ҷоиз аст ва ҷаҳон ба ҳалли мушкили Афғонистон то чӣ андоза наздиктар гардидааст?

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров: “Русия бо Толибон ҳанӯз пеш аз омадани онҳо ба сари қудрат дар Афғонистон робита дошт, зеро онҳо як ҷузъи ҷамъияти Афғонистон ба ҳисоб мераванд. Ҳадафи мо водор кардани онҳо ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон  буд».

Муколамаи сиёсӣ

Пас аз он ки Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон қудратро дар он ҷо ғасб карданд, ягон кишвари ҷаҳон  то ҳанӯз қонунияти ин ҳукуматро расман эътироф накардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ  барои эътирофи ҳукумати Толибон як қатор талаботҳоро ба миён мегузорад, ки дар байни онҳо ташаккули як низоми воқеии фарогир бо шомил кардани намояндагони тамоми гурӯҳҳои этносиёсӣ, риояи ҳуқуқҳои инсон дар кишвар, бахусус барои занон, инчунин, муборизаи ҳукумат зидди терроризм ва маводи мухаддир.

Ҳамзамон ҳайатҳои Толибон ҳар гоҳ бо сафарҳои корӣ ба Маскав ташриф меоранд, ки ин боиси пайдо шудани нофаҳмиҳо  мегардад: чаро барои террористҳо мулоқотҳои сатҳи баланд ташкил мекунанд ва ба ин васила ҳокимияти онҳоро дар Афғонистон эътироф менамоянд? Раҳбарияти Русия ба ин иддаоҳо чандин бор вокуниш нишон додааст: «Мо итминон дорем, ки ташкили муколамаи корӣ бо Толибон, ки айни замон неруи ҳукмрони дохилисиёсии  Афғонистон аст, ба манфиатҳои амният ва рушди иқтисодии минтақа, инчунин, ба ҳадафҳои мусолиҳаи миллии байни афғонҳо мувофиқат мекунад, ки мо ҳукумати кунунии Кобулро  пайваста ба он таҳрик менамоем”, – қайд намуд Лавров.

«Албатта,  бо ҳукумати эътирофнашудаи Афғонистон дар шахсияти Толибон бояд  муколама кард ва эҳтимол Русия яке аз  кишварҳое бошад, ки метавонад бо Толибон музокирот кунад ва онҳоро ба  ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои минтақа мутақоид созад”, – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов. – Кӯшишҳои Русия дар ин самт хеле муҳиманд, сарфи назар аз он ки як қатор кишварҳои  наздик ва шарики Федератсияи Русия, аз ҷумла Тоҷикистон, на бо ҳама шартҳои пешниҳодкардаи Толибон розӣ ҳастанд. Аммо барои ҳалли мушкилот бояд ҷонибҳо гуфтугӯ кунанд. Зеро дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон амалан қудрат дар дасти Толибон аст, аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунем, онҳоро ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир бовар кунонем. Ин на ба хотири дастгирии Толибон, балки ба хотири дастгирии мардуми Афғонистон, ки дар асл аз ҷониби кишварҳои НАТО ба  ҳоли худ вогузор карда шуданд ва дар дасти  Толибон гаравгон монданд, муҳим аст.

«Бе муколама беҳбудии вазъ дар Афғонистон ғайриимкон аст, аз ин рӯ, ҳама гуна форматҳое, ки ба барқарорсозии тартибот дар ин кишвар нигаронида шудаанд, хеле муҳимманд ва формати Маскав яке аз форматҳои асосӣ дар ин самт мебошад» – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Яке аз давлатҳое, ки  дар ин масъала нақши асосӣ мебозад, Русия аст. Ба ғайр аз он ки Афғонистон як қисми минтақаи мо мебошад, он ба  СҲШ низ шомил буда, пас мувофиқан дар доираи масъулияти ин созмон қарор дорад ва кишварҳои минтақа бояд  масъалаи ташкилиояндаи сиёсии мамлакатро якҷоя ҳал кунанд.

Зарурати музокироти сулҳомез бо мухолифони мусаллаҳ дар Афғонистон ҳанӯз дар соли 2006 – замоне, ки раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай бо фармони худ Комиссияи таҳкими сулҳро таъсис дод, матраҳ шуда буд. Формати машваратҳои Маскав оид ба Афғонистон соли 2017 таъсис ёфта, вазифаи асосии он пешбурди раванди мусолиҳаи миллӣ дар кишвар ва истиқрори ҳарчи зудтари сулҳ дар Афғонистон буд. Он вақт формати Маскав на танҳо ба як форуми бонуфузи минтақавӣ оид ба Афғонистон табдил ёфт, ки ба он тамоми кишварҳои минтақа ҷалб карда шуданд, балки бори аввал дар сатҳи баланд  Толибонро ба музокирот бо ҳукумати Афғонистон даъват кард.

Натиҷаҳои формати Маскав

Дар мавриди нишасти ба наздикӣ  баргузоргардида бояд гуфт, ки иштирокчиёни он аз шиддат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумати феълӣ хостори андешидани чораҳои муассир шуданд. Инчунин, зимни нишаст дар бораи аҳамияти татбиқи сиёсати воқеии зидди маводи мухаддир, бахусус мубориза бо истеҳсоли  маводи мухаддир  таъкид карда шуда, Толибонро ба  ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар ҳалли ин мушкилот даъват карданд. Ҳозирин инчунин қайд карданд, ки талабҳои ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон иҷро нашуданд ва аз ҳукумати феълии Афғонистон хостори фароҳам сохтани шароитҳои зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Афғонистон, риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии аҳолӣ, сарфи назар аз ҷинс, мансубият ба қавму мазҳаб шуданд. Ҳамчунин зарурати густариши ҳамкориҳои Афғонистон бо кишварҳои дигар  ҳам дар соҳаи иқтисодиёт ва ҳам дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва маориф зикр гардид.

Аксари кишварҳои иштирокчии формати Маскав бар ин назаранд, ки ба ҳалли ин масъала ҷалб кардани  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО танҳо дар сурате имконпазир аст, ки агар онҳо масъулияти худро барои бӯҳрони кунунии Афғонистон ба гардан гиранд, барқарорсозии пас аз низоъи кишварро бар дӯш бигиранд ва ҳисобҳои Афғонистонро боз кунанд.  Истиқрори иншооти инфрасохтори низомии кишварҳои сеюм дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя низ қобили қабул нест.

Ин ва дигар натоиҷи мулоқот дар Эъломияи  формати машваратҳои Маскав оид ба Афғонистон сабт гардид, вале намояндагони Тоҷикистон (аз ҷумҳурӣ сардори шӯъбаи таҳқиқоти стратегӣ Шараф Раҳимӣ  иштирок намуд) мухолифи баъзе бандҳои алоҳидаи ин эъломия баромад карданд, кадом бандҳо то ҳол хабар надоданд. Оё ин маънои онро дорад, ки муносибати Русия ба мушкили Афғонистон мухолифи муносибати Тоҷикистон аст?

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Агар намояндагони Тоҷикистон ин эъломияро имзо накарданд, пас ин сабабҳои худро дошт.  Ҳоло мо дар бораи мувофиқат накардани  баъзе бандҳо бо мавқеъи Тоҷикистон  гап мезанем, вале ин аз аввал маълум буд, яъне ихтилофот дар мавриди муносибат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон аз  лаҳзаи пайдо шудани ин муаммо вуҷуд дорад. Масалан, дар Русия тоҷикони муқими Афғонистонро ақаллияти миллӣ медонанд. Аммо ин тавр нест, тоҷикон як халқи худкифо ҳастанд, ки дар тӯли мавҷудияти давлати Афғонистон барои қудрат мубориза бурда, барои  мавқеҳои (мансабҳои) роҳбарикунанда  даъво мекарданд ва ин ҳолат то имрӯз идома дорад. Дар Афғонистон тоҷикон аз паштунҳо кам нестанд. Аз ин рӯ, исрор кардани он, ки Тоҷикистон ба ҷонибдории таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аз нуқтаи назари манфиатҳои тоҷикон ҳамчун ақаллиятҳои миллӣ баромад мекунад, нодуруст аст.

«Тоҷикистон намегӯяд, ки бо шомил кардани тоҷикон  ба ҳукумати нави Толибон мушкили Афғонистон ҳал мешавад. Масъалаи фарогирии ҳукумат – ин на танҳо масъалаи ба он шомил кардани ин ё он миллат аст, балки зери мафҳуми фарогирӣ инчунин, гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва ба роҳ мондани муколама бо иштироки тамоми нерӯҳои сиёсии Афғонистон дар назар аст, ки ҳукумати феълии Афғонистон ин корро намекунад.

Ёдовар мешавам, ки формати Маскав ба хотири ҷалби Толибон ба сохторҳои ҳукуматӣ таъсис ёфта буд, дар ҳоле, ки дар сари қудрат рақибони онҳо буданд. Яке аз хусусиятҳои асосии формати Маскав он аст, ки созмондиҳандагони он аз аввалинҳо шуда Толибонро ба раванди сулҳ ва муколамаи сиёсӣ ҷалб карданд. Ва ҳоло, ки Толибон ба сари қудрат расиданд, формати Маскав набояд ба ҳомиёни онҳо табдил ёбад, балки, баръакс, бояд як василаи ҳамкории Толибон бо тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои Афғонистон, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он, ки бар зидди режими Толибон  мубориза мебаранд, гардад”.

Таҳдиди Афғонистон ба Тоҷикистон

Вазъияти Афғонистон солҳои тӯлонист, ки  ба як таҳдиди асосӣ ба амнияти Тоҷикистон табдил ёфтааст, аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки роҳбарияти кишвар масъулияти баррасии масъалаи Афғонистонро дар сатҳи байналмилалӣ ба дӯш гирифта, мехоҳад ба он ба таври оқилона муносибат кунад.

Афғонистон на танҳо таҳдид барои амнияти Тоҷикистон эҷод мекунад, балки як самти ояндадори ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад, зеро кишвари мо яке аз шарикони асосии иқтисодии Афғонистон боқӣ мемонад. Дар соли 2022 гардиши мол байни ду кишвар қариб 30% афзоиш ёфтааст, ки 97%-и ҳаҷми умумии ин муомилот содироти Тоҷикистон ташкил медиҳад, аз ҷумла: содироти нерӯи барқ, семент, маҳсулоти ғизоӣ ва  кишоварзӣ.

Афғонистон имрӯз ба бӯҳрони гуманитарӣ дучор гардидааст – тақрибан 25 миллион нафар дар ин кишвар дар дами гуруснагӣ қарор доранд, зеро ҳисобҳои ҳукумати Афғонистон – тақрибан 9 миллиард доллар дар бонкҳои Аврупо ва Амрико мунҷамид боқӣ мондаанд. Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дер ё зуд мардуми гурусна бо роҳбарии пешвоёни исломгаро ба қаламрави Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд. Дар Афғонистон дастикам 25 ташкилотҳои гуногуни террористии исломии  мусаллаҳ  амал мекунанд, ки  ба Тоҷикистон таҳдид   эҷод мекунанд. Русия ба Тоҷикистон дар муҳофизат аз ин таҳдидҳо, ҳам тавассути ҳамкориҳои низомӣ бо кишвари мо ва ҳам тавассути муколамаи ҳамаҷонибаи сиёсӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор,  фаъолона кумак мерасонад.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Барои он ки Афғонистон ба зиндагии осоишта баргардад,  азнавсозии ҳамаҷонибаи кишвар зарур аст ва ҳукумати Афғонистон мустақилона ин вазифаҳоро иҷро карда наметавонад. Аз ин рӯ, кӯшишҳои як давлат, ҳатто чунин давлате ба монанди Русия, барои ба низом даровардани кишвар кофӣ нест. Аз ин рӯ, дар ин масъала ҳамкории кишварҳои минтақа ва кишварҳои узви СҲШ муҳим аст. Барои ташкили созмонҳои молиявӣ ва фонди рушди кишвар бояд кадрҳо ва ниҳодҳои давлатӣ омода карда шаванд – ин раванди ниҳоят тӯлонӣ ва мураккаб аст, ва дар ин ҷо, албатта, ҳамкории давлатҳои  бо Афғонистон ҳамсоя зарур аст.

Оромӣ ва субот дар Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя хеле муҳим аст, аз ин рӯ Русия тайи 2 соли охир Русия тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то кишварҳои минтақаро ба шурӯи ҳамкорӣ барои ташкили ҳукумати солим дар Афғонистон мутақоид созад. Барои ин зарур аст, ки чунин чорабиниҳо, аз қабили формати Маскав ҳарчи бештар баргузор карда шаванд ва натиҷаҳои бештар ба даст оварда шаванд, то зиндагии мардуми оддии Афғонистон беҳтар гардад. Тоҷикистон эҳтимол дар ин масъала нақши муҳим бозида,  кумаки зарурии техникию моддиро таъмин карда метавонад.

Дар тӯли 2 соли охир Русия барои қонунӣ ва қисман эътироф шудани ҳукумати Толибон корҳои зиёдеро анҷом дод. Ва ин кор бо мақсади дар Афғонистон барқарор кардани сулҳу осоиш ва таъмин кардани зиндагии ороми мардум анҷом дода мешавад, то ки онҳо меҳнат карда, аз гуруснагию қашшоқӣ  раҳо ёбанд».

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь